Главная / Илм / ВАННАХО

ВАННАХО

vannahoВАННАХО (Lavatrina), тадбирхои гигиени ва шифоию пешгирии беморихо, ки тавассути об гузаронида мешаванд.
Ваннахои гигиениро барои аз ифлоси, арак ва г. тоза кардани пуст истифода мебаранд. Пеш аз кабул худи ваннаро аввал бо чутка ва оби гарму собун нагз шуста, ба махлули 1– 2%-и хлорамин ё охаки хлорнок тоза кардан лозим. Ваннаро бо оби харораташ лозими пур мекунанд. Барои он ки дар ваннахона буг чамъ нашавад, аввал оби хунук, баъд оби гармро рехтан даркор. Хароратсанчи обиро ба даруни ванна гутонда, як дакика нигох медоранд. Оби гарм (36 – 380) ва собун пустро нарм, дастмол бошад, онро пурра тоза мегардонад. В.-и гигиени ба фаъолияти физиологии пуст мусоидат мекунанд; гадудхои араку чарб бехтар, нафасгирии пуст осон, мубодилаи моддахо хуб мешавад. В.-и гигиениро хафтае 1 – 2 бор (аз 20 – 30 дак. зиёд набошад) кабул мекунанд. Оид ба хусусиятхои алохидаи В.-и гигиени барои кудакон ниг. Кудаки ширмак, Синни ясли, Синни томактаби.
Ваннахои шифои (обзанхо)-ро факат духтур таъин мекунад; баъзе аз онхо дар муассисаи табобати зери назорати кормандони тиб гузаронда мешаванд.
Худсарона (бе таъиноти духтур) истифода бурдани В.-и шифои зарар дорад. Дар шароити хона баъзе В.-и шифоиро факат бо таъиноти духтур (хамаи тавсияхои уро бояд риоя кард), зери назорати ягон аъзои оила гузаронидан мумкин аст. Ин, хусусан, барои кудакон ва калонсолон ахамият дорад. Дар обзан оромона дароз мекашанд. Зери сар сачок ё болишти резини, зери по такяи чубин мегузоранд. Баъди обзан баданро бо сачоки хушк пок карда, 30 дак. дам мегиранд.
Обзанхо аз руи таркиби об гуногун мешаванд, мас., мукаррари, дорудор (ба об дору хамрох мекунанд) ва минерали (оби мукаррари ё обе, ки моддахои шифобахши минерали ва газ, мас., гази карбонат, нитроген, гидрогенсулфид ва г. дорад).
Хангоми ба обзан даромадан, об бояд то сари сина расад (обзани умуми). Обзани чузъиро бештар барои даст ва пой кор мефармоянд; обзани нимтан (то ноф)-ро пайваста бо обрези ва масх истифода мекунанд. Дар обзанхо моддахои дар об халшуда таъсири махсус мерасонанд.
Харор. оби В. сард (то 200), нимсард (20 – 330), муътадил (ба харор. бадан наздик, 34 – 360), ширгарм (37 – 390) ва гарм (40 – 420) мешавад. В.-и сард ва нимсард фаъолияти организми одамро бехтар карда, кори дилу рагхо ва асабро таквият медиханд, мубодилаи моддахоро метезонанд. В.-и ширгарм дард ва ташаннучи мушакхоро кам карда, асабхоро ором, хобро бехтар мегардонанд. В.-и гарм ихрочи арак ва суръати мубодилаи моддахоро метезонанд.
В.-и обашон мукаррари. Бисёр одамон В.-и умумии харорати обашон ширгарм, муътадил (10 – 15 дак.), нимсард ва гармро (3 – 5 дак.) кабул мекунанд. В.-и умуми руздармиён ё хафтае 4 маротиба (ду руз паи хам, рузи сеюм – танаффус) ва чамъ 10 – 12 маротиба кабул карда мешаванд. Беморони заиф курси муоличаро аз нимванна сар карда, онро руздармиён (34 – 360 ; 5 – 10 дак.) мегиранд. В.-и умумии обашон мукаррарию нимсард хангоми неврози ангезааш суст, В.-и харораташон муътадил ва ширгарм барои неврози ангезааш пурзур, номураттабии хоб, давраи аввали бемории гипертония, баъзе беморихои хориши пуст, дарди банду бугумхо, сутунмухра, асабхои канори, мушакхо ва г. тавсия дода мешаванд. В.-и гармро чун омили аракрон ва таквиятбахши мубодилаи моддахо бидуни амрози дилу рагхо кор мефармоянд. В.-и гарм ба организм таъсири сахт расонида, кори дилу рагхоро метезонанд; дар натича гардиши хуни пуст афзуда, араки бадан фаровон мешорад. Аз ин ру В.-и гармро танхо дар сурати нукс надоштани дилу рагхо таъин мекунанд. Хангоми хунрави аз ягон узв (мас., хайз ва г.) ва сили шуш кабули В.-и гарм манъ аст.
В.-и умумии ба ном контрасти низ мавчуданд. Онхоро, одатан, дар давраи аввали баъзе амрози дилу раг ва иллати мубодилаи моддахо, инчунин бо максади обутоби организм тавсия медиханд. Кабули чунин В. факат дар шуъбаи обшифоии беморхона ва санаторияхо мумкин аст.
Барои табобати дасту пои дардманд В.-и умумии обашон мукаррариро дар шароити хона (дар тагора ё сатил) мегузаронанд. Харорати оби онхо доими, контрасти ё афзоянда мешавад. Дар аснои истифодаи оби харораташ доими В.-и ширгарм ва гарм 10 – 30 дак., сард 5 – 10 дак. давом меёбад; дар сурати кабули харруза ё руздармиён як давраи табобат аз 5 то 12 – 15 навбатро дарбар мегирад.
В.-и ширгарм ва гарми пою дастро хангоми баъзе беморихои газаки банди панчахои пой ва панчаи даст, В.-и гарми дастро дар аснои назла, хуручи зики нафас, бронхити шадид ва музмин, В.-и гарми пойро хангоми назла, бехоби ва г. таъин мекунанд.
Барои тайёр кардани В.-и чузъии контрасти ба як тагора оби гарм (харор. 40 – 420), ба дигараш оби сард (10 – 120) мерезанд. Дар муддати 10 дак. дасту пойро бо навбат ба оби гарм (1 – 2 дак.) ва оби сард (15 – 20 сония) мегутонанд. Як даври муолича аз 12 – 20 протседура иборат буда, онро хар руз ё руздармиён мегузаронанд. В.-и чузъии контрастиро бо максади обутоби организм (хангоми зуд-зуд ба зуком гирифтор шудан), ихтилочи рагхои дасту пой, дар давраи огози эндартериити мусаддид ва г. таъин мекунанд. В.-е, ки харор. обашон тадричан баланд мешавад (В.-и Гауффе барои дасту пой), ба силсилаи дилу рагхо ва асаб таъсири мусбат мерасонанд. В.-и Гауффе дар муассисахои махсуси обшифои ва балнеологи гузаронида мешаванд.
Барои нишаста кабул кардани ванна аз В.-и махсус (дар шароити хона аз тагораи чукур) истифода мебаранд. Тагораро об пур карда, ба сандалича мегузоранд; бемор ба он нишаста, пояшро ба тагораи дигарие, ки руи фарш гузошта шудаасту оби ширгарм дорад, мегутонад. Давомоти чунин В. барои оби ширгарм 20 – 30, оби гарм 10 – 15, оби сард 5 – 10 дак. буда, даври муолича аз 1 – 2 то 12 – 15 проседура иборат аст. Хангоми газаки шадид ва музмини пешобдон, газаки музмини узвхои таносул В.-и шаргарм ва гарм, дар аснои бавосир В.-и сард ва нимгарм кор фармуда мешаванд.
Ваннахои дорудор. Дар шароити хона барои В. бештар хока ё киёми сузанбарг, хардал, охар (крахмал), перманганати калий ва содаро истифода мебаранд. В.-и сузанбаргиро бо рохи ба об хамрох кардани чавхари сузанбарг (ба 200 л об 100 мл чавхари моеъ ё 50 – 70 г хока ё ин ки 1 – 2 курс) тайёр мекунанд. Равгани эфири чавхари сузанбарг ба нуги асабхои пуст таъсири мусоид расонда, рангу буи он асабхоро ором месозад. Чунин В.-ро хангоми 35 – 370 будани харор. об руздармиён ё дар як хафта 4 бор 10 – 15 дак. (даври муолича аз 12 – 15 проседура иборат аст) мегузаронанд. Онро барои табобати баъзе шаклхои невроз, бехоби, амрози дилу рагхо ва г. истифода мебаранд. Кабули В.-и сузанбарги ба бемороне, ки сахт ба хаячон меоянд, манъ аст.
Барои тайёр кардани В.-и хардали 100 – 250 г хардали хушкро ба ваннаи калон (хачмаш 200 л) меандозанд ё 5 – 10 гироми онро ба як сатил об андохта, аз дока мегузаронанд. Сипас онро ба об нагз омехта мекунанд. Хангоми В.-и умумии хардали харор. об бояд 36 – 380 (5 – 7 дак.), дар вакти В.-и чузъи (барои даст ё пой) 39 – 400 (10 – 15 дак.) бошад. Бо максади аз таъсири ангезишовари хардал мухофизат кардани чашм ва рохи нафас болои ванна (тагора)-ро бо чойпуш мепушонанд. Баъди кабули В.-и хардали баданро шуста, 30 – 60 дак. худро ба курпа печонда мехобанд. Чунин В.-ро дар вакти зукоми роххои болои нафас (В.-и умуми ва барои пой), хуручи зики нафас (В. барои даст), баланд шудани фишори хун (В. барои пой) истифода мебаранд. В.-и хардалиро хангоми беморихои пуст, хамчунин барои онхое, ки ба буи хардал тоб намеоваранд, кабул кардан манъ аст.
Барои тайёр кардани В.-и охардор аз 100 г (барои кудакон) то 500 – 800 г охар (крахмал) лозим аст. Онро пешаки дар андаке оби сард махлул карда, ба ванна мерезанд. Охар пустро мулоим ва хоришу ангезиши онро кам мекунад. Онро хар руз ё руздармиён кабул мекунанд; харор. об 35 – 370, давомот 20 – 30 дак., даври муолича 10 – 20 протседура. В.-и охардор дар вакти беморихои гайрисироятии пуст ва диг. амрозе, ки бо хориш мегузаранд, кор фармуда мешаванд.
В.-и перманганати калийдор асосан барои кудакон таъин мегардад. Барои тайёр кардани онхо ба об махлули 5%-и перманганати калий (то гулоби шудани ранги об) хамрох мекунанд. Чунин В. пустро дезинфексия ва хушк менамоянд; хар руз ё руздармиён ба муддати 5 – 10 дак. кабул кардан лозим. Хоса хангоми беморихои гуногуни пуст, мас., дамидани доначахо муфид аст. В.-и перманганати умуми ва чузъи мешаванд.
В.- и содадорро ба тарики дар 200 л об хал кардани 0,5 – 1 кг сода тайёр мекунанд; харор. об 35 – 370, давомот 10 – 20 дак. Онро хар руз ё руздармиён барои баъзе беморихои пуст истифода мебаранд. Як даври муолича аз 10 – 15 протседура иборат аст.
В.-и скипидардор бо рохи дар об хал кардани эмулсияи скипидар (сафед ё зард) тахия карда мешаванд. Онхо ба организм зуд таъсир расонда мавриди бисёр беморихо зарар доранд. Аз ин ру онхоро катъиян бо таъиноти духтур ва факат дар муассисахои махсуси табобатию профилактики истифода мебаранд.
В.-и намакдор (намаки бахр ё кул) дар курортхои назди кул ё бахрхо истифода мешаванд. Дар куротхои назди бахр аз В.-и бахри (аз оби бахр) тамоми сол истифода мебаранд. В.-и намакобдор (оби кулхои шур) низ мавчуданд. Хангоми кабули чунин В. намак дар руи пуст тахшин шуда, нуги асабхоро ба ангезиш меорад. В.-и намакдор дардро кам ва мубодилаи моддахоро афзун мегардонанд. Чунин В. ба тарики сунъи низ тайёр карда мешаванд. Бо ин максад дар 200 л об 5 – 10 кг намаки ош (кули ё бахри)-ро хал мекунанд. Барои нагз хал шудан, намакро ба халтачаи суф андохта, зери оби гарм медоранд. В.-и минерали (35 – 36о)-ро 12 – 15 дак. руздармиён мегузаронанд. Як даври муолича аз 12 – 15 проседура иборат аст. Барои табобати амрози дилу рагхо, баъзе беморихои банду бугум, сутунмухра, асаб мушакхо, илтихоби музмини узвхои чинсии занона муфид мебошанд. Ба кудакон зимни баъзе беморихо (36 – 370 ), 8 – 10 дак. таъин мекунанд. Факат бо тавсияи духтур истифода бурдан лозим.
В.-и брому йодро бо тавсияи духтур дар шароити хона низ тахия кардан мумкин аст: дар об (36 – 370) 25 г бромиди калий, 10 г йодиди натрий ва 2 кг намаки ошро хал мекунанд. Мухлати кабул 10 – 15 дак; даври муолича аз 12 – 15 проседура иборат аст. Руздармиён ё хафтае 4 бор мегузаронанд. Ба кори гадуди сипаршакл ва асабхо таъсири хуш мерасонад. Дар мавриди беморихое, ки бо кори аз андоза зиёди гадуди сипаршакл чараён мегиранд, хамчунин неврози климакси, баъзе амрози банду бугумхо низ истифода мебаранд.
В.- и гидрогенсулфиди аз сулфиди гидроген иборатанд. Онхоро дар курортхо аз манбаи табии ва берун аз курортхо ба тарики сунъи тайёр карда истифода мебаранд. Барои асаб, дилу рагхо ва пуст манфиат доранд. Дар шароити хона гузаронида намешавад.
В.-и радониро аз оби манбаъхои табии (дар курортхои Пятигорск, Схалтубо, осоишгохи Хочаобигарм) ва сунъи тахия месозанд. Барои В.-и радонии сунъи махлули консентронидаи радонро дар лабораторияхои махсус тайёр мекунанд. В.-и радониро факат дар шифохонахои мучаххази балнеологи кабул мекунанд. Чунин В. ба асаб, дилу рагхо ва пуст таъсири амик мерасонанд.
В.-и карбонатиро аз оби манбаъхои табии (дар курортхои Арзни, Кисловодск ва г.), дар шифохонахо бо рохи сунъи тайёр мекунанд. Гази карбонат нафаскаширо чукур ва фаъолияти мушакхои дилро бехтар мегардонад. Дар шароити хона гузаронида намешаванд.
В.-и оксигениро бо рохи аз оксиген сер кардани об, оби бахр ва оби минерали (тавассути асбоби махсус) тайёр мекунанд. Дар мавриди беморихое, ки бо норасоии оксиген мегузаранд, инчунин хангоми ихтилоли кори системаи асаб истифода мебаранд.
В.-и «марворид»-ро аз оби мукаррари ё минерали бо рохи фишурдани хаво ба об (тавассути панчараи махсуси компрессор, ки сурохихои хурд дорад) тайёр мекунанд. Хубобчахои хаво чуш зада, дар об чун марворид чило медиханд; нуги асабхои пустро ба ангезиш оварда, ба силсилаи асабхои маркази таъсири хуб мерасонанд. Дар муассисахои махсус истифода мебаранд.
Хангоми ба кудакон таъин кардани В.-и шифои духтур хусусиятхои анатомию физиологии организми кудак – нокомилии фаъолияти баъзе узвхо, танзими харорат ва г.-ро ба назар мегирад. Кудакон таъсири хароратро зуд хис мекунанд ва ин дар вакти кабули В. эхтиёткорию назорати чиддиро металабад. В.-и умумии нимгарм ва хусусан сардро барои кудакон истифода намебаранд. Харор. В.-и ширгарм ва гарм барои кудакон нисбат ба калонсолон 1 – 20 паст буда, мухлат ва микдори проседурахо (барои як даври муолича), инчунин консентратсияи дору ва моддахои химияви кам аст.
Дар рузи кабули В. кушиш кардан лозим, ки хаста нашавед. Кори вазнини чисмони, экскурсия ва г. манъ аст. Баъди кабули В. дароз кашида ё дар кресло нишаста истирохат мекунанд. Дар курортхои балнеологи ва фарогатгоххо нимкатхои мулоим мавчуданд. Баъди кабули В.-и карбонати ва гидрогенсулфиди 1 – 1,5 соат истирохат кардан манфиат дорад. Дар вакти истирохат китобу газета хондан чоиз нест. Ба дили нахор кабул кардани В.-и умумии шифои манъ аст (онхоро факат баъди 1,5 – 2 соати нахори кабул мекунанд. Дар хавои хунук сарулибоси гарм пушидан лозим.
Ниг. низ. Балнеотерапия, Обхои минерали.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …