Главная / Чамъият / Вазъи хукукии хизматчиёни харби

Вазъи хукукии хизматчиёни харби

КОНУНИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

Дар бораи вазъи хукукии хизматчиёни харби

(Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, с. 2005, №3, мод.130; с.2006, №3, мод.150;

с.2008, №6, мод.449; №10, мод.799; с.2012, №8, мод. 822; Конуни ЧТ аз 27.11.2014 с., № 1152)

Бо Карори Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон

аз 15-уми декабри соли 2004, № 1279

(Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, № 12 (к.3), соли 2004, моддаи 713) кабул гардидааст.

Бо Карори Мачлиси миллии Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон

аз 11-уми феврали соли 2005, № 604

(Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, № 2, соли 2005, моддаи 80) чонибдори гардидааст.

Конуни мазкур дар асоси Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон хукуку озодихо, масъулияту вазифахои хизматчиёни харби, инчунин асосхои сиёсати давлатиро дар сохаи химояи хукуки ва ичтимоии хизматчиёни харби, шахрвандоне, ки аз хизмати харби рухсат шудаанд ва аъзои оилаи онхоро муайян менамояд.  

БОБИ I.

МУКАРРАРОТИ УМУМи

Моддаи 1. Вазъи хукукии хизматчиёни харби

  1. Вазъи хукукии (статуси) хизматчиёни харби мачмуи хукуку озодихои кафолатдодаи давлат, хамчунин масъулияту вазифахои хизматчиёни харби мебошад, ки Конуни мазкур, конунхо, дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон мукаррар намудаанд.
  2. Хизматчиёни харби дорои хукуку озодихои инсон ва шахрванд, бо махдудкунии муайяне мебошанд, ки Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон, Конуни мазкур, конунхо, дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон мукаррар намудаанд.

Ба зиммаи хизматчиёни харби вазифаи омодагии чанги барои химояи мусаллахона ва химояи мусаллахонаи Чумхурии Точикистон гузошта шудааст, ки он бо зарурати ичрои бечунучарои ин вазифа дар хар шароит, аз чумла бо тахдиди хатар барои хаёт вобаста мебошад. Вобаста ба хусусиятхои махсуси вазифахое, ки ба зиммаи хизматчиёни харби гузошта шудаанд, ба онхо имтиёзу кафолат ва чубронпулихо дода мешаванд.

Хусусиятхои вазъи хукукии хизматчиёни харбие, ки хизмати харбиро дар замони чанг, дар давраи сафарбари, дар вакти ичрои хизмати харби дар вазъияти фавкулодда ва хангоми мунокишахои мусаллахона адо мекунанд, тибки конунгузории  Чумхурии Точикистон, дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон танзим карда мешаванд.

  1. Ба хизматчиёни харби хуччатхои тасдиккунандаи шахсият, шахрванди ва вазъи хукукии онхо дода мешаванд.

Тартиби ба хизматчиёни харби додани хуччатхои номбурда ва маблаѓгузории чорабинихои вобаста ба додани онхо аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон муайян карда мешавад.

  1. Хизматчиёни харби барои нигохдори, гирифта гаштан ва истифода бурдани силох бо тартиби мукаррарнамудаи конунхо, дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон хукук доранд. (КЧТ аз 27.11.14с., №1152)
  2. Макомоти хокимияти давлатии Чумхурии Точикистон, макомоти махаллии хокимияти давлати ва ташкилотхо хукук доранд дар доираи ваколатхои худ ба хизматчиёни харби, шахрвандони аз хизмати харби рухсатшудаи Чумхурии Точикистон (минбаъд шахрвандон) ва аъзои оилаи онхо имтиёзу кафолат ва чубронпулихои иловаги мукаррар намоянд.

 

Моддаи 2. Шахрвандоне, ки дорои вазъи хукукии хизматчии харби мебошанд

 

  1. Хизматчиёни харби мутобики Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи ухдадории умумии харби ва хизмати харби» хизмати харбиро адо менамоянд.

Ба чумлаи хизматчиёни харби инхо мансубанд:

афсарон, прапоршикхо, курсантхои муассисахои таълимии харбии тахсилоти касби, сержантхо ва аскарон (минбаъд – хизматчиёни харби).

  1. Шахрвандон вазъи хукукии хизматчии харбиро аз ибтидои хизмати харби сохиб шуда, баъди анчоми хизмати харби аз он махрум мегарданд.
  2. Барои шахрвандоне, ки ба чамъомадхои харби даъват шудаанд, вазъи хукукии хизматчии харби дар холатхо ва бо тартиби пешбининамудаи Конуни мазкур, конунхо, дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон дода мешавад.
  3. Барои шахрвандоне, ки хизмати харбиро дар кисмхои харбии Куввахои Мусаллахи собик Иттиходи Шурави (минбаъд- ИЧШС), дигар сохторхои харбии ИЧШС ва давлатхои иштирокчии Иттиходи Давлатхои Мустакил то тахти салохияти Чумхурии Точикистон кабул гардидани сохторхои харбии номбурда адо намудаанд ва ба хизмати харбии Куввахои Мусаллах, дигар кушунхо ва сохторхои харбии Чумхурии Точикистон гузаштаанд, имтиёзу кафолат ва чубронпулихое, ки Конуни мазкур, конунхо, санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон бо шарти мавчуд будани шартномахои дахлдори байналмилалие, ки  Чумхурии Точикистон эътироф намудааст, нигох дошта мешаванд.
  4. Вазъи хукукии хизматчиёни харбие, ки хизмати харбиро дар каламрави давлатхое, ки дар кисми чоруми моддаи мазкур зикр нашудаанд, хамчунин хизматчиёни харбие, ки ба куввахои мусаллахи давлатхои номбурда бо тартиби хамкории харби фиристода шудаанд, мутобики шартномахои  байналмилалии Чумхурии Точикистон муайян карда мешавад.
  5. Имтиёзу кафолат ва чубронпулихое, ки Конуни мазкур, конунхо, дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон пешбини менамоянд, ба инхо мукаррар карда мешаванд:

– ба хизматчиёни харби ва аъзои оилаи онхо;

– ба шахрвандоне, ки аз хизмати харби дар Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон, дигар кушунхо, сохторхои харбии давлатхои иштирокчии Иттиходи Давлатхои Мустакил рухсат шудаанд ва ба аъзои оилаи онхо.

-ба шахрвандоне, ки аз хизмати харби дар Куввахои Мусаллахи собик ИЧШС, кушунхои сархади, дохили ва рохи охан, кушунхои мудофиаи граждани, макомот ва кушунхои макомоти бехатарии давлат, дигар сохторхои харбии ИЧШС рухсат шудаанд ва аъзои оилаи онхо.

  1. Ба аъзои оилаи хизматчиёни харби, шахрвандоне, ки аз хизмати харби рухсат шудаанду ба онхо имтиёзу кафолат ва чубронпулихо дода мешаванд, агар дар Конуни мазкур, конунхо, дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон тартиби дигар пешбини нашуда бошад, инхо мансубанд:

– хамсар;

– фарзандони ба балоѓат нарасида;

– фарзандони аз 18-сола боло, ки то расидан ба синни 18 солаги маъюб шудаанд;

– фарзандони то 23-сола, ки аз руи шакли тахсили рузона дар муассисахои таълимии рузона тахсил мекунанд;

– шахсоне, ки дар таъминоти хизматчиёни харби карор доранд.

  1. Ба хизматчиёни харби ва шахрвандоне, ки аз хизмати харби рухсат шудаанд, собикадорони Чанги Бузурги Ватани ва иштирокчиёни амалиётхои чанги дар каламрави дигар давлатхо, собикадорони хизмати харби, хамчунин собикадороне, ки ухдадории хизмати харбиро дар вазъияти фавкулодда ва хангоми мунокишахои мусаллахона ичро намудаанд, тибки конунхо, дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон мумкин аст имтиёзу кафолат ва чубронпулихои иловаги мукаррар карда шаванд.
  2. Кафолатхои хукукию ичтимоии шахрвандони ноболиѓе,ки дар муассисахои таълимии тахсилоти умумии миёнае (пурра) тахсил мекунанд, ки барномахои иловагии таълимиашон дорои максади омодагии харби мебошанд, бо конунхо ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон муайян карда мешаванд.
  3. Барои хизматчиёни харбие, ки асир афтодаанд ё гаравгон гирифта шудаанд, хамчунин дар мамлакатхои бетараф боздошт шудаанд, вазъи хукукии хизматчиёни харби нигох дошта мешавад. Макомоти хокимияти давлати ва фармондехии харби ухдадоранд барои озод намудани хизматчиёни харбии номбурда мутобики меъёрхои хукуки байналмилали тадбирхо андешанд.

Ба хизматчиёни харбии номбурда маош, таъминоти модди ва дигар навъхои таъминот, ки ба хамсар ё дигар аъзои оилаи хизматчиёни харбии бо онхо хамрох истикоматкунанда бо тартиби мукаррарнамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон то пурра муайян шудани холати асир афтодан ё гаравгон гирифтан, боздошти хизматчиёни харби ё озодшавии онхо дода мешаванд.

  1. Хизматчиёни харби, шахрвандони аз хизмати харби рухсати шуда ва аъзои оилаи онхо, ки мутобики Конуни мазкур ба имтиёз, кафолат ва чубронхо хукук доранд, аз имтиёз, кафолат ва чубронхои мувофики конунхо, дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, хамчунин санадхои меъёрии хукукии макомоти махаллии хокимияти давлати барои шахрвандон мукаррарнамуда истифода мебаранд. Агар шахсони номбурда дар як вакт хукуки гирифтани ин ё он имтиёз, кафолат ва чубронхоро мувофики якчанд асосхо дошта бошанд, ба онхо мувофики интихобашон дар як асос, бо истиснои холатхои махсуси пешбининамудаи конунхо,  дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон имтиёз, кафолат ва чубронхо дода мешаванд.

 

Моддаи 3. Кафолати хифзи хукукию ичтимоии хизматчиёни харби, шахрвандоне, ки аз хизмати харби

                   рухсат шудаанд ва аъзои оилаи онхо

 

1.Конуни мазкур барои хизматчиёни харби системаи ягонаи хифзи хукукию ичтимои, хамчунин таъминоти модди ва дигар навъхои таъминотро бо назардошти вазифахои харбии ишѓолкарда, рутбахои харбии додашуда, мухлати умумии хизмати харбии имтиёзнок, ичрои вазифахо, шароит ва тартиби адои хизмати харбии онхоро мукаррар менамояд.

  1. Хифзи хукукии хизматчиёни харби, шахрвандони аз хизмати харби рухсат шуда ва аъзои оилаи онхо вазифаи давлати буда, дар конунхо, дигар санадхои меъёрию хукуки ифода ёфтани хукуку имтиёз, кафолат ва чубронпулихои шахсони номбурда ва дигар чорахо оид ба хифзи ичтимои ва хамчунин тартиби хукукии амали намудани онхоро пешбини менамояд.
  2. Хифзи ичтимоии хизматчиёни харби, шахрвандони аз хизмати харби рухсат шуда ва аъзои оилаи онхо вазифаи давлати буда, инхоро пешбини менамояд:

– амали намудани хукуку имтиёзхо, кафолат ва чубронпулихои онхо аз чониби макомоти хокимияти давлати, макомоти идоракунии харби ва макомоти махаллии хокимияти давлати;

– мукаммалгардонии тартиб ва коидахои хифзи ичтимоии шахсони номбурда;

-хифзи хаёт ва саломатии онхо, хамчунин дигар чорахое, ки ба ташкили шароити хаёту фаъолияти ба хусусиятхои хизмати харби дахлдор ва накши он дар чамъият равона шудаанд.

  1. Амали намудани чорахои хифзи хукукию ичтимоии хизматчиёни харби ва шахрвандони аз хизмати харби рухсатшуда ва аъзои оилаи онхо ба зиммаи макомоти хокимияти давлати, макомоти махаллии хокимияти давлати, судхо, макомоти хифзи хукук дар доираи ваколатхои онхо гузошта шуда, хамчунин вазифаи командирон (сардорон) (минбаъд – командирон) мебошад. Ба амали намудани хукуки хизматчиёни харби, шахрвандони аз хизмати харби рухсатшуда ва аъзои оилаи онхо хамчунин метавонанд мутобики конунхо, дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон иттиходияхои чамъияти мусоидат намоянд.
  2. Хеч кас хак надорад, ки хукуку озодихои ба хизматчиёни харби, шахрвандони аз хизмати харби рухсатшуда ва аъзои оилаи онхо кафолатдодаи Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон ва Конуни мазкурро махдуд созад. Шахсони мансабдори макомоти хокимияти давлати, макомоти махаллии хокимияти давлати ва ташкилотхо, хамчунин командироне, ки барои ичро накардани вазифахо доир ба амали намудани хукуки хизматчиёни харби, шахрвандони аз хизмати харби рухсатшуда ва аъзои оилаи онхо гунахкоранд, мутобики конунхо, дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон ба чавобгари кашида мешаванд.

Хангоми амали намудани даъват ба хизмати харби, хамчунин хангоми рухсат шудани хизматчиёни харби аз хизмати харби давлат ичрои ухдадорихои пешбининамудаи Конуни мазкур, конунхо, дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистонро кафолат медихад.

 

Моддаи 4. Асосхои хукукии вазъи хукукии хизматчиёни харби

 

Асосхои хукукии вазъи хукукии хизматчиёни харби аз Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон, Конуни мазкур, конунхо, дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон ва санадхои хукукии байналмилалие, ки Чумхурии Точикистон эътироф намудааст, иборат мебошанд.

 

БОБИ  II

Хукук ва озодихои хизматчиёни харби, шахрвандони аз хизмати харби рухсатшуда ва аъзои оилаи онхо

 

Моддаи 5. Хифзи озоди, шараф ва эътибори  хизматчиёни харби

 

  1. Хизматчиёни харби тахти химояи давлат карор доранд. Хеч кас хукук надорад, ки ба фаъолияти хизматии хизматчиёни харби, ба истиснои шахсоне, ки тибки конунхо, дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, инчунин оинномахои умумихарбии Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон (минбаъд-оинномахои умумихарби) ваколатдоранд, дахолат кунад.
  2. Тахкири хизматчиёни харби, зуровари ва тахдиди истифода бурдани зури, суикасд ба хаёту саломати, шаъну шараф, манзилу молу мулки онхо, хамчунин дигар амалиёте (беамалие), ки хукуки онхоро бинобар ичрои ухдадорихои хизмати харби вайрон мекунад ва паст мезанад, мутобики конунхо, дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон боиси  чавобгари мебошанд. (КЧТ аз 27.11.14с., №1152)
  3. Хизматчиёни харби аз чумла ба сифати чазои интизоми бо нигох доштан дар гауптвахта, танхо мувофики асосхо ва бо тартибе, ки конунхо, дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, оинномахои умумихарби пешбини намудаанд, метавонанд боздошт гарданд ва ё ба хабс гирифта шаванд.

Дар холатхои боздошти хизматчиёни харби берун аз чойгиршавии кисми харбие, ки дар он хизмати харбиро адо мекунанд, макомоти идоракунии харби ва макомоти прокуратураи харби таъчилан огох карда мешаванд. Дар мавриди оѓози кори чинояти ва ба хабс гирифтани хизматчии харби таъчилан волидайнаш огох карда мешаванд.

 

Моддаи 6. Озодии сухан, вичдон ва мазхаб

 

  1. Хизматчиёни харби хукукхои худро ба озодии сухан, изхори афкору акида, имконияти дастрас ва пахн кардани иттилоот амали намуда, хукук надоранд, ки сирри давлатиро ифшо карда, фармони командирро мухокима ва танкид намоянд.
  2. Иштироки хизматчиёни харби дар корпартоихо, пикетхо, нофармонихои оммавии зиддидавлати ва дигар амалиёти эътирози ё ташкили онхо, инчунин дигар намуди катъкунии ичрои вазифахои хизмати харби хамчун воситаи халлу фасли масъалахои ба хизмати харби алокаманд, манъ аст.
  3. Хизматчиёни харби хукук доранд муносибати худро нисбат ба дин мустакилона муайян намоянд, алохида ва ё якчоя бо дигарон хар гуна динро пайрави намоянд ва ё пайрави накунанд.
  4. Хизматчиёни харби хукук надоранд аз руи эътикоди динии худ аз ичрои ухдадорихои хизмати харби даст кашанд ва ваколатхои хизматии худро барои таблиѓоти ин ё он дин истифода намоянд.

5.Хизматчиёни харби дар вактхои озод будан аз хизмати харби хукук доранд хамчун шахси алохида ба ибодат машѓул шуда, дар маросимхои дини иштирок намоянд.

  1. Ташкили иттиходияхои дини ва хизбхои сиёси дар кисми харби манъ аст.

 

Моддаи 7. Хукуки гаштугузори озодона ва дигар кардани махалли хизмати харби

 

  1. Хизматчиёни харби хукуки гаштугузори озодона карданашонро бо назардошти аз тарафи онхо нигох доштани омодагии чангии кисмхои харби ва саривакт хозир шудан ба махалли хизмати харби амали мегардонанд.

Хукуки гаштугузор кардан дар худуди кисми харби, берун баромадан аз худуди гарнизоне, ки дар каламрави он хизмати харбиро адо менамоянд, бо оинномахои умумихарби муайян карда мешавад.

  1. Хизматчиёни харбие, ки хизмати харбиро ба тарзи ихтиёри адо менамоянд, хукук доранд махалли хизмати харбиашонро дигар кунанд, аз он чумла ба махалли дигар бо назардошти шартхои адои хизмати харби, ахволи саломатии хизматчиёни харби ва аъзои оилаи онхо (дар асоси хулосаи комиссияи тиббии харби) ва дигар асосхои мукаррарнамудаи Низомнома дар бораи тартиби адои хизмати харби барои адои хизмати харби гузаранд.

 

Моддаи 8. Хукуки иштирок дар идоракунии корхои давлати ва иттиходияхои чамъияти

 

1.Хизматчиёни харби хукук доранд тибки Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон, конунхо, дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон ба макомоти хокимияти давлати ва макомоти махалли хикимияти давлати интихоб намоянд ва интихоб шаванд, дар райъпурси, хамчунин дигар шаклхои амали гардонидани худидораи махалли иштирок намоянд.

Хусусиятхои вазъи хукукии хизматчиёни харбие, ки ба макомоти хокимияти давлати ва макомоти махаллии хокимияти давлати интихоб шудаанд, мутобики, конунхо, дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон муайян карда мешаванд.

  1. Дохил шудани хизматчиёни харби ба хизбхои сиёси ё ташкилотхои чамъяти, ки максади сиёси доранд, манъ аст, инчунин узвият ба онхо дар давраи адои хизмати харби боздошта мешавад.

 

Моддаи 9. Хукук ба мехнат

 

  1. Хизматчиёни харби хукуки мехнатро вобаста ба адои хизмати харби амали мегардонанд.
  2. Тартиби бахисобгирии мухлати умумии хизмати харби, хамчунин мухлати умумии хизмати харбии имтиёзнокро Хукумати Чумхурии Точикистон муайян менамояд.
  3. Мухлати карор доштани шахрвандон дар хизмати харби бо тартиби ихтиёри ба собикаи умумии кори ва ба собикаи кор аз руи ихтисоси онхо аз хисоби як рузи хизмати харби баробар ба як рузи кори хисобида мешавад, мухлати карор доштани шахрвандон дар хизмати харби мувофики даъват (аз чумла афсароне, ки ба хизмати харби даъват мешаванд) бошад – як рузи хизмати харби баробар ба ду рузи кори хисоб карда мешавад.
  4. Мухлати адои хизмати харбии хизматчиёни харби дар вазифахои харбие, ки бо афзоиши хатар барои хаёту саломати вобастаанд, хангоми мукаррар намудани нафакаи пиронсоли вобаста бо шароитхои махсуси мехнат ё нафакаи мухлати хизмат, мутобики фехристи дахлдори тасдикнамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон ба собикаи махсус хисоб карда мешавад.
  5. Ба собикаи умумии мехнатии хамсарони хизматчиёни харбии бо тартиби ихтиёри хизмати харбиро адокунанда, ки барои мукаррар намудани нафака зарур аст, хамаи давраи истикомат бо хамсар  то соли 1997 новобаста ба махалли чойгиршавии кисмхои харби, аз соли 1998 дар махалхое, ки онхо натавонистаанд бинобар набудани имкониятхои бо кор таъминкуни мувофики ихтисос мехнат кунанд ва бо тартиби мукарраршуда бекор дониста шудаанд, хамчунин даврахое, ки хамсари хизматчиёни харби-шахрвандон мачбур буданд мувофики вазъи саломатии фарзандон, вобаста бо шароити истикомат дар махалли хизмати харбии хамсарон кор карда натавонистанд, агар мувофики хулосаи муассисаи хифзи саломати фарзандони онхо ба нигохубини доими эхтиёч доштаанд, хисоб карда мешаванд. Даврахои зикршуда фосилаи собикаи мехнатиро, ки барои гирифтани мададмаош аз  руи суѓуртаи ичтимои зарур аст, катъ намекунад.
  6. Ба хизматчиёни харбие, ки хизмати харбиро дар махалхои баландкух ва махалхои дорои шароити номусоиди иклими ё экологи, ё берун аз худуди Чумхурии Точикистон, хамчунин дар вазифахои харбие, ки бо тахдиди хатар барои хаёту саломати вобастаанд, адо мекунанд, тибки конунхо, дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон имтиёзу кафолат ва чубронпулихои иловаги мукаррар карда мешаванд.

Фехристи ин нохияву махалхоро Хукумати Чумхурии Точикистон, номгуи вазифахои харбии мазкурро Вазорати мудофиаи Чумхурии Точикистон муайян мекунанд.

  1. Хизматчиёни харби хукук надоранд:

– ба дигар фаъолияти музднок машѓул шаванд, ба ѓайр аз фаъолияти омузгори, илми ва эчоди, бе расонидани зарар ба ичрои ухдадории асосии хизмати бо ичозати рохбарони вазорату идорахое, ки дар онхо тибки конун хизмати харби пешбини гардидааст;

– шахсан ё тавассути шахсони боваринок ба фаъолияти сохибкори машѓул шаванд, аз чумла дар идоракунии ташкилотхои тичорати иштирок кунанд, хамчунин ба шахсони вокеи ва хукуки дар амали гардонидани фаъолияти сохибкори бо истифода аз вазъи хизматии худ мусоидат намоянд;

– воситахои молиявию молу мулки кисми харби, хамчунин дигар молу мулки давлатиро ба ѓайр аз холатхои мутобики конунхо, дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон мукарраргардида ба максадхои новобаста ба ичрои ухдадорихои хизмати харби истифода баранд; (КЧТ аз 27.11.14с., №1152)

– аз шахсони вокеи ва хукуки подош (тухфахо, хизматона, карз, хизматрасони, харочоти вактхуши, истирохат, наклиёт ва дигар подошхо) гирад, ки бо ичрои ухдадорихои хизмати харби вобастаанд, ба истиснои тухфахои кимматнок (аз чумла хоса) ва маблаѓе, ки мутобики оинномахои умумихарби ба тарики хавасмандгардони хизматчиёни харби кадр карда мешаванд;

– бе ичозати Вазири мудофиаи Чумхурии Точикистон (рохбари вазорату идорахое, ки дар онхо тибки конун хизмати харби пешбини гардидааст), мукофотхои давлатхои хоричи, ташкилотхои хоричию байналмилалиро кабул намоянд;

– аз хисоби шахсони вокеи ва хукуки, ба ѓайр аз сафари хизмати тибки шартномахои байналмилалии Чумхурии Точикистон ё шартномахои макомоти хокимияти давлати бо макомоти хокимияти дахлдори давлатии давлатхои хоричи ё ташкилотхои байналмилали ба хорича ба сафари хизмати раванд;

– вазъи хизматиашонро ба манфиати хизбхои сиёси ва ташкилотхои чамъияти, аз чумла иттиходияхои дини, хамчунин барои таблиѓоти акидахои онхо истифода намоянд.

  1. Чалби хизматчиёни харби ба ичрои корхое, ки ба ичрои ухдадорихои хизмати харби вобаста нестанд, танхо дар холатхои мукаррарнамудаи конунхо, дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон ичозат дода мешавад. Дар ин сурат меъёрхои хукукие, ки барои дигар шахрвандони бачооварандаи ин корхо пешбини шудаанд, ба хизматчиёни харби дахл мекунанд.
  2. Занон – хизматчиёни харби ва хизматчиёни харбие, ки фарзандони бе падар (модарро) тарбия мекунанд, тибки конунхо, дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон оид ба хифзи оила, модарон ва кудакон аз имтиёзу кафолат ва чубронпулихо истифода менамоянд.

 

Моддаи 10. Вакти хизмати ва хукук барои истирохат

 

  1. Давомнокии умумии хафтаи хизмати хизматчиёни харбие, ки бо тартиби ихтиёри хизмати харбиро адо мекунанд, ба истиснои холатхои дар кисми сеюми моддаи мазкур баёнгардида, набояд аз мухлати маъмулии хафтаи вакти кори, ки конунхо, дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон мукаррар намудаанд, зиёд бошад. Чалби хизматчиёни харбии номбурда ба ичрои ухдадорихои хизмати харбии зиёда аз мухлати мукарраршудаи хафтаи хизмати дар дигар холатхо бо мухлати дахлдори истирохат дар дигар рузхои хафта чуброн карда мешавад. Дар сурати ѓайриимкон будани чуброни номбурда, мухлати ичрои ухдадории хизмати харбии изофавии бо мухлати хизмати хафтаина мукарраршуда чамъбаст карда шуда, ба хизматчиёни харби дар шакли истирохати иловагии шабонарузи дода мешавад, ки ин рузхоро бо хохиши хизматчиёни харбии зикршуда ба рухсатии асосиашон хамрох кардан мумкин аст. Тартиби бахисобгирии вакти хизмати ва додани рузхои истирохати иловагиро Низомномаи тартиби адои хизмати харби муайян менамояд.
  2. Давомнокии вакти хизматии хизматчиёни харбие, ки хизмати харбиро мувофики даъват адо мекунанд, тибки талаботи оинномахои умумихарби бо тартиби речаи рузи кисми харби муайян карда мешавад. Аз ин ру, ба хизматчиёни харбии номбурда, ба ѓайр аз холатхои муайяннамудаи оинномахои умумихарби хамаруза на камтар аз хашт соат барои хоб ва ду соат барои эхтиёчоти шахси дода мешавад.
  3. Навбатдории чанги (хизмати чанги), машк ва дигар чорабинихое, ки номгуи онхоро Вазири мудофиаи Чумхурии Точикистон (рохбарони вазорату идорахое, ки тибки конун дар онхо хизмати харби пешбини гардидааст) муайян менамояд, хангоми зарурат бе махдуд намудани мухлати умумии хафтаи хизмати гузаронида мешаванд. Тартиб ва шартхои додани истирохат ба хизматчиёни харби, ки иштироки онхоро дар чунин чорабинихо чуброн мекунад, бо Низомномаи тартиби адои хизмати харби муайян карда мешавад.
  4. Ба хизматчиёни харбие, ки хизмати харбиро мувофики даъват адо мекунанд, на камтар аз як шабонаруз дар як хафта истирохат дода мешавад. Ба дигар хизматчиёни харби на камтар аз як шабонаруз дар як хафта, вале на камтар аз 4 шабонаруз дар як мох истирохат дода мешавад.

Рузхои истирохат ба хизматчиёни харби дар рузхои  истирохат ва ид дода мешавад, хангоми чалби онхо ба ичрои ухдадорихои хизмати харби дар ин рузхо бошад, дар рузхои дигари хафта ба онхо истирохат дода мешавад.

  1. Ба афсарон, прапоршикхо ва дар мавридхои пешбининамудаи штат ба сержанту старшинахо ва хизматчиёни харби – занон хамасола рухсатии асоси дода мешавад.

Давомнокии рухсатии асоси чунин мукаррар карда мешавад:

– ба хизматчиёни харбие, ки давомнокии умумии хизмати имтиёзноки харбиашон камтар аз 10 солро ташкил мекунад – 30 шабонаруз;

– ба хизматчиёни харбие, ки давомнокии умумии хизмати имтиёзноки харбиашон аз 10 то 15 солро ташкил мекунад – 35 шабонаруз;

– ба хизматчиёни харбие, ки давомнокии умумии хизмати имтиёзноки харбиашон аз 15 то 20 солро ташкил мекунад – 40 шабонаруз;

– ба хизматчиёни харбие, ки давомнокии умумии хизмати имтиёзноки харбиашон 20 сол ва зиёда аз инро ташкил мекунад – 45 шабонаруз.

  1. Ба хизматчиёни харбие, ки  хизмати харбиро дар махалхои баландкух, махалхои дорои шароити номусоиди иклимию экологи, хамчунин дар вазифахои харбие, ки ичрои ухдадорихои хизмати харбии онхо бо афзоиши хатар барои хаёт ва саломати вобаста аст, адо менамоянд, давомнокии рухсатии асоси ба мухлати 10 шабонаруз зиёд карда мешавад.
  2. Тибки хохиши хизматчиёни харбие, ки бо тартиби ихтиёри хизмати харбиро адо менамоянд, мумкин аст рухсатии асоси ба онхо кисм ба кисм дода шавад.
  3. Ба хизматчиёни харби – иштирокчиёни амалиётхои чанги доир ба хифзи сохти конститутсиони, иштирокчиёни амалиётхои чанги дар каламрави дигар давлатхо тибки ухдадорихои байналмилалии Чумхурии Точикистон давомнокии рухсатии асоси ба мухлати 5 шабонаруз зиёд карда мешавад.
  4. Ба хизматчиёни харбие, ки хизмати харбиро мувофики даъват адо менамоянд, як рухсатии асоси ба мухлати зайл дода мешавад:

– дар вазифахои харбие, ки барои онхо аз руи штат рутбаи харбии аскари катори пешбини шудааст – 20 шабонаруз;

– дар вазифахои харбие, ки барои онхо аз руи штат рутбаи харбии сержант ва старшина пешбини шудааст – 30 шабонаруз.

Давомнокии рухсатии асосии хизматчиёни харбие, ки хизмати харбиро мувофики даъват адо менамоянд, мумкин аст дар шакли хавасмандкуни ё чазо ба мухлати то 5 шабонаруз бо тартиби муайяннамудаи оинномахои умумихарби зиёд ё кам карда шавад.

  1. Ба хизматчиёни харбие, ки муассисаи таълимии харбии тахсилоти касбиро хатм намудаанд, рухсатии асоси пас аз хатми муассисаи таълимии номбурда ба мухлати 30 шабонаруз дода мешавад.
  2. Давомнокии рухсатии асосии хизматчиёни харби ба микдори шабонарузхое, ки барои хамлу накл ба махалли истифодабарии рухсати ва бозгашт заруранд, вале на камтар аз як шабонаруз барои як тараф зиёд карда мешавад. Агар рухсатии асосии хизматчиёни харби кисм ба кисм дода шуда бошад, вакти зарури барои хамлу накл ба махалли истифодабарии рухсати ва бозгашт як маротиба дода мешавад.
  3. Ба хизматчиёни харбие, ки хизмати харбиро бо тартиби ихтиёри адо мекунанд, барои омодаги ва супоридани имтихонхои дохилшави дар адъюнктура ва докторантураи харби, хамчунин барои омодаги ва супоридани имтихонхои дохилшави ба муассисаи таълимии тахсилоти касби ва имтихонхо дар давраи тахсил дар онхо бо тартиби мукаррарнамудаи конунхо, дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон рухсатии таълими дода мешавад.
  4. Ба хизматчиёни харбие, ки хизмати харбиро бо тартиби ихтиёри адо мекунанд, хамчунин ба курсантхои муассисахои таълимии харбии тахсилоти касби дар давраи тахсил дар муассисахои таълимии номбурда дар давраи танаффуси машѓулиятхои таълими ба мухлати муайяннамудаи Конуни мазкур ва Низомномаи тартиби адои хизмати харби рухсатии таътили дода мешавад.
  5. Ба хизматчиёни харбие, ки хизмати харбиро бо тартиби ихтиёри адо карда, барои гирифтани унвони номзад ё доктори илм кушиш доранд, рухсатии эчоди бо тартиби мукаррарнамудаи конунхо, дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон дода мешавад.
  6. Ба хизматчиёни харби дар асоси хулосаи комиссияи тиббии харби рухсатии бемори дода мешавад.
  7. Рухсати бо сабабхои шахси ба хизматчиёни харби ба мухлати то 10 шабонаруз, агар рухсатии асосиро онхо истифода бурда бошанд, дар холатхои зерин дода мешавад:

– холати вазнини саломати ва вафоти (халоки) хеши наздики хизматчии харби (хамсар, падар, модар, падару модари хамсар, писар, духтар, бародар, (хохар) ё шахсе, ки хизматчии харби дар тарбия ё таъминоти у мебошад;

– сухтор ё дигар офати табиие, ки ба сари оила ё хеши наздики хизматчии харби омадааст;

– дар дигар холатхои истисноие, ки будани хизматчии харби бо оила зарур бошад, – мувофики карори командири кисми харби.

Давомнокии рухсатии бо сабабхои шахси ва дигар сабабхои узрнок ба хизматчии харби додашуда ба микдори шабонарузхои барои хамлу накл бо наклиёти замини (хавои) ба махалли истифодабарии рухсати ва бозгашт зарурбуда зиёд карда мешавад.

  1. Ба хизматчиёни харбие, ки мухлати умумии хизмати харбиашон бо хисоби таквими 20 сол ва аз ин зиёдаро ташкил мекунад, дар яке аз се соли то расидан ба синни нихоии хизмати харби ё дар соли рухсат шудан аз хизмати харби ба сабаби саломати ва ё бинобар чорабинихои ташкилии штати, ба ѓайр аз рухсатии асоси, мувофики хохиши онхо ба мухлати 30 шабонаруз рухсатии бо сабабхои шахси дода мешавад. Рухсатии номбурда барои хамаи давраи хизмати харби як маротиба дода мешавад.
  2. Ба хамсарони хизматчиёни харби рухсати мувофики хохиши онхо дар як вакт бо рухсатии хизматчиёни харби дода мешавад. Дар ин сурат мухлати рухсатии хамсарони хизматчиёни харби мумкин аст мувофики хохиши онхо ба мухлати рухсатии хизматчиёни харби баробар бошад. Барои кисми рухсатии хамсарони хизматчиёни харби, ки аз мухлати рухсатии хамасолаи чои кори асосии онхо зиёд аст, маош дода намешавад.
  3. Ба хизматчиёни харби-занон рухсати барои хомиладори, хамчунин рухсати барои парастории кудак тибки тартиби мукаррарнамудаи конунхо, дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон дода мешавад. Дар айни хол нисбати онхо имтиёзу кафолат ва чубронпулихои иловагии мукаррарнамудаи конунхо, дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон амали мегарданд.

 

Моддаи 11. Таъминоти пули

 

  1. Таъминоти пулии хизматчиёни харби аз маоши мувофики вазифаи ишѓолкарда (минбаъд-маош аз руи вазифаи харби) ва маоши мувофики рутбаи харбии додашуда (минбаъд – маош аз руи рутбаи харби), ки маоши (таъминоти пулии) хизматчиёни харби (минбаъд – маоши таъминоти пули), иловапулихо барои собикаи хизмати  ташкил мекунанд, иборат мебошад.
  2. Андоза ва тартиби пардохти таъминоти пулии хизматчиени харбиаз тарафи Президенти Чумхурии Точикистон мукаррар карда мешавад.

 

Рутбаи харби Иловапули баробари карати музди акалли мехнат
Генерали артиш 6,0
Генерал-полковник 5,5
Генерал-лейтенант 5,0
Генерал-майор 4,5
Полковник 4,0
Подполковник 3,5
Майор 3,0
Капитан 2,5
Лейтенанти калон 2,0
Лейтенант 1,5
Лейтенанти хурд 1,0
Прапоршики калон 0,8
Прапоршик 0,5

 

  1. Хусусияти таъминоти пулии гурухи алохидаи хизматчиёни харби бо конунхо,  дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон муайян карда мешавад.
  2. Ба хизматчиёни харбие, ки дар муассисахои таълимии харбии тахсилоти касбии берун аз худуди Чумхурии Точикистон тахсил мекунанд, маош (таъминоти пули) тибки меъёрхои мукаррарнамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон дода мешавад.
  3. Тартиби пардохти маоши (таъминоти пулии) хизматчиёни харби аз тарафи Вазири мудофиаи Чумхурии Точикистон (рохбарони вазорату идорахое, ки дар онхо тибки конун хизмати харби пешбини гардидааст), муайян карда мешавад.

 

Моддаи 12.  Пардохтхои иловаги

 

  1. Ба хизматчиёни харбие, ки хизмати харбиро мувофики даъват адо мекунанд ва курсантхои муассисахои таълимии харбии тахсилоти касби хангоми рафтан ба рухсатии асоси, хамчунин ба рухсатии бемори (дар асоси хулосаи комиссияи тиббии харби) ба андозаи на камтар аз як маош (таъминоти пули) пардохта мешавад.
  2. Хангоми рафтани хизматчиёни харбие, ки бо тартиби ихтиёри хизмати харбиро адо мекунанд, ба махалли нави хизмати харбии дигар махалли ахолинишин, аз чумла ба каламрав ё аз каламрави давлати хоричи, вобаста ба таъин шудан ба вазифаи харби, дохил шудан ба муассисаи таълимии харбии тахсилоти касби, ки мухлати тахсилаш зиёда аз як солро ташкил мекунад ё ки вобаста бо таѓйири чои кисми харби ба онхо чунин намуди иловапулихо пардохта мешаванд:

– мададмаош ба андозаи якмаош (таъминоти пули) ба хизматчии харби, ва нисфи маош (таъминоти пули) ба хар як аъзои оилаи хизматчии харбие, ки ба махалли нави хизмати харбии хизматчии харби ё ба махалли ахолинишини ба чои номбурда наздик ё ки (аз набудани  хонаи истикомати) ба дигар махалхои ахолинишин мераванд. Мададмаоши номбурда ба хизматчиёни харбие, ки хизмати харбиро дар махалхои баландкух ва махалхои дорои шароити номусоиди иклимию экологи адо мекунанду ба таъминоти пулии онхо коэффисиенти минтакави (барои адои хизмати харби дар минтакахои баландкух) мукаррар гардидааст, бо назардошти ин коэффисиент пардохта мешавад; (КЧТ аз 1.08.12с., №885)

– ба андозаи меъёри устувори маоше (пули харчи рузмаррае), ки аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон ба кормандони ба сафари хизмати раванда барои хар рузи дар рох  будани хизматчии харби ва хар як аъзои оилаи хизматчии харбие, ки бо у хамрох меравад, мукаррар карда шудааст.

  1. Хизматчиёни  харбие,  ки  хизмати  харбиро  бо  тартиби  ихтиёри  адо  мекунанд,  ѓайр  аз  курсантхои  муассисахои  таълимии  харбии  тахсилоти   касби,   хукуки   гирифтани   карзхои   бефоизро   ба   андозаи   то   12   маош (таъминоти  пули)   ба   мухлати   то  се  сол    барои харидани асбобу анчоми ниёзи аввалин аз хисоби маблаѓи Вазорати мудофиаи Чумхурии Точикистон (вазорату идорахое, ки тибки конун дар онхо хизмати харби пешбини гардидааст) дар яке аз  холатхои зерин доранд:

– дар давоми се мохи баъди таъин шудан ба вазифаи харби пас аз хатми муассисаи таълимии харбии тахсилоти касби ва вобаста ба ин гирифтани рутбаи харбии афсари;

– дар давоми се мохи баъди ба вазифаи харби таъин шудани хизматчиёни харби ё шахрвандоне, ки хизмати харбиро бо тартиби ихтиёри адо мекунанду хохиши адои хизмати харбиро ба мухлати 5 сол ва аз ин зиёда изхор менамоянд;

– дар давоми се мохи баъди  бастани акди никохи аввалин.

Хангоми аз руи якчанд асосхо ба гирифтани карзи номбурда хукук пайдо кардани хизматчии харби ба вай карз танхо аз руи як асос ва як маротиба дар давраи адои хизмати харби дода мешавад.

  1. Ба афсароне, ки ба хизмати харби даъват шудаанд, пардохтпулихои мукаррарнамудаи моддаи мазкур дода намешаванд.
  2. Ба хизматчиёни харбие, ки ба сафари хизмати фиристода мешаванд, харочоти сафари хизмати бо тартиб ва андозаи муайяннамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон пардохта мешавад.
  3. Ба ѓайр аз пардохтхои пешбининамудаи Конуни мазкур аз чониби Президенти Чумхурии Точикистон, Хукумати Чумхурии Точикистон ба хизматчиёни харби иловапули ва дигар навъи пардохтхо метавонад мукаррар карда шавад. Иловапули ва пардохтхои номбурда вобаста ба мураккаби, меъёр ва ахамияти ичрои вазифа аз тарафи хизматчиёни харби мутаносибан мукаррар карда мешаванд.
  4. Ба ѓайр аз пардохтхои иловагие, ки дар моддаи мазкур  пешбини шудаанд, дигар пардохтхои иловагие, ки  каблан тибки дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон муайян карда шуда буданд, нигох дошта мешаванд.

 

Моддаи 13. Таъминоти озука ва молу мулки шайъи, хизматрасонии маишию савдоии хизматчиёни харби

(КЧТ аз 27.11.14с., №1152)

 

  1. Таъминоти озукаи хизматчиёни харби мувофики меъёрхо ва дар мухлати мукаррарнамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон бо тартибе, ки, Вазорати мудофиаи Чумхурии Точикистон (вазорату идорахое, ки тибки конун дар онхо хизмати харби пешбини гардидааст) муайян кардааст, дар яке аз шаклхои зерин амали карда мешавад:

– ташкили хурок дар махалли адои хизмати харби – барои хизматчиёни харбие, ки  мувофики даъват хизмати харбиро адо мекунанд ва категорияи хизматчиёни харбие, ки хизмати харбиро бо тартиби ихтиёри адо мекунанду номгуи онхо аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон тасдик карда мешавад;

– додани озукаи мукарраршуда;

– пардохти чубронпули бар ивази озукаи (хуроки) мукарраршуда ба андозаи  мукаррарнамудаи Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи Бучети давлатии Чумхурии Точикистон» барои соли молиявии дахлдор  ба хизматчиёни  харбие, ки хизмати харбиро бо тартиби ихтиёри адо мекунанд, хамчунин ба хизматчиёни харбие, ки ба хизмати харби ба вазифаи афсари ва прапоршики даъват шудаанд ва ба курсантхо бошад, танхо дар вакти истифодабарии рухсати;

– додани пули озукаи сафари ба хизматчиёни харбие, ки мувофики даъват хизмати харбиро адо мекунанд ва ба курсантхо хангоми дар рохи сафар будан, хамчунин хангоми карор доштан дар нуктахои сафари хизмати, агар  дар ин нуктахо хуроки хизматчиёни харби ташкил нашуда бошад.

