Главная / Гуногун / ВОКЕАХОИ СОЛИ 1991-ум

ВОКЕАХОИ СОЛИ 1991-ум

Тобистони соли 1988 конфронси 19-уми Хизби комму- нисти Иттиходи шурави як катъномаи ислохоти кабул карда буд, ки он як катор ислохоти сиёси-ичтимои, аз чумла озодии баёнро кафолат медод. Дар асари хамин ислохот дар Точикистон харакатхои мардуми ва расонахои мустакил арзи вучуд карда буданд. 25 феврали соли 1990 интихоботи Шурои олии Чумхурии шуравии сусиёлистии Точикистон баргузор шуд, ки дар он намояндахои зиёиён, рухониён ва демократхо низ сохиби чанд чой шуданд. Ин вакилон фаъолони харакатхои мардумии дар натичаи ислохот бавучудомада буданд.

Массовые беспорядки, произошедшие в Душанбе с 10 по 17 февраля 1990 года. В городе объявлено военное положение. Танки на проспекте Ленина.
Массовые беспорядки, произошедшие в Душанбе с 10 по 17 февраля 1990 года. В городе объявлено военное положение. Танки на проспекте Ленина.

Мохи марти соли 90 кунгураи Шурои олии Иттиходи шу- рави моддаи 6 сарконуни кишварро, ки султаи Хизби комму- нистиро таъмин мекард, бекор кард. Дар натича, харакатхои мардуми дар Точикистон иттиходияву хизбхои сиёсии худро сабт карданд, ки бузургтаринашон харакати «Растохез», Хизби демократ, Хизби нахзати исломи ва чамъияти «Лаъли Бадах- шон» буд, ки аз зовияи мухолифат ба Хизби коимунист ва ни- зоми коммунисти амал мекарданд.

Каххор Махкамов хамчун намояндаи Хизби коммунист аз ку- датои низомиён, ки 19-21 августи соли 1991 дар Маскав баргузор шуд, тарафдори кард. Баъди нокомии ин кушиши табаддулот мухолифони Махкамов тазохуроти густарда ташкил карданд. Ин тазохурот аз тазохуроти «Бахмани навад» фарк дошт. Онро намояндагони Хизби демократ рохбари мекарданд. Мардум нисбатан оромона майдоннишини мекарданд ва намояндаго- нашон дар дохили бино – дар мачлиси Шурои оли талабхои онхоро матрах мекарданд.

Ман чунин тазохуротро дар як соли дар Хинд буданам борхо дидаам. Намояндагони анчуманхо ва хизбхои мухолиф тарафдоронашонро ба майдон бароварда, талабхои онхоро ба гуши хукуматдорон мерасонданд ва хаккашонро талаб ме- карданд. Майдони пеши касри Раиси чумхур дар Дехли хеле фарох буд. Баъзан дар он издихоми бузург чамъ мешуд, ки ман ин теъдоди одамро факат дар хамон чо дидаам. Вале хеч гох тазохуркунандагон ба беназми ва хушунат даст намезаданд. Рохбарони тазохурот суханрони мекарданд ва шиор медоданд, мардум бо кафкуби ё гирев дастгирии худро изхор мекард. Намояндагони тазохуротчиён бо намояндагони макомот му- зокира карда, ба тавофук мерасиданд ва натичаро ба мардум фахмонда ба тазохурот хотима медоданд ё агар макомот барои ичрои талабхои мардум фурсат хохад, мухлат мукаррар мекар- данд. Хамин тазохуроти рузхои 29-31 август дар Душанбе ба он тазохуротхои дар Хинд дидаам монанд буд.

Мухолифони Махкамов барои тарафдори аз ГКЧП ва вокеаи бахманмохи хунин уро шадидан танкид карда, истеъфои у ва манъи фаъолияти Хизби коммунистро талаб мекарданд. Ин чаласаи мачлиси Шурои оли аз тарики телевизор намоиш дода мешуд. Чанд рузе, ки ин чаласа давом кард, одамон аз назди телевизорхо дур намешуданд ва бо рагбат рафти чаласаро та- мошо мекарданд. Худи муколамаи байни тарафхо чолиб сурат мегирифт ва чанд чиз аз ин чаласахо вирди забонхо шуд.

Масалан, курсии нишасти вакили мардуми Тохири Абду- чаббор дар назди микрофони шашум буд, ки у хар лахза хеста, пешниходхо мекард ва фикрашро дар бораи масъалаи бахс иброз мекард. Ногуфта намонад, ки у пешниходхои бехтаринро медод ва таърих исбот кард, ки хар харфаш саривакти буд ва факат аз зовияи хифзи манфиатхои милли харф мезад. На- медонам, аз чи сабаб у ба лахчаи эрони сухбат мекард. Кисми зиёди вакилони мачлис коммунист ва шуравигарохо буданд ва аз суханронихои Тохир хушашон намеомад. Аз чумла, сад- ри мачлис ба у имкони сухан кардан намедод ё микрофонро хомуш мекард, ки тамошои ин хама барои хангоматалабон хеле чолиб буд. Мардум агар пургуии касеро катъ кардани шаванд, «микрофони шашро хомуш кун», гуфта мазох мекарданд. Ё ба чои «мешавад» «мише – намише» гуфта, лахчаи уро талха медоданд.

Чашмакзании Турачонзодаро ба суи садри мачлис навор- бардори телевизион хеле хуб ба навор гирифта буд, ки онро гаштаю баргашта хамчун исботи дуруягии у пахш карданд, ки ин хам сарусадои зиёд ба бор оварда буд.

Махкамов пеш аз истеъфо додан:

  • Ман хануз чавонам, монед кор кунам, – гуфт.

Яке аз мухолифон ба Махкамов бо истехзо:

  • Як бор мард шавед, истеъфо дихед, – гуфт.

Нихоят Махкамов:

  • Хайр ман меравам, вале шумо пушаймон мешавед, – гуфта истеъфо дод.

Ичрокунандаи вазифаи Раиси чумхур тибки конун Кад- риддин Аслонов таъин гардид. 9 сентябри соли 1991 ичлосияи гайринавбатии Шурои олии Точикистон «Изхорот дар бораи Истиклолияти давлатии Чумхурии Точикистон»-ро кабул кар- да, Точикистонро кишвари мустакил эълон кард.

Дар Иттиходи Шурави солхои охир расм буд, ки вакти аз кор рафтани макомдорони баландпоя ба онхо тухфае медоданд. Масалан, ба сардори корхона ичозат медоданд, ки мошини хизматияш ё хонаи истикоматияшро шахси кунад. Замони ба истеъфо рафтани Каххор Махкамов моликияти хусуси ичозат шуда буд, аз ин сабаб ба у ичозат доданд, ки бинои нотамо- меро дар маркази шахр, дар кучаи Фотех Ниёзи шахси кунад. Махкамов бо Шукуров Амир ном сохибкор робитаи дусти дошт. Аз сабаби он ки ин сохибкор хам корхона ва хам пул дошт, Махкамов хукуки хариди ин биноро ба у вогузорид ва худаш хамчун муовини раиси хамин ширкат ба кор даромад. Хонанда бояд ин вокеаро ба ёд гирад, зеро моликияти ин бино баъдан ба ман тааллук гирифт, ки хикояашро дар бобхои баъди хохам овард.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …