Главная / Чугрофия / ВУЛКОНХО. ЧАШМАХОИ ГАРМ ВА ГЕЙЗЕРХО

ВУЛКОНХО. ЧАШМАХОИ ГАРМ ВА ГЕЙЗЕРХО

Пайдоиш ва шакли вулконко. Чинсхои кухие, ки кишри Заминро таркиб додаанд, дар таркиби худ моддахои радиоактиви доранд. Онхо дар зери Замин хангоми ба кисмхои таркиби чудо шудан (тачзия шудан) харорати зиёд хорич мекунанд. Дар зери таъсири харорати баланд дар кишри Замин чинсхои сахт метафсанд, вале тахти фишори кабатхои болоии каъри Замин онхо ба моддаи хамирмонанд табдил наёфта, дар холати сахти мемонанд. Баъд дар натичаи харакати кишри Замин дар он чойхое, ки таркиш ба амал меояд, фишори кабатхои болоии Замин паст мешавад.

vulkan

Дар ин вакт чинсхои тафсон ба моддаи хамирмонанд табдил ёфта, бо газе, ки аз онхо чудо мешавад, бо таркиши кишри Замин ба боло харакат мекунанд, ки онро магма меноманд. Сипас тахти фишори газ ва харорати баланд магма чинсхои кухии атрофро гудохта ба боло баромада мерезад. Дар баъзе чойхо магма ба руи Замин набаромада, дар кабати чинсхои кухи дохил шуда мемонад. Хамин тавр, ходисаи ки дар начичаи он магма ба кабати чинсхои кухии кишри Замин дохил мешавад ё ба руи он мебарояд. вулкон меноманд.

Вулкон аз якчанд кисм иборат аст. Новаеро, ки аз он магма ба боло харакат мекунад, пшнураи вулкон меномаид. Он чое, ки аз танура газ, буг, чанг, хокистар, магма ба сатхи Замин баромада пахн мешавад ва сангпорахо мепаранд, дахана ном дорад. Магмаеро, ки аз дахана чорй шуда дар сатхи Замин мерезад, гудоза ва баъд аз хунук шудан онро лава меноманд. Газ ва буг дар хаво пароканда мешаванд. Газе, ки бо фишори баланд мебарояд, аз магма порчахоро канда ба хаво хавола медихад. Онхо  ба шакли тобхурда ё лунда аз хаво ба Замин меафтанд, ки онро боябаи вулконй мемоманд (расми 35). Чанг ва хокистар кисман ба сатхи Замин нишаста, мавзеъхои атрофи вулконро мепушонанд. Дар натича дехахо, роххо, киштзорхо зери хокистар мемонанд. Кисми дигари хокистарро бод ба миитакахои дур мебарад. Баъди гузаштани солхои зиёддар руи хокистари сахт хоки хосилхез ташаккул меёбад. Одамон он заминхоро ба кор андохта,  дехоту роххо бунёд месозанд.

Харакати вулкон бо таркишхои зеризамини ва заминчунби пайваста ба амал меояд. Оташфишонии он аз якчанд руз то як мохдавом карда, баъд ором мешавад. Вобаста ба холати вокеи вудконхоро ба ду гурух чудо мекунанд: оташфишон ва хомуш.

Вулконхон оташфишон. Вулконхое, ки хар кадри чанд вакт такроран оташфишони мекунанд, вулконхои оташфишон ном доранд. Холо дар руи Замии бештар аз 800 адад вулконхои Ором вокеъ гардидаанд, Онхо  Дар чазирахои Алеут, Курил, нимчазираи Камчатка,  оташфишон мавчуданд. Кисми зиёдн онхо дар сохилхои Укёнуси  чазирахои Япония, Филиппин, Молукки як минтакаи вулкониро ташкил карда, ба воситаи Зеландияи Нав ба материки Америка мегузаранд. Вулконхои оташфишон дар хавзаи Бахри Миёназамин низ ба мушохида мерасанд. Вулконхои калонтарини оташфишон Пуштаи Ключевская дар нимчазираи Камчатка, Фудзияма дар Чазираи Хонсюи Япония, Этна дар Чазираи Ситсилия, Кракатау дар Гулугохи Зонд байни чазирахои Ява ва Суматра мебошанд. Баландин махрути (конуси) вулконхо  гуногун мешавад. Он аз даххо метр то хазорхо метрро ташкил медихад.

Баландии махрути Пуштаи Ключевская 4700 метр, аз Везувий 1300-1400 метр аст. Вулконхои оташфишон дар замони мо хам ногахон пайдо мешаванд. Масалан, соли 1943 дар Мексика дар махали хамвори назди дехаи Парнкутин вулкони нав пайдо шуд, ки номи хамин дехаро гирифтааст.

Вулконхо на танхо дар хушкй, балки дар каъри укёнус низ оташфишони мекунанд. Дар натичаи оташфишонии зсриоби чазирахо ба вучуд меоянд, ки кисми зиёди онхо бо мавчи об шуста шуда. аз назар нопадид мегарданд.

Вулконхои хомуш. Ба ин гурух вулконхое дохил мешаванд, ки танхо як маротиба оташфишонй кардаанду бас. Чунин вулконхо дар Камчатка (Пуиггаи Коряк) ва Козелск, каторкуххои Кафказ (Элбрус. Казбек), сохили Укёнуси Ороми Америкаи Шимоли ва дигар минтакахои руи Замин дида мешаванд. Оташфишонии онхо дар замонхои хеле кадим рух додааст.

Омузиши вулконхо ва ахамияти онхо. Омухтани вулконхо  ахамияти илми ва амали дорад. Дар натичаи оташфишонии вулконхо аз чукурихои даххо киломегр моддахои гуногун ба руи Замин мебароянд. Олимон онхоро омухта, дар хусуси таркиб ва хосиятн моддахои кишри Замин хулоса мебароранд. Дар бораи сарватхои зеризамиии, хусусиятхои пайдоиши онхо  маълумот ба даст мсоранд, ки ин кофтукови сарватхои зеризаминиро осон мснамояд.

Хангоми оташфишонии вулконхо  аз онхо  сулфур (кибрит), намак ва газ хорич мешавад. Онхоро инсон ба максадхои гуногун истифода мебарад. Дар асосан обхои гарм ва маъдани пайдоишашон вулкони муоличагоххр кор мекунанд. “Рафтори’ вулконхоро мушохида намуда, такрибан кай оташфишонг кардани онхоро пешгуй менамоянд.

geyzerГейзерхо ва чашмахои гарм. Гейзерхо (гейзер калимаи испанй буда, маънояш фаввора задан аст) яке аз ходисахои ачоиби табиат мебошанд. Онхо дар минтакахои вулконй аз зери Замин фаввора зада мебароянд. фавворазании гейзерхо дар байни фосилаи муайяни вакт рух медихад. Баландии фавворахо баъзан то 80 метр мерасад. Баъд аз фаввора задан боз хомуш мешаванд, об нопадид мегардад. Вакти муайян мегузарад, аз нав фаввора мезанад. Дар сатхи Замин оби гарм ва буги об пайдо мешавад. Хамин тавр. чашмахоеро, ки тахти таъсири чинсхои кухии тафсони кишри Замин дар вактхои муайян оби гарм ва буг хорич мекунанд, гейзер меноманд.

Гейзерхо бештар дар Камчатка , чазирахои Курил (Федератсияи Русия). Исландия, Америкаи Шимолй ва Зеландияи Нав вомсхуранд. Чашмахои гарм аз таркишхои кишри Замин баромада, чорй мешаванд. Онхо  ба монанди гейзерхо фаввора намезананд, балки оромона чорй мешаванд. Дар таркиби оби онхо  моддахои гуногуни маъданй мавчуданд. Бинобар ин онхоро чашмахои гарми маъдани мегуянд. Чунин чашмахо на факат дар минтакахои вулкони, балки дар минтакахои куххои чавон низ дида мешаванд. Онхо  дар Точикистон хам мавчуданд. Масалан, чашмахои оби гарми Хочаобшарм, Оби Гарм ва Гармчашма. Оби чашмахои гармро барои гарм кардани хонахо, бинохои истехсолй (корхонахо), гармхонаю парвардахонахо ва гайра ба кор мебаранд. Чашмахои гарми маъданиро аз кадим то имруз хамчун оби шифобахш истифода мекунанд.

Савол ва супорнш

  1. Сабаби пайдоишн вулконхо дар чист?
  2. Вулконхо  ба кадом гуруххо чудо мешаванд?
  3. Омузиши вулконхо  чи ахамият лораа?
  4. Гейзерхо аз чашмахои гарм чи тавофут доранд?
  5. Чашмахои гарм ва маъдани чи ахамият доранд?
  6. Дар махали шумо оё чашмахои гарми маъданй мавчудаад?

 

Инчунин кобед

zamin-1

КОМПЛЕКСХОИ ТАБИИИ МАХАЛ ВА ОНХОРО ТАГЙИРДОДАНИ ИНСОН

Шумо медонед, ки комплексхои табий дар натичаи робита ва таъсири мутакобилаи чинсхои кухй, хаво, об, …