  1. Хизматчиёни харби бо молу мулки шайъи вобаста ба шароити адои хизмати харби мувофики меъёрхо ва мухлати мукаррарнамудаи Низомномаи таъминоти молу мулки шайъии хизматчиёни харби, ки аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон тасдик шудааст, таъмин карда мешаванд. (КЧТ аз 27.11.14с., №1152)
  2. Хизматчиёни харбие, ки хизмати харбиро бо тартиби ихтиёри адо мекунанд, ба гирифтани чубронпули бар ивази молу мулки шайъии мукарраршуда ба андозаи нархи сару либоси номбурда хукук доранд. Тартиби пардохти чубронпулии номбурдаро Хукумати Чумхурии Точикистон муайян мекунанд. (КЧТ аз 27.11.14с., №1152)
  3. Хизматчиёни харби мувофики меъёрхои мукаррарнамудаи Хукумати Чумхурии Точкистон бо тартиби муайяннамудаи оинномахои умумихарби ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон бо хамом таъмин мешаванд ва сарулибосашон шуста мешавад.
  4. Хизматрасонии маишию савдоии хизматчиёни харби ва аъзои оилаи онхо бо конун, дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон танзим мегардад.
  5. Хизматчиёни харби ва аъзои оилаи онхо хукуки харидории махсулоти саноати ва хуроквориро мувофики нарххои имтиёзнок бо тартиби муайяннамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон ба воситаи шабакаи савдои харби  доранд.

Хукуки пешбининамудаи моддаи мазкур хамчунин ба шахрвандони аз хизмати харби рухсатшуда ва аъзои оилаи онхо дахл дорад.

  1. Таъминоти озукаю молу мулки шайъии хизматчиёни харбие, ки дар муассисахои таълимии харбии тахсилоти касбии берун аз Чумхурии Точикистон тахсил мекунанд, мувофики меъёрхои мукаррарнамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон амали мегардад. (КЧТ аз 27.11.14с., №1152)

 

Моддаи 14. Хукук ба манзил

 

  1. Давлат бо манзил таъмин намудани хизматчиёни харбиро кафолат медихад.

Ба хизматчиёни харбие, ки хизмати харбиро бо тартиби ихтиёри адо мекунанд ва аъзои оилаи бо онхо хамрох зиндагикунанда на дертар аз се мохи баъди ба махалли нави адои хизмати харби омадан мувофики меъёрхо ва бо тартиби пешбининамудаи конунгузории манзилии Чумхурии Точикистон бо назардошти хукук ба масохати иловагии манзил аз хисоби давлат ё захираи манзилии коммунали хонаи истикоматии хизмати дода мешавад.

Дар хамаи мухлати адои хизмати харби инхо бо манзили истикоматии хизмати таъмин карда мешаванд:

– хизматчиёни харбие, ки ба вазифаи харби пас аз хатми муассисаи таълимии харбии тахсилоти касби таъин шудаанду вобаста ба ин рутбаи харбии афсари (аз соли 1993 сар карда) гирифтаанд ва аъзои оилаи бо онхо хамрох зиндагикунанда;

– афсароне, ки ба хизмати харби даъват шудаанд, хамчунин афсарону прапоршикхои пас аз 1 январи соли 1993 ба хизмати харби омада ва аъзои оилаи бо онхо хамрох истикоматкунанда;

– аскарону сержантхои чинси зан, ки пас аз 1 январи соли 1993 ба хизмати харби омадаанд ва аъзои оилаи бо онхо хамрох истикоматкунанда.

Манзили истикоматии хизмати дар хамаи давраи хизмати харби ба хизматчиёни харби-шахрвандони хизмати харбиро адокунанда, аъзои оилаи онхо, ки хамрох бо онхо зиндаги мекунанд, дар шахрчахои харбии пушида дода мешавад.

Ба шахрчахои харбии пушида шахрчахои харбии кисмхои харбии дар махалхои ахолинишин чойгиршуда, ки дорои тартиби рухсатномави мебошанд, хамчунин шахрчахои харбии алохидаи махсуси кисмхои харби, ки берун аз махалхои ахолинишин чойгир шудаанд, тааллук доранд. Фехристи шахрчахои харбии пушида бо пешниходи Вазорати мудофиаи Чумхурии Точикистон (вазорату идорахое, ки тибки конун дар онхо хизмати харби пешбини гардидааст) аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон тасдик карда мешаванд.

Ба хизматчиёни харби-шахрвандоне, ки дар хамаи давраи адои хизмати харби бо манзили истикоматии хизмати таъмин мешаванд, бо расидан ба мухлати умумии собикаи хизмати харбии 20- сола ва зиёда аз он ва хангоми рухсат шудан аз хизмати харби бо расидан ба синни нихоии дар хизмати харби будан, бинобар вазъи саломати ё вобаста бо чорабинихои ташкилию штати дар сурати доштани собикаи хизмати харбии 10- сола ва зиёда аз он манзили истикомати аз махали зисти доимии интихобшуда бо тартиби муайяннамудаи конунхо, дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон  ройгон дода мешавад, ба истиснои хонахои истикоматии хизматии дар шахрчахои пушида буда.

Хизматчиёни  харбие, ки бо манзили истикоматии хизмати таъмин карда мешаванд, бо Вазорати мудофиаи Чумхурии Точикистон (вазорату идорахое, ки тибки конун дар онхо хизмати харби пешбини шудааст) карордоди манзили мебанданд. Дар карордоди номбурда тартиби додани хонаи истикоматии хизмати, нигохдори  ва холи кардани он муайян карда мешавад. Шарту тартиби бастани карордоди манзили аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон муайян карда мешавад.

Хизматчиёни харбие, ки хизмати харбиро бо тартиби ихтиёри адо мекунанд, дар давраи адои хизмати харби ба бехтар намудани шароити манзили бо назардошти меъёрхо, навбат ва имтиёзхои мукаррарнамудаи конунхо, дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон хукук доранд.

Ба хизматчиёни харби барои харидан ё сохтмони манзил, инчунин бехтар намудани шароити манзили ба мухлати 20 сол карзи бефоиз дода мешавад, ки шартхо ва тартиби додани чунин карзро Хукумати Чумхурии Точикистон муайян менамояд.

  1. Хизматчиёни харбие, ки хизмати харбиро бо тартиби ихтиёри адо мекунанд ва аъзои оилаи онхо, ки ба махалли нави адои хизмати харбии хизматчиёни харби омадаанд, то гирифтани хонаи истикомати мувофики меъёрхои мукаррарнамудаи конунхо, дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон дар махалли истикомат, аз чумла мувофики хохиши онхо аз руи нишонии кисмхои харби ба кайд гирифта мешаванд. Ба хизматчиёни харбии номбурда ва аъзои оилаи онхо то гирифтани манзили истикомати манзили истикомати ё хобгох, ки барои муваккатан истикомат намудан кобили истифода бошанд, дода мешавад.

Дар холати набудани чунин манзили истикомати кисмхои харби барои таъмин намудани хизматчиёни харби ва аъзои оилаи бо онхо хамрох истикоматкунанда бинои истикоматиро ба ичора мегиранд ё тибки хохиши хизматчиёни харби ба онхо чубронпулии хармоха барои ичораи хонаи истикомати бо тартиб ва андозаи муайяннамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон аз хисоби маблаѓхои Вазорати мудофиаи Чумхурии Точикистон ( вазорату идорахое, ки дар онхо тибки конун хизмати харби пешбини гардидааст) пардохт менамоянд.

  1. Макомоти хокимияти давлати, макомоти махаллии хокимияти давлати ва ташкилотхо ба кисмхои харби барои ба ичора додани хонахои истикоматии кобили зисти муваккатии хизматчиёни харби ва аъзои оилаи онхо кумак менамоянд.
  2. Хизматчиёни харбие, ки хизмати харбиро бо тартиби ихтиёри адо мекунанду сохиби хонаи истикоматии алохидаи шахси ё аъзои ширкатхои сохтмони манзили мебошанд, хамчунин хизматчиёни харбие, ки барои онхо мутобики конунхо, дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон хонаи истикомати нигох дошта мешавад, хангоми гузаштан ба махалли нави хизмат ба онхо ва аъзои оилаи бо онхо якчоя зиндагикунанда дар давраи адои хизмати харби дар махалли номбурда бинои истикоматии хизмати ё хобгох дода мешавад.
  3. Дар холати аз чониби хизматчиёни харби ва аъзои оилаи бо онхо истикоматкунанда холи кардани хонахои истикомати, ѓайр аз хонахои шахси, хонахои номбурда ба дигар хизматчиёни харби ва аъзои оилаи онхо дода мешаванд.
  4. Барои бо манзил таъмин намудани хизматчиёни харбие, ки хизмати харбиро бо тарттиби ихтиёри адо мекунанд ва барои зисти доими хонаи истикомати надоранд ё ба бехтаргардонии шароити манзил эхтиёч доранд, Вазорати мудофиаи Чумхурии Точикистон (вазорату идорахои, ки дар онхо мувофики конун хизмати харби пешбини гардидааст) метавонанд дар доираи меъёрхои мукаррарнамудаи Кодекси манзили Чумхурии Точикистон ва бо назардошти маблаѓи дар соли дахлдор дар сметаи харочот пешбинигардида манзили истикомати харидори намоянд.
  5. Афсарони дорои рутбаи харбии полковник, баробар ва баланд аз он, ки хизмати харбиро ихтиёри адо менамоянд, ё ки аз хизмати харби бо расидан ба синни нихоии дар хизмати харби будан, бинобар вазъи саломати ё вобаста ба чорабинихои ташкилию штати рухсат шудаанд, хамчунин командирони кисмхои харби, хизматчиёне, ки дорои унвонхои фахрии Чумхурии Точикистон мебошанд, хизматчиёни харби-омузгорони муассисахои таълимии харбии тахсилоти касби, кафедрахои харбии назди муассисахои таълимии давлатии тахсилоти олии касби, хизматчиёни харби – кормандони илмии дорои дарачаю унвонхои илми ба васеъ намудани сатхи умумии иловагии манзил ба андозаи на камтар аз 18 метри квадрати хукук доранд.
  6. Хизматчиёни харбие, ки хизмати харбиро бо тартиби ихтиёри адо мекунанд ва аъзои оилаи бо онхо истикоматкунанда, хамчунин шахрвандони аз хизмати харби бо расидан ба синни нихоии дар хизмати харби будан, бинобар вазъи саломати ё вобаста ба чорабинихои ташкилию штати рухсатшуда, ки мухлати умумии хизмати харбиашон 20 сол ва зиёдаро ташкил мекунад, ба андозаи 50 фоиз пардохт менамоянд:

– барои майдони умумии манзили ишѓолкардаи онхо дар хонахои давлати ё манзилхои коммунали;

– барои хизмати коммунали (таъминоти об, баровардани партовхои маиши, неруи гармдихи ва ѓайра) новобаста ба навъи фонди манзили, ба ѓайр аз пардохти музди барк ва газ.

Дар хонахое, ки дорои гармидихии мутамарказ нестанд, шахсони номбурда ба андозаи 50  фоиз маблаѓи пардохти сузишвориеро, ки аз тарафи макомоти масъули давлати харидори мешавад, дар доираи меъёрхое, ки барои фуруш ва расонидани он ба ахоли мукаррар шудааст, мепардозанд.

  1. Ба хизматчёни харби, хамчунин шахрвандоне, ки дар моддаи мазкур зикр шудаанд, имтиёзхо доир ба пардохти 50 фоизи маблаѓи гузаронидани телефонхои хонаги ва пардохти музди истифодабарии онхо дода мешавад. Харочоте, ки бо додани чунин имтиёзхо вобаста аст, аз хисоби маблаѓи Вазорати мудофиаи Чумхурии Точикистон (вазорату идорахое, ки дар онхо тибки конун хизмати харби пешбини гардидааст) пардохт мешавад.
  2. Хизматчиёни харбие, ки хизмати харбиро мувофики даъват адо мекунанд, тибки талаботи оинномахои умумихарби чойгир мешаванд.
  3. Ба хизматчиёни харби ва шахрвандоне, ки хизмати харбиро бо тартиби ихтиёри адо мекунанд, аз хизмати харби бо расидан ба синни нихоии дар хизмати харби будан, бинобар вазъи саломати ё вобаста ба чорабинихои ташкилию штати рухсат шудаанду мухлати умумии собикаи хизмати онхо 10 ва зиёда соли таквимиро ташкил мекунад, хамчунин ба хизматчиёни харбие, ки хизмати харбиро берун аз каламрави Чумхурии Точикистон, махалхои баландкух, хамчунин махалхои дорои шароити номусоиди иклимию экологи адо мекунанд, макомоти махаллии хокимияти давлати ухдадоранд ба онхо дар навбати аввал хукуки аъзои ширкатхои сохтмони манзили шуданро диханд ё барои сохтмони хонахои истикоматии алохида китъахои замин чудо намоянд.
  4. Хизматчиёни харбие, ки хизмати харбиро бо тартиби ихтиёри адо мекунанд, дар мухлати на зиёда аз се сол то рухсатшави аз хизмати харби бо расидан ба синни нихоии дар хизмати харби будан ё дар давоми як соли аз хизмати харби бинобар вазъи саломати рухсат шудан, вобаста ба чорабинихои ташкилию штати бо дархости командирони кисмхои харби аз чониби макомоти махаллии хокимияти давлатии махалли зисти доимии интихобнамуда ба руйхати шахрвандоне, ки аз хизмати харби рухсат шуда, ба гирифтани хонахои истикомати эхтиёч доранд ё ба руйхати аъзоёни ширкатхои сохтмони манзили дохил карда мешаванд. Дар бораи кабул гардидани карор раиси шахр ва нохия ба командирони дахлдори кисмхои харби дар мухлати се мох хатти хабар медиханд. Маълумот дар бораи ба кайд гузоштан дар парвандаи шахсии хизматчиёни харби сабт мегардад.
  5. Хизматчиёни харбие, ки собикаи умумии хизмати харбии 10-сола ва зиёда доранд, хангоми рухсат шудан аз хизмати харби бо расидан ба синни нихоии дар хизмати харби будан, бинобар вазъи саломати ё чорабинихои ташкилию штати ва аъзои оилаи онхо хангоми иваз намудани махалли зист на дертар аз се мох аз рузи расидан ба махалли зисти интихобшуда аз чониби хукуматхои шахрию нохияви мувофики меъёрхои мукарраршуда бо манзили хизмати таъмин мегарданд. Хуччатхо  дар  бораи  супоридани  манзил ба Вазорати мудофиаи Чумхурии Точикистон  (вазорату  идорахое,  ки  дар  онхо  тибки  конун  хизмати  харби пешбини гардидааст) ва баровардан аз кайди махалли зисти пешина ба шахрвандони номбурда ва аъзои оилаи бо онхо якчоя истикоматкунанда хангоми гирифтани манзили истикомати аз махалли зисти интихобшуда дода мешаванд.

Хангоми дар мухлати се мох мувофики меъёрхои мукарраршуда аз чониби раисони шахру нохияхо дода натавонистани манзили хизмати бошад, онхо то додани манзил доир ба чойгиркунонидани шахрвандони аз хизмати харби рухсатшуда ва аъзои оилаи онхо дар дигар хонахои истикомати чорахо меандешанд.

  1. Тартиби бо манзил таъмин намудани хизматчиёни харбие, ки дар шахрчахои харбии пушида истикомат мекунанд, хангоми рухсат шудани онхо аз хизмати харби бо конунхо, дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон муайян карда мешавад.
  2. Тартиби додани имтиёзхо ва чуброни харочоте, ки бо додани имтиёзхои дар моддаи мазкур зикршуда вобастаанд, аз тарафи Хукумати Чумхурии Точикистон муайян карда мешавад.

 

Моддаи  15. Хукук  ба  хифзи  саломати ва  ёрии  тибби

 

1.Хифзи саломатии хизматчиёни харби бо ташкил намудани шароити мусоиди хизмати харби, маиши ва низоми чорахо доир ба махдудсозии омилхои хатарноки хизмати харби, ки аз чониби командирон дар якчояги бо макомоти хокимияти давлати гузаронида мешаванд, таъмин карда мешавад.

Ѓамхори оид ба нигохдори ва солимии хизматчиёни харби вазифаи командирон мебошад. Ба зиммаи онхо таъмини талаботи бехатари хангоми гузаронидани машкхо, дигар чорабинихои омодагии чанги, хангоми истифодабарии аслиха ва техникаи харби, хангоми корхои истехсоли, ичрои дигар ухдадорихои хизмати харби гузошта мешавад.

  1. Хизматчиёни харби ва шахрвандоне, ки ба чамъомадхои харби даъват шудаанд, ба кумаки тиббии ройгон, аз чумла ба тайёр ва таъмири дандонхои сунъи (ба ѓайр аз дандонхои сунъии аз металлхои киматноку дигар маводхои киматнок), таъмини ройгони дорувори, дигар молу мулки тибби мувофики таъиноти духтурон дар вохидхо, кисмхои харби ва муассисахо (минбаъд – муассисахои тиббии харби) хукук доранд. Дар сурати набудани муассисахои тиббии харби ё шуъбахои дахлдори онхо ё тачхизоти махсуси тибби дар махалли адои хизмати харби ё махалли зисти хизматчиёни харби, хамчунин дар холатхои зарури ёрии тибби дар муассисахои давлатии нигохдории тандурусти расонида мешавад. Харочоти муассисахои номбурда аз руи кумаки тиббии ба хизматчиёни харби ва шахрвандони ба чамъомадхои харби даъватшуда аз чониби Вазорати мудофиаи Чумхурии Точикистон (вазорату идорахое, ки дар онхо тибки конун хизмати харби пешбини гардидааст) чуброн карда мешавад. (КЧТ аз 27.11.14с., №1152)

Хизматчиёни харби ва аъзои оилаи онхо барои табобат берун аз каламрави Чумхурии Точикистон дар асосхои барои дигар шахрвандон умуми бо тартиби муайяннамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон фиристода мешаванд.

Хизматчиёни харби хамасола ташхиси тиббиро гузашта, бо онхо чорабинихои табобатию бехдошти гузаронида мешавад. Хизматчиёни харбие, ки дорои нишонахои нукси рухи мебошанд, тибки Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи кумаки рухи» ба ташхис ва муоинаи стасионари фиристода мешаванд.

  1. Аъзои оилаи хизматчиёни харби хукуки ёрии тиббии ройгонро дар муассисахои системаи давлатии нигахдории тандурусти доранд ва дар асосхои умумии барои дигар шахрвандон бо суѓуртаи тибби фаро гирифта мешаванд.

Аъзои оилаи афсарон (хамсар, фарзандони ноболиѓ, фарзандони аз 18-сола боло, ки маъюб гаштаанд, фарзандони то 23-сола, ки дар муассисахои таълимии рузона тахсил мекунанд), хамчунин шахсоне, ки дар таъминоти онхо мебошанд ва хамрохи афсарон истикомат мекунанд, дар муассисахои тиббии харби ба ёрии тиббии ройгон хукук доранд. Хангоми табобати амбулатори ба онхо дорувории пулаки, ба ѓайр аз холатхое, ки мутобики дигар конунхо, санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон аз онхо пул гирифта намешавад, бо нархи чакана дода мешавад.

Тайёр кардан ва таъмири дандонхои сунъии аъзои оилаи афсарон дар муассисахои тиббии харби бо шартхое амали мегардад, ки ба дигар шахрвандон дар муассисахои системаи давлатии нигахдории тандурусти ичро мегардад, агар дар конунхо, санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон тартиби дигар пешбини нагардида бошад.

  1. Хизматчиёни харбие, ки хизмати харбиро бо тартиби ихтиёри адо мекунанд (ба ѓайр аз курсантхои муассисахои таълимии харбии тахсилоти касби) ва аъзои оилаи онхо хангоми рухсати, вале на зиёда аз як маротиба дар як сол, бо табобати санаторию фароѓати ва истирохати муташаккилона дар фароѓатгоххо, хонахои истирохати, пансионатхо, лагерхои бехдошти кудакон, базахои туристии Вазорати мудофиаи Чумхурии Точикистон (вазорату идорахое, ки дар онхо тибки конун хизмати харби пешбини гардидааст) таъмин карда мешаванд. Хизматчиёни харбии номбурда 25 фоиз, аъзо оилаи онхо бошанд, 50 фоизи нархи роххатро, ба ѓайр аз холатхое, ки мутобики конунхо, санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон дигар шартхои пардохт муайян нагардида бошад, мепардозанд. Ба хизматчиёни харбии номбурда ва аъзои оилаи онхо хангоми фиристодан ба осоишгоххо барои идомаи табобати госпитали мутобики хулосаи комиссияи тиббии харби роххати ройгон аз хисоби Вазорати мудофиаи Чумхурии Точикистон (вазорату идорахое, ки дар онхо тибки конун хизмати харби пешбини гардидааст) дода мешавад.
  2. Хизматчиёни харбие, ки хангоми ичрои ухдадории хизмати харби маъюб (захмдор, зарбхурда, контузия) ё бемор шудаанд, пас аз табобати госпитали ба гирифтани роххати ѓайринавбати ба муассисахои санаторию фароѓати ва бехдоштии Вазорати мудофиаи Чумхурии Точикистон (вазорату идорахое, ки тибки конун дар онхо хизмати харби пешбини гардидааст) хукук доранд.
  3. Хукуку имтиёзхои хизматчиёни харби ва аъзои оилаи онхо, ки дар кисмхои дуюм-чоруми моддаи мазкур зикр шудаанд, ба афсарони аз хизмати харби бо расидан ба синни нихоии дар хизмати харби будан, бинобар вазъи саломати ё вобаста бо чорабинихои ташкилию штати рухсатшуда, ки мухлати умумии хизмати имтиёзноки харбиашон 20-сол ва зиёда аз инро ташкил мекунад, дар сурати доштани мухлати умумии хизмати харбии 25-сола ва аз ин зиёда бошад, новобаста ба асосхои рухсатшави ва аъзои оилаи онхо, хамчунин ба прапоршикхо ва дар мавридхое, ки конунгузории Чумхурии Точикистон нисбати старшина ва сержантхо пешбини намудааст, аз хизмати харби бо расидани онхо ба синни нихоии дар хизмати харби будан, бинобар вазъи саломати ё вобаста ба чорабинихои ташкилию штати рухсатшуда, ки мухлати умумии хизмати харбии онхо 20-сол ва аз ин зиёдро ташкил мекунад, дахл доранд.

Хизматчиёни харби ва шахрвандоне, ки аз хизмати харби бо расидан ба синни нихоии дар хизмати харби будан, бинобар вазъи саломати ё вобаста ба чорабинихои ташкилию штати рухсат шудаанд, инчунин иштирокчиёни амалиётхои чанги оид ба хифзи сохти конститутсионии Чумхурии Точикистон барои ёрии тибби ва табобати санатори-фароѓати хукуки имтиёзнок доранд.

Шахрвандоне, ки аз хизмати харби рухсат шудаанд, ба ёрии тибби дар муассисахои системаи давлатии нигахдории тандурусти хукук доранд ва  мутобики конунхо, дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон хатман суѓуртаи тибби карда мешаванд.

Шахрвандоне, ки дар натичаи маъюби (ярадори, зарбхури, контузия) ё хангоми ичрои ухдадории хизмати харби беморшуда, аз хизмати харби рухсат шудаанд, аъзои оилаи хизматчиёни харбие, ки хизмати харбиро бо тартиби ихтиёри адо мекунанд, хамчунин шахрвандоне, ки бинобар беморихои алохидаи давраи адои хизмати харби аз хизмати харби рухсат шудаанд, метавонанд дар муассисахои тиббии харби бо тартиби муайяннамудаи Вазорати мудофиаи Чумхурии Точикистон (вазорату идорахое, ки дар онхо тибки конун хизмати харби пешбини гардидааст) бе расонидани зарар ба шахрвандоне, ки тибки конунхо, дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон хукуки гирифтани ёрии тиббиро истифода мебаранд, муоина шаванд ва табобат ёбанд.

  1. Хизматчиёни харбие, ки мувофики даъват хизмати харбиро адо менамоянд ва курсантхои муассисахои таълимии харбии тахсилоти касби мувофики хулосаи комиссияи тиббии харби бо табобати санаторию фароѓати бепул таъмин карда мешаванд.

Курсантхои муассисахои таълимии харбии тахсилоти касби, тарбиягирандагони муассисахои тахсилоти миёнаи (пурраи) тахсилоти умуми бо барномаи таълимии иловаги, ки максади омодагии харбии шахрвандони ноболиѓро доранд, на зиёда аз 30 фоизи нархи роххатро ба базахои туристии харби мепардозанд.

  1. Тартиби маблаѓгузории харочоти бо шартхои имтиёзнок расонидани ёрии тибби, таъмини табобати санаторию фароѓати ва истирохат, пардохти нархи роххатхо ва пардохти чубронпули ба хизматчиёни харби ва дигар шахрвандони дар кисмхои дуюм-хафтуми моддаи мазкур номбаршударо Хукумати Чумхурии Точикистон муайян менамояд.

 

Моддаи 16. Кафолати суѓуртаи хизматчиёни харби. Хукук ба чуброни зарар

 

  1. Хизматчиёни харби ва шахрвандони ба чамъомадхои харби даъватшуда хатман аз хисоби маблаѓи Вазорати мудофиаи Чумхурии Точикистон (вазорату идорахое, ки дар онхо тибки конун хизмати харби пешбини гардидааст), суѓуртаи хатмии шахсии давлати карда мешаванд. Асос, шароит ва тартиби суѓуртаи хатмии шахсии давлатии хизматчиёни харбию шахрвандони номбурдаро конунхо, дигар санадхои меъёрию хукукии Чумхурии Точикистон мукаррар менамоянд.
  2. Дар сурати халок гардидани (вафот кардани) хизматчиёни харби ё шахрвандони ба чамъомадхои харби даъватшуда хангоми ичрои ухдадории хизмати харбии онхо (дар чамъомадхои харби), ё вафоти онхо дар натичаи маъюб (ярадор, зарбхури, контузия) шудан ё касалии вазнини дигар, ки хангоми ичрои ухдадорихои хизмати харби то ба анчомрасии як соли рухсатшави аз хизмати харби (анчоми чамъомадхои харби) ба амал омадааст, хиссахои баробари кумакпулии яквакта ба андозаи зерин пардохта мешавад:

– ба аъзои оилаи хизматчиёни харбии халокшуда (вафоткарда), ки хизмати харбиро ба таври ихтиёри адо менамуданд, шахрвандоне, ки ба чамъомадхои харби ба сифати афсарон, прапоршикхо даъват шудаанд – 8 маоши таъминоти пулии дар рузи пардохти кумакпули мукарраршуда; (КЧТ аз 1.08.12с., №885)

– ба аъзои оилаи хизматчиёни харбии халокшуда (вафоткарда), ки хизмати харбиро мувофики даъват адо менамуданд, шахрвандоне, ки ба чамъомадхои харби ба сифати аскарон, сержантхо ва старшинахо даъват шудаанд, 8 маоши хадди акалли мохона аз руи вазифаи харби мувофики дарачаи якуми тарифии барои хизматчиёни харбии хизмати харбиро бо тартиби ихтиёри дар вазифахои сержантхо ва старшинахо адокунанда пешбинишуда, ки дар рузи пардохти кумакпули мукаррар шудааст. (КЧТ аз 1.08.12с., №885)

Аъзои оилаи дорои хукуки гирифтани кумакпулии яквакта барои хизматчии харбии (шахрванди ба чамъомадхои харби даъватшудаи) халокшуда (вафоткарда)  инхо хисоб мешаванд:

– хамсаре, ки дар рузи халок (вафот кардан) шудан дар акди никохи хизматчии харби ё шахрванди ба чамъомадхои харби даъватшуда меистад;

– волидайни хизматчии харби;

– фарзандони ба синни 18-солаги нарасида ё аз ин калон, агар онхо то расидан ба синни 18-солаги маъюб шуда бошанд, хамчунин фарзандони дар муассисахои таълимии шакли тахсили рузона тахсилкунанда то баанчомрасии тахсил, вале на зиёда аз расидан то ба синни 23-солаги;

– дигар шахсоне (аъзои оилае), ки бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузори шахсони тарбияткунанда ё таъминкунандаи халокшуда (вафоткарда) дониста шудаанд, ё ки дар таъминоти халокшуда (вафоткарда) карор доштанд.

  1. 3. Хангоми пеш аз мухлат рухсат шудани хизматчиёни харби (шахрвандони ба чамъомадхои харби даъватшуда) аз хизмати харби (чамъомадхои харби) вобаста бо ношоям донистани онхо ба хизмати харби дар натичаи маъюби (ярадори, зарбхури, контузия) хангоми ичрои ухдадории хизмати харби пайдонамудаи онхо кумакпулии яквакта ба андозаи зерин ба онхо пардохта мешавад:

– ба хизматчиёни харбие, ки хизмати харбиро бо тартиби ихтиёри адо мекунанд – 6 маоши таъминоти пули, ки дар рузи пардохти кумакпули мукаррар шудааст;

– ба хизматчиёни харбие, ки хизмати харбиро мувофики даъват адо мекунанд, шахрвандоне, ки ба чамъомадхои харби даъват шудаанд 6 маоши хадди акал аз руи вазифаи харбии мувофики дарачаи якуми барои хизматчиёни харбии хизмати харбиро бо тартиби ихтиёри дар вазифахои аскарон, сержантхо ва старшинахо адокунанда пешбинишуда, ки дар рузи пардохти кумакпули мукаррар шудааст; (КЧТ аз 1.08.12с., №885)

  1. Хангоми пеш аз мухлат рухсат шудани хизматчиёни харби (шахрвандони ба чамъомадхои харби даъватшуда) аз хизмати харби (чамъомадхои харби) вобаста бо ношоям донистани онхо барои хизмати харби дар натичаи бемори, ки дар рафти ичрои ухдадории хизмати харби пайдонамуда, ба онхо кумакпулии яквакта ба андозаи зерин пардохта мешавад:

– ба хизматчиёни харбие, ки хизмати харбиро бо тартиби ихтиёри адо мекунанд – 5 маоши таъминоти пули, ки дар рузи пардохти кумакпули мукаррар шудааст;

– ба хизматчиёни харбие, ки хизмати харбиро мувофики даъват адо мекунанд, шахрвандоне, ки ба чамъомадхои харби даъват шудаанд – 5 маоши хадди акал аз руи вазифаи харби мувофики дарачаи якуми барои хизмачиёни харбии хизмати харбиро бо тартиби ихтиёри дар вазифахои аскарон, сержантхо ва старшинахо адокунанда пешбинишуда, ки дар рузи пардохти кумакпули мукаррар шудааст; (КЧТ аз 1.08.12с., №885)

  1. Ухдадори оид ба муайян ва асоснок кардани далелхои маъюбшави ё бемории бо ичрои ухдадории хизмати харби (чамъомадхои харби) вобастабуда ба зиммаи комиссияхои тиббии харбии Вазорати мудофиаи Чумхурии Точикистон (вазорату идорахое, ки дар онхо тибки конун хизмати харби пешбини гардидааст), гузошта мешавад. Аз руи хулосаи комиссияи тиббии харби ба суд шикоят кардан мумкин аст.
  2. Зарари ба хизматчиёни харби дар мавриди ичрои ухдадории хизмати харби расонидашуда мутобики конун, санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон аз тарафи Вазорати мудофиаи Чумхурии Точикистон (вазорату идорахое, ки дар онхо тибки конун хизмати харби пешбини гардидааст) чуброн карда мешавад.
  3. Чуброни зарар ва кафолати химояи хукуки ва ичтимоии хизматчиёни харби ва шахрвандони аз хизмати харби рухсат шуда, ки дар натичаи садамаи  ИБА Чернобил, дар натичаи озмоиши силохи ядрои, истифодабарии дастгоххои ядрои ва бархамдихии садама дар онхо, хамчунин тартиби адои хизмати харби дар худуди гирифтори олудагии радиоактиви зарар дидаанд,  тибки конунхо, дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон муайян карда мешаванд. (КЧТ аз 27.11.14с., №1152)
  4. Кафолати дафни хизматчиёни  харби, шахрвандони ба чамъомадхои харби даъватшуда ва шахрвандони аз хизмати харби бо расидан ба синни нихоии дар хизмати харби будан, вазъи  саломати ё вобаста бо чорабинихои ташкилию штати рухсатшудаи халокгардида (вафоткарда) бо конунхо, дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон мукаррар карда мешавад.

Тартиби риояи эхтиром хангоми дафн бо оинномахои умумихарби муайян карда мешавад.

 

Моддаи  17. Хукук ба тахсил ва хукук дар сохаи маданият

 

  1. Хизматчиёни харби ба тахсил дар муассисахои таълимии харбии тахсилоти  касби  (аз  чумла  ба гирифтани тахсилоти пас аз мактаби оли) ва дар курсхои (факултахои) омодаги, азнавомодасози ва баландбардории ихтисоси касбии хизматчиёни харби хукук доранд.

Тартиби кабули хизматчиёни харби ба муассисахои номбурдаи таълими ва тахсил дар онхо бо конунхо,  дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон муайян карда мешавад.

Муассисахои таълимии харбии тахсилоти оли ва миёнаи касби барномахои таълимиро доир ба омодагии мутахассисон ба сохахои ба хам наздики граждани амали намуда, ба хатмкунандахо хуччатхои дахлдорро доир ба тахсилот медиханд.

Хизматчиёни харбие, ки дар муассисахои таълимии харбии тахсилоти оли ва миёнаи касби тахсил мекунанд, ба ичрои вазифахои бо амалигардонии барномахои таълимии касби вобастанабуда танхо бо карори Вазири мудофиаи Чумхурии Точикистон (рохбарони вазорату идорахое, ки дар онхо тибки конун хизмати харби пешбини гардидааст) чалб карда мешаванд.

Шахрвандоне, ки муассисахои таълимии харбии тахсилоти олии касбиро хатм намудаанд ва ба кор ба сифати омузгор дар муассисахои таълими кабул шудаанд, мувофики тахсилот ва пардохти музди мехнат ба шахрвандоне, ки муассисахои таълимии тахсилоти олии омузгориро хатм намудаанд, баробаранд.

  1. Афсароне, ки хизмати харбиро бо тартиби ихтиёри адо мекунанд, барои тахсил дар муассисахои таълимии граждани тахсилоти олию миёнаи касби ва дар шуъбахои (курсхои) тайёрии муассисахои таълимии номбурда барои азхудкунии барномаи таълими аз руи шаклхои ѓоибонаи (шабонаи) тахсил хукук доранд.
  2. Ба хизматчиёни харбие, ки хизмати харбиро мувофики даъват адо мекунанд, тахсил дар муассисахои таълимии граждании тахсилоти олию миёнаи касби ичозат дода намешавад.
  3. Хизматчиёни харбие, ки хизмати харбиро бо тартиби ихтиёри адо мекунанд ва мухлати умумии хизмати харбии онхо панч сол ва зиёдаро (вакти тахсил дар муассисахои таълимии харбии тахсилоти оли ва миёнаи касби ба хисоб гирифта намешавад) ташкил мекунад, дар соли рухсатшави аз хизмати харби бо расидан ба синни нихоии дар хизмати харби будан, баанчомрасии мухлати хизмати харби ё вазъи саломати хукук доранд, ки азнавомодагардии касбиро аз руи яке аз ихтисосхои граждани бе ситонидани маблаѓ барои тахсил ва бо нигохдории хамаи таъминот бо тартиб ва шартхое, ки аз чониби Вазорати мудофиаи Чумхурии Точикистон (вазорату идорахое, ки дар онхо тибки конун хизмати харби пешбини шудааст) муайян карда мешавад, ба мухлати то се мох, хангоми рухсатшави вобаста бо чорабинихои ташкилию штати аз хизмати харби бошад, – то шаш мох гузаранд. Дар холати рухсатшавии хизматчиёни харбии номбурда аз хизмати харби дар давраи тахсил онхо хукук доранд давраи тахсилро ба таври ройгон ба анчом расонанд.

Харочоти азнавомодагардии касбии хизматчиёни харбии номбурда аз руи яке аз ихтисосхои граждани вобастабуда аз хисоби вазорату идорахое, ки дар онхо хизмати харбиро адо менамоянд, пардохт мегарданд.

  1. Шахрвандоне, ки хизмати харбиро бо тартиби ихтиёри адо мекарданд ва аз хизмати харби бо расидан ба синни нихоии дар хизмати харби будан, вазъи саломати ё вобаста бо чорабинихои ташкилию штати рухсат шудаанд, хукук доранд:

– ба таври ройгон гузаштани омодагии ѓайринавбати, азнавтайёршави ва баландбардории ихтисос мувофики касби интихобшуда бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории чори, агар дорои хукуки нафакагири бошанд;

– ба гирифтани тахсилоти касби мувофики касби интихобшуда аз хисоби маблаѓхои ташкилоте, ки онхо ба кор кабул шудаанд, бо пардохти музди миёнаи маош хангоми тахсил;

– дохилшавии ѓайриозмуни ба муассисахои давлатии тахсилоти олии касби ва ба курсхои таълимии ихтисосхои дахлдор;

– дохилшави ба муассисахои давлатии таълимии тахсилоти касби бе имтихони дохилшави;

– ба курси якум ва курсхои минбаъдаи  муассисахои таълимии давлатии тахсилоти миёнаи касби-хатмкунандагони муассисахои таълимии миёнаи харби;

– ба курси якуми муассисахои таълимии давлатии тахсилоти миёнаи касби-бо тахсилоти на пасттар аз тахсилоти асосии умуми;

– ба курси якум ва курсхои минбаъдаи муассисахои таълимии давлатии тахсилоти олии касби – онхое, ки дорои тахсилоти нопурраи оли ё олии харбии тахсилоти касби мебошанд;

– ба шуъбахои тайёрии муассисахои таълимии давлатии тахсилоти олии касби-онхое, ки муассисахои таълимоти хамагонии тахсилоти умумии миёна (пурра) ё тахсилоти миёнаи касбиро хатм намудаанд.

Кабули шахрвандони мазкур ба муассисахои давлатии тахсилоти касби дар давоми соли хониш идома ёфта, аз он чумла илова ба накшаи муайяннамудаи кабули муассисаи мазкур амали мегардад.

Шахрвандони дорои тахсилоти миёна ва олии харби дар муассисахои давлатии тахсилоти олии касби бо таври ройгон тахсил менамоянд.

  1. Шахрвандоне, ки дар давраи тахсил дар муассисахои тахсилоти оли ва миёнаи касби ба хизмати харби даъват шудаанд, хангоми рухсат шуданашон аз хизмати харби хукуки давом додани тахсилро дар он муассисаи таълимие, ки то даъват шудан ба хизмати харби тахсил мекарданд, доранд.

Хизматчиёни харбии дорои тахсилоти оли ё миёнаи касбии граждани, ки  тахсилоти ба ихтисоси омодагии харби наздик дорад, мувофик мебошад, хангоми адои хизмати харби аз руи ин тахсилот онхо ба хизматчиёни харбие, ки муассисахои таълимии тахсилоти оли ё миёнаи касбии харбии дахлдорро хатм намудаанд, баробаранд.

  1. Хангоми таѓйири махали хизмати харбии хизматчиёни харбие, ки хизмати харбиро бо тартиби ихтиёри адо мекунанд, инчунин хангоми рухсат шудан аз хизмати харби бо расидан ба синни нихоии дар хизмати харби будан, вазъи саломати ё вобаста бо чорабинихои ташкилию штати аъзои оилаи онхо, ки дар муассисахои таълимии давлати тахсил мекунанд (тарбия мегиранд), хукук доранд ба муассисахои таълимии ба махали нави хизмати харби ё махали зист наздик буда гузаранд (кабул шаванд).

Ба фарзандони хизматчиёни харби дар махали истикомати оилаи онхо дар навбати аввал дар муассисахои тахсилоти умуми ва томактабию истирохатгоххои тобистонаи бехдошти новобаста аз шакли моликият, чой дода мешавад.

Фарзандони хизматчиёни харби, ки хизмати харбиро бо тартиби ихтиёри адо мекунанд ва мухлати умумии хизмати харбии 20-сола ва зиёда доранд, фарзандони шахрвандоне, ки аз хизмати харби бо расидан ба синни нихоии дар хизмати харби будан, вазъи саломати ё вобаста бо чорабинихои ташкилию штати рухсат шудаанд ва мухлати умумии хизмати харбии онхо 20-сол ва зиёдаро ташкил мекунад, фарзандони хизматчиёни харбие, ки хангоми ичрои ухдадории хизмати харби халок шудаанд ё дар натичаи маъюби (ярадори, зарбхури, контузия) ё бемории аснои ичрои ухдадорихои  хизмати харби гирифташуда халок шудаанд, аз хукуки ѓайриконкурси дохил шудан ба литсеи харби, хангоми дохил шудан ба муассисахои таълимии тахсилоти оли ва миёнаи касби бошад, – аз хукуки имтиёз дар сурати бомуваффакият супоридани имтихонхо ва мувофики дигар талаботхои барои дохилшавандагон мукарраршуда истифода менамоянд.

  1. Хизматчиёни харби дар баробари дигар шахрвандон дар сохаи фарханг дорои хукук ва озодихоанд.

Хизматчиёни харбие, ки хизмати харбиро мувофики даъват адо мекунанд, курсантхои муассисахои таълимии харбии тахсилоти касби, тарбиятгирандагони муассисахои таълимии тахсилоти миёнаи (пурраи) умуми бо барномаи таълимии иловаги, ки максадаш омодагии харбии шахрвандони ба балоѓат нарасида мебошад, хангоми иштирок кардан дар чорабинихои пулакии аз чониби муассисахои фарханги ва варзиши ташкилнамуда аз имтиёзхо истифода мебаранд. Имтиёзхои номбурда аз тарафи хукуматхои шахри ва нохияви мукаррар карда мешаванд.

  1. Дар дохили кисмхои харби хизматчиёни харби аз хизматрасонии китобхона ва толорхои хониш, молу мулки таъиноти мадани –равшаннамои, асбобхои варзиши ва чихозхо ба тарики ройгон истифода намуда, кино ва филмхои видеои тамошо мекунанд. (КЧТ аз 27.11.14с., №1152)
  2. Командирон ухдадоранд системаи чорабинихоро доир ба тарбияи ватандусти, ахлоки ва зебоипарастии хизматчиёни харби тахия ва амали намоянд, эхтиромоти анъанахои харбиро ба онхо омузанд, барои инкишофи фаъолияти эчоди шароит фарохам оваранд.

 

Моддаи 18. Рафту омад дар наклиёт. Муросилоти почтави

 

  1. Хизматчиёни харби хукуки рафту омади ройгон доранд:

– дар наклиёти рохи охан, хавои ва автомобили (ба ѓайр аз такси) хангоми сафари хизмати, вобаста бо гузаштан ба махали нави хизмати харби, ба махали истифодабарии рухсатии асоси (таътили), рухсатии иловаги (як маротиба дар давоми сол) танхо дар каламрави Чумхурии Точикистон барои табобат ва бозгашт ба махали истикоматии интихобшуда хангоми рухсат шудан аз хизмати харби;

– дар хамаи навъхои наклиёти чамъияти:  наклиёти шахри, наздишахри, ва махалли новобаста аз шакли моликият (ба ѓайр аз такси). Хизматчиёни харбие, ки хизмати харбиро бо тартиби ихтиёри адо мекунанд, хангоми гузаштан ба махали нави хизмати харби ва рухсат шудан аз хизмати харби, инчунин хукуки ба тарики ройгон бурдани то 20 тонна молу мулки шахсиро дар контейнерхо аз махали зисти пешина ба махали нав бо наклиёти рохи охан, дар чое, ки наклиёти рохи охан мавчуд нест – бо дигар навъхои наклиёт (ба ѓайр аз наклиёти хавои) доранд. Дар холати бурдани молу мулки шахси дар вагонхои алохида, баѓоч ва фиристодани майдачуйда ба онхо харочотхо амалан пардохта мешаванд, вале на бештар аз кимати хамлу  накл дар контейнерхо дар хачми 20 тонна; (КЧТ аз 27.11.14с., №1152)

– дар мошинхои боркаш ва автобусхои мусофиркаши кисмхои харбие, ки барои таъмини хамлу накли муташаккилонаи хизматчиёни харби ба махали хизмати харби ва бозгашт чудо шудаанд.

  1. Аъзои оилаи хизматчиёни харбие, ки хизмати харбиро бо тартиби ихтиёри адо мекунанд ва дар кисми хафтуми моддаи 2 Конуни мазкур зикр ёфтаанд, тибки асосхои барои хизматчиёни харби мукарраршуда хукуки хамлу накли ройгонро доранд:

– аз махали истикомат ба махали хизмати харбии  хизматчии харби вобаста бо гузаштани у ба махали нави хизмати харби;

– ба махали истифодабарии рухсати ва бозгашт танхо дар каламрави Чумхурии Точикистон;

– хангоми рухсат шудани хизматчии харби аз хизмати харби, инчунин дар вакти халок (вафот кардани), шудани хизматчии харби – ба махали истикомати интихобшуда.

Аъзои оилаи хизматчии харби хангоми рафтан ба махали зисти интихобшуда вобаста бо халок шудани (вафот кардани) хизматчии харби хукуки ба таври ройгон бурдани то 20 тонна молу мулки шахсиро дар контейнерхо бо наклиёти рохи охан, дар чое, ки наклиёти рохи охан нест – бо дигар навъхои наклиёт (ба ѓайр аз наклиёти хавои) доранд. Дар вакти бурдани молу мулки шахси дар вагони алохида, баѓоч ва фиристодани майдачуйдахо ба онхо амалан харочотхои пардохт мегарданд, вале на зиёда аз кимати хамлу накл дар контейнер дар хачми 20 тонна. Дар холати халок шудани (вафот кардани) хизматчии харби аъзои оилаи он (вале на зиёда аз се нафар) ба хамлу накли ройгон ба махали дафн ва бозгашт хукук доранд. (КЧТ аз 27.11.14с., №1152)

  1. Шахси хамрохикунандаи хизматчии харби, ки бо он ба муассисаи тибби ё табобати – фароѓати, дар рухсатии бемори ба махали зисти интихобшуда хангоми  рухсат шудан аз хизмати харби меравад, ё ки аъзои оилаи хизматчиёни харбии хизмати харбиро бо тартиби ихтиёри адокунанда, ки ба муассисахои тибби ё табобати – фароѓати мераванд, агар хамрохикуни бо хулосаи комиссияи тиббии харби зарур дониста шуда бошад, ба хамлу накли ройгон ба махали табобат (истифодабарии рухсати), махали зисти интихобшуда ва бозгашт хукук дорад.
  2. Дар холати бемории вазнини хизматчии харби ду узви оила ё ду хешованди наздики он хукуки рафту омади ройгонро аз махали истикомати худ то махали карор доштани бемор ва бозгашт тибки асосхое, ки барои хизматчии харби мукаррар шудааст, як маротиба хангоми бемори танхо дар каламрави Чумхурии Точикистон доранд.
  3. Афсароне, ки аз хизмати харби бо расидан ба синни нихоии дар хизмати харби будан, вазъи саломати ё вобаста бо чорабинихои ташкилию штати рухсат шудаанд ва мухлати умумии хизмати харбии онхо бо хисоби имтиёзнок 20-сол ва зиёд аз онро ташкил мекунад, хангоми мухлати умумии хизмати харбии 25-сола ва зиёда бошад, новобаста аз асосхои рухсатшави хукуки рафту омади ройгонро бо наклиёти рохи охан, хавои ва автомобили (ба ѓайр аз такси) ба табобати статсионари тибки хулосаи комиссияи тиббии харби ё ба муассисахои санаторию фароѓати ва бехдошти (як маротиба дар давоми сол) доранд. Чунин хукукро прапоршикхои аз хизмати харби бо расидан ба синни нихоии дар хизмати харби будан, вазъи саломати ё вобаста ба чорабинихои ташкилию штати рухсатшуда, ки мухлати умумии хизмати харбии онхо 20 сол ва зиёдаро ташкил мекунад, низ танхо дар каламрави Чумхурии Точикистон доранд.
  4. Хизматчиёни харби ба харидани чиптахо барои худ ва аъзои оилаи худ барои хамаи наклиёт бе навбат хангоми рафтан ба сафари хизмати, ба махали нави хизмат, хамчунин ба махали истифодабарии рухсати ва бозгашт хукук доранд. Хамин тарик, хизматчиёни харбие, ки хизмати харбиро бо тартиби ихтиёри адо мекунанд ва ба сафари хизмати фиристода мешаванд, аз хукуки бе навбат брон кардан ва гирифтани чой дар мехмонхона мувофики гувохномаи сафари истифода менамоянд.
  5. Хизматчиёни харбие, ки хизмати харбиро мувофики даъват адо менамоянд, хукуки ба таври ройгон фиристонидани мактубхои аз кисми харби ирсолшавандаро доранд. Сару либоси шахрвандони ба хизмати харби даъватшуда ба воситаи почта ба таври ройгон фиристонида мешавад.
  6. Харочоте, ки ба хамлу накли хизматчиёни харби, шахрвандони аз хизмати харби рухсатшуда, аъзои оилаи онхо ва бо бурдани молу мулки шахси бо наклиёти рохи охан, хавои ва автомобили (ба ѓайр аз такси), чудо кардани чой дар мехмонхонахо хангоми фиристонидани хизматчиёни харби ба сафари хизмати вобастаанд, аз хисоби маблаѓхои Вазорати мудофиаи Чумхурии Точикистон (вазорату идорахое, ки тибки конун дар онхо хизмати харби пешбини гардидааст)  бо тартиби муайяннамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон пардохта мешаванд. (КЧТ аз 27.11.14с., №1152)
  7. Харочоте, ки бо хамлу накли хизматчиёни харби дар хамаи навъхои наклиёти чамъиятии шахри, наздишахри ва махалли новобаста аз шакли моликият (ба ѓайр аз такси) вобастаанд, имтиёзхои мувофики хизмати почтави дар каламрави Чумхурии Точикистон ба хизматчиёни харбии дар моддаи мазкур додашуда аз хисоби маблаѓхои Вазорати мудофиаи Чумхурии Точикистон (вазорату идорахое, ки дар онхо тибки конун хизмати харби пешбини гардидааст), пардохт мешаванд.

 

Моддаи 19. Хукуки хизматчиёни харби ба шикоят аз руи амали ѓайриконуни

 

  1. Хизматчиёни харби хукуки химоя намудани хукук ва манфиатхои худро бо рохи мурочиат ба суд бо тартиби мукаррарнамудаи конунхо, дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон доранд.
  2. Карор ва фаъолияти (бефаъолиятии) ѓайриконунии макомоти идораи харби ва командирон метавонад аз чониби хизматчиёни харби бо тартиби пешбининамудаи конунхо, санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, оинномахои умумихарби боиси шикоят гардад.

 

Моддаи 20. Мурофиаи суди нисбати хизматчиёни харби ва хукуки онхо барои гирифтани кумаки хукуки.

                     Ичрои амалиёти нотариали бо иштироки хизматчиёни харби ва аъзои оилаи онхо

 

  1. Мурофиаи суди бо иштироки хизматчиёни харби оид ба парвандаи онхо, ки дар каламрави Чумхурии Точикистон хизмати харбиро адо мекунанд, мутобики конунхои Чумхурии Точикистон, барои хизматчиёни харбие, ки берун аз худудхои Чумхурии Точикистон хизмати харбиро адо мекунанд, ѓайр аз тартиботи умумии мукарраргардида меъёри хукуки байналмилали ва шартномахои байналмилалии эътирофкардаи Чумхурии Точикистон амали гардонида мешаванд.

2.Хукуки химояи хизматчиёни харби бо тартиби мукаррарнамудаи конунхо, дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон таъмин карда мешавад.

  1. Кумаки хукукии ройгон расонида мешавад:

– аз чониби макомоти харбии идоракуни ва макомоти харбии адлия дар худуди ухдадорихои хизматиашон ба хамаи хизматчиёни харби, шахрвандони аз хизмати харби рухсатшуда ва аъзои оилаи онхо оид ба масъалахои вобаста ба гузаштани хизмати харби;

– аз чониби макомоти тафтишоти пешаки, прокурорхо, судхое, ки дар ихтиёрашон парвандахои чинои доранд.

Идорахои машварати хукуки ва коллегияи адвокатхо ба хизматчиёни харбие, ки хизмати харбиро аз руи даъват адо менамоянд, оид ба масъалахои адои хизмати харби, инчунин дигар асосхои мукарраркардаи конунхо кумаки хукукии ройгон мерасонанд.

  1. Командирони  кисмхои  харби хамчун шахсони мансабдори хокимияти ичроия амалиёти нотариалиро бо иштироки хизматчиёни харби, шахрвандоне, ки ба хизмати харби дохил мешаванд, аъзои оилаи онхо дар холату тартиби мукаррарнамудаи конунхо, дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон мегузаронанд.

 

Моддаи 21. Рухсатшавии шахрвандон аз хизмати харби ва хукуки таъминшави бо кор

 

  1. Хизматчиёни харби- шахрвандоне, ки хизмати харбиро бо тартиби ихтиёри адо менамоянд ва ба синни нихоии дар хизмати харби будан нарасидаанд, аз хизмати харби бе розигии онхо то пайдо кардани хукуки гирифтани нафака аз руи собикаи кор озод карда намешаванд, ба истиснои холатхои рухсатии пеш аз мухлат, ки Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи ухдадории умумии харби ва хизмати харби» мукаррар намудааст.
  2. Агар хизматчии харбие, ки хизмати харбиро бо тартиби ихтиёри адо менамояд, аз хизмати харби беасос рухсат шавад, зиёни ба ин муносибат дидаи у бояд пурра чуброн карда шавад. Товони зиёни маънавие, ки аз ин рухсатшави ба у расидааст, низ бояд дар асоси изхори хохиши хизматчии харби бо карори суд дода шавад. Ин кабил хизматчиёни харби ба вазифаи пештараи хизмати харби (бо хохиши худаш ба вазифаи баробар, ё вазифаи поёнтар) баркарор намуда, бо хама намуди музд ва таъминоте, ки баъди беасос чавоб шуданашон нагирифтаанд, таъмин карда мешаванд. Ин давра ба мухлати умумии хизмати харби ва ба мухлате, ки барои додани унвони навбатии харби муайян шудааст, хисоб карда мешавад.
  3. Ба хизматчиёни харби хангоми аз хизмати харби бо расидан ба синни нихоии дар хизмати харби будан, вазъи саломати ё вобаста бо чорабинихои ташкилию штати рухсатшуда кумакпулии яквакта хангоми доштани мухлати умумии хизмати харбии зерин бо хисоби таквими пардохта мешавад:

– то 5 сол ба андозаи 1 маоши таъминоти пули;

– аз 5 то 10 сол ба андозаи 2 маоши таъминоти пули;

– аз 10 то 20 сол ба андозаи 3 маоши таъминоти пули;

– зиёда аз 20 сол ба андозаи 4 маоши таъминоти пули. (КЧТ аз 1.08.12с., №885)

Андоза ва тартиби ба шахрвандони аз хизмати харби бо дигар асосхо рухсатшуда пардохти кумакпулии яквактаи дар хамин банди модда номбурдаро Хукумати Чумхурии Точикистон муайян менамояд.

Ба хизматчиёни харби-шахрвандон, ки дар давоми хизмати харби бо орден ё унвонхои фахрии Чумхурии Точикистон сазовор шудаанд андози кумакпулии яквакта дар хачми ду маоши таъминоти пули зиёд карда мешавад.

  1. Ба хизматчиёни харбие, ки хизмати харбиро мувофики даъват адо менамоянд, хангоми рухсат шудан аз хизмати харби кумакпулии яквакта баробар ба ду андозаи нишондиханда барои хисобхо, ба шахсони, аз чумлаи кудакони ятиммонда ва кудакони бепарастормонда бошад, ба андозаи панч нишондиханда барои хисобхо пардохта мешавад.
  2. Барои хизматчиёни харбие, ки мувофики расидан ба синни нихоии дар хизмати харби будан, пурра расидани собикаи хизмати харби, вазъи саломати ё вобаста бо чорабинихои ташкилию штати рухсат шудаанд, бахисобгирии андозаи нафака аз руи маоши пурраи таъминоти пули сурат мегирад. Хама гуна махдудият оид ба пардохти нафака манъ аст.
  3. Андозаи нафакаи хизматчиёни харбии рухсатшуда ва шахсони тибки конунхо, дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон ба монанди хизматчиёни харби нафака таъиншаванда, ки бо тартиби мукарраршуда барои кор (адои хизмати харби) ба дигар макомот ё  берун аз Чумхурии Точикистон фиристодашуда бо асъори хоричи маош мегиранд, аз руи маоши мукаррарнамудаи вазифаи штатии ишѓолкардаи онхо то фиристодан ба макомот ё беруни аз Чумхурии Точикистон хисоб карда мешавад.
  4. Барои хизматчиёни харбие, ки мувофики расидан ба синни нихоии дар хизмати харби будан, вазъи саломати ё вобаста бо чорабинихои ташкилию штати бе хукуки ба нафака баромадан рухсат шудаанд, дар давоми як сол пас аз рухсат шудан пардохти маош аз руи рутбаи харби нигох дошта мешавад.
  5. Ба шахрвандони аз хизмати харби рухсатшуда ва аъзои оилаи онхо барои таъмини кор ва таъминоти ичтимои хукукхои зерини иловаги мукаррар карда мешавад:

– аз чониби макомоти хадамоти давлатии шуѓли ахоли дар навбати аввал додани кор дар ташкилотхои давлати бо назардошти ихтисоси онхо;

– дар давоми се мохи пас аз рухсатшави аз хизмати харби барои шахрвандоне, ки то даъват (дохилшави) ба хизмати харби дар ташкилотхои давлати кор кардаанд, нигох доштани хукуки дохилшави ба кор дар хамон ташкилотхо, барои онхое, ки хизмати харбиро мувофики даъват адо мекунанд, (аз чумла афсароне, ки ба хизмати харби даъват шудаанд)- чунин хукук ба вазифаи на пасттар аз вазифаи то даъват ба хизмати  харби ишѓолкардаи онхо;

– ба хисоб гирифтани вакти хизмати харби ба собикаи бефосилаи кор мутобики моддаи 10 Конуни мазкур, агар фосила байни рузи рухсатшави аз хизмати харби ва рузи кабул ба кор (дохилшави ба муассисаи таълими) аз як сол зиёд набошад, барои собикадорони амалиёти чанги, ки ухдадорихои хизмати харбиро дар шароити холатхои фавкулодда ва хангоми мунокишахои мусаллахона ичро кардаанд, шахрвандоне, ки мухлати умумии хизмати харбиашон бо хисоби имтиёз 20-сол ва зиёдаро ташкил кунад, – новобаста аз мухлати фосила;

– хукуки афзалиятноки мондан ба коре, ки онхо аввалин бор дохил шудаанд, хангоми ихтисори кормандон;

– таьминоти шахрвандоне, ки мувофики вазъи саломати ё вобаста ба чорабинихои ташкилию штати аз хизмати харби бо хукуки гирифтани нафака рухсат шудаанд, ба тарики ройгон гирифтани тахсилоти касби бе пардохти стипендия ба онхо дар давраи тахсил;

– ба шахрвандоне, ки баъди адои хизмати харбии мувофики даъват рухсатшуда ва ба чои кори пешина кабулшуда додани кумаки модди бо тартиби муайяннамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон барои дар ибтидо ба рох мондани кори хочагии шахси;

– дар мухлати на дертар аз як мохи мурочиати шахрвандони аз хизмати харби рухсатшуда додани чой барои фарзандони онхо дар муассисахои тахсилоти хамагони ва тахсилоти томактабию истирохатгоххои тобистонаи бехдошти новобаста аз шакли моликият;

– ба хисоб гирифтани вакти хизмати харби ба собикаи хизмати давлатии хизматчии давлати хангоми дохилшави ба кор дар макомоти хокимияти давлати.

  1. Ба модарони  танхои  хизматчиёни харби, ки хизмати харбиро мувофики даъват адо менамоянд, хангоми ихтисори  шумора ва штатхои коргарон хукуки афзалиятноки мондан ба кор дода  мешавад.

 

Моддаи 22. Хифзи ичтимоии аъзои  оилаи  хизматчиёни  харбие, ки саробонашонро  аз  даст додаанд

 

  1. Аъзои оилаи хизматчиёни харбии халокшуда (вафоткарда) хукуки нафака гирифтанро дар холати аз даст додани саробон, ки тибки   конунгузории нафакаи Чумхурии Точикистон таъин ва пардохт мегардад,  доранд.
  2. Аъзои оилаи хизматчиёни харбие, ки саробонашонро аз даст додаанд, дар холати катъ гардидани муносибатхои мехнатии аъзои оила бо ташкилотхои дахлдор аз манзили истикоматии ишѓолнамудаи онхо бе ба онхо хатман додани дигар манзили ободи истикомати бароварда намешаванд, барои онхо пас аз халоки (вафоти) хизматчии харби хукуки бехтар сохтани шароити манзили мутобики конунхо ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон нигох дошта мешавад.
  3. Аъзои оилаи хизматчиёни харбие, ки саробонашонро аз даст додаанд, хукуки имтиёзро ба гирифтани китъаи замин барои сохтмони манзили алохида доранд.
  4. Барои аъзои оилаи хизматчиёни харбие, ки дар давраи адои хизмати харби халок шудаанд (вафот кардаанд) ва аъзои оилаи шахрвандоне, ки хизмати харбиро бо тартиби ихтиёри адо мекарданд, хукук ва гирифтани хонаи истикомати, имтиёзхо аз руи пардохти манзил, хизматрасонии коммунали, ки онхо то рузи халоки (вафоти) хизматчии харби (шархванд), новобаста аз шакли моликият ва мансубияти манзили ишѓолкарда доштанд, хангоми истикомати онхо дар хонахои маркази гарми надошта бошад, барои дар навбати аввал таъмин намудан бо додани кимати 50% пардохти сузишворие, ки дар доираи меъёрхои барои фуруш ва ба ахоли расонидани он мукаррар шудааст, нигох дошта мешавад.
  5. Харочотхое,  ки  бо  додани  имтиёзхо  доир  ба  пардохти  майдони умумии  бинои  истикомати,  хизматрасонии  коммунали,  гузарондани телефонхои  хонаги, хакки истифодабарии онхо вобастаанд, аз хисоби маблаѓхои Вазорати мудофиаи Чумхурии Точикистон (вазорату идорахое, ки дар онхо тибки конун хизмати харби пешбини гардидааст), пардохт карда мешаванд.
  6. Макомоти махаллии хокимияти давлати таъмири асосии хонахое, ки дар онхо аъзои оилаи хизматчиёни харбии саробонашонро аздастдода истикомат мекунанд, аз хисоби маблаѓхои бучети махали амали мегардонанд.
  7. Ба волидайн, хамсарон ва кудакони ба балоѓат нарасидаи хизматчиёни харбие, ки хангоми ичрои ухдадорихои хизмати харби халок шудаанд (вафот кардаанд), хукуки кумаки тиббии ройгон ва хукуки имтиёзнок ба хизматрасонии ичтимои дар макомоти давлатии хадамоти ичтимои дода мешавад.
  8. Барои аъзои оилаи хизматчиёни харбие, ки дар давраи адои хизмати харби халок шудаанд (вафот карданд) ва аъзои оилаи шахрвандоне, ки хизмати харбиро бо тартиби ихтиёри адо карда пас аз рухсат шудан аз хизмати харби бо расидан ба синни нихоии дар хизмати харби будан, вазъи саломати ё вобаста ба чорабинихои ташкилию штати халок шудаанд (вафот карданд), ба ѓайр аз имтиёзхо, кафолат ва чубронхои дар кисмхои дуюм-чоруми моддаи мазкур зикрёфта дар давоми як сол аз рузи халоки (вафоти) саробон дигар имтиёзхо, кафолат ва чубронхое, ки онхо хангоми дар хаёт будани хизматчиёни харбии (шахрвандони) номбурда истифода мебурданд, нигох дошта мешаванд, агар тибки конун, дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон тартиби дигар пешбини нашуда бошад.
  9. Ба аъзои оилаи хизматчиёни харбии хангоми ичрои ухдадорихои хизмати харби халокшуда (вафоткарда) дар катори имтиёзхо, кафолатхо ва чубронпулихое, ки Конуни мазкур пешбини намудааст, тибки конунхо, дигар санадхои меъёрии хукуки Чумхурии Точикистон ба таври илова дигар имтиёзхо, кафолатхо ва чубронпулихо мукаррар карда мешаванд.
  10. Барои хамсарони хизматчиёни харбие, ки хангоми адои хизмати  харбии   бо   тартиби   ихтиёри   ё   пас   аз  расидан   ба   синни  нихоии   дар  хизмати   харби   будан, вазъи саломати ё   вобаста ба  чорабинихои  ташкилию   штати   аз   хизмати   харби   рухсат  шуда  халок  шудаанд   (вафот  кардаанд),   мухлати   умумии   хизмати   харбии  20-сола   ва   зиёда   доштанд,  имтиёзхо,   кафолатхо   ва   чубронхои   дар  кисмхои   дуюм-чоруми моддаи мазкур  номбурда   то   аз   нав   ба   кайди  никох  даромадан  нигох  дошта  мешаванд.

 

Моддаи 23. Имтиёзхо, кафолатхо ва чубронхои иловаги ба хизматчиёни харби, ки дар шароити холатхои

                     фавкулодда ва хангоми мунокишахои мусаллахона ухдадорихои хизмати харбиро ичро

                     менамоянд ва аъзои оилаи онхо

 

  1. Ба хизматчиёни харбие, ки ба таври доими ва муваккатан вазифахоро дар шароити холатхои фавкулодда ва хангоми мунокишахои мусаллахона ичро мекунанд, тибки конунхо, дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон имтиёзхо, кафолату чубронпулихои иловаги дода мешаванд.
  2. Барои аъзои оилаи хизматчиёни харбие, ки хангоми ичрои вазифа дар шароити холатхои фавкулодда ва хангоми мунокишахои мусаллахона халок шудаанд, имтиёзхо, кафолатхою чубронпулихои амалкунандаи нисбати аъзоёни оилаи хизматчиёни харбии дар Чанги Бузурги Ватани халокшуда татбик мегардад.

 

БОБИ III.

Ухдадори ва масъулияти хизматчиёни харби

 

Моддаи 24. Ухдадории умуми

 

Хифзи истиклолияти давлати ва тамомияти марзии Чумхурии Точикистон, таъмини бехатарии давлат, баргардонидани хучуми мусаллахона, инчунин ичрои вазифахо мутобики ухдадорихои байналмилалии Чумхурии Точикистон мохияти карзи харбиро ташкил намуда, хизматчиёни харбиро ухдадор менамоянд, ки:

– ба Савганди харби бахри ба халк фидокорона хизмат кардан, мардонавор ва мохирона хифз намудани Ватани худ содик бошанд;

– Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон ва конунхои Чумхурии Точикистон, талаботхои оинномахои умумихарбиро катъиян риоя намуда, фармонхои командиронро бечунучаро ичро намоянд;

– шаъну шарафи чангии химоякунандагони халки худ, шарафи рутбаи харби ва рафикони хамхизматро нигох доранд;

– махорати харбиро такмил диханд, аслиха ва техникаи чангиро барои истифодабари дар холати омодагии доими нигох доранд, молу мулки харбиро хифз намоянд; (КЧТ аз 27.11.14с., №1152)

– боинтизом ва хушёр бошанд, сирри давлати ва харбиро хифз намоянд;

– усулхои маъмул ва меъёрхои хукуки байналмилали ва шартномахои байналмилалии аз тарафи Чумхурии Точикистон эътирофкардаро риоя намоянд.

Хизматчиёни харби дар холатхои пешбининамудаи Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи ухдадории умумии харби ва хизмати харби» ичрокунандагони ухдадорихои харби хисоб меёбанд.

 

Моддаи 25. Ухдадорихои вазифави ва махсус

 

  1. Ухдадорихои вазифавии хизматчиёни харби ва тартиби ичрои онхо тибки конунхо, дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон ва оинномахои умумихарби муайян карда мешаванд.
  2. Командирон сардорони ягона мебошанд ва дар давраи осоиштаю чанг барои омодагии доимии чангию сафарбари, ичрои бомуваффакияти супоришхои чанги, омодагии чанги, тарбия, интизоми харби, тартиботи хукуки, холати маънавию рухии хайати шахси ва бехатарии хизмати харби, холат ва  нигохдории аслиха, техникаи харби ва молу мулки харби, таъминоти модди, техники, молияви, маиши ва хизматрасонии тибби чавоб медиханд.
  3. Хизматчиёни харбие, ки  дар навбатдории чанги  (хизмати чанги), нарядхои шабонарузию гарнизони карор доранд, барои бархам додани  окибатхои офатхои табии, инчунин дигар холатхои фавкулодда чалб шудаанд, ухдадорихои махсусро ичро мекунанд. Ухдадорихои махсус ва тартиби ичрои онхоро конунхо, дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон ва оинномахои умумихарби мукаррар мекунанд.

Барои ичрои ухдадорихои махсус хизматчиёни харби метавонанд хукукхои иловаги (барои истифодаи аслиха, кувва, пешниходи талаботхое, ки барои ичроиш хатмиянду ва тахти назорати шахсони муайян мебошанд ва дигар хукукхо) гиранд, ки тибки конунхо, дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон ва оинномахои умумихарби муайян мегарданд.

 

Моддаи 26. Масъулияти хизматчиёни харби барои хукуквайронкуни

 

  1. Хизматчиёни харби вобаста ба хусусият ва вазнинии хукуквайронкунии содиршуда ба чавобгарии интизоми, маъмури, модди, хукукии граждани ва чинояти кашида мешаванд.
  2. Барои рафтори ношоям бо вайрон намудани интизоми харби ё тартиботи чамъияти вобастабуда хизматчиёни харби мувофики асосхо ва бо тартиби муайяннамудаи оинномахои умумихарби ба чавобгарии интизоми  кашида мешаванд.

Командирон барои аз чониби шахсони тобеи онхо содир гардидани  конунвайронкунихо ба чавобгарии интизоми кашида намешаванд, ба истиснои холатхое, ки командирон чиноятро пинхон намудаанд, хамчунин дар доираи салохияти худ доир ба огохсози ва пешгири  кардани конунвайронкунихои содиршуда ба чавобгари кашидани шахсони гунахгор чорахои зарури надидаанд.

  1. Барои конунвайронкунии маъмури дар асоси тартиби муайяннамудаи оинномахои умумихарби хизматчиёни харби ба чавобгарии интизоми кашида мешаванд.
  2. Барои зарари моддии хангоми ичрои ухдадорихои хизмати харби ба давлат расонидашуда хизматчиёни харби бо тартиби мукарраркардаи конун ба чавобгарии модди кашида мешаванд.
  3. Барои ичро накардан, ё нодуруст ичро намудани ухдадорихои пешбининамудаи конунхо, дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, барои зиён ва зарари маънавии расондаи хизматчиёни харбии хангоми ичрои ухдадорихои хизмати харби карорнадошта ба давлат, шахсони вокеию хукуки ва дар дигар холатхои пешбининамудаи конунхо ва дигар санадхои меъёрии хукуки ба чавобгарии граждани кашида мешаванд.

Барои содир намудани чиноят хизматчиёни харби тибки Кодекси  чиноятии  Чумхурии  Точикистон ба чавобгарии чинояти кашида мешаванд.

 

Моддаи 27. Дар бораи аз эътибор сокит донистани Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи статус ва

                     замонатхои химояи ичтимои ва хукукии хизматчиёни харби ва ахли оилаи онхо»

 

Конуни Чумхурии Точикистон аз 25 июни соли 1993 «Дар бораи статус ва замонатхои химояи ичтимои ва хукукии хизматчиёни харби ва ахли оилаи онхо» (Ахбори Шурои Олии Чумхурии Точикистон, соли 1993, № 15-16, мод. 348; Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, соли 2000, № 11, мод. 531; соли 2002, № 4, к. 1, мод. 257; соли 2003, № 12, мод. 687) аз эътибор сокит дониста шавад.

 

Моддаи 28. Тартиби мавриди амал карор додани Конуни мазкур

 

Конуни мазкур пас аз интишори расми мавриди амал карор дода шавад.

 

Президенти

Чумхурии Точикистон                                                          Э.Рахмонов

 

ш. Душанбе, 1 марти соли 2005

№ 90

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

sheri-padar

Шеър дар бораи кудаки

Тифлию шашсолаги дар ёди ман. Чашм пушам волидон дар хоби ман. Шаш соли умри ман …