Главная / Гуногун / ВАЗЪИ АДАБИ: Дар замони хукмронии араб

ВАЗЪИ АДАБИ: Дар замони хукмронии араб

Ачдоди халки точик дар давоми тамоми 200 соли хукмронии араб хеч гох аз идомати фаъолияти илмию адаби даст накашидаанд. Дар аввал адибони эронинажод на факат дар марказхои хилофат, балки  дар саросари Эрону Хуросону Вароруд ба забони араби эчод мекарданд.50

Мардуми эронинажод аз кадимтарин ахолии кураи арз буда, дар ибтидо аз Хиндукуш то сохилхои Дон, аз  бахри  Хазар   то Дачлаву Фурот    ва    дар Машрик то Исфичобу Халлух сукунат варзида, бохтарихо,  хоразмиён,  сугдихо,  форсхо,    сакоихо,    скифхо, сарматхо,  тахориён ва  кавмхои    дигари    эронинажод дар  сарзаминхои  нопайдоканоре зиста, ба забонхои ба хам наздик такаллум мекардаанд. Ин мардумон, ки аз ибтидо бо Бобулу Миср, Хинду Чин, Юнону Рум, баъдхо  бо   Риму  Арабу  Турк   робитахои  фарханги доштанд, адабиёти гании шифохиву хаттие ба вучуд оварда   буданд, ки  то  имруз   машхури    оламиён  аст. Аммо эчодкорони асосии ин адабиёти чахоншумул, ки дар бунёди он халкхову кавмхои зиёде сахм  гузоштаанд, точикон, яъне эрониёни шарки, ва форсхо, яъне эрониёни гарби, мебошанд. Аз ин чихат, адабиёти форсизабони   асрхои     IX—ХУ-ро   бисёрихо     (С.   Нафиси, С. Айни, П. Н. Хонлари, Е. Э. Бертелс, Ян Рипка    ва дигарон) бархак адабиёти форсу точик меноманд. Таърих гувох аст, ки адабиёти форсу точик аз кадимтарин ва  ганитарин  адабиёти дунёст, ки  аз  ривоятхо, устурахо, мифхо, киссахо, достонхо, сурудхо, чомахо, таронахо, чакомахо, дубайтихо, афсонахо, латифахо, масалхо, маколу зарбулмасалхо ва  амсоли  инхо саршор буд. Афсонаи  «Гурзод»,  ки  баъдхо чун «Гайбзод» ва сипас бо номи «Гуругли» машхур гардидааст, устурахо, сурудхои мехнатию маросими ва гайра пиндори мардумро дар  бораи  бахту саодат ва орзуву омоли эронинажодон ифода намуда, дар онхо тасаввуроти мардум оид ба ашёи атроф, ходисахои табиат, обу замин, борону абр, раъду барк, кайхону коинот, дарду дармон, хаёту марг, зиндагии он дунё ва монанди инхо инъикос ёфтаанд.

Ин кабил гуфтахо аз дахон ба дахон гузашта, дар ёди синахо махфуз мемонданд.

Наклу ривоятхои ниёгон рочеъ ба офаридгори пок Яздон, Ахурамаздо, Ардависура, Анахито, Митра  (Мехр, Хуршед), Ангни  (Огонь, Оташ), Мох ва амсоли инхо акоиду эътикодот ва чахонфахмии эронихоро тавчех медиханд. Устурахо доир ба нахустин инсони руйи замин    Каюмарс, пайдоиши аввалин чуфти одами (Майа ва  Машйонак), киссахо оид ба подшохони одилу халкпарвар Хушанг, Чамшед ва Фаридун, достонхои кахрамонии пешвоёни халк Рустаму Коваи охангар, фочиахои дилхароши саргузашти Сухробу Сиёвуш, даъвати пайгамбарон  Гаршосп,    Зардушт, Мони ва Маздак, ки  хама ба тарзи худ чун намояндахои нерухои Неки ва Рушнои амал карда, ба мукобили куввахои Бади ва Зулмат, ки тимсоли хулки ношояманд, Ахриман, Дуруг, Арчосп, Афросиёби гунахгори    марг, Заххоки морон,  ки хамеша  ба  магзи сари    инсон,  ки рамзи хираду дониш аст, тахдид мекунад, алайхи  шохони  золиму  хунхор,  горатгарону  истилогарони ачнаби, сахронишинони  рохзан, деву ачинаи хаёли, чодугарону сохирон ва гайра мубориза бурда, дар нихояти кор пируз  мегардиданд.  Ривоятхо дар  бораи Симургу Самандар хеле дилангезанд.  Намунахои  бехтарини  адабиёти шифохи   (фолклор)  ба адабиёти хатти гузашта, бунёду бунлодвор адабиёти форсиро    чун  яке аз ганитарин адабиёти олам ба вучуд овардаанд.

Намунахои кадимтарини адабиёти бостонии форсу точик дар хазорсолаи дувуми кабл аз мелод арзи вучуд намуда, «Готхо»-и «Авасто» хануз дар асрхои ХП—Х-и кабл аз мелод эчод гардидаанд, ки фарогири андешахои пайгамбари эронинажодон Зардушт мебошанд. «Корномаи Доро» ва «Аёткори Зарирон» (асри V кабл аз мелод), «Зариаф ва Одатида» (асри IV кабл аз мелод), «Корномаки  Артахшери Попакон» (асри VI), ки саргузашти асосгузори хонадони Сосони Ардашери Бобакон (224- 241) аст, «Аржанг»-и Мони (215—276), «Пандномаки Анушакравон»   (асри VI), тахриру тадвини  чандинкаратаи «Худойномак»,  асари сугдии «Достони  Рустам» (асри VII)  ва гайрахо     намунахои барчастаи адабиёти Эрони бостон ва мардуми точик мебошанд, ки  дар онхо набарди хамешагии ду мабдаъи зидди якдигар —

Неки ва Бади ва Рушноиву Торики тачассум ёфтааст.

Дар асри VI асархои зиёде аз хинди («Калилаву Димна», «Синдбоднома»),   юнони   (асли   «Вомику Узро», «Саломону Абсол»), лотини ва гайра дар Тайсафун,   Гунди Шопур,   Балх,  Хирот,  Марв,  Самарканл, Сугд ва гайра ба пахлавиву сугди баргардонида шуда буданд. «Хазор афсона», ки аслан манбаъи форси дошт, хануз пеш аз истилои араб мураттаб гардида, дар асри IX ба  забони  араби тарчума шуда,  баъдхо  бо номи «Хазору як шаб» дар  саросари чахон  машхур гашт.

Эрону Хуросону Мовароуннахр дар тули се асри аввали ислом макони ривочи динхои мухталиф буда, дар ин кишвархо дини ислом, ойини зардушти, кеши монави, мазхаби исави, маслаки яхуди ва дар баъзе чойхо, хатто, таълимоти буддои ва эътикодоти хинди амал мекард.  Барои нашри  афкору таргиби  акоиди худ мубаллигини ин  адёну мазохиб  забонхои  араби, пахлави, сурёни, санскрит ва гайраро ба кор мебурданд. Дабистону дабиристонхо,  мадрасаву  масчидхо,  оташкадаву дайру  китобхона ва  амсоли инхо чун конунхои бахсу ташвики андеша ва марказхои эчоди шинохта  шуда  буданд.  Аксари китобхои  пахлави    баъдан, дар асрхои УШ—IX, ба араби наклу баргардон шудаанд.

Фотихони  араб  бо тамоми хасти кушише ба  харч додаанд, ки забону фарханги эрониро билкул аз руйи замин бардоранд. Ва бо ин нийят дар сарзамини точикону кулли эрониён расман хатту алифбои араби ва забони тозиро  чори  намуданд.  Баробари  густариш    пазируфтани ислом дар  Мовароуннахру Хуросон  аксари  ривоятхои Куръон дар бораи хилкати Оламу Одам, киштии Нух, киссахои  Юсуфу   Сулаймон,  Асхоби   кахф,   масалхои араби рочеъ ба хашароту паррандахо ва хайвонот, мурги Какнус (Феникс), бихишту дузаху миъроч ва гайра ба фолклору адабиёти китобии форсу точик ворид шуда, дар катори дигар унсурхои адабиёти Эрони бостон карор фаро гирифтанд.

Бале, дар давоми 200 соли хукумати араб мардумони эрони хеч гох аз идомату тарвичи фаъолияти илмии худ бознаистодаанд. Мардуми    махалли дар вилоятхои гуногун ба лахчахои сугди, хоразми, тахори, табари, курди, озари, рози, кирмони, лури, форси (нохияи Форс), форсии   дари ва гайрахо асар меофариданд. Таълиф ба    забони пахлави давом дошта, дар асри IX хеле авч гирифт. Лекин аксари нависандахо ба забони адабии умуми, яъне форси, сухан рондаву асар менавиштанд. Аввалин уламову удабои форсигуй Абумухаммади Балъами,  Абумансури  Дакики,  Абулкосими   Фирдавси ва Носири Хусрав забони осори худро «форси», «порси», «форсии   дари», «дари» номидаанд, аммо мардуми кишвари бекарони ориёи ба лахчахои зиёди махалли  таронаву  бадеха     суруда,  киссаву  афсона  мегуфтааст. Рочеъ ба зухури вожаи «дари» фикру андешахои мухталиф вучуд доранд, аммо мо бар он хастем, ки «дари» бо калимаи «дарбор», ки мушаввику мураввики забони адабии китоби буд, беалока нест. Бо ин хама, кабл аз сабзишу густариши адабиёти вижаи форсизабон адабиёти гании арабизабони мардуми эрониюласл арзи вучуд кард, ки  шомилу шолудаи пиндори неки  сохибонаш будааст.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …