Моддаи 329-и Кодекси Мехнат. Ваколатхои макомоти ваколатдори давлати оид ба хифзи мехнат
Ваколатхои макомоти ваколатдори давлати оид ба хифзи мехнат аз инхо иборатанд:
– тахияи лоихаи санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон оид ба хифзи мехнат ва бо тартиби мукарраргардида ба Хукумати Чумхурии Точикистон пешниход намудани онхо;
– тахия ва тасдики санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон оид ба хифзи мехнат дар доираи ваколати худ;
– хамохангсозии корхои вазорату идорахо оид ба хифзи мехнат;
– ташкил ва сертификатсияи корхо оид ба хифзи мехнат дар ташкилотхо;
– экспертизаи давлатии шароити мехнат дар ташкилотхои амалкунанда ва навтаъсисёфта, новобаста аз шакли ташкилию хукукии онхо;
– ба рох мондани назорати давлатии риояи санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон оид ба хифзи мехнат;
– дар мувофика бо макомоти давлатии омор тахия ва кабули шаклхои хисоботи давлатии омории нишондихандахои шароитхо ва хифзи мехнат, ходисахои нохуш дар истехсолот ва беморихои касби;
– тахияи тартиби тафтиши ходисахои нохуш дар истехсолот ва беморихои касби;
– тахия ва тасдики коидахои байнисохави ва санадхои ташкилию методи оид ба хифзи мехнат;
– тасдик намудани меъёрхои намунавии сохавии ба кормандон ройгон додани воситахои мухофизати инфироди;
– хамохангсози ва гузаронидани корхои илмию тадкикоти оид ба хифзи мехнат;
– тахияи барномахои милли ва минтакави оид ба бехдошти шароити мехнат ва хифзи он;
– дигар ваколатхо оид ба хифзи мехнат бо тартиби мукаррарнамудаи санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон.