Главная / Илм / ВЕНА

ВЕНА

venaВЕНА (Vena, Phlebus), варид, сиёхраг, раге, ки ба тавассути он хун ба дил мегузарад. Аз В.-хои даври калони хунгардиш хуне, ки аз гази карбонат, махсули мубодилаи моддахо, гормонхо ва г. сер гашта, аз узвхои гуногуни бадан чамъ шудааст, ба пешдили рост меравад. В.-хои даври хурди хунгардиш бошанд, хуни аз оксиген сершударо ба пешдили чап мерасонанд. Ибтидои системаи В.-хо шабакаи мураг (капилляр)-хо аст. Дар он чо аввал веначахо ташаккул ёфта, минбаъд ба В.-хои миёна ва калон мубаддал мешаванд.
Девораи В. назар ба девораи артерия нозук ва чандир аст. Фишори хуни В. хеле паст (дар В.-хои калон хатто аз фишори атмосфери хам пасттар) мебошад. Харакати кафаси сина, чунбиши диафрагма, кашиш хурдани мушакхо барои дар В. гардиш кардани хун кумак мерасонанд. Дар В. клапанхо мавчуданд, ки хангоми боз шудани онхо хун факат ба дил дохил мегардад.
В.-и юги, В.-и шуш, В.-и боби (даромадгохи), В.-и холии боло, В.-и холии поён, В.-и тихигох, В.-и рон, В.-и зери зону, В.-и калони зери пусти по, В.-и хурди зери пусти по аз чумлаи В.-хои асосии организм махсуб мешаванд. Сохтор, фаъолият ва ташхису муоличаи беморихои В.-хоро флебология меомузад.
КЛ
Венаи тихии поён ва шохахои он.
1 – венаи китфусарии чап; 2 – камони аорта; 3 – танаи шуш; 4 – венаи диафрагмавии поён; 5 – венаи сипурз (бурида шудааст); 6 – венаи гадуди болои гурдаи чап; 7 – венаи гурдаи чап; 8 – венаи умумии тихигохи чап; 9 – венаи дарунии тихигохи чап; 10 – венаи берунии тихигохи чап; 11 – венаи зерипустии калони по; 12 – венахои аъзои чинсии беруни; 13 – венаи рон; 14 – венаи умумии тихигохи рост; 15 – венаи тихии поён; 16 – венаи тухмдони рост; 17 – венаи тухмдони чап; 18 – кисми батнии аорта; 19 – венахои чигар; 20 венаи тихии поён; 21 – венаи китфусарии рост; 22 – венаи тахтичанбарии рост; 23 – венаи югии дохилии рост.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …