Главная / Чамъият / Ваколатхои макоми ваколатдори давлати дар сохаи меъмори ва шахрсози

Ваколатхои макоми ваколатдори давлати дар сохаи меъмори ва шахрсози

Моддаи 13-и  Карори шахрсози. Ваколатхои макоми ваколатдори давлати дар сохаи меъмори ва шахрсози

  1. Макоми ваколатдори давлати дар сохаи меъмори ва шахрсози дорои ваколатхои зерин мебошад:
    – ташкили тахияи накшаи генералии чойгиркуни дар худуди Чумхурии Точикистон, лоихаи банакшагирии худудхои Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоятхо, шахри Душанбе ва шахру нохияхо, хуччатхои лоихавии иншооти махсуси ахамияти умумидавлатидошта, инчунин корхои илмию тахкикотиро дар сохаи шахрсози амали менамояд;
    – нисбат ба лоихаи накшаи генералии шахрхо ва марказхои нохияхои Чумхурии Точикистон хулоса пешниход менамояд;
    – нисбат ба лоихахои накшахои муфассали тархрезии кисмхои маркази ва махалхои ахолинишини шахру нохияхои Чумхурии Точикистон хулоса медихад;
    – объектхои фаъолияти шахрсози ва рушди инфрасохторхои мухандиси, наклиёти ва ичтимоиро интихоб ва чойгир менамояд;
    – ба Хукумати Чумхурии Точикистон дар бораи мукаррар намудани худудхо барои объектхои фаъолияти шахрсозии танзими махсуси ахамияти умумидавлатидошта пешниход манзур менамоянд;
    – меъёру коидахои шахрсози, маводи методи оид ба экспертизаи давлатии хуччатхои шахрсози, инчунин дигар санадхои меъёрии хукукии шахрсозиро, ки ба салохияти он вобаста аст, тибки санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон тахия ва тасдик менамояд;
    – назорати давлатии шахрсозиро ташкил ва таъмин менамояд;

– риояи меъёру коидахои шахрсози, регламентхои техникии сифати технологии корхои сохтмони, мавод ва маснуоти сохтмони, инчунин дигар санадхои конунгузории шахрсозиро назорат менамояд;
– стандартонии сохаи сохтмонро анчом медихад;
– меъёргузории техники ва танзими низоми нархгузориро дар сохаи шахрсози амали менамояд;
– кадастр ва мониторинги давлатии шахрсозии объектхои фаъолияти шахрсозиро пеш мебарад ва анчом медихад;
– тартиби амалисозии мониторинги татбики хуччатхои шахрсозиро муайян менамояд;
– барои амалисозии намудхои алохидаи фаъолияти шахрсози ичозатнома медихад;
– ба ахоли дар бораи фаъолияти шахрсози мунтазам иттилоъ мерасонад;
– бахсхои байни фармоишгарон, тахиягарони хуччатхои шахрсози ва дигар ташкилотхоро оид ба масъалахои хуччатхои шахрсози барраси менамояд;
– фаъолияти фармоишгар ва тахиягарони хуччатхои шахрсозиро оид ба амалисозии назорати техники ва муаллифи хамоханг месозад ва бо тартиби мукарраргардида хангоми ба рох мондани назорати нодурусти техники ва муаллифи чорахои дахлдор меандешад;
– баррасии парвандахо ва андешидани чорахоро оид ба хукуквайронкуни дар сохаи шахрсози мувофики конунгузории Чумхурии Точикистон ташкил ва таъмин менамояд;
– барои огози корхои сохтмони дар объектхои дорои ахамияти чумхурияви ва стратеги, ки номгуи онхоро Хукумати Чумхурии Точикистон тасдик намудааст, ичозат медихад;
– иштироки намояндаи худро дар кори комиссияи давлатии кабул ва ба истифода додани объектхои баитмомрасида таъмин менамояд;
– дигар ваколатхоро тибки конунгузории Чумхурии Точикистон амали менамояд.
2. Ба сохтори макоми ваколатдори давлати дар сохаи меъмори ва шахрсози инхо дохил мешаванд:
– дастгохи марказии макоми ваколатдори давлати дар сохаи меъмори ва шахрсози ва сохторхои тобеи он;
– сохторхои махаллии меъмори ва шахрсозии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоятхо, шахри Душанбе, шахрхо ва нохияхо.
3. Макоми ваколатдори давлати дар сохаи меъмори ва шахрсози инчунин метавонад макомоти тобеъ дошта бошад, ки аз тарафи Хукумати Чумхурии Точикистон таъсис дода шуда, ба накшаи идоракунии он дохил карда мешавад.
4. Макоми ваколатдори давлати дар сохаи меъмори ва шахрсози ваколатхои худро мутобики Низомнома, ки онро Хукумати Чумхурии Точикистон тасдик мекунад, амали менамояд.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …