ВЕНЕРОЛОГИЯ (Venerologia; аз лот. Venus – Зухра, сайёраи Нохид, ки онро мутрибаи фалак меномиданд ва олихаи зебои, суруду ракс ва хушию хурсанди мешумурданд ва …логия), як кисми илми тибро гуянд, ки сабабхои пайдоиш, роххои пахн гаштан, ташхис ва чараёни клиникии беморихои зухравиро тахкик, инчунин усулхои пешгирию табобати босамари онхоро муайян менамояд. В. ба гигиенаи ичтимои, гинекология, дерматология, терапия, невропатология, психология, педиатрия ва диг. сохахои тиб тамос дорад. Такомули бактериология дар а. 19 асоси илмии беморихои зухрави гардид.
Дар Точикистон аввалин пажухишхо дар сохаи В. соли 1941 баъди ташкил ёфтани кафедраи дерматовенерологияи ДДТТ ба номи Абуали ибни Сино ба рох монда шуданд. Дар ин чода сахми олимони варзидаи тиб профессорон А.Я. Прокопчук ва И.Д. Перкел арзанда буд. Пажухишхои олимони чумхури асосан ба халли масъалаи таъсири варача ба инкишофи нейросифилис, макоми фаъолияти зиддизахрии чигар хангоми гирифтор шудан ба сифилис, эпидемиологияи трихомониаз равона шуда буданд. Онхо бори аввал дар тачрибаи муоличаи бемории сифилис усули истифодаи лимфотропии дорухоро ба рох монданд, ки натичаи хуб медихад. Дар пешрафти В. дар чумхури хидмати олимони намоёни соха Б.Р. Рахматов, С.И. Исхоков, Е.Т. Исоева, П.Т. Зоиров, М.С. Исоева, Р. Дадабоев, Х.Ч. Усмонова, О.И. Косимов, Ф.А. Киёмов ва диг. назаррас аст. Ниг. низ Беморихои зухрави.
Инчунин кобед
Марги Мухаммад (с)
Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …