Главная / Илм / ВАНДИДОД

ВАНДИДОД

avesta«ВАНДИДОД», яке аз бахшхои Авесто. Калимаи «В.» шакли тахрифшудаи «Видевдат» аст. Дар забони авестои он шакли «Ви-дагво датем» дошта, маъниаш «дод (конун)-и зидди девон» мебошад. «В.» 22 фаргард (боб)-и гуногунмавзуъро дар бар мегирад. Бобхо ба тарзи гуфтугу (пурсишу посух)-и байни Зардушт ва Ахура Маздо (эзиди ягона дар дини зардуштия) сохта шудаанд. Дар бобхои «В.» баробари масъалахои чугрофи, таърихи, хукуки ва ситоиши масъалахои пизишк, пизишки, ахлоку одоби пизишк, тарзхои табобат ва г. матрах гардидаанд. Дар Авесто «В.» ягона бахшест, ки ин гуна масъалахоро дар бар мегирад. Мас., дар боби хафтум оид ба пизишк ва корозмудагии вай сухан меравад. Касе, ки мехохад пизишки бикунад, нахустин бор корозмудаги ва чирадастии хешро бояд дар девпарастон (мукобилони маздаяснон) биозмояд. Агар се бор хангоми табобаташ бо корд девпарастон бимиранд, он пизишке ношоиста аст. Аз он пас у набояд ба дармон даст бизанад. Агар у се бор бо корд дармон кунад ва бемор тандуруст шавад, аз он пас вай пизишке шоиста ба шумор хохад рафт. Дар бахше аз боби хафтуми «В.» оид ба навъхои пизишки – бо корд (чаррохи), гиёххо ва Мантра (дуо) сухан меравад. Тарзи сеюми дармон – пизишки бо Мантра бехтарин тарзи табобат дониста шудааст. Дар фаргарду бахшхое аз «В.» инчунин аз масоили бехдошт (гигиена) – тоза нигох доштани бадан, нигохубини муи сар, гирифтани нохун ва дар чойе дуртар аз макони зист гуронидани онхо, пешгирии беморихо, мубориза бар зидди пахн гаштани микробхо, нест кардани баъзе магасхо – пахнкунандагони беморихо, тоза нигох доштани замин, мухити атроф, дар дахмахо чой додани мурдахо (гуронидани онхо дар замин манъ карда шудааст), аз мурдаи хайвонот тоза кардани замин ва г. сухан меравад. Нуктахои дар фаргарди 15-ум матрахгардида, махсусан оид ба искоти хамл, имруз хам ахамият доранд. Дар яке аз бандхо омадааст: «Агар марде бо духтаре душиза ё бонуи чавон – хох он духтар ё бону вобаста ба солори хона бошад ё на, хох ба шавхар дода шуда бошад ё на хамхобаги кунад ва он духтар ё бону аз у обистан шавад, набояд аз шарми мардум, меваи зиндагиро, ки дар захдони хеш дорад, нобуд созад». Барои нобуд кардани тифли дар батн буда (искоти хамл) хам барои зан ва хам барои мард, ки ба ин кор мусоидат кардааст, чазои куштор таъин гардидааст. Дар фаргарди 20-ум аз баъзе беморихое, ки дар он давра маълум буданд, хамчунин аз нахустин пизишк бо номи Трита сухан рафтааст. Ба пурсиши Зардушт оид ба нахустин пизишк Ахура Маздо чавоб медихад: «Трита буд нахустин пизишки хирадманд, фархунда, тавонгар, фаррманд, руинтан ва пешдод, ки бемориро ба бемори бозгардонд, ки маргро ба марг бозгардонд, ки нахустин бор нуки дашна ва оташи табро аз тани мардумон дур ронд». Трита гиёххои дармониро бо ёрии Ахура Маздо барои дармонбахши ба тани мардумон, барои дармонбахши ба беморихои марг, дард, таб, сардард, табларза, хура, моргазидаги, хамагир, бадчашми, пусидаги, гандаги ва г. чустучу мекард. Дар «В.» дуохо низ оварда шудаанд, мас.,

Ман мегуям: «Эй бемори, дур шав».
Ман мегуям: «Эй марг, дур шав».
Ман мегуям: «Эй таб, дур шав».
Ман мегуям: «Эй нохуши, дур шав».
Ад.: Авесто, Д., 2001.
М. Диловаров.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …