Главная / Илм / ВОВСИ

ВОВСИ

oftalmologВОВСИ Белла Марковна (тав. 4. 10. 1923, Рига), офталмолог, доктори илми тиб (1972), проф. (1974). Ин-ти 1-уми тиббии Москва ба номи И.М. Сеченовро хатм кардааст (1947). Аз с. 1952 В. духтур-офталмолог, баъд мудири шуъбаи беморихои чашми Беморхонаи клиникии №1 ш. Душанбе, ассистент, дотсент (1957 – 73) ва мудири кафедраи беморихои чашми ДДТТ (1973 – 91) буд. Дар мавзуи «Тавсифи клиники ва арзёбии киёсии усулхои нави захми карния» рисолаи номзади ва дар мавзуи «Хусусиятхои шифоёбии захми карнияи чашм дар рафти мутобикати организм ба шароити баландкух ва реадаптатсия» рисолаи доктори химоя кардааст.
В. муаллифи зиёда аз 100 маколаи илми оид ба масоили глаукома, садамаи чашм ва касалихои модарзодии чашми кудакон мебошад. Бо рохбарии у хусусиятхои гемо- ва гидродинамикии аъзои босираи одам дар шароити гуногуни иклимию географии чумхури омухта шудааст. В. раиси Чамъияти илмии офталмологхои чумхури, аъзои Чамъияти илмии умумииттифокии офталмологхо, чонишини раиси Комиссияи муттахидаи чаррохияи проблемави буд. Аз с. 1991 мукими ИМА мебошад.
Ос.: О лечении ран роговой оболочки в условиях высокогорья. Дар мач.: «Вестник офтальмологии», 1972, №1; Метаболизм переднего отдела глаза в условиях высокогорья. Материалы 1-ой республиканской научной конференции по проблемам высокогорья, Д., 1974; Патогенетические принципы лечения травм глаза в условиях высокогорья (хамон чо), 1974; Криоэкстракция катаракты у больных гипертонической болезнью. Материалы научной конференции ТГМИ, Д., 1974.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …