Главная / Илм / ВАКУУМ-ЭКСКОХЛЕАТСИЯ

ВАКУУМ-ЭКСКОХЛЕАТСИЯ

vacuum_exholeВАКУУМ-ЭКСКОХЛЕАТСИЯ, вакуум-аспиратсия, амалиёти катъ намудани хамли мухлаташ то 12 хафта бо рохи чаббида гирифтани чанин аз чафи бачадон. В.-э.-ро баъди аник мукаррар шудани хомилаги ва вучуд надоштани аломатхои номатлуб (мас., беморихои сирояти, илтихоби ва г.) ба чо меоранд. Кабл аз В.-э. санчиши бактериологии маводи рохи пешоб, махбал, гарданаи бачадон, тахлили хун барои аксуламали Вассерман гузаронида мешавад. В.-э. бо риояи тамоми коидахои асептика ва антисептика сурат мегирад. Агар В.-э. дар шароити амбулатория ба амал бароварда шавад, пас зан баъди он бояд дар утоки алохида камаш 2 соат истирохат намояд. Хамаи занхое, ки В.-э.-ро аз сар гузарондаанд, дар мушоварагохи бонувон ба кайди диспансери гирифта мешаванд.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

Овоз чист

Саид аз руи одат чашми чапашро кушода, ба соати девори нигох кард. Сипас курпаро болои …