Главная / Чамъият / Усулхои алтернативии андозбанди

Усулхои алтернативии андозбанди

Моддаи 23-и Кодекси Андоз. Чорахои мубориза бар зидди саркаши аз пардохти андозхо ва усулхои алтернативии андозбанди

 

  1. Хама гуна маблаге, ки ба манфиати ягон шахс истифода мегардад, барои максадхои андозбанди маблаги ба он шахс пардохтшуда ба хисоб меравад.
  2. Даромади (фоидаи) гирифташуда, новобаста ба асосхои ба даст омадани он, бояд мутобики Кодекси мазкур андозбанди гардад. Агар мувофики тартиби мукаррарнамудаи конунгузори муайян карда шавад, ки ягон даромад ё чузъи (кисми) он гайриконуни ба даст оварда шудаасту бояд ба моликияти давлат гузаронида шавад, дар ин холат маблаги андозхои каблан аз ин даромади гайриконунии ба бучети давлати нигохдошташуда (пардохтшуда) ба хисоб гирифта мешавад.
  3. Барои дуруст муайян намудани ухдадорихои андоз макомоти андоз хукук доранд:

-амалиётеро (ахдхоеро), ки барои андозсупоранда мохияти назарраси иктисоди надоранд (ба истиснои мохият барои ухдадорихои андоз), ба эътибор нагиранд;

-агар шакли амалиёт (ахд) ба мазмунаш мутобикат накунад, мувофики вазъи вокеи онро тагйир диханд (аз нав муайян кунанд);

– маблаги андозро дар асоси холатхои вокеии ошкоршуда ва мохияти амалиёти (ахдхои) содиршавандаи барои максадхои андозбанди ахмиятдошта хисоб намоянд, агар шакли хукукии амалиёт (ахд) ё пайдархамии ахдхо ба саркаши (канорагири) намудан аз пардохти андозхо оварда расонад.

  1. Макомоти андоз хукук доранд маблаги андози дахлдорро бо истифода аз усули арзёбии мустаким ё гайримустаким (дар асоси дороихо, муомилот, харочоти истехсоли, усули мукоиса бо андозсупорандагони шабех, муоинаи хронометражи ва гайра) дар холатхои зерин мукаррар (хисоб) кунанд:

-андозсупоранда бахисобгирии мухосибиро (андозиро) анчом надихад ва (ё) талаботи онро вайрон намояд;

– хуччатхои хисоб, ки барои муайян намудани ухдадорихои андоз заруранд, гум ё нобуд карда шуда бошанд;

-хисоботи андоз пешниход нашуда бошад;

– агар амалиёт (ахд) бо корхонахои резидентии дорои хиссаи (сахми) иштирокчии минтакаи оффшори ва (ё) бо шахсони дар минтакахои оффшори бакайдгирифта анчом дода шуда бошад (КЧТ аз 18.03.15с., №1188);

-андозсупоранда шахсони мансабдори макомоти андозро барои азназаргузаронии (муоинаи) бино ва худуди истехсоли, анборхо, бинохои тичорати, ки андозсупоранда барои ба даст овардани даромад истифода мебарад ё онхо ба нигохдории объекти андозбанди вобастаанд, ичозат надихад;

-дар мухлатхои мукарраршуда маълумот ва хуччатхои зарури чихати хисоби андоз ба макомоти андоз пешниход нашуда бошанд;

-андозсупоранда бемасъулият эълон шуда бошад.

  1. Агар дар чараёни санчиши андоз мавчуд набудани бахисобгирии объектхои андоз ошкор карда шавад ё аз чониби андозсупоранда доир ба онхо иттилоот пешниход карда нашавад, макомоти андоз хукук доранд дар асоси иттилооти дар ихтиёр доштаашон, дар холатхои дахлдор бо истифода аз арзёби кардани арзиши фуруши молхо (корхо, хизматрасонихо), арзиши молу мулк, сатхи миёнаи музди мехнат ва хисоби даромадноки дар хачми 25 фоиз маблаги эхтимолии андозро хисоб намоянд.
  2. Маблаги андоз метавонад инчунин дар асоси натичахои муоинахои хронометражи, нишондодхои иктисодии киёсшавандаи фаъолияти дигар андозсупорандагон, ки намудхои шабехи фаъолиятро амали менамоянд, мукаррар карда шавад.
  3. Хангоми дар оянда аз чониби андозсупоранда пешниход шудани хисобот ва хисобхои андоз, дар холатхои зарури бошад – иттилооти дахлдори бахисобгирии андози объектхои андозбандишаванда, макомоти андоз маблаги хисобкардашудаи андозро тасхех (ислох) менамоянд.
  4. Дар мавриди хама гуна андозхо амалиёти моливазкуни ва (ё) амалиёти дигар, аз чумла гирифтани даромадхо ва харочот кардан дар шакли аслиро макомоти андоз хамчун фуруши мол (натичаи кор, хизмат) бо нархи бозори барраси менамоянд.
  5. Бо максади андешидани чорахои иловагии мубориза бар зидди саркаши аз пардохти андозхо Хукумати Чумхурии Точикистон тартиби татбики усулхои алтернативии андозбандиро тасдик менамояд.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …