Главная / Илм / ВАННАХОИ ХАВОи ВА ОФТОБи

ВАННАХОИ ХАВОи ВА ОФТОБи

silnechniye-vanniВАННАХОИ ХАВОи ВА ОФТОБи, бо максади табобат ва обутоби беморон истифода бурдани хосиятхои шифобахши хаво ва энергияи афканишоти офтоб. В. омили мухими муоличаи санаторию курорти буда, асоси климатотерапия (муолича бо иклим)-ро ташкил медиханд. Ваннахоро мувофики тавсияи духтур метавон хар руз кабул кард.
Ваннахои хавои. Хавои тоза ба бадани тамоман ё кисман луч таъсир мерасонад; муолича дар зери айвон як навъи ваннахои хавоист; беморон мувофики мавсим либос пушида дар айвонхои кушод муддати зиёд дароз мекашанд (дар хавои сард аз курпаи нарм, хобхалта истифода мебаранд). Хангоми кабули ваннахои хавои насими форам ба асабхои пуст таъсир расонда, нафаскаширо бехтар ва хунро аз оксиген таъмин месозад. Дар айни замон оксидшави ва мубодилаи моддахо афзуда, фаъолияти мушакхо, асаб ва танзими харорат бехтар, иштихо хуб ва хоб мураттаб мегардад. Ваннахои хавои хоса дар махалхое муфиданд, ки хаво микдори зиёди оксиген, намаки бахр ва аэроионхои сабук дорад.
Ваннахои хавоиро духтур мефармояд. Онхоро барои обутоби организм, хусусан организми кудакон, тобовари ба таъсири номусоиди мухит, инчунин хангоми баъзе беморихо, мас., сили шуш ва узвхои дигар, амрози асаб, баъзе иллатхои дилу раг ва г. тавсия мекунанд. Истифодаи ваннахои хавои дар мавриди варачаи шадид, тарбод, артрит , неврит ва миозит норавост.
Ваннахои хавои метавонанд гарм (зиёда аз 220), салкин (17 – 200) ва сард (0 – 80) бошанд. Муоличаро дар мавриди аз 200 С боло будани харорати хаво сар мекунанд. Он аввал 10 – 15 дак. идома меёбад; сони хар руз 10 – 15 дак. илова карда, то ба 1,5 – 2 соат мерасонанд. Ваннахои сардро аввал 3 – 7 дак. кабул мекунанд; баъд мухлати онхо ба 20 – 60 дак. расонда мешавад. Хангоми хаво додани бадан агар харор. аз 170 С паст бошад, пас бо машкхои сабуки чисмони машгул шудан лозим аст. Ваннахои сард ба одамони чисман обутобёфта тавсия мешаванд, мухлати кабул бояд аз 7 – 20 дак. зиёд набошад. Хамин ки бемор хунук хурд ё пуст «мургак зад», проседураро фавран катъ мекунанд.
Ваннахои офтоби. Таркиби шуоъи офтоб ва таъсири он ба организм якранг нест. Шуоъи офтоб аз нурхои дидашаванда (равшанидиханда), инчунин аз нурхои барои чашм нопадиди инфрасурх ва ултрабунафш иборат аст. Шуоъи равшанидиханда асосан ба пардаи шабакияи чашм таъсир мерасонад, ки ин барои дарки олам зарур аст. Аз таъсири шуоъи инфрасурх бофтахо гарм ва харорати кисми шуоъхурдаи пусти бадан баланд мешавад. Шуоъи ултрабунафш таъсири мураккаби биологи дорад. Аз ваннахои офтоби мувофики тавсияи духтур хангоми муоличаи як катор беморихои пусту бандхо, радикулит, неврит, сили устухону бугум ва г. истифода мекунанд. Онро чун омили обутоби организм барои пешгирии грипп, дарди гулу, назла низ истифода бурдан мумкин. Дар мавриди беморихои шадид, хуручи беморихои музмини шуш, узвхои хозима ва г. зиён дорад.
Ваннахои офтоби умуми (офтобдихии тамоми бадан) ва чузъи (офтобдихии ягон кисми тан) мешаванд. Радиатсияи умумии офтоб аз таъсири бевоситаи нурхо, радиатсияи пароканда бошад, дар чои соя аз акси девори бинохо, сатхи замин, об ва г. ба вучуд меояд. Шуоъхои ултрабунафши радиатсияи пароканда (аз осмони нилгун) нисбат ба радиатсияи бевосита камтаранд (яъне таъсири онхо чандон зиёд нест). Шуоъдихии офтоби (радиатсияи бевосита)-ро барои одамони калонсолу солим аз 5 дак. сар карда, тадричан 5 дакикаги илова менамоянд ва ба 40 дак. мерасонанд. Дар ин маврид авзои умумии шахс ва дарачаи обутоб ёфтани у ба эътибор гирифта мешавад. Хангоми истифодаи радиатсияи бевосита баданро аввал 10 дак. офтоб дода, сипас мухлати тадбирхои муоличавиро то 1 – 2 соат (агар хаво гарм бошад) зиёд мекунанд. Ваннахои офтобиро дар нимкати мулоим дароз кашида ё дар башезлонг (курсии махсус) нишаста кабул кардан лозим аст (дар ин асно тарафхои гуногуни баданро ба офтоб гардондан даркор).
Пеш аз ваннаи офтоби ваннаи хавои мегиранд. Дар вакти радиатсияи бевосита сарро ба чатр ё сачок бояд соя кард. Барои эхтиёт ба чашм айнаки сиёх мондан лозим, чунки луобпардаи чашм (мултахима) карнияи мухофизати надорад ва ба таъсири шуоъ хассос буда, газак гирифтанаш аз эхтимол дур нест. Ба дили нахор ё бевосита пеш аз хурок ё хамонзамон баъди он баданро офтоб намедиханд. Ин кор якбора баъди оббози низ зарар дорад. Пусти одамоне, ки аз бемори камкувват гаштаанд, ба шуоъи ултрабунафш нихоят хассос мешавад. Аксар вакт чунин хассосияти баланд ба сокинони шимол, онхое, ки кисми зиёди рузро дар бинохои пушида мегузаронанд, инчунин ба наврасон, пиронсолон, занони хомила ва хусусан бачагони хурдсол хос аст.
Хангоми кабули ваннахои офтоби махсусан кудаконро эхтиёт кардан зарур аст. Сари кудак бояд бо кулох пушонида шавад. Баробари гарм шудани хаво, кудакро фавран луч кардан чоиз нест. Бигузор у аввал бо эзорча ва куртаи тунук, сипас, бо эзорча ва майка ва факат баъди ин бо эзорча гардад ва кулох пушад. Барои он ки бадан аз хад зиёд натасфад ва шуоъдихии ултрабунафш аз хад нагузарад, сари хар чанд вакт дар соя дам гирифтан лозим аст (ниг. Синни кудаки, Синни томактаби).
Таъсири шуоъи ултрабунфш дар кишвархои чануб ва кухсор зиёдтар аст. Сокинони шимол, ки дар чануб истирохат мекунанд, кабули ваннахои офтобиро бехтараш пагохирузи дар чои соя (дар зери айвони бомаш турин) ё дар хавои тира (дар ин вакт заминро бештар радиатсияи пароканда фаро мегирад) сар кунанд. Дар минтакаи миёна ва нохияхои шимоли аз соати 11 то 13 вакти бехтарини кабули ваннахои офтоби махсуб меёбад. Барои одамони 55 – 65-сола аз шуоъи офтоб хамаги 20 – 30 дак. бахра бурдан кофист. Одамони аз он калонсолтар худро бояд аз таъсири бевоситаи шуоъи офтоб хифз намоянд. Барои онхо офтоб додани бадан дар чойи соя то соати 11 ё баъд аз соати 16 – 17 манфиатбахш аст. Меъёри муътадили нурхои ултрабунафш тамоми пусти баданро баробар сиёхтоб мегардонад.
Шуоъгирии аз хад зиёд ба организм таъсири ногувор расонда, боиси сузиши пуст, баъзан некроз (табохии бофта), офтобзани, шалпари, дарди сар, бедорхоби, баланд шудани харорат, авч гирифтани баъзе касалихо мегардад.
В.-ро фасли тобистон дар пляжхо, дар руи катхои чубини зери айвонхои махсус ва солярияю аэросолярияхо (суфахои офтобруя), ки дар чорбогхо, сохили дарёву хавзахои об вокеъ гаштаанд, инчунин дар пешайвонхои махсус кабул мекунанд. Зимистон дар курортхо барои ваннахои хавои шипангхои гарм, барои ваннахои офтоби бошад, айвонхои пардапушро, ки шуоъи ултрабунафшро мегузаронанд, истифода мебаранд.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

as

ТАСВИРИ САТХИ ЗАМИН ДАР ХАРИТАХО. МИКЁСИ БАЛАНДИ ВА УМК (ЧУКУРЙ)

Тарзхои тасвири сатхи замин дар харита Чадвали баландихо ва чукурихо Хангоми тартиб додани харитахо ва …