Главная / Чамъият / Ухдадорихои истифодабарандагони об

Ухдадорихои истифодабарандагони об

Моддаи 45-и Кодекси оби Чумхурии Точикистон. Ухдадорихои истифодабарандагони об

Истифодабарандагони об ухдадоранд:

-истифодаи окилонаи объектхои об, зохир намудани гамхори оид ба масрафи сарфакоронаи об, баркарору бехтар кардани сифати обхо;

-чори кардани технологияи нигохдории захираи об, ки ба баланд бардоштани дарачаи самаранокии истифодаи об, бехтар шудани холати мелиоративии заминхо ва мухити зист мусоидат мекунад;

-андешидани тадбирхои имконпазир чихати катъи пурраи партофтани обхои партов ба объектхои об ва обхои чори, ки дар таркибашон маводи ифлоскунанда доранд;

-рох надодан ба вайрон кардани хукукхои ба дигар истифодабарандагони об додашуда, инчунин андешидани тадбирхо чихати нарасонидани зарар ба объектхои хочаги ва табии (замин, хайвоноту набобот, канданихои фоиданок ва гайра);

-сари вакт пардохтани хаки истифодаи захирахои об ва хизмати расонидани об ба истифодабарандагон;

-дар холати дуруст нигох доштани иншоотхои обёри, захбурхо, обтозакуни, дигар объектхо ва воситахои техники, ки ба холати обхо таъсир мерасонанд, бехтар гардонидани сифати истифодаи онхо;

-мустакилона ё якчоя бо дигар макомот тибки тартиби мукарраргардида анчом додани назорат ба сифат ва микдори оби истифодашаванда;

-амали гардонидани тадбирхои хифзи мохи ва дигар набототу хайвоноти оби;

-дар холати зарури нигох доштани минтакахои хифзи об бо риояи низоми истифодаи худуд, агар онхо тахти истифодаашон карор дошта бошанд;

-риоя намудани талаботи мукарраргардида ва шартхои шартномаи истифодаи об, ки бо ташкилотхои обрасон ва бо мувофикати макомоти ваколатдори давлати оид ба танзими истифода ва хифзи захирахои об баста шудааст; (КЧТ аз 16.04.2012с., №821)

-ичрои дигар талаботе, ки дар конунгузории Чумхурии Точикистон ва дар ичозатномахо барои истифодаи махсуси об пешбини гардидаанд.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …