Главная / Илм / ВАРАКАИ ХОМИЛАГи

ВАРАКАИ ХОМИЛАГи

varakai-homilagiВАРАКАИ ХОМИЛАГи, як навъ хучатти тиббист барои муоина, табобат ва мушохидаи занхои хомила. Максад аз истифодаи В. х. хамоханг ва мураттаб сохтани кумакхои тиббие мебошанд, ки дар муассисахои гуногуни тибби ба зани хомила расонда шудаанд. Ба В. х натичаи хама гуна санчишхо, хамчунин таърихи мухтасари хамл ворид карда мешавад. Хар духтур (дар машваратгохи занона, беморхона, таваллудхона) бо В. х. шинос шуда, дар бораи зани хомила маълумоти зарури ба даст меорад.
В. х. ба занхо баъди 28 хафтаи хомилаги дода мешавад. Хангоми хар дафъаи ба духтур мурочиат кардан, ба он маълумоти муоинаро менависанд.
В. х. (формаи № 113/у) аз се кисм иборат аст. Кисми аввал (маълумоти машваратгохи занона дар бораи зани хомила)-ро акушер – гинекологи махалла пур карда, баъди 28 хафтаи хамл ба дасти зан медихад (у баъди фаро расидани мухлати таваллуд хамрохи он ба таваллудхона меояд). Кисми дуюм (маълумот дар бораи зани мезоида ва зоида) ва сеюм (маълумот дар бораи навзод)-ро дар таваллудхона (шуъбаи таваллуди беморхона) пур карда, баъди чавоб шудани зан ба дасти у ба машваратгохи занона ва дармонгохи кудаконаи махалли истикомат мефиристанд. Модарони чавон баъди таваллуд бояд онро хангоми бори аввал ба машваратгохи занона ва дармонгохи кудакона мурочиат кардан, бо худ гирад.
Дар вакти ба таваллудхона омадан, хатман В. х.-ро пешниход кардан лозим аст. Агар зан В. х. надошта бошад ё дар он натичаи санчишхо оид ба сифилис, СПИД, гепатитхо ва г. кайд нашуда бошанд, пас вобаста ба вазъият (зинаи таваллуд) зан дар шуъбаи обсерватсия (мушохида)-и таваллудхона тааллуд мекунад ё ба таваллудхонаи махсуси обсерватсияви фиристода мешавад. Дар чунин шуъбаю таваллудхонахо занхое, ки беморихои гуногуни сироятиро аз сар гузаронидаанд, хамчунин занхои аз муоина нагузашта чой дода мешаванд. Набудани В. х. ё кофи набудани маълумоти он далел бар он аст, ки модари оянда муоина карда нашудааст; дар чунин мавридхо уро метавон шартан сироятнок хисобид.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …