Моддаи 19-и Кодекси Андоз. Ухдадорихои андозсупоранда (агенти андоз)
- Андозсупоранда (агенти андоз) ухдадор аст:
– ухдадорихои андозро мутобики Кодекси мазкур сари вакт ва дар хачми пурра ичро намояд;
– талаботи конунии кормандони макомоти андозро дар хусуси бартараф намудани вайронкунихои ошкоршудаи конунгузории андоз, аз чумла доир ба тартиб додани санади мукоисави ичро намуда, инчунин ба фаъолияти конунии онхо хангоми ичрои вазифахои хизматиашон монеъ нашавад;
– дар асоси амрнома ба шахсони мансабдори макомоти андоз барои азназаргузаронии молу мулке, ки объекти андозбанди ва (ё) объекти бо андозбанди алокаманд мебошад, ичозат дихад;
-ба макомоти дахлдори андоз эъломияхои андоз, дигар хисоботи андоз ва хуччатхоро мувофики тартиби мукаррарнамудаи Кодекси мазкур пешниход намояд;
-мувофики тартиби мукарраргардида мошинахои назоратию хазинавиро истифода барад;
– мувофики тартиби мукарраргардида бахисобгирии даромадхои (харочоти) худ, объектхои андозбанди ва (ё) объектхои бо андозбанди алокамандро мутобики конунгузории андоз ба хисоб гирад;
-мувофики тартиби мукарраргардида сари вакт ба сифати андозсупоранда дар бахисобгиригузошта шавад ва ба сифати супорандаи андоз аз арзиши иловашуда аз кайд гузарад;
– маълумоти бахисобгирии мухосиби, бахисобгирии дигар ва дигар хуччатхои заруриро барои хисоб ва пардохт намудани андозхо, инчунин хуччатхои тасдиккунандаи даромадхои гирифташуда, харочот ва андозхои пардохтшударо (нигох дошташударо) дар давоми мухлати мукаррарнамудаи Кодекси мазкур нигох дорад;
-хар сол баруйхатгирии (инвентаризатсияи) молу мулк ва ухдадорихои худро мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи бахисобгирии мухосиби гузаронад;
-дар давоми 5 рузи кори ба макомоти андози махалли бахисобгирии худ итттилооти зеринро пешниход намояд, аз чумла, дар бораи таъсис додан ё катъ намудани фаъолияти вохидхои алохидаи худ, дар бораи кабули карор оид ба азнавташкилдихи, бархамдихи (катъ гардидани фаъолият) ё муфлисшави, дар бораи тагйир ёфтани низоми истифодашавандаи андозбанди, тартиби бахисобгири, махалли фаъолият (чойи истикомат), иттилоот барои алока бо у.
- Андозсупоранда (агенти андоз) дигар ухдадорихои мукаррарнамудаи Кодекси мазкурро амали менамояд.
- Шахси вокеи ухдадорихои мукаррарнамудаи кисми 1 хамин моддаро дар кисми марбут ба ухдадорихои андози у ичро менамояд.