Главная / Илм / ВАГИНИЗМ

ВАГИНИЗМ

vaginizmВАГИНИЗМ (Vaginismus; аз лот. vagina – махбал), кашиши муташанничи мушакхои даромадгохи махбал ва каъри кос, ки хангоми кушиши мубошарат (баъзан дар мавриди ба хотир овардани он) ва муоинаи гинекологи ба вучуд меояд. Дар мавриди В. хамзамон ронхо чафс ва мушакхои девораи шикам таранг мешаванд. В. асосан дар занхое, ки рузхои аввали хаёти чинси осеби рухи дидаанд, ба мушохида мерасад. Хангоми В.-и хакики дар узвхои таносул тагийроти патологи вучуд надорад. Баъзан В. дар натичаи беморихои илтихобии аъзои чинсии беруни ва махбал рух менамояд (В.-и дуругин).
Муоличаи В. андешидани тадбирхои таквиятбахши умуми, психотерапия ва рафъи илтихоби узвхои чинсиро дарбар мегирад; муваккатан аз мубошарат худдори кардан лозим аст. Дар аснои В.-и хакики маслихати невропатолог, психиатр, шахватшинос (сексопатолог) зарур мебошад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …