Главная / Илм / ВИРУСОЛОГИЯ

ВИРУСОЛОГИЯ

virusologiiaВИРУСОЛОГИЯ (Vur(us)ologia; аз вирусхо ва …логия), вирусшиноси, илмест оид ба вирусхо ва беморихои вируси. В. ох. а. 19 баъди аз тарафи олими рус Д.И. Ивановский (1892) кашф шудани микроорганизмхои нав (баъдтар вирусхо ном гирифтанд) аз микробиология чудо ва фанни мустакил шуд. Кариб 1500 навъи вирусхо маълуманд, ки боиси беморихои сироятии одам, хайвонот, хашарот, растани ва бактерияхо мегарданд. Дар бисёр мамлакатхо муассисахое мавчуданд, ки ба чудо кардану тахкик намудани вирусхо, инчунин ташхис, пешгири ва табобати амрози вируси машгуланд.
Зимни пажухишхо с. 1898 ангезаи оксил ва с. 1901 ангезаи гепатити вируси ошкор гардид. В. хусусан а. 20 ривоч ёфт. Олимон ба тахкики табиати вирусхо ва пайдоиши беморихои сирояти (бо истифода аз микроскоп), изотопхои радиоактив, тахлили рентгеноструктури даст зада, ба комёбихои назаррас ноил гаштанд.
В. ба чанд сохаи мустакил (В.-и умуми, В.-и кишоварзи, В.-и тибби) чудо мешавад. В.-и умуми афзоиш, таснифу конунияти тахаввул, тахкики биологию физиологии вирусхо, ташхиси вирусологию серологии вирус, муоличаи амрози вируси ва г.-ро меомузад. Мавзуи тадкики В.-и кишоварзи касалихои хайвонот ва растани аст. В.-и тибби оид ба этимология, тарзи пешгирии сироят, усулхои тадкики вирусхо бахс мекунад.
Дар Точикистон тадкикоти вирусологи с-хои 20-уми а. 20 ба рох монда шуданд. С. 1928 дар лабораторияи табларзаи хунрез ва сирояти арбовирусии Пажухишгохи эпидемиология ва гигиена роххои пайдоиши беморихои сироятии хавфнок мавриди омузиш карор гирифт. Бисёр чанбахои В. дар ДДТТ ба номи Абулали ибни Сино, Пажухишгохи зоология ва паразитологияи АИ ЧТ, Пажухишгохи пешгирии беморихо низ тадкик мешаванд. Дар натича бисёр масъалахои В. – хосияти инкишофи вируси гепатитхо ва гриппи вогир, ки ангезааш вируси типи А2 мебошад, макоми энтеровирусхо дар пайдоиши амрози меъда, таъсири антибиотикхо ба вируси трахома, роххои нави муайян сохтани таъсири вируси полиомиелит мукаррар карда шуданд. Алхол масъалаи мубориза бо беморихои зухравии вируси, мас., ВИЧ/СПИД, гепатитхои В, С, ситомегалия, сироятхои папилломавируси, вируси табхол, хламидиоз дар мадди аввал карор дорад. Дар ин самт пажухишхои назаррас анчом пазируфтаанд.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …