Главная / Илм / ВАЗН – ЧЕН КАРДАНИ ВАЗНИ ЧИСМ

ВАЗН – ЧЕН КАРДАНИ ВАЗНИ ЧИСМ

Агар муаммои зеринро дарёбй, ту номи он асбоберо, ки дар хаёти рузмарра ба кор меояд, пайдо карда метавонй: «Ду хохар хеле чумбиданд, хакикатро чустучу карданд, вакте дарёфтанд, таваккуф карданд». Ин чист? Тарозухои фишангдор.

Истифодаи тарозухои фишангдор боис ба тавсифи асосии хама ашёчен кардани вазни онхо шуданд.

ЭталонДар яке аз чисм – одам, миз, Замин, катраи об ва гайра дорои вазн мебошанд.

Ин андозаест, ки хосияти чисмро ифода мекунад. Хамчун вохиди вазн килограмм (мухтарасар, кг) кабул шуда буд. Килограмм – ин вазни эталонест (намуна), ки бисёр дакик омода шудааст. Эталон аз гудохтаи чунин ду филиз: платина ва иридий иборат мебошад.

Мисоли вазни баъзе аз чисмхо

Чисмхо Вазни онхо
Колибри (паррандаи аз хама кучаки пару болаш зебо) 1700 мг
Ангур 3 г
Туби футбол 400 г
Фил 4500 кг
Наханги аз хама бузург 150 000 кг
Автомобили «Запорожест» 740 кг
Нахустин хамсафари маснуъии Замии 83,6 кг

Эталон ё намунаи килограмм дар шахри Севре (наздики Порис) -и Фаронса нигох дошта мешавад. Нусхаи дакикияти олии эталони вазн барои дигар кишвархо сохта шудааст. Хамчунин вохидхои вазни назар ба калограмм кам ё зиёд низ истифода мешаванд.

Вазни чисмро бо ёрии тарозухои фишангдор ва донасангхо (расми 18) муайян мекунанд. Барои он ки чен карданро ёд бигиред, бояд коидахои ченкуниро каблан биёмузед.

КОИДАХОИ ВАЗНЧЕНКУНИ

  1. Тавозуни тарозухоро то ба вазнченкуни бисанчед. Агар тавозунро танзим додан лозим бошад, ба паллаи он тарозу, ки кам аст, андак когаз, картонпора ва гайра бояд гузошт.
  2. Бори бармекашидагиро дар паллаи чапи тарозу ва дар паллаи роста он сангхоро бояд гузошт.
  3. Бинобар риоя накардани ин коидахо дар аксари мавридхо, сангхои хурд на- мерасанд ва мачбур мешаванд, то борро дубора баркашанд.
  4. Агар санг паллаи тарозуро ба суи худ кашад, бояд онро аз палла гирифта, дар футляр, яъне коби он чойгир кард.
  5. Агар ба суи худ накашад, онро бояд ба палла гузошт. Сипас сангхои вазнашон худро бояд гузошт.
  6. Дангоми баробарвазнии палахои тарозу, вазни умумии сангхои дар палла бу- даро хисоб бояд кард.

Сипас сангхоро ба чойи худ, ба коб бояд гузошт.

Мустакилона вазни ашёхои бароятон чолибро муайян кунед. Дар ин маврид коидахои вазнченкуниро риоя намуда, натичахои вазни баркашидашударо дар то- блуи 6 нависед.

Мукоиса кунед:

  1. Вазни кадом чисм аз хама бузург буда, вазни кадом чисм аз хама кучак мебошад?
  2. Оё чисмхои хамвазн вучуд доранд?

Супориш.

  1. Вазни худро тавассути тарозу муайян кунед

Пурсишхо

  1. Дар бораи мохияи вазн дар хаёт накл бикунед.
  2. Бо воситаи чй вазни ашё чен мешавад?
  3. Хамчун вохиди вазн чй кабул гардида буд?
  4. Эталони байналмилалии вохиди вазн дар кучо хифз мешавад?
  5. Як тонна ва як сентнер чанд килограммй мебошанд?
Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

litosfera

СОХТОРИ ЛИТОСФЕРА

Дар параграфи пешина мо кайд кардем, ки литосфера (аз калимаи юнонии lithos – санг ва …