Главная / Биология / Ушнаи торфи ва хосил шудани торф

Ушнаи торфи ва хосил шудани торф

Ушнаи торфи ё сфагнум чун дигар намуди ушнахо бошандагони ботлокзорхо мебошад. Он такрибан 300 хелро дарбар мегирад.

Ушнаи торфиро бо ибораи дигар ушнаи сафед хам мегуянд, чунки дар холати хушк буданаш ранги зарду сафед ё бо пурраги сафедро дорад. Дар ботлокзорхои сернам сфагнум пушиши колинмонанди яклухтро пайдо мекунад. Дар он чойхое, ки ушнахои торфй месабзанд, дигар растанихои дарахти бад сабзида, пажмурда мешаванд.

ushnai-torfiУшнахои торфи гиёххои бисёрсола буда, пояи дарози шохронда доранд. Пояи онхо бо баргхои борики хурд фаро гирифта шудааст. Дар ушнахои торфи реша ва ризоид дида намешавад. Сабзиши поя дар натичаи таксимшавии хучайрахои нугии поя ва шохчахояш ба амал омада, дар давоми сол такрибан 2-3 см дароз мешавад. Дар баробари ин кисми поёнии поя тадричан хушк мегардад.

Барги ушнахои торфи аз ду хел хучайрахо иборат аст, ки онхо аз руи сохташон аз якдигар фарк мекунанд. Яке аз ин хучайрахои зинда хлорофиллдор буда, дигараш хучайрахои мурдаи обиигохдоранда мебошанд. Хучайрахои хлорофиллдор борику дароз буда, бо иштироки доначахои хлорофиллашон раванди фотосинтез амали мегардад. Дар байни хучайрахои борики хлорофиллдор хучай

Сфагнум растании дучинса мебошад. Яъне, хучайрахои чинсии занона (архегония) ва мардона (антеридия)-аш дар як растани, вале дар шохчахои гуногун чойгир шудаанд.рахои байзашакли (тухмшакли) обнигохдоранда, ки бо чилди гафс пушида буда, сурохичахои калон доранд. чойгир шудаанд. Тавассути ин сурохичахо ба ин хучайрахо об ворид шуда, онхо бо об пур мегарданд. Дар вакти хушк шудани растани ин хучайрахо обро бухор карда, бо хаво пур мешаванд ва ушна ранги сафедро мегирад. Хангоми дар об тар шудани растании хушк ин хучайрахо чун исфанч бо тези оби зиёдеро ба худ чаббида мегиранд. Кисми зиёди барг ва пояро хучайрахои обнигохдоранда ташкил медиханд. Сфагнум ба туфайли хучайрахои зиёди обнигохдорандааш 30-40 маротиба зиёдтар аз вазни хушкаш обро чаббида мегирад.

Бордоршави одатан бахорон ба амал меояд. Нутфа дар об ши- нокунон то архегония омада, бо он якчоя мешавад. Аз хучайра- тухми бордоршуда поячаи бебарг ва гузача бо сарпушчааш инкишоф меёбад. Сипас, спорахои пухтарасида аз гузачахо ба берун пош мехуранд. Дар шароити кулай аз онхо лавхачаи сабзи (сабзаки) ризоидцор пайдо мешавад.

Хамин тавр, навиштахои болои нишон медиханд, ки ушнаи торфи аз руи бисёр хусусиятхояш ба ушнаи фохтазагирак монанди дорад. Вале аз руи чунин аломатхо, аз кабили надоштани ранги сабзи баланд, дучинса будан ва надоштани ризоид аз ушнаи фохтазагирак фарк мекунад.

Агар ушнаи торфи дар сатхи обанбор ба сабзишу инкишоф шуруъ кунад (васеъ пахн шавад), обанбор метавонад дар як муддати кутох обашро гум карда, ба ботлок табдил ёбад.

Хосилшавии торф дар мухити багоят зиёди сернам ва бе иштироки оксиген ба амал меояд. Аз ин ру, дар кабатхои гуногуни торф дар баъзе мавридхо бокимондаи дарахтон, гард ва гули растанихое, ки хазорхо сол мукаддам сабзидаанд, боки мондаанд. Чунки онхо бо пурраги намепусанд. Набудани оксиген, паст будани харорат ва кислотахои органикие, ки ушнахо аз худ хорич мекунанд, ба ин- кишофи бактерияхо ва занбуругхои пусонанда монеъ мешаванд.

Ботлокхои торфи бештар дар Чумхурии Белоруссия, Федератсияи Русия васеъ пахн гардидаанд ва кариб 60%-и захираи торфи умумичахониро ташкил медиханд.

Торф сарвати пуркимати табии мебошад. Онро хамчун нури ба замин меандозанд. Инчунин торфро ба сифати сузишвори, ашёи сохтмоние, ки кобилияти баланди гарми ва хунукинагузарони до- ранд, васеъ истифода мебаранд. Аз торф зифт, спирти чуб, парафин, кислотаи карбонат, когази гафс (картон) ва дигар маводи зарури мегиранд.

  1. Ушнаи торфи чи гуна сохт дорад?
  2. Ушнаи торфи аз фохтазагирак бо чи фарк мекунад?
  3. Ушнаи торфи обро тавассути кадом хучайрахояш мечаббад?
  4. Ушнаи торфи чи тавр афзоиш мекунад?
  5. Торф чи тавр пайдо мешавад?
  6. Торф дар хочагии халк чи ахамият дорад?

Инчунин кобед

prishi-ot-potseluev-na-litse-3

Собун барои доги руй

Агар шумо ба сини балогат расида ба гирифтори доги руй шуда бошед пас барои тоза …