Главная / Илм / ВАЗНИ ОДАМ

ВАЗНИ ОДАМ

vazni-odamВАЗНИ ОДАМ (Pondus corporis), массаи тани одам, нишондоди антропометрие, ки бо рохи баркашидан бо максади бахо додан ба инкишофи чисмони, тагзия ва холати саломати амали гардонда мешавад. В. о. ба колбад (чусса), чинс ва синну сол вобаста аст. Вазни тан нишондихандаи нисбии инкишофи чисмони ва вазъи тандурустии одам мебошад.
Хар шахс вазни худро бояд назорат кунад Харчанд одам вазни хос дорад ва он тагйир ёфта меистад, меъёри муайяни вазн (вобаста ба синну сол, чинс ва диг. хусусиятхо) мукаррар карда шудааст. Мас., барои кудаки синни то 4-сола, ки вазни баданаш аз дарачаи инкишофи чисмонии у аник гувохи медихад, чунин меъёр мукаррар шудааст (чадвали 1). Одатан, падару модарон танхо тагйири вазни солхои аввали хаёти кудакон (хусусан синни ширмаки)-ро бо диккат назорат карда, ба вазни кудакони синнашон калонтар кам ахамият медиханд. Аз ин ру, бо меъёри вазни кудакони синнашон калонтар низ шинос шудан мувофики максад аст (чадвали 2). Ин меъёр баъди муоинаи кудакони синнашон гуногун аз чониби мутахассисон (педиатрхо, антропологхо, физиологхо ва г.) тартиб дода шудааст.
Чадвали 1.
Вазни кудакон дар давраи се соли аввали хаёт (ба хисоби грамм)

Син Писарбачахо Духтарбачахо
Навзодон 3500 ± 450 3300 ± 4600
1 – моха 4300 ± 650 4100 ± 5500
2 – моха 5300 ± 750 5000 ± 550
3 – моха 6300 ± 750 600 ± 5500
4 – моха 6900 ± 750 6500 ± 800
5 – моха 7800 ± 800 7400 ± 950
6 – моха 8700 ± 750 8000 ± 950
7- моха 8900 ± 1000 8300 ± 950
8- моха 9500 ± 1000 8500 ± 1000
9- моха 9900 ± 1200 9300 ± 1000
10- моха 10 400 ± 1200 9500 ± 1300
11- моха 10 500 ± 1000 9800 ± 1000
12- моха 10 700 ± 1200 10100 ± 1200
15- моха 11 400 ± 1300 10500 ± 1300
18- моха 11 800 ± 1200 11400 ± 1100
21- моха 12 700 ± 1400 12300 ± 1400
24- моха 13 000 ± 1200 12600 ± 1800
30- моха 14 000 ± 1300 13900 ± 1600
36- моха 15 000 ± 1700 14900 ± 1500

Дар айни хол акселератсия низ дар мадди назар мебошад. Аз ин ру, дар чадвал хам нишондихандаи вазн ва хам нишондихандаи кад оварда шудааст.
Агар вазни кудак нисбат ба нишондоди чадвал андаке кам ё зиёд бошад, ин нишонаи ягон бемори набуда, ба хусусиятхои сохти бадан (дарачаи инкишофи мушакхо, устувории бофтаи устухон ва г.) вобаста аст. Дар давраи босуръат кад кашидан (7 – 8 ва 12 – 14-солаги), вазн аз меъёр дур мешавад. Вале аз меъёр 15 – 20% зиёд гаштани вазн аломати фарбехии дарачаи якум, 20 – 50% дарачаи дуюм ва 50 – 100% ва бештар аз он дарачаи сеюм ва чорум мебошад.
Афзудани вазн чандон зиёд нест, вале фарбехии дарачаи якум торафт меафзояд, ки хавфи чидди дорад. Якум, он барои дилу рагхо тахмили зиёдатист ва боиси баланд шудани фишори хун мегардад (ниг. Бемории гипертония). Кудакони фарбех хаста, дарди сар ва бехол мешаванд. Фарбехи ба узвхои такяю харакат низ таъсири манфи мерасонад, чунки устухонхо, бандакхо ва бофтаи тагояк хануз ноустуворанд. Пас, вазни зиёдатии кудаки «фарбехак» гайритабиист ва ба устухонбандии у таъсири ногувор меорад. Дуюм, чунин кудакон аз фарбехии худ дар назди дигарон дар хочилат мемонанд, инчик, гирёнчак, тундмизоч ва рухан дар азоб ба воя мерасанд.
Зиёдии вазн бештар аломати ихтилоли мубодилаи моддахо, фаъолияти системаи узвхои эндокрини ва г. мебошад. Бинобар ин агар вазни кудак ногахон афзояд, аз духтур (педиатр, эндокринолог ва г.) маслихат гирифтан зарур аст.
Чадвали 2
Вобастагии вазни бадан (бо кг)
аз кад (бо см) дар кудакони синни 4 – 15-сола

Синну сол Вазн Кад
писарбачахо духтарбачахо писарбачахо духтарбачахо
4 – сола 15,5 – 18,9 14,4 – 17,9 98 – 107 95 – 106
5 – сола 17,4 – 22,1 16,5 – 20,4 105 – 116 104 – 114
6 – сола 19,7 – 24,1 19,0 – 23,6 111 – 121 111 – 120
7 – сола 21,6 – 27,9 21,5 – 27,5 118 – 129 118 – 129
8 – сола 24,1 – 31,3 24,2 – 30,8 125 – 135 124 – 134
9 – сола 26,1 – 34,9 26,6 – 35,6 128 – 141 128 – 140
10 – сола 30,0 – 38,4 30,2 – 38,7 135 – 147 134 – 147
11 – сола 32,1 – 40,9 31,7 – 42,5 138 – 149 138 – 152
12 – сола 36,7 – 49,1 38,4 – 50,0 143 – 158 146 – 160
13 – сола 39,3 – 53,0 43,3 – 54,4 149 – 165 151 – 163
14 – сола 45,4 – 56,8 46,5 – 55,5 155 – 170 154 – 167
15 – сола 50,4 – 62,7 50,3 – 58,5 159 – 175 156 – 167

Вазн дар одамони калонсол хам тагйир меёбад. Он ба каду комат, синну сол ва холати тандурусти вобаста аст. Барои аник кардани меъёри В. о.-и солим сохти баданро ба назар мегиранд. Он се намуд дорад: астенияви, нормостенияви ва гиперстенияви. Ба астеникхо хароби, кафаси синаи борику дароз, мушакхои сусту бекувват, ба нормостеникхо кафаси синаи фарох, шонапахни, мушакхои пуркувват, ба гиперстеникхо тануманди, фарбехи хос аст. Дар чадвали 3 меъёри вазн вобаста ба намуди колбуд ва дарозии кад оварда шудааст. Ин маълумот барои одамони 25 – 30 сола аст (баъди хар дахсола 1 кг зам мешавад).
Чадвали 3.
Вобастагии вазни бадан (бо кг) аз каду комат (бо см)
дар мардхо ва занхои чуссаашон астенияви (I),
нормостенияви (II) ва гиперстенияви (III).

Каду
комат Мардхо Каду
комат Занхо
Вазн Вазн
Чусса Чусса
I II III I II III
155 49,0 56,0 62,0 150 47,0 52,0 56,5
160 53,5 60,0 66,0 155 49,0 55,0 62,0
165 57,0 63,5 69,5 160 52,0 58,5 65,0
170 60,5 68,0 74,0 165 55,0 62,0 68,0
175 65,0 72,0 78,0 170 58,0 64,0 70,0
180 69,0 75,0 81,0 175 60,0 66,5 72,0
185 73,5 79,0 85,0 180 63,0 69,0 75,0

Агар намуди каду комат аник набошад, чунин формуларо кор мефармоянд:
Вазн ба хисоби килограмм
––––––––––––––––––––––––––––
Кад ба хисоби детсиметр
Агар хосили таксим 2,8 – 3,1 шавад, вазни кам, 3,2 – 4,3 вазни муътадил ва 4,4 – 5,3 фарбехиро нишон медихад. Ба ин максад аз тарзи диг. хисоб низ истифода мебаранд. Мас., аз руи усули Брок вазни мукаррарии одами калонсол дар сурати аз дарозии кад (ба хисоби см) 100 вохиди шарти кам кардан, хосил мешавад. Инчунин диг. ченакхое низ мавчудаанд, ки дар асоси онхо инкишофи чисмонии одамро муайян месозад. Мас., аз руи усули Пине аз дарозии кад (ба хисоби см) хосили (суммаи ) кимати васеъгии кафаси сина (ба хисоби см) ва кимати вазн (ба хисоби кг)-ро тарх мекунанд. Дар ин хол бузургии нишондоди адади хар кадар хурд бошад, организми одам низ хамон кадар хуб инкишоф ёфтааст. Агар ин бузурги аз 10 хурд бошад, тан пуркувват, аз 25 калон бошад, организм заиф аст.
Харчанд, ки усули хисоб мувофики максад аст, истифода аз чадвалу номограммахое, ки дар асоси муоинаи одамони синну сол ва саломатиашон гуногун тартиб дода шудаанд, бехтар мебошад. Аз меъёр хеле кам ё баръакс, зиёд шудани вазн хавф дорад. Мас., камии вазн мумкин окибати ихтилоли фаъолияти узвхои хозима, силсилаи асаб ё гадудхои усораи дохили, зухуроти беморихои хавфнок ва сирояти бошад. Фарбехи низ чоиз нест. Он пеш аз хама аломати пир шудан аст. Ба берабтии кори дилу рагхо, фишори баланди хун, зики дил, атеросклероз бештар одамони фарбех гирифтор мешаванд.
Зиёдии вазн умрро кутох мекунад (ниг. Фарбехи). В. о. тамоми умр тагйир меёбад. Он хам ба чинс ва синну сол ва хам ба фаъолияти кор, тартиб ва сифати хурок, тагйири иклим вобаста аст. Агар сабаби зиёдии вазн пурхури бошад (хусусан дар кудакон ва одамони аз 40 – 45-сола боло), пас бо маслихати духтур истеъмоли ширини, нон ва диг. гизохои серангиштоб ва серравганро кам кардан лозим аст (ниг. Пархез, Тагзия). Дар мавриди фарбехие, ки ба гизо ва камхаракати вобаста нест, бо духтур маслихат бояд намуд.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …