Главная / Маданият ва санъат / ВАРЗИШИ ТОЧИК – ИФТИХОРИ ХАЛК

ВАРЗИШИ ТОЧИК – ИФТИХОРИ ХАЛК

Тарбияи чисмони ва варзиш ба хаёти халки мо ворид гардида, кисми таркибии хаёти харрузаи мо шудааст. Хукумати мо варзишро чун кори мухими давлати, чун кисми чудонашавандаи тарбияи оммавии ичтимои – сиёси ва фарханги барраси менамояд ва барои инкишофи доимии он гамхори зохир менамояд. Варзиш воситаи халкунандаи вазифахои мухим, чун афзоиши фаъолияти кори, истехсоли, хифз ва мустахкамкунии саломатии одамон гардидааст.

Дилшод
Сурати Дилшод Назаров

Аз махфили аввалини варзиш, аз иншооти нахустин то базихои варзишии олидарача, ки холо дар чумхурии мо мавчуд аст, шаходати баркароршавии варзиш дар замони мо мебошанд.

Холо дар хидмати хонандагон, наврасон, чавонон майдонхои бархаво, толорхои варзиши, садхо майдони футбол, баскетбол, волейбол карор доранд.

Касри теннис

Махорати касбии варзишгарони мо боло меравад, кадамхои нахустинро дар фахми варзиш онхо аз мизи мактаби огоз менамоянд.

Чумхурии мо сол то сол на танхо устодони варзиш, балки устодони варзиши шоиста ва устодони дарачаи байналхалки тайёр менамояд. Устохонаи варзиши ботадрич суръати олимпиро дар харакати варзиши вусъатмебахшад.

Мо кахрамонхои чахон ва олимпиада дорем.

Дилшод Назаров (Назаров Дилшод Чамолиддинович; 6 майи соли 1982, Душанбе) — гурзпартои точик, чемпиони олимпи дар бозихои Рио-де-Жанейро, барандаи медали нукраи мусобикаи карамонии чахон дар соли 2015 (Пекин, Чин), голиби Бозихои осиёии солхои 2006, 2010 ва 2014, кахрамони секаратаи Осиё (2009, 2013, 2015), кахрамони дукаратаи Осиё байни наврасон (1999 ва 2001), Устоди шоистаи варзиши Чумхурии Точикистон.

Саидмуъмин Рахимов. Мухорибаи нахустини худро дар зурозмоии гуштингири бо ракиби аз худ якчанд сол калонтар гузаронида, зери карсакхои дустонаи чамъомадагон голиб омад. Дар соли 1971 С. Рахимов голиби Спартакиадаи XI-и Точикистон гардид, ки ба унвони олии варзиши – Устоди варзиш оид ба гуштини милли сарфароз гашт. Ин муваффакияти аввал писарбачаи 14-соларо рухбаланд сохт ва минбаъд у пурра ба варзиш машгул гашт. Дар соли 1972 у ба гуштини самбо гузашт.

Машгулиятхои тулони, саъйу кушиш ва ирода ба галаба, техникаи баланди устоди боис шуд, ки С. Рахимов кахрамони чахон гардад (соли 1975, Минск). Барои комёбихои калон дар варзиш у ба мукофотхои хукумати, тухфахо ва чоизахо мушарраф гардидааст.

Иброхим Хасанов шунидани киссахои падар рочеъ ба варзиш, омодасозии варзишгарон, сафорои, намоишхои варзиширо дуст медошт. Падари Иброхим Ризо Иброхимов ширкаткунандаи нахустин мусобикахо дар чумхури буд, дар намоиши варзишии шахри Маскав баромад намуда буд.

Тааччубовар нест, ки хамаи фарзандони Ризо Иброхимович – Вячеслав, Мая ва Иброхим ба варзиш машгул шуданд.

Руз то руз, мох ба мох, дар хама гуна вазъи боду хаво: зимистон, борон, барф ва гайра Иброхим машку тамрин мекард. Муваффакият уро маътал насохт – баъд аз якуним сол ба Хасанов унвони Устоди варзиши СССР дар каикрони дар байдарка супорида шуд.

Якумин иштироккунандаи бозихои XVII –уми олимпи дар Рим (соли 1960, Италия) байдарка, иштирокчии бозихои XVIII –уми олимпи дар Токио (соли 1964, Япония), байдарка, иштирокчии бозихои XIX олимпи дар Мехико (соли 1968, Мексика).

Медали аввалини чемпиони мамлакатро Иброхим Хасанов дар соли 1959 дар Спартакиадаи халкхои Иттиходи Шурави гирифт. Баъдан ба он боз 11-тои дигар илова намуд. Дар соли 1962 дар сахнаи варзиши умумичахони ба комёбии бузург ноил гардид. Дар чемпионати чахон сохиби чоизаи нукрагин шуд. Устоди шоистаи варзиш, тренери шоистаи Чумхурии Точикистон, ситораи рохнамо барои варзишгарони мо гардид.

С а и д м у ъ м и н Р а х и м о в Иб р о х и м Х а с а н о в

Юрий Лобанов. Дар мохи июли соли 1971 дар Маскав дар байни истеъдодхои чавон ситораи завракрон аз Душанбе Юрий Лобанов равшан фурузон гашт.

Мукофоти нахустини худ – медали биринчиро Юрий дар 19-солаги дар Спартакиадаи каикронони чавон гирифта буд.

Кахрамони хашткаратаи чахон ва Аврупо (солхои 1973-1979), кахрамони дувоздахкаратаи Иттиходи Шурави, кахрамони бозихои XX олимпи, Мюнхен (Олмони Федерол), 1972, иштирокчии бозихои XXII Олимпии Маскав (Иттиходи Шурави), 1980, каноэ-дукаса, барандаи чоизаи биринчи, Устоди шоистаи варзиш. Барои комёбихо дар варзиш бо ордени Шараф сарфароз гаштааст.

Дар канали Фелдмохинг суруди милли ба муносибати голибон садо дод. Дар чойи фахри Юрий Лобанов бо медали олимпии тиллои истода буд, якчо бо шарики худ дар каноэ-дугона Владос Чесюнас, онхо дар гашти финали голиб омада, бехтарин устодони курраи заминро гашта буданд.

Устоди хизматнишондодаи варзиш, Устоди варзиши дарачаи байналхалки, Довари хизматнишондодаи Чумхурии Точикистон у хамеша дар саф аст ва ба ёрии варзишгарони кави мешитобад.

Зебуннисо Рустамова ифтихори варзиши точик аз руи тирпарони аз камон, устоди дарачаи байналхалки варзиш, довари хизматнишондодаи Чумхурии Точикистон, дорандаи чоизаи биринчии Бозихои XXI олимпи

(17 июл – 1 августи соли 1976, Монреал).

Аз бародари худ Хомидчон ва тагояш Абдукодир Зебуннисо фахмид, ки дар майдони «Динамо» шуъбаи нави варзиши – тирпарони аз камон

ифтитох ёфтааст. Духтар карор дод, ки кувваи худро санчад, зеро тамошои он дар майдони футбол, ки дар он бехтарин аз бехтаринхои чумхури машк мекарданд, мафтун сохта буд. Нишонахои равшан, ки ба он тирхои

тез мехалиданд, диккати уро чалб намуданд. Мусобикахои аввалин дар шахри Тула гузашта, ба руи Зебунисо дар варзиши калон рох кушод. Бахор дар мусобикахои умумииттифокии тирпаронони чамъияти «Динамо», ки дар Сухуми баргузор гардид, у меъёри Устоди варзиши ИЧШС-ро ичро кард.

Дар мусобикаи мамлакат, ки дар Кишинёв аз руи тирпарони аз камон мегузашт, дар масофаи 50 метр Зебуннисо чоизаи нукраро ба даст овард, дар масофаи 70 метр бошад, дар муборизаи шадид медали тиллоро сохиб шуд.

Дар Алушта хамаи тирхои у ба маркази доира расиданд. Дар машки М-2 у 2233 хол гирифт, шумораи холхо аз меъёри Устоди варзиши дарачаи байналхалки болотар рафт.

Ширкат дар Бозихои XXI олимпи дар соли 1976 дар Монреал (Кана-да) ба у чоизаи биринчиро дод. Холо у таблиготчии фаъоли на танхо варзиш, балки харакати олимпи дар Чумхурии Точикистон махсуб мегардад.

Анатолий Старостин. Кахрамони чахон дар байни чавонон (солхои 1978-1980). Ккахрамони дукаратаи Бозихои Олимпи (соли 1980, Маскав).

Кахрамони чахон (солхои 1982-1983) аз руи панчгона. Барои хизматхои шоиста дар сохаи варзиш бо ордени хукумати «Дустии халкхо» ва медали «Мехнати шоён» кадр гардидааст. Унвони баланди «Корманди шоистаи варзиши Русия» -ро ноил шудааст.

Юрий Лобанов  Зебиниссо Рустамова  Анатолий Старостин

Андрей Абдувалиев – кахрамони аввалини Бозихои Осиёи Маркази. Чемпиони Бозихои XXV Олимпи, Барселона (соли 1992, Испания), дар куръапартои. Ду карат кахрамони чахон (соли 1992) Штутгарт, (соли 1992) Гётеборг. Кахрамони Аврупо дар байни чавонон (солхои 1994, 1998). Иштирокчии Бозихои XXVI Олимпи, Атланта (ИМА), (соли 1996) дар куръапартои. Устоди варзиши дарачаи байналхалки.

Инчунин кобед

neft

Конун дар бораи нафту газ

Конуни Чумхури Tочикистон  “Дар бораи нафту газ” 18 марти соли 2015, №1190 кабул карда шудааст, …