Главная / Илм / ВЕНТИЛЯТСИЯ

ВЕНТИЛЯТСИЯ

ventiliatsiia (Ventilatio), иваз кардани хавои даруни бино бо хавои тоза. Хангоми дар дохили икоматгох ё бино будани одамон тадричан хавои он вазнин мешавад. Дар натича дар таркиби хаво микдори гази карбонат ва диг. махсулоти мубодилаи моддахо (аммиак, сулфиди гидроген ва г.), хамчунин губори алави газ, буги матбах, харорат, нами ва г. меафзояд.
В. ду хел мешавад: табии ва сунъи. Хангоми В.-и табии хаво ба воситаи бодхон (равзан) ва сурохи дару тирезахо дар натичаи фарки харорати даруну беруни бино иваз мегардад. Чунин тарзи шамол додани хона доими нест, бинобар ин бехтараш бодхони тирезаро боз монед. В.-и сунъи бо ёрии тачхизоти махсус (бодкашхо, компрессорхо, насосхо, кондитсионер ва г.) ба чо оварда мешавад.
Бехтарин рохи иваз кардани хавои хона дутарафа шамол додани он (ба шарте, ки тирезахо дар мукобили якдигар бошанд) аст. Агар хавои берун хунук бошад, хонаро дар вакти набудани одамон шамол додан лозим, зеро аз таъсири чараёни хавои сард эхтимол беморихои назлави (грипп, зуком, ва г.) рух намоянд.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

telefon

Ба мактаб бо телефони мобили рафтан мумкин нест!

ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН ОИД БА МАНЪ НАМУДАНИ ИСТИФОДАИ ТЕЛЕФОНХОИ МОБИЛИ ДАР МАКТАБХОИ …