Главная / Чамъият / Ухдадории андоз

Ухдадории андоз

Моддаи 58-и Кодекси Андоз. Ухдадории андоз

  1. Ухдадории андоз ин ухдадории андозсупоранда дар назди давлат мебошад, ки мутобики конунгузории андози Чумхурии Точикистон ба миён омада, тибки он андозсупоранда ухдадор аст ба бучет андозхо, чаримахо ва фоизхоро супорад.
  2. Давлат дар шахси макомоти андоз хукук дорад аз андозсупоранда ичрои ухдадории андозиашро дар хачми пурра талаб намояд ва дар холати ичро накардан ё ба таври дахлдор ичро накардани ухдадорихои андоз, тибки тартиби муайяннамудаи Кодекси мазкур чорахои назорати андоз ва (ё) ситонидани мачбурии андозхоро татбик намояд.
  3. Асосхо барои ба миён омадан, тагйир ёфтан ё катъ гардидани ухдадорихои андоз, инчунин тартиб ва шартхои ичрои ухдадории андозро Кодекси мазкур ва (ё) дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон муайян менамоянд.
  4. Ухдадории андоз аз лахзаи пайдо шудани холатхое, ки пардохти андоз, чаримахои хисобшуда ва фоизхоро мутобики талаботи конунгузории андози Чумхурии Точикистон пешбини менамоянд, ба зиммаи андозсупоранда вогузор карда мешавад.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …