Главная / Чамъият / Ваколатхои макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоятхо ва шахри Душанбе дар сохаи фаъолияти меъмори ва шахрсози

Ваколатхои макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоятхо ва шахри Душанбе дар сохаи фаъолияти меъмори ва шахрсози

Моддаи 14-и  Карори шахрсози. Ваколатхои макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоятхо ва шахри Душанбе дар сохаи фаъолияти меъмори ва шахрсози

 
 Макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоятхо ва шахри Душанбе дар сохаи фаъолияти меъмори ва шахрсози дар доираи ваколатхои худ:
– риояи конунгузори дар бораи шахрсозиро назорат ва нигохдории фонди манзил, бино ва иншооти таъиноти чамъияти ва истехсолиро таъмин менамоянд;
– масъалахои чойгиркунонии ахоли ва рушди инфрасохторхои мухандиси, наклиёти ва ичтимоиро хал мекунанд;
– вазифахои фармоишгарро оид ба тахияи хуччатхои шахрсози барои сохтмони объектхои ахамияти махаллидошта ичро намуда, маблаггузории онхоро таъмин мекунанд;
– дар бораи сохтмони бино ва иншоот карор кабул мекунанд;
– дар худуди худ фаъолияти шахрсозиро, ки ба талаботи Кодекси мазкур ва дигар санадхои конунгузории Чумхурии Точикистон мувофик нест, махдуд месозанд, бозмедоранд ва манъ менамоянд. Махдудсози, боздоштан ва манъ намудани фаъолияти шахрсозии субъектхои сохибкори бо тартиби суди амали карда мешавад, ба истиснои холатхои махдудсози ва боздоштани фаъолият дар мухлати на беш аз дах рузи кори бо сабаби пешгирии ба вукуъ омадани холатхои фавкулодда, эпидемияхо ва дигар тахдидхои вокеи ба хаёт ва саломатии ахоли;
– накшахои генералии шахрхо ва марказхои нохияхои худуди дахлдорро тахия ва бо тартиби мукарраргардида барои тасдик ба Хукумати Чумхурии Точикистон пешниход менамоянд;
– накшахои генералии шахракхо, махалхои ахолинишини дехот, лоихахои муфассали банакшагирии кисмхои худудхои махалхои ахолинишин (минбаъд – накшахои муфассали банакшагири) ва накшахои иморатсозии махаллахо ва дигар унсурхои сохтори банакшагирии махалхои ахолинишинро маъкул дониста, дар мувофика бо макоми ваколатдори давлати дар сохаи меъмори ва шахрсози ба Мачлиси вакилони халки дахлдор барои тасдик пешниход менамоянд;
– тахия ва татбики тархи банакшагирии худудхои Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоятхо, шахри Душанбе ва шахру нохияхо, тарх ва лоихахои рушди инфрасохторхои мухандиси, наклиёти ва ичтимои, инчунин ободониро амали мекунанд;
– лоихахои банакшагирии нохия (гурухи нохияхо) – ро тасдик мекунанд;
– сархади объектхои фаъолияти шахрсозии танзими махсуси ахамияти махаллидошта ва тартиби танзими фаъолияти шахрсозиро дар худудхои объектхои дахлдор мукаррар менамоянд;
– маблаггузори ва тахияи хуччатхои шахрсозии махалхои ахолинишин, тахкикоти илми дар сохаи шахрсози, пешбурди кадастри давлатии шахрсози, мониторинги объектхои фаъолияти шахрсози, гузаронидани тахкикоти мачмуии мухандиси, тахияи харитахои сейсмикии махалхои ахолинишин, мониторинги татбики хуччатхои шахрсози ва гузаронидани экспертизаи онхоро таъмин менамоянд;
– ба ахоли дар бораи карорхои кабулшаванда оид ба фаъолияти шахрсози мунтазам иттилоъ медиханд;
– мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон дигар ваколатхоро амали менамоянд.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …