Главная / Илм / ВАЗОПРЕССИН

ВАЗОПРЕССИН

vazopresinВАЗОПРЕССИН (аз лот. vas – раг ва pressus – фишор), гормони пептиди, ки дар хучайрахои гипоталамус хосил мегардад. В. тавассути наххои бандчаи гипоталамусу гипофизи ба хучайрахои хиссаи кафои гипофиз дода мешавад. В. обро дар организм нигох дошта, ба рагхои хун таъсири ангезишовар мерасонад.
В. вобаста ба талаботи органзим ба мачрои хун гузашта, барои дар савияи зарурии физиологи нигох доштани мубодилаи обу намак кумак мерасонад. Бисёр рост истодан, бехад гарм будани хаво, шуру гавго, дард, зикки, кори вазнини чисмони, талафи обу хун дар организм ба мачрои хун ворид шудани В.-ро зиёд мекунад. Дароз кашидан, хунук будани хаво, бисёр ошомидани об ва истеъмоли машруботи спиртдор чараёни хосил шудану ба хун гузаштани В.-ро фуру менишонад.
Дар мавриди ихтилоли синтези В. диабети беканд рух менамояд. Хангоми дар организм зиёд хосил шудани В. антидиабети гайриканди ё синдроми Пархон ба вукуъ мепайвандад. Дар хуни одамони солим факат изи В. (дар 1 мл хун такр. 4 микровохид), дар микдори шаборузии пешоб бошад, 40 – 60 микровохиди гормони мазкур мавчуд аст.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …