Главная / Илм / ВАЛИДОЛ

ВАЛИДОЛ

validolВАЛИДОЛ, як навъ дору. В. таъсири рефлекси дошта, рагхои хунгардро васеъ мекунад. Дар таркиби як курси В. 60 мг минтол мавчуд аст. Таъсири дору ба ангезиши нуги асабхои луобпардаи дахон вобастаги дорад. Дар натича энкефалинхо, эндорфинхо, динорфинхо ва пептидхо барин моддахо хосил мешаванд, ки бахри таскини хисси дард ва танзими гузаронандагии рагхо мухим мебошанд. В. баъди 5 дакикаи ба зери забон гирифтан таъсир мерасонад. Онро дар мавриди неврозхо, гашён (истерия), дистонияи нейросиркулятори, зики дил (якчоя бо диг. дорухо), худом ва г. кор мефармоянд.
В.-ро то пурра хал шудан бояд дар зери забон нигох дошт. Вояи якбораи он барои одамони калон 1 – 2 (вояи шаборузи 2 – 4) курс мебошад; дар мавриди зарурат вояи шаборузии В.-ро метавон зиёд кард.
Зери таъсири В. мумкин аст дилбехузури, ашкшори, сардард, чарх задани сар ва диг. аломатхои номатлуб рух намоянд. В.-ро ба беморони гирифтори диабети канд эхтиёткорона таъин кардан лозим аст. В. хангоми неш задани занбур низ манфиат дорад (онро тар карда ба чои нешзадаи занбур мемоланд).

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …