Главная / Гуногун / ВАЗЪИ СИЁСИЮ ИКТИСОДИИ СУРИЯ, ЛУБНОН, ФАЛАСТИН ВА ИРОК (асри 19)

ВАЗЪИ СИЁСИЮ ИКТИСОДИИ СУРИЯ, ЛУБНОН, ФАЛАСТИН ВА ИРОК (асри 19)

Дар нимаи дуюми асри XIX-то солхои 90-ум дар иктисодиёти Сурия, Лубнон ва Фаластин сармояи хоричи, алалхусус сармояи Фаронса мавкеи хукмронро ишгол мекард. Давлатхон империалисти муттасил ин музофотхои империяи Усмониёнро ба манбаи ашёи хоми кишоварзии саноати, сохаи маблаггузори ва бозори фуруши молхои худ табдил медоданд. Сурия ва Лубнон махсулоти меваги, канди найшакар, загирпоя, тамоку, пахта ва барои саноати бофандагии Англия ва Фаронса калобаи абрешим истехсол мекарданд.

Системаи бонкии ин давлатхо низ аз тарафи сармояи хоричи назорат карда мешуд. Дар Сурия, Лубнон ва Фаластин шуъбахои сершумори бонки Оттоман ва бонкхои Англия ва Германия кор карда, даромади калон мегирифтанд, аз он чумла, бонки Англия – Фаластин, Бонки тичоратии Фаластин, Бонки Салоника, Бонки карздихии Лион, Бонки германиявии Шарк, Бонки фаластинии Германия, Корхои марбут ба сугурта аз тарафи австриягихо назорат карда мешуданд. Ширкатхои хоричи киштигардии бахрии ин давлатхоро низ ба даст дароварда буданд.

lebanon

Зулми шадиди Туркияи султони ва асорати хоричи ба он оварда расонд, ки Сурия, Лубнон ва Фаластин ягон хел саноати пешкадам надоштанд. Устохонахои мавчудаи хурд асосан ба коркарди аввалияи ашёи хоми кишоварзи машгул буданд.

Дар нохияи аз чихати стратеги мухими Фаластин, ки ба мавзеи Канали Суэтс хамчавор буд, манфиатхои мамлакатхои пуриктидори империалисти бо хам бархурда буданд. Хар яки онхо кушиш мекард, ки вазъи фаркияти динии махалро дар ин нохия барои мустахкам кардани мавкеи худ истифода барад. Гайр аз ин ширкатхои гуногуни хоричи ва макомоти молиявии сионисти ба харидани заминхои помешикхо ва кишоварзони араб шуруъ карда буданд. Дар охирхои асри XIX дар ин заминхо бошишгоххои зиёди мухочирони яхудии германияви сохта шуданд. Ин кор огози мустамликагардонии сионисти ва германии заминхои Фаластин буд. Марказхои мухочирони мустамликачиёни германияви дар Фаластин хамчун рохи мухими дар ин минтака пахн кардани таъсири Германия истифода бурда мешуданд.

Дар чоряки охирини асри XIX ва огози асри XX ба Ирок воридшавии ширкатхои инхисории хоричи сурат мегирад. Наклиёти бахру дарёгарди, кори бонки, тичорати хоричи ва саноати коркарди аввалияи ашёи хом ба зери назорати сармоядорони европави ва пеш аз хама, ба зери назорати сармояи англиси медаромаданд. Киштигардии дарё тавассуги Дачла ва Фурот ва Шатт-ул-Арабро аз соли 1861 ширкати англисии Линч ба даст даровард. Он соли оянда алокаи бахрии байни Хиндустон ва бандархои халичи Форсро баркарор кард. Дар солхои 90-ум дар ин мамлакат наздики 10 ширкати наклиёти хоричи фаъолият дошт. Дар огози асри XX ширкати англиси киштагардиро дар Дачла пурра инхисори худ кард. Англисхо дар Ирок хати телеграф хам сохтанд. Дар асоси сармояи англиси дар Багдод ва Басра шуьбахои бонки Оттоман кушода шуданд.

Англисхо дар Ирок хучаини ягона набуданд. Ба онхо лозим меомад, ки барои манфиатхои худ бар зидди сармоядорони Фаронса, Белгия ва Италия мубориза баранд. Вале дар ин мубориза ракиби асосии англисхо империализми Германия буд. Юнкёрхо ва сармоядорони немис накшаи мустамликагардонии музофотхои осиёии империяи Усмониёнро мекашиданд ва орзу доштанд, ки Ирокро ба макони галла ва киштзорхои пахтапарварии худ табдил диханд.

Ба доираи тичорати чахони кашида шудани Ирок ва афзоиши содироти махсулоти кишоварзи истехсолоти кишоварзии онро то як дарача ба пеш харакат доданд. Вале Ирок мисли пештара мамлакати кишоварзии дорои техникаи акибмонда ва усулхои каммахсули хочагидори мондан гирифт. То огози Чанги якуми чахони ин давлат ниммустамликаи империализми англис шуд.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

42_ethiopia-history10e

Ракобат барои хукмрони дар Хабашистон

Мубориза барои дар Хабашистон хукмрони кардан дар байни хокимони се вилоят сурат гирифт. Яке аз …