Главная / Илм / ВАРАКАИ БЕМОРи

ВАРАКАИ БЕМОРи

spravka-o-bolezniВАРАКАИ БЕМОРи, варакаи корношоями, хуччатест, ки корношоямии коргарону хизматчиёнро тасдик мекунад ва дар давраи муваккатан кор накардан ба ёрдампули хукук медихад. Дар конунгузории чумхури оид ба сугуртаи ичтимоии давлати В. б. ба хамаи коргарон ва хизматчиён дар аёми бемори, хангоми фалокат, хомилаги, баъди таваллуд, карантин, хомили амрози шаддиди сирояти будан, барои нигохубини кудаки бемор ва диг. аъзои оила, баъзан барои дар курорту санатория табобат кардан, дода мешавад. В. б.-ро духтури муасиссаи табобату профилактикии системаи Вазорати тандурусти ва идораи (мас., Вазорати наклиёт ва г.), инчунин корхонахои саноати медиханд.
В. б.-ро духтур ба мухлати факат 6 руз медихад. Агар дар ин мухлат бемор шифо наёбад, пас комиссияи духтурони мушовир мухлати В. б.-ро дароз мекунанд. В. б.-ро барои табобат дар курорту санатория комиссияи санитарии назди муассисаи табобати ва барои давраи рухсатии хомилаги ва таваллуд духтури машваратгохи занона ё таваллудхона медихад.
Ёрдампулиро аз руи В. б., ки андозаи онро конун мукаррар кардааст, комиссияи сугуртаи ичтимоии назди комитетхои иттифокхои касаба мукаррар мекунад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …