Главная / Гуногун / ВАЗЪИ ЗАБОНИ АДАБИ  ВА ДАВЛАТИ

ВАЗЪИ ЗАБОНИ АДАБИ  ВА ДАВЛАТИ

Чайхони, Дакики, Майсари, Фирдавси, Носири Хусрав, Хофизи Шерози, таърихшиносону чугрофидонхои араб ва бисёри дигарон забони адабии асрхои IX—XV точикро порси, форси, порсии дари ва дари гуфтаанд. Сабаби чунин номхо гирифтани он хануз маълум нест. Вале хамнн кадараш аник аст, ки порси ва форси айнан як чиз буда, форсии   дари, ки дари шакли кутохи он аст, дар байни забонхо, лахчахо ва шевахои зиёди забонхои эрони махз забони адаби будани онро таъкид менамояд. Маликушшуъаро Бахор, Садриддин Айни, Саъид Нафиси, Парвизи Нотили Хонлари, Е. Э. Бертеле, Б. Г. Гафуров, А. М. Мирзоев, Забехуллохи Сафо ва бисёр доноёни дигар бар он акидаанд, ки забони форсии   дари дар каламрави Сомониён хануз 200—300 сол пеш аз зухури Сомониён, баробари забонхои пахлави, хоразми, сугди, тахори ва гайра амал мекард ва ройич буд. Дар бораи истилохи «дари» донишманди номвари эрони Забехуллохи Сафо менависад: «Вачхи тасмияи ин забон ба дари таъаллуки он ба дарбори шохон аст, зеро ин коъида аз кадим маълум будааст, ки забони мавриди такаллуми дарбору дастгохи давлати ва марокизи подшохиро «дари» мегуфтанд, яъне мансуб ба «дар» (=дарбор=даргох). Ал-Мукаддаси дар «Ахсан-ут-такосим» ба нахви равшантаре маънии дариро ба гунае, ки овардаем, баён мекунад ва он дар мавриди забони ахли Бухорост, ки дар бораи он чунин мегуяд: «Дар забони мардуми Бухоро такроре вучуд дорад, магар намебини, ки чи мегуянд: «яке адорме ва дидам яке марде ва бахшидам адарме» ва бар ин киёс кун ва дар миёни каломи худ бисёр мегуянд: «донисти», бе он ки фоидае дар он бошад, чуз он ки ин забон дари аст ва забонхое аз кабили онро аз он чихат «дари» гуянд, ки забонест, ки номахои подшох бад-он навишта мешавад ва аризахое, ки ба у такдим медоранд, ба он забон асту иштикоки он аз «дар» аст ва он маъни «бор» аст (яъне, он ки забони дари забонест, ки ахли бор — яъне, ахли даргохи подшох) бад-он сухан мегуянд».22 Ба кавли А. М. Мирзоев, «забони дарии порси забони ахли Бухоро, Марв, Балх, Нишопур ва, умуман, забони ахолии Мовароуннахру Хуросон буда, дар асри X, дар баро­бари ин ки  забон як умумиятеро ташкил мекардааст, шевахои хар як махал бо хусусиятхои хоси худ аз хамдигар фарк мекардаанд».

 Ба ин гуфтахо чизи дигаре илова кардан шарт нест. Танхо як нуктаи бисёр мухимро бояд зикр кард, ки дар бораи он ки  лахчаи дари забони ахли машрики Эрон, яъне хоса Хуросону Мовароуннахр асту адабиёти форси аз карни савуму чахорум ба баъд ба ин забон навишта мешавад, ин забон давоми лахчаи пахлавии шимоли ва ё пахлавии ашкони буда, бо гузашти замон бо забони араби омезиш ёфта, то ба дарачаи забони дину давлат ва илму фарханг, хамчунин забони адабиёти тамоми мардум карор гирифтааст. Устод Забехуллохи Сафо як нуктаи дигарро хам тавзех медихад, ки овардани онро низ чоъиз мешуморем. У менависад: «Аз карни савуму чахорум ба баъд ин лахчаро, ки пас аз ташкили дарборхои машрик дар ахди исломи ба сурати забони расми даромад, ба асомии мухталифе, монанди дари, порсии дари, порси, форси хондаву онро дар баробари араби (този) ва пахлави (пахлавони) карор додаанд. Ин «порси», ки дар тасмияи фавк ба кор рафтааст, гайр аз порсик ба маънии пахлавии ахди Сосони  ва форси ё порси ба маънии лахчаи муттадовил дар Форс аст, ки аз кадимулайём ба ин ном хонда мешавад. Дар ин чо порси бештар барои мукобала бо араби (този) ва турки ба кор рафтаву ба маънии аъам эронист, на барои интисоб ба кабила ва ё кабоили муайяне аз эрониён».24

Ин гуфтаро аз забони донишманди бузурги Эрони муосир «касдан» овардам, то равшан гардад, ки мо чаро за­бони Рудакиро форсиву дари мегуем, хол он ки за­бони форси хоси ахли Форс аст?! Ба ин суол аз чавоби боло бехтар чавобе додан душвор аст. Баъзан аз тарафи эронихо низ чунин пурсишхо ба миён меояд. Аз хонандагони азизам такозо дорам, ки хамеша дар хотир дошта бошанд, ки мафхумхои «Эрон», «эрони», «форс», «форси» хар кадоме ба ду маъни, хам ба маънии таърихи ва хам ба маънии имруза фахмида мешавад. Дар боби фахмиши вожаи «точик» хам хол чунин аст.

Пайдоишу ташаккул ва такомули забони адаби таърихан бо хат вобаста аст. Ба воситаи хат ба забони адаби, ки шакли мукаммали забони умумихалки мебошад, асархои адаби, илми, мазхаби ва фалсафи таълиф меёбанд. Забон, дар баробари умумияти таърихи ва ягонагии сарзамин, омили асосии мавчудияти халк ва нишонаи асосии миллат аст.

Нахустин китоби бузурги хадисхои Пайгамбари Ислом хазрати Мухаммадро фарзанди халки точик Имом Мухаммад ибни Исмоили Бухори (810—879) бо номи «Ал-чомеъ-ус-сахех» тартиб дода буд, ки тахти унвони «Сахехи Бухори» шухратманд гардидааст. Ин китоб аз 7 чилд иборат аст. Аввалин тафсири мукаммали Куръон хам ба калами олими эронинажод Мухаммад ибни Чарир Ат-Табари (ваф. 923) таъаллук дорад. Ин асар хам аз 7 чилд иборат буда, бо Куръон якчоя соли 352 х. ба форсии точики гардонида шудааст.

Забони точики яке аз забонхои хеле кадимаи дунё буда, таърихи ташаккулу такомули он беш аз 1500 солро фаро мегирад. Инкишофи он дар асрхои IX—X ба раванди ташаккули халкияти точик сахт вобаста аст. Тахкикоти олимони гуногуни дунё муайян кард, ки махалли пайдоиши забони форсии дари Мовароуннахру Хуросон ва ибтидои пайдоиши он асрхои баъд аз Хичрат будааст. Ин забон дар баробари забонхои пахлави, пор­ти, сугди, бохтари, хоразми ва амсоли онхо ба гурухи забонхои эрони дохил шуда, дар асрхои IX—ХШ бо он кавму кабилахо ва халкиятхои эронинажоди зиёде, ки ба хам муттахид шуда буданд, гуфтугу мекарданд.

Албатта, ин забонхо ба хам хеле наздик буданд, вагарна барои Бахроми Гур (420—438) хеч зарурате набуд, ки бо ахли диёри худ ба чандин забон харф занад: «Бахроми Гур ба хар забоне сухан гуфти: ба турки гуфти ва андар масчид бо омма дари гуфти ва вакти чавгон задан пахлави гуфти ва андар харбгох бо муъбадон ва ахли илм порси гуфти».25

«Бозёфти катибахои форси (форсии миёна) дар Марв, ки ба асрхои УП—УШ таъаллук доранд, имкон медихад ба хулосае омад, ки дар ин чо аллакай забони форсиро ба кор мебурдаанд. Мувофики маълумоти пурарзиши ал-Чахшиёри, то соли 724 дар каламрави Хуросон хатти форси (аз афти кор, дар асоси алифбои пахлави) истеъмол мешудааст. Бинобар ахбороти Ибн ал-Мукаффаъ ва Мукаддаси мумкин аст хадс зад, ки хануз дар нимаи якуми асри УШ забони форси (точики) дар Балх пахн гардида буд. Дар асрхои УП—УШ ин забон дар Эрони Шимолу Шарки, Афгонистони Шимоли ва дар чануби Осиёи Миёна, аз чумла дар Точикистони Чануби хам макоми мустахкам дошт»26

«Аз сухани Наршахи (асри X) маълум аст, ки дар масчиди Бухоро, ки соли 713 сохта шуда буд, Куръонро ба забони форси мехондаанд» 27, – менависад Б. Г. Гафуров.

Баробари истилои арабхо дар саросари хилофат забони араби мачбуран чун забони дину давлат ва илму ада­биёт карор гирифта, дар байни халкхои тобеъшуда чори гардид. Дар сарзамини мо низ кариб 200 сол ин сиёсат давом ёфт. Вале, ба хукуки махдуди худ нигох накарда, забони форсии дари, ки забони оммаи мардуми махалли буд, ба сайри такомули тадричии худ давом дода, бар асли худ пойдор монд. Ташаккули халкият, баркарор гардидани давлати мустакили точикон, пешрафтхои кишоварзи, зироаткори, богдори, чорвопарвари, кухкани, чуянгудози, хунарманди, кулолгари, шишасози, маишати хос ва муваффакиятхои илму маданият ба он оварда расонданд, ки  забони форсии дари аз ибтидои ислом (асри УП) инкишоф ёфта, дар ахди Сомониён ба дарачаи забони адаби ва расмии давлати бардошта шавад.

Асоси ин забони адабиро лахчаю шевахои Бухоро, Самарканд, Марв, Балх, Бадахшон ва Нншопур ташкил мекард. Вазири Наср ибни Ахмади Сомони (914—943) —Абуабдуллох Мухаммад ибни Ахмади Чайхони, ки  со­ли 326 хичри (938 мелоди) ба чойи Балъами нишаста буд, дар асари худ «Ашкол-ил-олам», ки тарчума ва ё бозгуйи форсии   он (асри XVI) то замони мо омада расидааст, менигорад: «Забони ахли Бухоро забони сугдист, магар андаке, ки аз он бигардаду забони эшон дарист. Мардумони Бухоро дар одобу фазл бехтар аз чойи дигаранд» (иктибос аз навиштаи Ахрор Мухторов).

Дар натичаи такомули табиъи ва омезиши забонхои сугдиву бохтари забони форсии   дари басе равнаку инкишоф пазируфт, аз юнони, хинди, яхуди ва араби бисёр калимаву таъбирхоро гирифт. Дар натичаи хамаи ин, забони форсии   дари бо пухтаги, захираи гании лугави, сарфу нахви устувор, нормахои муайяншуда,   истилохот  ва  воситахои  гуногуни  услуби  кодир  гардид, ки дар доирахои расми, дастгоххои давлати, мукотибахои расми, коргузории девонхо (вазоратхо) ва маросимхои мазхаби ба кор бурда шавад. Ба ин забон асархои илми, адаби, мазхаби, таърихи ва фалсафи таълифу тарчума мешуданд. Дар асри III хичри (X мелоди) аллакай асархои зиёди тарчумави ба вучуд омаданд, ки тарчумонхои зиёде дар ин амр шугл меварзиданд. Шархи китобхои гуногунро аз забонхои юнони, хинди, суриёни ба араби ва аз араби ба форси бармегардонданд. Табиби шоъирпешаи Сомониён Майсари дар илми тиб асари «Донишнома»-ро ба назм офарид, ки аз панч хазор байт иборат буда, холо як нусхаи он дар Порис махфуз аст. «Донишнома»-и Абуалии Сино, «Ат-тафхим»-и Абурайхони Беруни, асари чугрофиёйии муаллифаш номаълуми «Худуд-ул-олам» ба ин забон таълиф, «Тафсири Табари» (соли 956), «Таърихи Табари» ва амсоли инхо аз араби ба он тарчума шудаанд.

За­бони асархои улуми дакик асосан араби боки монд, вале оид ба илмхои дакик низ асархо ба забони форсии   дари навишта мешуданд. Яке аз онхо, ки то замони мо омада расидааст, «Шуморнома»-и Айюби Табарист, ки оид ба илми хисоб (арифметика ва алгебраи ибтидои) бахс мекунад. Дар замони Мансур ибни Нух (961—977) Абумансури Муваффак ибни Алии Харави оид ба тиб китоби «Ал-абния ани-л-хакоик-ил-адвия»-ро тартиб дод, ки як нусхаи нодири каламии соли 1050 (мохи шавволи 447 хичри) аз чониби шоъири маъруф — муаллифи «Гаршоспнома» Асадии Туси китобатшудаи он то замони мо расида, то хол дар китобхонаи Вена нигахдори мешавад.

Аз нимаи аввали асри IV сар карда ин мардум худро «точик» ва забонашонро «форсии   дари» меномидаги шуданд. Сарзамини онхо аз бахри Аралу Тироз (Чамбули имрузаи Чумхурии Казокистон) то бахри Ха­зар  (Каспий) ва аз Кошгар то Систон доман густарда буд.

Аз асри VIII сар карда барои ифодаи забони форсии   дари алифбои форсии араби истифода ме­шавад, ки барои точикони Мовароуннахр то соли 1928 хидмат кард. Эронихо, афгонхо ва точику форсизабонхои кишвархои дигар хануз хам аз хатту алифбои араби истифода мебаранд. Дар асрхои IX— X пояи адабиёти оламшумули точику форс ба хамин забон гузошта шуд. Рудаки , Дакики, Абуалии Сино, Балъами, Фирдавси, Беруни ва бисёр бузургони дигар доди суханро дар ин забон дода, онро боз хам суфтаю пухта карданд. Сомониён ба ин забон навишта шудани асархои илмиву адабиро ташвику химоят кардаанд. Аллома Бобочон Гафуров менависад: «Хеле пеш аз барпо гардидани давлати Сомониён точикон ба забони модарии худ лафзан асархои бадеъи эчод мекарданд. Чунин амри вокеъи, ки дар тамоми давраи хукмронии арабхо, анъанахои адабии кабл аз ислом аз байн нарафтанд ва халк тасвирхои бадеъи  ва  сюжетхои  бостониро  махфуз дошт, яке аз далелхои нисбат ба асри IX хеле кадимтар будани таърихи  адабиёти  точик  мебошад» 28  ва, пасон, хулоса мекунад: «Мувофики ривояти Ал-Мукаффаъ ва Мукаддаси хам чунин бармеояд, ки дар нимаи аввали асри хаштум дар Балх забони форси пахн шуда буд.»29

Ба точики баргардонида шудани осори динии мусулмони истиклоли забони точикиро пурра таъмин кард. Ба кавле, хануз дар ахди Наср ибни Ахмади Сомони (914—942) тарчумаи тафсири Куръон шуруъ шуда, дар нимаи карни дахум тарчумаи пурраи «Тафсири Табари» анчом пазируфт, ки онро дар замони салтанати Мансур ибни Нухи Сомони ба эхтимоми вазири у Балъами писари худи Балъами дар байни солхои 353 — 365 хичри анчом дода буд. Дар мукаддимаи китоб дарч гардидааст: «Ва ин китоб тафсири бузург аст аз ривояти Мухаммад ибни Чарир ат-Табари, рахматуллохи алайхи, тарчумакарда ба забони порси ва дари ба рохи рост ва ин китобро оварданд аз Багдод, чихил мусхаф буд. Ин китоб бинвишта ба забони този ва ба аснодхое дароз буд». Мансур ибни Нух, ки ба араби чандон балад набуд, онро фахмида наметавонист, фармуд, ки ба забони форси баргардонанд: «Пас уламои Мовароуннахрро гирд карду ин аз эшон фатво кард, ки раво бошад, ки мо ин китобро ба забони порси гардонем? Гуфтанд: — Раво набошад хондану навиштани тафсири Куръон ба порси мар он касро, ки у този надонад. Дигар он буд, ки ин забони форси аз кадим боз донистанд аз рузгори Одам то рузгори Исмоили Пайгамбар (а) хама пайгамбарони мулкони замин ба порси сухан гуфтанди.»30 Абулкосим Хакими Самарканди дар бораи ойину русум китобе иншо кард, ки онро тамоми уламои Бухоро биписандиданд. Ва боз амир «фармуд, ки ин китобро ба порси бояд кард, то хосу омро манфиъат бувад».

Дар бораи инкишофу тахаввули забони форси хаминро гуфтан лозим аст, ки «ин забони давраи пешазисломии араб не, балки якуним хазор сол пештар ба вучуд омада буда, ёдгорихои хаттии он ба асри шашуми пеш аз мелод рафта мерасад» (Бобочон Гафуров).

Ба дарачаи забони расмии давлати ва адаби бардошта шудани забони дари, аввалан, барои суст шудани забони ба мардуми махалли бегона — араби роли мухим бозида, ба ин восита умуман таъсири хилофатро дар хаёти иктисодию сиёсии мамлакат кам мекард. Сониян,  барои муттахид гардонидан ва пуркувват шудани истиклолияти халкхои хамнажоди махалли, масалан, бохтарихою сугдихо, омили тавоное буд. Бинобар хамин, таргибу ташвик ва пуштибонии забони дари барои мустахкам шудани мавкеъу нуфузи давлати Сомони аз вазифахои мухимтарини сиёси ба шумор мерафт.

Минбаъда забони форсии   дари дар Эрон, Шимоли Хиндустон, Ирок, Кафкоз, Туркия, Туркистон, Кошгар ва гайра пахн гардида, ба ин забон мероси муштараки илмию адабии ин халкхо офарида шуд, ки ифтихори чахониён мебошад.

Ин чо зикри як падида ногузир аст: дар карнхои IX- XI осори илми, баръакси осори адаби,  ки  ба  форсии   дари эчод мегардид, бештар ба араби навишта мешуд. Хамчунин, дар ин курун зардуштиёни эрони низ кувват  гирифта, чихати  эхёи  забони  пахлави  кушише  намуда, бар замми наскхои «Авасто» ва тафсирхои он, ба таълифи як силсила кутуби мазхабиву илми ба пахлавик нойил гардиданд, ки «Динкарт» мухимтарини онхосту аз нух чилд иборат асту одобу акоиду ривоятхои диниву асотириву вакоеъи таърихи (зиндагиномаи афсонавии Каюмарс, Чамшед, Гуштосп, Зардушт ва амсоли ин)-ро фаро мегирад. Ин китобро, ки аслан «Занд акосех» ном дошт, муъбадон ба тарзи шифохи хифз намуда, сина ба сина ва зина ба зина ба наслхои баъдина интикол медоданд. Озарфаранбаги писари Фаррухзод онро дар замони Халифа Маъмун (813—832) ба риштаи тахрир кашида, китобат намуда буд.

Китобхои дигари мухимми пахлави, ки дар ин замон тасниф шудаанд, инхо буданд: «Бундахишн» (оид ба офариниши чахон, таърих ва чугрофия), «Гузориши шатранг» (усули шатранчбози) «Ардавирофнома» (шеъри Зардушт), «Шкангумани вижор» (фикхи зардуштиён) ва гайра. Вале забони пахлави, ба иллати он ки осори дини мансуху акоиди мазхабиро фаро мегирифт, наметавонист бо забони форсии   дари, ки забони давлати, адабиёт ва илму мардум буд, муковимат кунад. Аз ии ру, бисёр донишмандон китобхои пахлавиро ба форсии   дари ва араби тарчума карданд. Хулласи калом, каламрави Оли Сомон дар карнхои Ш—IV хичри (IX—X мелоди) аз ободтарину фархангитарин кишвархои исломи ба хисоб рафта, Абуабдуллох ибни Ахмади Чайхони — вазири донишманди Наср ибни Ахмад (914—943) дар асари мазкури худ31, чунон ки болотар ишора рафт, ва даххои дигар муаррихону чугрофиёнигорону сафарноманависони пешину пасини худиву бегона дар сифати тамоми шахру вилоятхои сарзамини Сомониён маълумоти равшану муфассал дода, хар кадоме аз онхо ривочу равнаки камтар ё бештаре доштани ин ё он навъу намуду шохаи илму фарханги точикии ориёниро батафсил ракамбанди кардаанд, ки дар боло чамъи мухтасарашонро пешкаши хонандагони азиз гардонидем. Бад-ин маъни, дигар доир ба ободониву гановати сарзамини пахновари Сомониён суханро кутох карда, дар интихо навиштаи яке аз охирин тадкикот рочеъ ба мавзуъи бахси мо — «Эрон дар замони Сомониён»-и окои Чаводи Харавиро хулосавор зикр менамоям: «Дар нохияи Мовароуннахр шахрхои Самарканду Бухоро ба сони ду гавхар дурахшидаву доройи кидмати бас деринаву кухане дар таърих низ будаанд. Аз тарафе, ба далели карор гирифтан дар канори руди Сугд аз хуррамиву сарсабзии хосе низ бархурдор будаанд. Дар ибтидои кудратёбии Сомониён шахри Самарканд ба унвон макарри хукумат ба хисоб мерафт. Вале бо марги Наср (279 х.) пойтахт ба Бухоро интикол дода шуду Амир Исмоили Сомони шахри Бухороро равнаку вусъати фаровоне бахшид. Батадрич Бухоро ба унвони яке аз мухимтарин  шахрхои   Эрон   шинохта    шуду   бо   Багдод   —   маркази  Хилофати  Аббоси  куси бародари зад, маркази донишмандону уламову адибон гардид». 

 

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …