Главная / Илм / ВИРУСХО

ВИРУСХО

virusiВИРУСХО (аз лот. Virus – захр), ангезандахои хурдтарини беморихои сершумори сироятии одам, хайвонот, растани ва бактерияхо. В. факат дар дохили хучайрахои зинда сукунат дошта, дар хучайрахои фавтида кобилияти зиндаги надоранд. Беморихои сироятии вируси бисёранд. Аз замонхои кадим хори, нагзак, полиомиелит, грипп маълум буданд. Бо вучуди он, факат с. 1892 олими рус Д.И. Ивановский омили беморизоеро кашф кард, ки он аз филтр (кабатхои полоиши) бемалол мегузарад (дигар микроорганизмхо гузашта наметавонанд). Ин кашфиёт асоси илми нави биология – вирусология гашт. Афзоиши В. ба таври махсус сурат гирифта, ба афзоиши дигар мавчудоти зинда кам шабохат дорад. Раванди мубодилаи моддахо дар В. ба мубодилаи моддахо дар хучайраи сироятёфта вобаста аст. Ба В. конуни ирсият низ хос аст. Сабаби он хамон сохтори биологию химиявии организмхои зинда – кислотахои нуклеат мебошанд. Ва нихоят, В. низ чун тамоми мавчудоти зинда зери таъсири шароити мухит тагйир ёфта, ба он мутобикат пайдо мекунанд.
Ду тарзи мавчудияти В. маълум аст: берун аз хучайра ва андаруни хучайра. Берун аз хучайра дар вибрионхо (заррачахои вирус) аломати хаёт мушохида намешавад. Вибрионхо ба организм ворид гашта, ба хучайрахои нисбати В. хассос мегузаранд. Онхо дар хучайра аз холати ороми баромада афзоиш мекунанд. Хамин тавр, таъсири мутакобилаи мураккабу гуногуни В. ва хучайра огоз меёбад (он пас аз хосил ва ба мухити берун хорич шудани вибрионхои нав анчом мепазирад).
Беморихои вируси гузаранда буда, зуд пахн мешаванд. Солхои зиёд чунин акида вучуд дошт, ки В. ангезандаи беморихои шадид мебошанд. Дар айни хол далелхои зиёд чамъ оварда шудаанд, ки онхо сабабхои сар задани беморихои гуногуни музмин будани В.-ро низ исбот мекунанд.
Тадкику омузиши В., ошкор намудани В.-и нав (холо 1,5 хаз. хели онхо маълум аст), муайян сохтани дарачаи бемориовари ва мубориза бо В. аз чумлаи вазифахои асосии вирусология мебошанд. Махз хусусиятхои манфии В., аниктараш, кобилияти бемориофарии онхо сабаби омузиш карор гирифт. Дар рафти тадкикот бисёр чихатхои мусбати В. низ ошкор шуданд. Бо ёрии онхо кашфиёти бузург (мас., кушодани коди генетики, сохтори кислотахои нуклеат, конунияти хосил шудани сафедахо ва г.) ба даст оварда шуданд. В. ёрдамчии асосии инженерияи генетики мебошад.
В. аз руи сохту хусусият дар байни моддахои мураккаби химияви (полимерхо, макромолекулахо) ва организмхои соддатарин (бактерияхо, риккетсияхо, хламидияхо) мавкеи мобайниро ишгол менамоянд.
Усулхои тадкики вирусхо. Таърихи асосии вирусология аз микробиология манша мегирад. Харчанд хангоми кор бо В. истифодаи техникаи микробиологи имконнопазир бошад хам, чунин коидахои умуми, аз кабили асептика, титрони, ваксинатсия ва г. асоси илми навро ташкил доданд. Омузиши баъдинаи хусусиятхои мухимтарини В. дарёфти як катор усулхи махсусро талаб мекард. Чунончи, кобилияти аз филтр (полоиш)-и бактерияви гузаштани В. барои мукаррар намудани андозаи онхо ва полоиш имкон дод; хурд будани андозаи В. ба дарёфти усулхои мукаммали микроскопияи электрони мусоидат намуд. Техникаи вирусологи тадричан бо усулхои физики, химияви, генетики, ситологи, биологияи молекулави ва иммунологи таъмин мегардад.
Андозаи В., таркиби химияви, конунияти афзоиш, мавкеи онхо дар табиат ва пайдоиши беморихо, инчунин усулхои босамари мубориза бар зидди сирояти В. муайян карда шуданд. В.-ро бо рохи сироятнок кардани хайвоноти лаборатори, чанини мург ва бофтахои махсус афзун мегардонанд. Дар ибтидои пайдоиши илми вирусология тадкикот бо хайвоноти лаборатори (муши сафед, хукчаи оби, харгуш) гузаронда мешуданд. Ба организми онхо «моддаи шубханок»-ро фиристода, аз руи чараёни бемори кадом вирус будани ангезандаи онро маълум мекарданд.
Аз ибт. с.-хои 50 а. 20 усули пайванди бофтахо ба рох монда шуд. Хучайраи бофтаи зиндаро бо ёрии ферментхо чудо карда, ба зарфи махсуси безарар мемонанд. Сипас ба он моддаи гизоии таркибаш мураккабро илова карда, барои сабзиш ба термостат мегузоранд. Дар натича хучайрахо таксим шуда, тадричан руи шишаро фаро мегиранд. Агар чунин хучайрахо бо В. сироятнок карда шаванд, таъсири харобовари онхоро бевосита мушохида кардан мумкин аст. Усули пайванди бофтахо имкон дод, ки В.-и нав кашф ва таъсири мутакобилаи онхо бо хучайрахо ошкор гарданд.
Чудо кардан, афзоиш ва мукаррар сохтани навъхои В. вазифаи вирусологияи амали мебошад. Раванди мазкур, одатан, аз ду кисм иборат аст: омухтани хучайрахои бо В. сироятёфта ва тадкики В.-и чудошуда.
Барои муайян кардани хучайрахои сироятёфта аз ташхиси вирусологи истифода мекунанд. Мас., усули подтанхои флюорестсенсияви (равшанидиханда) имкон медихад, ки дар хучайрахо мавчуд будани В. аник муайян карда шавад. Дар ташхиси сирояти В. бо ёрии реаксияхои гуногуни иммунологи (нейтралони, пайваст шудани комплимент, таъхири гемагглютинатсия ва г.) дар зардоби беморон муайян кардани титри подтанхои махсус мавкеи мухим дорад.
Сохт ва таркиби химиявии вирионхо. Оид ба мавчудияти В. солхои зиёд аз руи таъсири бемориоварии онхо хукм мекарданд. Бевосита дидани В. факат пас аз ихтирои микроскопи электрони, ки микробхоро даххо ва садхо хазор маротиба калон нишон медихад, муяссар гашт. Чунин имконият такрибан пас аз 50 соли ошкор шудани В. ба вукуъ пайваст.
В.-и аз хама калонтарин (мас., В.-и нагзак) хачман ба бактерияхои майда, хурдтарини онхо (ангезандаи энсефалит, полиомелит, оксил) ба молекулахои калони сафедахо, мас., ба молекулахои гемоглобини хун наздиканд. Барои чен кардани В. бузургии шартиеро ба кор мебаранд, ки нанометр (нм) ном дорад. Як нанометр миллион хиссаи як миллиметрро ташкил медихад. Андозаи В.-и гуногун аз 20 то ба садхо нанометр мерасад. Барои киёс бузургии хучайрахои майдатарини хун – эритроситро меорем, ки он ба 7000 – 8000 нм баробар аст, яъне В. нисбат ба эритроситхо даххо ва садхо маротиба хурд мебошанд. В. зохиран кубшакл, чубчашакл, курашакл, серкирра ва ришташакл мешаванд.
В.-и содда аз сафеда ва кислотаи нуклеат таркиб ёфтаанд. Яке аз заррачахои мухимтарини вирус (кислотаи нуклеат) нокили ахбори генетики аст. Агар хучайрахои одам, хайвон, растани ва бактерияхо хамеша ду навъи кислотаи нуклеат – дезоксирибонуклеат (КДН) ва рибонуклеат (КРН) дошта бошанд, пас дар В. – и гуногун факат як навъи онхо – КДН ё КРН мушохида мешавад (махз хамин хусусият асоси таснифоти онхоро ташкил медихад). Дуюмин чузъи хатмии вирион, яъне сафедахо дар В.-и гуногун фарк мекунанд. Ин имкон медихад, ки В. тавассути реаксияхои иммунологи омухта шаванд.
В.-и нисбатан мураккаб ба гайр аз сафедаю кислотахои нуклеат хамчунин карбогидриду липидхо низ доранд. Хар гурухи В. аз сафеда, чарбу, карбогидрат ва кислотахои нуклеати хоси хамин гурух иборат аст. Баъзе В. дар таркибашон фермант низ доранд.
Хар чузъи вирион вазифаи муайянро ичро мекунад. Мас., пардаи сафеда вирионхоро аз таъсироти номусоид хифз менамояд; кислотаи нуклеат мутасаддии хусусиятхои ирси ва сирояти аст; ферментхо бошанд, дар афзоиши В. иштирок мекунанд ва г. Одатан, кислотаи нуклеат дар маркази вирион чой гирифта, бо пардаи сафеда (капсид) ихота шудааст. Капсид аз молекулахои якхелаи сафедахо (капсомерхо) иборат буда, якчоя бо кислотаи нуклеати В. шаклхои геометрии симметри (нуклеокапсид) хосил мекунад. Дар холати симметрияи куби (курашакл) доштани нуклеокапсид риштаи кислотаи нуклеат калобашакл печ мехурад, капсомерхо бошанд, дар атрофи он чой мегиранд. В.-и полиомиелит, оксил, аденовирусхо, реовирусхо, риновирусхо ва г. ба хамин тарз чой гирифтаанд. Хангоми симметрияи спиралшакл (морпеч) доштани нуклеокапсид риштаи кислотаи нуклеати В. ба шакли спирал тоб мехурад, хар кадом печиши он бо капсомерхои бо хам зич пушида мешавад. Сохти капсомерхо ва намуди зохирии вирионхоро бо ёрии микроскопи электрони мушохида кардан мумкин аст.
Миёнчои В.-и сохташон мураккаб шакли спирали сахт тобхурдаро дошта, бо як ё чанд парда пушида шудааст. Таркиби пардахо аз моддахои гуногун иборат мебошанд. Мас., В.-и нагзак, грипп ва парагрипп айнан чунин сохт доранд. Хусусан В.-и бактерияхо – бактериофагхо муфассал омухта шудаанд. Поячаи фаг бо гилофаки сафеда пушида шудааст, ки аз он наххои борики дароз пахн мешаванд. Онхо хангоми ба бактерия пайваст гардидани заррачаи фаг вазифи узви часпишро ба чо меоранд.
Афзоиши вирусхо. В. ба паразитхои мутлак мансубанд. Ин чунин маъно дорад, ки онхо хатман зарар мерасонанд. Мухити асосии фаъолияти В. хучайра аст ва ба хучайра дохил шудани онхо окибати нек надорад. Ба маънои мачозиаш В. ризкдихандаи худро мекушанд. Аммо онхо ин корро на яку якбора, балки баъди афзоиш ёфтан, бачо меоранд. Мисоли оддитарини афзоиши В.-ро дида мебароем. Як навъ заррачаи вирусро тасаввур мекунем, ки аз кислотаи нуклеат (КРН ё КДН) иборат буда, бо гилофаки сафеда пушида шудааст. Пеш аз хама вирус чаббида мешавад, яъне ба девораи хучайра (мембранаи плазмави) мечаспад. Илова бар ин, хар вирион факат ба хучайрахои муайян, ки ретсепторхои махсус доранд, пайваст мегарданд. Дар як хучайра метавонанд даххо ва садхо вирионхо чаббида шаванд. Баъд раванди ба хучайра ворид гаштани В. огоз меёбад (онро худи хучайра бачо меорад), ки онро виропексис меноманд. Хучайра гуё вирионхои ба вай часпидаро ба дарун «мекашад». Бактерияхои сохторашон нисбатан сода худ аз атроф вирионхоро дошта наметавонанд. Шояд дар В.-и онхоро сирояткарда (бактериофагхо) мавчуд будани чихози мураккабу мукаммале, ки кислотаи нуклеатро «тазрик» мекунад, ба хамин вобаста бошад.
Давраи дигар – давраи «урён шудан»-и вирионхои ба хучайра воридгашта мебошад. Бо ин максад ферментхои махсуси хучайра истифода бурда мешаванд. Онхо гилофаки сафедаи В.-ро хал намуда, кислотаи нуклеати онро озод мекунанд. Кислотаи нуклеат ба ядрои хучайра дохил мегардад ва ё дар ситоплазмаи хучайра мемонад. Он нафакат ба афзоиши В. «рохбари» мекунад, балки хусусиятхои ирсии онхоро низ муайян месозад. Кислотаи нуклеати В. мубодилаи худи хучайраро фуру нишонда, онро ба хосил кардани чузъхои нави вирус водор менамояд. Бо ёрии полимеразахо нусхаи кислотаи нуклеати волидайн гирифта мешавад (транскрипсия ва репликатсия). Як кисми нусхахои нав бо рибосомахо пайваст мегарданд ва дар онхо синтези сафедахои вируси ба амал бароварда мешавад (транслятсия).
Баъди он ки дар хучайраи сироятёфта микдори зарурии унсурхои вирус чамъ шуд, ба хам пайвастани вирионхои насл (ба забони илми композитсия) ба амал меояд. Ин кор, одатан, дар назди хучайрапардахо, баъзан бо иштироки бевоситаи онхо мегузарад. Дар таркиби вирионхои нав аксар вакт моддахое мавчуданд, ки хоси хамон хучайраи В.-и дар он афзоишёфта мебошанд. Дар чунин холатхо вирионхои нав бо кабати мембранаи хучайра пушида мешаванд.
Мархилаи охирин – аз хучайра ба мухити берун баромадан ё озод шудани вирионхои нав мебошад. Хусусияти асосии энтеровирусхо (В. – и руда) дар он аст, ки садхо, баъзан хазорхо вириони онхо ба мухити беруна хорич мешаванд. В.-и дигар (мас., В.-и табхол, реовирусхо, ортомиксовирусхо) пас аз пурра инкишоф ёфтанашон хучайраро тарк мекунанд. Онхо то махв шудани хучайра борхо афзоиш меёбанд ва тадричан синтези хучайраро хароб месозанд. Дар баъзе холатхо В. дар дохили хучайра мисли кристалл чамъ меоянд.
Хангоми грипп, хори, нагзак ин заррахо дар ситоплазмаи хучайра, дар мавриди энсефалит, варачаи тропики, табхол, сурхча, полиомелит дар ядро, хангоми баъзе амрози сирояти хам дар ядро ва хам дар ситоплазма чо мегиранд.
Хусусияти В.-и дохили хучайра барои ташхиси бемори шароити мусоид фарохам меорад. Чунончи, агар дар хучайрахои асаби магзи сар гун омадани В.-и ситоплазмави (заррачахои Негри) ба мушохида расад, пас он далели асосии бемории хори аст; вучуд доштани вирусхои даврашакл ё байзашакл (заррачахои Гварниери) дар хучайрахои пуст аз бемории нагзак дарак медихад. «Анбух»-и В. хамчунин дар мавриди энсефалит, оксил ва диг. беморихо мушохида мегардад. В.-и растани «анбух»-и хеле гуногуни кристаллшакл хосил мекунанд.
Хуллас, афзоиши В. ба тарзи махсус сурат мегирад. Аввал вирионхо ба даруни хучайра дохил шуда кислотахои нуклеати вирусиро озод мекунанд. Пас аз он чузъхои вирионхои оянда «тайёр» мешаванд. Афзоиш бо якчоя шудани вирионхои нав ва ба мухити берун баромадани онхо анчом мепазирад. Дар сурати ба амал наомадани яке аз ин даврахо сикл вайрон шуда, афзоиши В. катъ мегардад ё насли нокис ба вучуд меояд.
В. гарчанде аз хучайра даххо ва садхо баробар хурд бошанд хам, онро мохирона идора мекунанд. Барои ба вучуд овардани насли худ В. аз моддахои хучайра ва энергия истифода мебаранд. В. аз хисоби хучайра афзоиш ёфта, захирахои онро кам мекунанд, боиси ихтилоли мубодилаи моддахо ва халокати хучайра мегарданд.
Тасниф ва хусусиятхои бемориоварии вирусхо. Асоси таснифоти В. аз чунин аломатхо иборат аст: навъи кислотаи нуклеат (КДН ё КРН), андоза, сохт, мавчуд будан ё набудани липидхо ва г. Гуруххои асосии В., ки ангезандаи беморихои одаманд, дар чадвал нишон дода шудаанд. Тавре ки аз чадвал бармеояд, зиёда аз 1000 вируси одам ва хайвонот мавчуд буда, дар айни замон кариб нисфи онхо бемориовар мебошанд. Одатан, В. интихобан таъсир карда, узвхои муайян ва бофтахои руда, бодомаки гулу, чигар, хучайрахои асаби хароммагз ё магзи сарро иллатнок месозанд. Бинобар ин беморихое, ки онхо ба вучуд овардаанд (энтерит, беморихои шадиди узвхои нафас, гепатит, энсефалит ва г.), аломати муайяни клиники доранд.
Баъзе В.-еро, ки ангезандаи касалихои хайвонот мебошанд, хотиррасон бояд кард. Гарчанде онхо дар хучайрахои хайвоноти хонагию вахши, парранда, мохи ва хашарот паразити кунанд хам, аз руи сохт ва хусусиятхои асоси ба В. – и дар чадвал овардаи одам шабеханд. Дар байни онхо гурухи калони В. мавчуд мебошанд, мас., В.-и нагзаки маймун , гов, шутур, говмеш, буз, харгуш, муш, паррандаю хашароти гуногун; аденовирусхои барзагов, асп, хук, гусфанд, саг, мург ва мургоби; табхолвирусхои маймун, бачапартоии аспхо, хук, калламуш ва мург; реовирусхои маймун, куршабпарак, гусфанд, мургон; тогавирусхо – ангезандаи энсефаломиелити асп, тоуни хук, таби хунрези маймун; коронавирусхо – ангезандаи бронхити мург, гепатити муш, энсефалити хук ва г; парамиксовирусхои гов, гусфанд, мурги марчон, саъба, тути, пневмонияи гусфанд, тоуни саг ва г; ретровирусхо – ангезандаи лейкози чорвои калон; реши равони гурба ва мургон, саратони гадудхои шири муш ва г; пикорнавирусхо – ангезандаи полиомелит ва энсефаломиокардити мушхо, оксил ва г.
Доираи амрозе, ки В. ба вучуд меоранд, нихоят васеъ аст. Ба он хам сирояти вогир (мас., грипп, сурхча, хори, ханозир, нагзак ва г.), хам иллати чузъии пусту луобпарда (табхол, озах), хам осеби узву бофтахои алохида (миокардит, гепатит, лейкозхо) ва хам омосхои бадасл (саратон, реши равони хайвонхо) дохил мешаванд. Истифодаи антибиотикхо ба кам шудани беморихое, ки ангезандаашон бактерия ва соддатаринхо мебошанд, мусоидат кард. Аммо онхо дар баробари ин сабаби афзудани вазни киёсии беморихои вирусии одам гаштанд. Грипп, назла, сурхча, гепатити вируси, варачахои тропики, табхол ва диг. амрози вируси хануз хам аз кабили беморихои маъмул мебошанд. Дар табиат В.-и факат мансуби одам кам дучор меоянд; хамаи онхо ба В.-и хайвонот наздик ё монанд мебошанд. Бо В.-и ангезандаи грипп, сурхча, ханозир, табхол, ситомегалия, гастроэнтерит ва назла, кас хох – нохох дучор мешавад; аз В.-и ангезандаи гепатит, сурхакон, хори, полиомиелит ва миокардит канорачуи кардан мумкин аст. Одам як давраи муайяни хассосият дошта бошад хам, дар тули хаёт хох – нохох метавонад бо вируси ягон хел бемори сироят ёбад.
Хануз дар батни модар ба кудак ду вируси хавфнок – сурхакон ва ситомегалия тахдид мекунад. Кудакони навзод ва ширмак бошанд, боз хам нозуктаранд. Ба онхо В.-и табхоли навъи 1 ва 2, гепатити В, грипп, назлахои гуногун, полиомиелит, гастроэнтеритхо тахдид менамоянд. Алалхусус кудакони хурд ва калонтар нихоят хассос мешаванд. Онхо ба хама намудхои сирояти вируси ва гепатити А. хассос мебошанд. В. ба одамони калонсол камтар, вале ба пиронсолон бештар таъсир мерасонанд.
Хамин тарик, В. аз лахзаи тавлид (аниктараш хануз пеш аз таваллуд) то пиронсоли хамсафари доимии одамонанд. Агар давомоти умри инсон 70 сол бошад, 7 соли он бо беморихои вируси мегузарад. Аз ин чо маълум аст, ки В. зарари клони иктисоди мерасонанд. Агар ба он зиёни аз дигар амрози вируси ба чорво ва растани мерасидаро илова намоем, пас ададхои беохир хосил мешаванд.
Биёед, боз ба одамон бармегардем. Мукаррар гаштааст, ки одам соле бо ду ва бештар сирояти вируси дучор меояд, аммо дар тамоми давраи хаёт вирусхо 200 маротиба ба организми у дохил мешаванд. Хушбахтона ин «вохурихо» хамеша ба бемори анчом намепазиранд, чунки дар рафти тахаввулот организи инсон бо бисёр В. мубориза бурданро омухтааст.
Таъсири мутакобилаи вирусхо бо хучайра. Навъхои сирояти В. муракаб ва гуногунанд. Дар баъзе мавридхо бемори зуд инкишоф ёфта, бо халокати хучайра анчом мепазирад. Дар мавриди дигар В. ба дохили хучайра даромада, гум мешаванд ва муддати дароз осеб намерасонанд. Шакли якуми таъсири мутакобила сирояти ошкор (шадид), шакли дуюм сирояти латенти (нихони) ном дорад. Дар мавриди якум бемори зудгузар буда, дар мавриди дуюм он дуру дароз ва ба шакли музмин давом мекунад; хучайрахо зохиран бетагйир мемонанд, аз ин ру муайян кардани чунин бемори душвор аст. Дар байни ин ду намуди беморихои вируси бисёр шаклхои даргузар низ мавчуданд.
Хангоми сирояти вирусии шадид пас аз дохил шудани вирус хучайра хароб, яъне пажмурда мешавад. Тадричан ягон хучайраи зинда намемонад ва факат бокимондаи фавтидаи онхо ба назар мерасанд. Ин холат ба бемории сироятии шадиди марговар монанд аст. Чунин вазъиятро В.-и нагзак, полиомиелит, оксил ва г. ба вучуд меоранд. Дар мавриди сирояти нихони В. метавонанд дер гох дар хучайра монанд ва таъсир нарасонанд. Илова бар ин, онхо метавонанд якчоя бо насли ин хучайра, аз авлод ба авлод гузаранд. Мукаррар шудааст, ки дар табиат сирояти нихони нисбат ба сирояти шадид бештар дучор меояд. Дар асл хамаи амрози вирусии маълум метавонанд хам дар шакли шадид ва хам дар шакли нихони чараён гиранд. Сирояти вирусии нихони мумкин аст хангоми табхол, полиомиелит, энсефаломиелит, гепатит, хамчунин омос ба мушохида расад. В.-и ангезандаи ин беморихо дуру дароз (баъзан тамоми умр) дар организм монда, метавонанд аз худ дарак надиханд. Яке аз сабабхои он интегратсия (муттахид шудан)-и моддаи генетикии вирус ва хучайра аст. Вирусшиноси шурави Л.А. Зилбер дар чунин мавридхо ибораи «беморихои муштарак»-ро пешниход намуд. Хангоми камкувват шудани организм (дар натичаи хунук хурдан, таъсири дуру дарози нурхои офтоб, нурхои рентгени, стресс) В. фаъол гашта, метавонанд боиси сар задани бемори гарданд. Зери таъсири омилхои номбурда сирояти вирусии ноаён ба бемории ошкоро мегузарад. Аксуламали организм ба сирояти В. ба сабабхои бисёр, мас., микдори вируси сирояткарда, роххои ба организм даромадани онхо (дарвозахои сироят), кувваи мухофизатии организм ва г. вобаста аст. Аз ин ру окибати ба организм рох ёфтани В. низ метавонад гуногун бошад.
Ба В.-е, ки сирояти нихониро ба амал меоранд, пеш аз хама В.-и табхол мансубанд. Мас., В.-и табхоли навъи I-ум иллати чузъии пуст, луобпарда ва чашм, В.-и табхоли навъи II-юм бошанд, иллати узвхои таносулро ба вучуд меоранд. Ин беморихо багоят давомнок буда, пас аз чанд муддат такроран сар мезананд. Ба ин гурух хамчунин В.-и ангезандаи шукуфаи фарогир, мононуклеози сирояти ва ситомегалия дохил мешаванд. Тахмин менамоянд, ки онхо, алалхусус В.-и ситомегалия, сади сироятнопазирии организмро халалдор ва кобилияти мудофиавии онро суст мегардонанд.
Дигар вирусе, ки дуру дароз дар организм ноаён мемонад, вируси гепатити В аст. Хангоми ин бемори, одатан, ба ном вирусхомилии солим мушохида мегардад, ки нафакат барои одами хомили вирус, балки барои атрофиён низ хавфнок аст. Мутаассифона, чунин шахсон бисёранд. Аз руи хисоби тахмини, шумораи онхо дар дунё 200 миллионро ташкил медихад. Сабаби зиёд будани ин бемории вазнин низ дар хамин аст.
Сирояти тадричии вирусхо. Ангезандагони сирояти тадричи (вирусхои сустсироят), иллати магзи сарро ба вучуд меоранд. Ангезандаи панэнсефалити шадиди склерози ва панэнсефалити шиддатгири сурхакон В.-и сурхча ва сурхакон мебошанд. Ин беморихо бисёр дучор наоянд хам, хеле вазнин мегузаранд ва ходисахои марговари онхо низ мушохида мегарданд. Лейкоэнсефалопатияи авчгир, ки ангезандаи он ду навъи вирус – полиома ва вируси хубобовари маймун SV 40 мебошанд, боз хам камтар вомехурад. Намояндаи сеюми ин гурух (вируси папиллома) сабаби пайдоиши озаххо мешавад. Номгуи мухтасари вирусхои папиллома, полиома ва вируси хубобовари SV 40 номи умумии ин гурухи В. – паповавирусхоро ташкил додаанд.
Аз сироятхои вирусии дигари тадричи бемории Крейтсфелдт – Якобро номбар кардан мумкин аст. Дар ин кабил беморон камакли, фалач, парез (нимфалач) мушохида гардида, сипас бо игмо ва марг анчом меёбад. Хушбахтона, шумораи чунин беморон нихоят кам аст (он аз миллион як нафарро ташкил медихад).
Дар байни форе ном халкияти нисбатан камшумори Гвинеяи Нав бемории Куру ошкор карда шуд. Бемори ба одати хурдани магзи сари хешовандони аз Куру фавтида вобаста буд. Хавфи сироят махсусан ба занону кудакон тахдид мекард, чунки онхо дар кофта гирифтан, тайёр кардан ва хурдани магзи сари сироятнок бевосита иштирок менамуданд. В. аз афти кор ба тавассути чойхои бурида ё харошидаи пуст ворид мешуданд. Баъди он ки яке аз аввалин тадкикотчиёни бемории Куру – вирусшиноси амрикои Карлтон Гайдушек ба манъи одамхури муваффак гашт, ин бемории марговар хам нест шуд.
Вирусхо ва саратон. Яке аз роххои хамзистии вирусу хучайрахо вакте рух медихад, ки моддаи генетикии В. бо моддаи генетикии хучайра як мешавад (интегратсияи геномхо). Дар натичаи он вирус гуё чузъи мукаррарии хучайра гардида, аз насл ба насл мегузарад. Сараввал чараёни интегратсия дар мисоли бактериофагхо батафсил омухта шуд. Бактерияхое, ки кобилияти бидуни сироят, яъне худ аз худ хосил кардани бактериофагро доранд, дер боз маълуманд. Хусусияти бактериофаг хосил намудани онхо аз насл ба насл мегузарад. Агар бактерияхои лизогениро бо бактерияхои ба онхо хассос сироятнок кунанд, афзоиши бактериофаг ва халокати микроорганизмхо ба вукуъ намеояд. Бактериофаг дар ин бактерияхо хусусияти сироятии худро аз даст медихад. Бактерияхо минбаъд хам дар мухити гизои хуб инкишоф меёбанд ва сохти мукаррари доранд. Фарки онхо аз бактерияхои сироятнаёфта дар он аст, ки ба сирояти такрори тобовар мешаванд. Чунин бактерияхо бактериофагро ба насли худ мегузаронанд. Дар натича факат кисми ночизи (аз 10 хаз. факат 1-то) хучайрахои алохида вайрон ва халок мегарданд. Таассуроте ба амал меояд, ки дар ин муборизаи зидди бактериофаг бактерия голиб омад, вале дар асл ин тавр нест. Вакте ки бактерияхои лизогени ба шароити номусоид меафтанд ё ба таъсири нурхои ултрабунафш, рентгени ва оксидкунандахои пуркувват дучор меоянд, В.-и «пинхоншуда» фаъол гашта, шакли пурраи худро мегиранд. Дар ин холат аксарияти хучайрахо вайрон мешаванд ва чуноне ки дар мавриди сирояти шадиди мукаррари мушохида мекунем, пайдоиши В. огоз меёбад. Ин ходиса индуксия ва омилхое, ки онро ба вучуд меоранд, омилхои индуксиякунанда ном доранд.
Лизогения дар бисёр лабораторияхои чахон тахкик карда шудааст. Зимни ин маводи фаровони тачрибави ба даст омад, ки дар дохили бактерияхо ба шакли профагхо (бактериофагхои бо хромосомахои бактерияхо якчояшуда) вучуд доштани бактериофагхои муътадилро собит месозанд. Профаг хамзамон бо хучайра (синхрони) афзоиш меёбад. Профагхо, ки чузъи махсуси хучайраанд, дар як вакт функсияи худ, яъне нигох доштани ахбори генетикиро низ ичро мекунанд. Ахбори генетики барои синтези хиссачахои бутуни хамин навъи фаг зарарур аст. Дар мавриди ба шароити номусоид афтидани бактерияхо ин хусусияти профагхо ба кор меояд, омилхои индуксиякунанда алокаи байни хромосомаи профаг ва бактерияро халалдор сохта, профагро фаъол мекунанд. Лизогения дар табиат васеъ пахн гаштааст. Дар баъзе бактерияхо (мас., стафилококкхо, бактерияхои домана) кариб хар кадом намуд лизоген мебошанд.
Такрибан 40 вируси ангезандаи лейкозхо (саратони хун), саратону реши равони сардхунон (курбоккахо), хазандагон (морхо), паррандагон (мург) ва ширхурон (муш, калламуш, миримушон, маймун) маълуманд. Хангоми ба чонварони солим гузаронидани чунин В. омосхои бадасл авч мегиранд. Ин масъала дар одамон мураккаб аст. Душвории кор бо В. (ангезандагони саратон ва лейкози одам) дар он мебошад, ки бисёр вакт хайвонхои мувофикро барои кори лаборатори чудо карда гирифтан муяссар намегардад. Бо вучуди он вируси ангезандаи лейкози одам ошкор карда шуд.
Вирусшиноси шурави Л.А. Залбер с-хои 1948 – 49 назарияи вирусогенетикии пайдоиши саратонро ба вучуд овард. Тахмин мекунанд, ки кислотаи нуклеати В. ва дастгохи ирсии хучайра бо хам як мешаванд. Чунин муттахиди беокибат намемонад, яъне хучайра метавонад баъзе хусусиятхои нав пайдо кунад, ки яке аз онхо кобилияти зуд афзоиш ёфтан аст. Дар натича хучайрахои чавон ба вучуд меоянд; онхо зуд таксим мешаванд (иллати пеш аз саратон), кобилияти афзоиши беист доранд ва барои ташаккули омос замина мегузоранд.
В.-и омосовар (омосзо) чандон фаъол нестанд. Аз ин сабаб онхо хучайраро табох намесозанд, аммо дар он тагйироти ирси ба вучуд меоранд. Баъди ин хучайрахои омос гуё дигар ба В. эхтиёч надоранд. Хакикатан хам дар омосхое, ки аллакай ташаккул ёфтаанд, аксар вакт В. мушохида карда намешаванд. Тахмин мекунанд, ки В.-и навро дар таркиби КДН-и хайвоноти аз В.-и омосовар сироятёфта дидан мумкин аст.
Хамин тавр, дар сурати интегратсия «амалиёти махфии» В. нихон мемонад ва дер вакт худро зохир намесозад. Хангоми омузиши дакик маълум мегардад, ки чунин «пинхоншави» нопурра аст. Мавчудияти В.-ро аз руи пайдоиши антигенхои нав дар сатхи хучайра метавон ошкор намуд. Агар дар таркиби хучайра В.-и омосовар вучуд дошта бошанд, онхо кобилияти афзоиши беист пайдо мекунанд ё тагйир меёбанд. Ин гуна хусусияти онхо аломати аввалини афзоиши омоси бадасл аст. Трансформатсия (нумуи бадасли хучайра)-ро сафедае ба амал меорад, ки дар геноми В. рамз шудааст. Таксимшавии бетартиб боиси пайдоиши манбаи трансформатсия мегардад. Агар ин холат дар организм руй дихад, пас иллати каблисаратони ба амал меояд.
Дар мембранахои хучайра пайдо шудани антигенхои сатхии омос онхоро барои организм «бегона» месозад. Аз ин лихоз онхоро системаи иммунитет чун хадаф ошкор хохад кард. Пас, чаро омосхо пйдо мешаванд? Маълум, ки омос бештар дар одамони пиронсол (бинобар суст будани фаъолияти иммунитет) мушохида мешавад. Эхтимол, суръати таксим шудани хучайрахои тагйирёфта нисбат ба чавоби иммунитет тезтар бошад. Шояд, чи тавре ки далелхои бисёр нишон медиханд, В.-и омосовар ба системаи иммунитет фишор оваранд ва ё таъсири онро боздоранд. Баъзан ба ин холат беморихои сирояти ва хатто дорухое, ки ба беморон (мас., хангоми пайванди узву бофтахо) медиханд, сабаб шуда метавонад.
Вирусхои манфиатовар. В. манфиат хам доранд. Дар ибтидо В.-и бактерияхур (бактериофаг)-ро тадкик намуданд. Маълум гашт, ки онхо авлодони наздиктарини худро зуд ва берахмона нест мекунанд. Каламчамикроби тоун, домана, исхоли хунин, вибриони вабо ва г. баробари бо ин В.-и зохиран безарар дучор омадан, дар пеши назар нобуд мешуданд. Табиист, ки бактериофагхоро барои пешгири ва муоличаи бисёр беморихои сирояти (исхоли хунин, вабо, тифи шикам) истифода мебаранд. Аммо пас аз комёбихои аввалин нокомихо рух доданд. Маълум гашт, ки таъсири бактериофагхо ба бактерия дар организми одам нисбат ба пробирка (зарфе, ки дар он бактерияхоро месабзонанд) сусттар аст. Гайр аз ин бактерияхо зуд ба бактериофагхо одат ва хассосияти худро нисбати таъсироти онхо гум месозанд. Пас аз кашфи антибиотикхо ахамияти бактериофагхо хамчун дорувор кам шуд. Аммо то имруз онхоро барои ошкор сохтани бактерияхо истифода мебаранд. Чунки бактериофгхо «бактерияхои худ»-ро аник ёфта мегиранд ва хал менамоянд.
В.-е, ки ба хайвоноти мухрадор ва хашарот сироят мекунанд, хамчунин аз кабили вирусхои муфиданд. С-хои 50 а. 20 дар Австралия масъалаи мубориза бар зидди харгушхои вахши, ки ба кишоварзи зарари калон меоварданд, ба миён омад. Дар мубориза бар зидди онхо В.-и миксоматозро ба кор бурданд. Дар давоми 10 – 12 руз ин В. тамоми хайвоноти сироятёфтаро нобуд сохтанд. Барои пахн намудани онхо хомушакхо истифода карда шуданд.
Дар бобати ба мукобили зараррасонхо кор фармудани В. мисолхои зиёд овардан мумкин аст. Хама медонанд, ки кирмина ва гамбускхо чи зарар доранд. Онхо барги зироати фоиданокро мехуранд, нихолхоро мехушконанд. Ба мукоибили онхо В.-и полиэдроз ва гранулёз мубориза мебаранд. Дар китъахои хурд онхоро бо пуливеризатор, дар майдонхои васеъ бошад, аз самолёт мепошанд. Дар Калифорния хангоми аз кирмак мухофизат намудани юнучка ва дар Канада барои нест кардани гамбуски санавбар хамин усул кор фармуда шуд. В.-ро дар оянда дар муборизаи зидди кирми карам, лаблабу ва митта ба кор бурдан мумкин аст.
Вокуниши организм ба таъсири вирус. Муносибати тарафайни вирусу хучайра пеш аз хама бо хусусияти В. ва хассосияти хучайрахо муайян карда мешавад. Мас., агар хучайрахо ретсептор (даррокхо)-и мувофик надошта бошанд, В. ба онхо рох ёфта, таъсири харобиовар мерасонанд. Хатто дар сурати мавчудияти ретсепторхо низ мутаассирии хучайрахо нисбати В. мушохида намешавад (сироят дар онхо вусъат намеёбад). Нихоят, агар хучайрахо ба В. хассос бошанд, пас ин маънои онро надорад, ки вирус хатман онхоро махв месозад. Дар табиат вирусе нест, ки ба сироят ва махви хамаи хучайрахо кодир бошад. Аксар вакт натичаи таъсири мутакобилаи В. ва хучайрахо ба микдори вируси ба организм рохёфта вобаста аст.
Таъсири В. дар организм мукобилати сахт ба вучуд меорад (он дар хосил шудани интерферон ва ба кор даромадани системаи иммунитет ифода меёбад). Сафедахои вирус, ки аввал барои организм бегона буданд, роли антигенхоро мебозанд ва чавобан подтан хосил мекунанд. Функсияи асосии подтанхо ёфтан ва безарар гардондани антигенхост. Дар ин кор ба онхо хучайрахои иммуни кумак меасонанд (онхо хиссачахои вирусро дошта, хазм менамоянд).
Организм нафакат В.-и ба вай рохёфтаро нест мекунад, балки барои дар оянда ба онхо дучор наомадан низ тайёри мебинад. Маълум аст, ки одами як бор бемор гашта дуюмбора ба хамон бемории вируси кам дучор меояд. Рафту такроран бемор шавад хам, он зуд ва сабук мегузарад. Барои мухофизат аз В. шарт нест, ки одам ба онхо дучор ояд. Чи тавре ки маълум аст, кудаки ширмак ба беморихои вируси кам гирифтор мешавад. Табиат дар хакки кудакони ширмак гамхори кардааст. Онхо хангоми дар батн буданашон ба воситаи хун ва баъди таваллуд ёфтан, ба воситаи шири модар масуният пайдо мекунанд. Шири модар рудахои кудак, яъне даромадгохи асосии ангезахои бемориро хифз менамояд. Хамзамон бо ин, барои аз беморихои асосии вируси начот додан, ба кудак ваксина мегузаронанд.
Барои мухофизат аз В. аксуламали илтихоби ахамияти калон дорад. Дар ин маврид ба гайр аз макрофагхои маъмули, хамчунин харорати баланд ва зиёд будани туршии мухит низ боиси махви В. хоханд шуд. Хамин тавр, посбонони махсус (иммунитет) ва номахсус (интерферон, реаксияи илтихоби ва г.), саломатиро хушёрона нигох медоранд.
Агар дар бораи В. хама чизро тахлил намоем, пас ба хулосаи ачиб омадан мумкин аст. Аз як тараф В. хамаи монеахоро паси сар карда, метавонанд бемориро ба вучуд оранд; аз тарафи дигар организм кодир аст ба онхо мубориза барад ва голиб ояд. Ин харду монанди чанги тан ба тан аст, ки бояд яке галаба кунад. Аммо окибатхои дигар низ имконпазиранд. Чунончи (эхтимол ин варианти аз хама маъмул бошад), ду тарафи бо хам зид дуру дароз якчоя зиста , ба хамдигар осеби чидди намерасонанд. Чунин «зиндагии ахлона» метавонад моххо, солхо ва хатто дахсолахо давом кунад. Ин холат барои харду чониб созгор аст. Аз як тараф вирус барои худ сохибе меёбад, ки аз хисоби у руз мегузаронад; аз тарафи дигар организм бемор намешавад ва ин саломати нисбатан осон ба даст меояд. Аммо чунин мувозанат дер давом намеёбад. Механизми он гуногун буда, хануз пурра омухта нашудааст. Дар баъзе мавридхо бисёр хучайрахои организм ба В. хассос нестанд, вале як кисми хучайрахои тагийрёфта (мутантхо) ба хар хол ба афзоишу мавчудияти онхо рох медиханд. Дар мавриди дигар бошад, аллакай худи В. мутант (аз чихати генетики тагйирёфта) ба хисоб мераванд. Дар чараёни афзоиши ин гуна В. вирионхои нокис – хиссачахое, ки дар онхо моддахои генетики (КРН ё КДН) кисман ё пурра вучуд надоранд, хосил мешаванд. Чунин вирионхо ба пайдоиши вирионхои муътадил халал мерасонанд.
Дар табиат мутантхои ба харорат хассоси В. низ дучор меоянд. Онхо факат дар харорати муайян кобили афзоиш мебошанд. Бинобар он харорати баланд, ки хоси беморихои сирояти аст, ин В.-ро махв месозад. Муътадил шудани харорат бошад, ба афзоиши вирионхои зинда мусоидат мекунад ва дар натича харорат боз боло меравад.
Боз ба организм бармегардем. Хар организм кобилияти хоси ба вучуд овардани интерферон, подтанхо ва диг. омилхои мухофизро дорад. Дарачаи омилхои мухофизи организм дар вазъияти гуногун (хангоми стресс, вобаста ба обу хаво, синну сол ) метавонад пасту баланд шавад. Табиист, ки В. баъди ба организм ворид гаштан, ба мухити барояшон мусоид ё номусоид меафтанд. Дар мавриди якум онхо боиси бемори мегарданд; дар мавриди дуюм афзоиши онхо суст мешавад, аз худ дарак намедиханд, хол он ки тамоман бархам намехуранд.
Барои фахмо шудан, мо шартан вариантхои эхтимолии хамзистии В. ва хучайраро чудо кардем. Дар асл дар организм вариантхои номбурда метавонанд хамрох бошанд, ки ин ташхиси беморихои вирусии нихониро душвор мегардонад.
Дар охир боз як механизми таъсири мутакобилаи вирусу хучайрахоро ба хотир меорем. В.-е , ки ба «фишори иммунитет» тоб намеоранд, мачбуран шакли худро андаке тагйир медиханд ва бо хамин рох аз таъсири подтанхо ва диг. омилхои иммунитет рахо меёбанд. Ин холатро бо конуни Дарвин оиди мубориза бахри хаёт ва зинда мондани намудхои мутобикгашта маънидод кардан мумкин аст.
Пешгири ва муоличаи беморихои вируси. Се усули асосии муборизаи зидди беморихои вируси маълум аст: моягузарони (ваксинатсия), истифодаи интерферон ва химиотерапия. Хар кадоми ин усулхо ба таври худ таъсир мерасонад: ваксина (моя) системаи иммунитетро ба кор медарорад, интерферон ба афзоиши вирусхои дохили хучайра монеъ мешавад, дорухои химияви ба вирусхо таъсир расонида, бемориро боз медоранд.
Усули аз хама кадим ва эътимодбахш моягузарони мебошад. Он кариб 200 сол ин чониб ба инсоният содикона хизмат мекунад. Аввалин кушишхои муборизаи зидди беморихои вируси хануз пеш аз кашфи В. чой дошт. Мохияти он хеле оддист: «душманро бояд бо яроки худаш кушт». Дар ин чо вирус мукобили вирус мебарояд. Духтури англис Э. Ченнер мушохида намуд, ки ширфуруше, ки бемории нагзаки говро аз сар гузаронидааст (ин бемори хеле сабук аст), минбаъд ба нагзаки одам гирифтор намешавад. С. 1796 у бо нагзаки гов одамони солимро эм кард (ваксина гузаронд), пас аз ин онхо ба нагзак гирифтор нашуданд. Он солхо аз нагзак миллионхо одамон мефавтиданд ва ин кашфиёти Ченнер хеле мухим буд. Аз он вакт солхои зиёд гузаштанд. Олими франсави Л. Пастер с. 1885 ваксинаи дуюми зиддивируси (дорухое, ки организмро аз сирояти вирус ва бактерияхо эмин медоранд, хамин тавр меномидаги шуданд)-ро барои пешгирии хори хосил намуд. Баъди кашфи В. аз вирусхои кушта ё камкувват дар микёси саноати ваксина истехсол мекардаги шуданд. Дар сурати ба организм гузаронидани ин гуна В. бемори ба вукуъ намеояд ва хатто бар зидди хамон вирус иммунитети фаъол пайдо мешавад. Ин усулро пешгири бо ваксина меноманд.
Тайёр кардани ваксина кори мураккаб аст. Дар он духтурон, биологхо, биохимикхо, инженерон ва диг. мутахассисон иштирок мекунанд. Ваксинахо бояд таъсирбахш ва безарар бошанд.
Бо ёрии ваксина бемории нагзак тамоман бархам хурд. Ин яке аз галабахои бузурги илми тиб дар а. 20 аст; полиомелит ва хори кам дучор меоянд; беморихои сурхча, сурхакон, паротит, варачаи тропики, энсефалит кам шуданд. Ба шарофати ваксинатсия хаёти миллионхо одамон начот ёфт.
Дигар усули хифзи одам аз В., ки ба ваксинатсия наздики дорад, истифодаи зардоб ва гамма-глобулин аст. Онхо аз хуни одами гирифтори ягон амрози вируси ё аз хуни хайвони ба ягон вируси муайян масуниятдор тайёр карда мешаванд. Чунин зардобхо подтан, яъне сафедахои махсус доранд, ки онхо барои безарар гардондани В.-и мувофик кодир буда, пас аз чанд соати ба организм ворид шудан, иммунитети суст ба вучуд меоранд. Ин усул барои пешгирии сурхча, муоличаи энсефалит ва диг. беморихои вируси истифода мегардад.
Мутаасифона, ваксинатсияи оммави хамеша садди рохи беморихои вируси намешавад. Зеро ваксинахо таъсири интихоби доранд ва камбудии онхо низ дар хамин аст. Дар холате, ки хамон як бемори, мас., грипп ва назларо В.-и бисёр (кариб 150 хел) ба вучуд меоранд, ваксинатсия нисбати онхо амалан имконнопазир мегардад. Бехтарин навъхои ваксинаи зидди грипп факат боиси кам шудани бемори мегарданд, вале онро пурра бархам дода наметавонанд. Худи В.-и грипп бошанд, зуд тагйир меёбанд ва ваксинахои пештар тайёршуда нисбати онхо таъсири худро гум мекунанд.
Бар замми ин, агар хатто бар зидди хамаи В.-и бемориангез ваксина тайёр кунанд хам (онхо зиёда аз 500 хел мебошанд), ба тамоми одамон гузаронидани он амри мухол аст. Бинобар ин, барои мубориза бо В. химиотерапия ба миён омад. Тафовути химиотерапия аз ваксинатсия на дар пешгирии бемори, балки дар муоличаи он аст.
Чи тавре ки маълум аст, ягон доруи маъмули сулфаниламиди ё антибиотикхо афзоиши В.-ро боздошта наметавонад. Душвории асосии химиотерапия дар он аст, ки В. дар дохили хучайрахо афзоиш меёбанд. Аз ин ру хар гуна таъсир ба синтези В. боиси ихтилоли мубодилаи моддахо дар хучайра мегардад. Дар натича аксар дорухое, ки афзоиши В.-ро бозмедоранд, дар айни вакт ба фаъолияти хучайрахо низ таъсири номусоид мерасонанд. Бинобар ин, антибиотикхо ва антиметаболитхое, ки кобилияти дар пробирка боздоштани афзоиши В.-ро доранд, ба организм чандон таъсир намерасонанд.
Вактхои охир муаяссар гардид, ки дорухои зиддивирусии аз чихати клиники мувофик ба даст оварда шаванд. Дорухое, ки аз энсефалити вируси мухофизат мекунанд, дар тачриба санчида мешаванд. Комёбихои аввалини химиотерапия аз пешомадхои ин усули мубориза бар зидди В. шаходат медиханд.
Бар хилофи ваксина ва дорухои химияви доираи таъсироти интерферон васеъ буда, амалан ба хама гуна В. таъсир мерасонад, афзоиши В.-и хучайраро бозмедорад. Баъзе далелхо собит менамоянд, ки агар интерферонро организм нагз кабул накунад, беморихои вируси вазнинтар мегузаранд. Санчишхои клиники нишон доданд, ки интерферон дар аснои бемории назла, алалхусус агар бемориро риновирус ба вучуд оварда бошад (яъне дар холатхое, ки ваксинагузарони чандон фоиданок нест), таъсири бештар мерасонад. Истифодаи интерферон зидди иллатхои табхолии пуст, чашм ва луобпардахо низ ахамияти калон дорад. Омузиши дорухои химияви ва интерферон давом дошта бошад хам, суръати имрузаи пешрафти илм ба он далолат менамояд, ки тиб дар ояндаи наздик барои рахои аз бисёр беморихои вируси воситахои самаранок ба даст хохад овард.

ВИРУСХОЕ, КИ БАРОИ ОДАМ ХАВФНОК МЕБОШАНД

Оила, гурухи асосии вирусхо, вирусхои чудогона Андозаи вирусхо ба хисоби нанометр (нм) Адади типи вирусхое, ки дар табиат дучор меоянд Адади типи вирусхое, ки ба одам осеб мерасонанд Эхтимолияти бо вирус дучор шудан (ба хисоби wacko Беморихое, ки ангезандаашон вирусхоянд
Вирусхое, ки КДН доранд
Оилаи вирусхои табхол 120 – 200 > 30 5 90 – 100 Хайвон
Вируси табхоли типи I 120 – 200 > 1 1 50 – 70 Бемории чашм, луобпарда, пуст, баъзан омос ва энсефалит
Вируси табхоли типи II 120 – 200 1 1
Вируси обакон 120 – 200 1 100 Обакон
Ситомегаловирус 120 – 200 1 1 90
Вируси Эпстайн – Барр 120 – 200 1 1 номаълум Омоси халкум
Гепадновирусхо 1 1 10 – 15 Гепатити В (гепатити зардоби)
Оилаи аденовирусхо 70 – 90 34 7 90 Назла, бемории чашм, озах
Авлоди папилломавирусхо 45 – 55 9 3 50
Авлоди полиомавирусхо 45 – 55 5 2 10 – 30 Энсефалопатия, эхтимол омос
Вирусхое, ки КРН доранд
Оилаи рабдовирусхо 50 – 95 30 8 10 – 30 Хори, стоматити везикуляри
Оилаи коронавирусхо 75 – 160 9 3 50 – 70 Назла
Оилаи парамиксовирусхо 150 20 6 100 Назла
Вируси ханозир 150 1 1 100 Ханозири вогир
Вируси сурхча 150 1 1 100 Сурхча
Оилаи ортомиксовирусхо 80 – 120 3 3 100 Гриппи А, В, С
Оилаи бунявирусхо 90 – 100 > 200 > 50 номаълум Энсефалит
Оилаи ретровирусхо 80 – 100 > 20 номаълум – Ангезахои тахминии саратон, саромос, лейкоз
Оилаи реовирусхо 60 – 80 80 20 20 – 50 Назла
Гурухи ротавирусхо 60 – 68 2 2 100 Гастроэнтерити шадид
Оилаи тоговирусхо 40 – 70 Бештар аз 200 Кариб 40 номаълум Варачахо
Гурухи вирусхои сурхакон 60 – 75 1 1 85 Сурхакон
Оилаи пикорнавирусхо 20 – 30 169 169 40 – 70
Энтеровирусхо 20 – 30 30 30 40 Полиомиелит
Вирусхои Коксаки А ва В 20 – 30 29 29 40 Миокардитхо
Риновирусхо 20 – 30 110 110 70 Назла
Вирусхои гепатити А 20 – 30 1 1 40 Гепатити А (сирояти)

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …