Главная / Биология / УЗВХОИ ДАРУНИ ВА АФЗОИШУ ИНКИШОФИ ОБХОКИХО

УЗВХОИ ДАРУНИ ВА АФЗОИШУ ИНКИШОФИ ОБХОКИХО

 ДАР МИСОЛИ КУРБОККА

Туъмае, ки курбокка медорад, аз ковокии дахон ба гулую сурхруда рафта, аз он чо ба рудаи дарози борик дохил мешавад ва пас ба рудаи кутохи гафс мегузарад. Гадудхои талхадон ва зери меъда ба хазми хурок ёри мерасонанд.

Аъзои нафаскашии курбокка шуш аст, ки он суст инкишоф ёфта, як кисми мубодилаи газхо бо ёрии пусташон ба амал меояд.

Дар гулуи курбокка садопардахо чой гирифтаанд, ки аз ларзиши онхо овози кур-кури курбокка ба вучуд меояд. Курбокка бештар бо биниаш нафас мегирад. Гайр аз ин оксигени атмосфсра ё об аз пусти нафис ба капиллярхои хун мегузарад. Аз хамин сабаб курбокка дар об ва хам дар хушки муддати дуру дароз истода метавонад.

Расми 15. Узвхои дарунии курбокка. 1 - меъда; 2 - рудаи борик; 3 - рудаи гафс; 4 - чигар; 5 - пуффаки захра; 6 - гадуди зери меъда; 7 - меъдача: 8 - дахпези дил; 9 - испурч; 10 - шуш; 11 - гурдахо; 12 - шошадон; 13 - наслдон; 14 • макьад.
Расми 15. Узвхои дарунии курбокка.
1 – меъда; 2 – рудаи борик; 3 – рудаи гафс; 4 – чигар; 5 – пуффаки захра; 6 – гадуди зери меъда; 7 – меъдача: 8 – дахпези дил; 9 – испурч; 10 – шуш; 11 – гурдахо; 12 – шошадон; 13 – наслдон; 14 • макьад.

Бо пайдо шудани шуш сохти аъзои гардиши хуни курбокка назар ба Мохи мураккабтар шудааст. Дили курбокка аз як меъдачаю ду дахлез иборат буда, ду доираи гардиши хун дорад. Хун дар доиран калон аз меъдачаи дил баромада, ба воситаи рагхои хун ба хама узвхои бадан меравад. Хун дар ин чо оксигенро аз шушу пуст ва шираи гизоро аз девораи рудаю меъда гирифта ба тамоми хучайрахо мебарад ва дар бозгашт аз гази карбон сер шуда, ба воситаи рагхо ба дахлези рости дил бармегардад. Дар доираи гидгадиши хурд хун аз меъдачаи дил ба суйи шушу пуст чорй шуда, сероксиген мешавад ва ба дахлези чапи дил бармегардад. Дар меъдачаи дил хун омехта шуда, аз он ба тамоми аъзои бадан таксим мешавад.

Узви ихрочи курбокка ду гурдаи дарозруя аст, ки дар ковокии тарафи сутунмухра чой гирифтаанд. Аз хар як гурда яктои найи пешоб баромада ба пешобдон меояд. Найчахои шоша ва аъзом таносул хама ба макьад рох доранд.

Мубодилаи моддахо дар курбокка мисли мохиён суст мегузарад ва харорат хам дар бадани вай кам пайдо мсшавад мисли он, ки хезуми тар дар оташдон суст сухта, кам гарми медихад, харорати бадани курбокка хам доими набуда, ба харорати мухити вай

вобаста аст. Хусусан, бо cap шудани хунуки, ки курбокка ба хоби зимистони меравад ва дар ин вакт хурок намехурад, мубодилаи моддахо боз хам сусттар шуда, суст нафас мегирад ва харорати баданаш паст шуда, аз сифр болотар меистад.

Шабхои гарми охири зимистон ва аввали бахор аз хавзу чуйхо овозхои баланду гуногуни курбоккахоро мешунавем, ки он овози курбоккахои нарина мебошад. Курбоккахо дар айёми «консерташон» чуфт мешаванд. Курбоккахои модина ба об тухмак мепартоянд, ки зохиран ба тухмаки мохиён монанд аст.

Курбоккахои нарина ба болои тухмакхои модина аз худ моддаи моеи насли (сперматозоид) мерезанд. Дар об бордоршави ба амал меояд. Тухми бордоршуда дар даруни парда ба квадрати ададхо каср шуда, тадричан чанини серхучайра инкишоф меёбад. Такрибан пас аз 8-10 руз аз даруни пардаи тухм кафлесак мебарояд, ки ба мохичаи хурд монанд аст. У рузхои аввал ба растанихои зериоби часпида меистаду хануз дахон надорад. Дере нагузашта кафлесак дахон кушода, ба хаёти мустакилона мегузарад. Кафлесак обсабзхои якхучайра, бактерия ва растанихои пусидаро хурда, бо таркишхои галсама нафас мегирад. Баъд аз як мох кафлесак аввал пойи акиб ва пас пойи пеш бароварда, ба руйи об мебарояду бо шуш нафас мегирад. Дили курбокка дар айёми кафлесаки духонаги буда, бо пайдо шудани шуш сехонаги мешавад. Думи кафлесак охиста-охиста хурд шуда, зохиран баданаш ба курбоккача монанд мешавад. Курбоккача ба лаби об баромада, хуроки растаниро тарк карда, ба хурдани хашароту кирмак мегузарад. Курбоккача пас аз 3-4 сол болиг шуда, кобилияти насл додан пайдо мекунад.

Обхокии аз хама калон, ки дар дарёхои Хитой ва Япония зиндаги мекунад, саламандра ном дорад, ки то 1.5 м дароз мешавад. Хуроки он мохи ва курбоккана, хашароти оби, кирминаи онхо мебошад. Халкхои Хитою Япония саламандраро шикор карда, гушташро барои хурок истифода мебаранд. Холо як микдори он дар боги хайвоноти Москва парвариш меёбад, ки бори аввал соли 1950 аз Хитой оварда буданд.

Дар байни гукхо (курбоккаи хоки) аз хама калонаш гук-ага ном дорад, ки дар кисми чанубию марказии Америка зиндаги мекунад. Ин намуди гук хашароти зараррасонро хурда, ба хочагии кишоварзии тропика ёрии калон мерасонад. Бинобар он гук-агаро 100 сол пеш аз чазираи Мартиника ба Хиндустон оварда, пахн карда буданд. Соли 1930 бошад 150 дона (фарди) чунин гуки фоидарасонро барои аз хашарот мухофизат кардани киштзори найшакар босамолёт ба чазирахои Гавай оварда пахн кардаанд. Дертар шумораи онхо зиёд шуда, як микдорашро ба чазираи Филиппин, Гвинеяи Нав, Австралия оварда, пахн намуданд.

Хусусияти хоси гукхо он аст, ки дар чойхои иклимаш хунук парвариш намеёбад. Вай ду гадуди махсус дорад, ки аз онхо моддаи захрнок чудо намуда, бо он худро аз душман (хайвоноту паррандахои гуштхур) мухофизат мекунад. Овозаш ба овози гулугири caг монанд аст, ки инро хангоми чуфтшавиаш шунидан мумкин аст.

Дар байни курбоккахо аз хама калонаш голиаф ном дорад, ки соли 1926 онро аз Камерун (Африка) дошта буданд. Дарозии баданаш 32 см аст. Гайр аз ин, дар кисми шимолии Америка говкурбокка хаст, ки дарозиаш 20 см мебошад. Ин намуди курбоккаро дар кисми шаркии Аврупо барои гушташ шикор мекунанд. Масалан, дар Америка хар сол то 100 млн. дона говкурбоккаро бо тур, чангак ё тир шикор мекунанд. Холо аз чазирахон Гавай бо максади хуроки ба Сан-Франсиско содир мекунанд.

Говкурбокка хар гуна хашарот, моллюск, мохича ва чучаи паррандахои обиро мехурад. Ин курбокка барои он номи говро дорад, ки овозаш ба дод задани гов монанд буда, аз масофаи 2-3 км шунида мешавад.

Расми 16. Гук ва курбокхаи кули
Расми 16. Гук ва курбокхаи кули

Намуди дигари чунин обхоки курбоккаи кули мебошад, ки то 17 см дарози дорад. Ин намуди курбокка дар худуди собик Иттиходи Шурави бисёр буда, ахамияташ он аст, ки хашаротро мехурад, вале зарараш он аст, ки тухми мохию мохичахоро хам истеъмол мекунад.

Дар дунё аз хама курбоккан хурд филобатус ном дорад, ки онро бори аввал дар соли 1910 дар чазираи Куба ёфтаанд. Андозаи ин курбокка дар холати болиг буданаш ба нуги ангушти ишорави баробар мебошад.

Бояд кайд кард, ки насли хурди Обхокихо дар об инкишоф ёфта, баъзеашон баъд ба хушки мегузаранд, кирминаи онхо одатан бо галсама ва насли калонашон дар кучое, ки бошанд, бо шуш нафас мегиранд. Пойхои Обхокихо ба бугумхо чудо шуда, панча доранд. Пусти Обхокихои кадима руйпуши пулакчаги дошта, намояндахои хозираашон пулакча надоранд.

Микдори умумии Намудхои Обхокихо кариб ба 2 хазор мерасад, ки аксарияти онхо дар мамлакатхои тропики пахн шудаанд.

Дар горхои рутубатноки Америкаи Шимоли Обхокихои думдор зиндаги мекунанд, ки дар вакти болиг шудан на танхо галсама, балки шуш хам надоранд. Ин гуна хайвонхо танхо тавассути пуст нафас мекашанд. Онхоро «саламандрахои бешуш» меноманд.

Дар куххои Карпат обхокии думдори дигар — саламандраи ало зиндаги мекунад, кирминаи он бештар дар бадани модар инкишоф ёфта, баъд ба об меравад.

Дар худуди собик Иттиходи Шурави аз Намудхои обхокихо курбоккахои сабз, алогук, хокранг, тритои бештар пахн шудаанд.

Катори обхокнхои бедум. Намояндаи он курбоккаи дарахтгард аст, ки вайро квакша меноманд. Вай дар нохияхои чануби, дар болои барги дарахту буттахо зиндагй мекунад. Нуги ангуштонаш васеъ шуда, ба якдигар часпидаанд ва барои рост истоданаш ёри мерасонанд. Ранги квакша, мувофики чойи зисташ, бештар сабз мешавад. Квакша барои афзоиш ба замин фуромада, баъд ба об медарояд. Гайр аз ин  квакшахои тропики низ хастанд, ки насли аввалаи онхо дар чукурчахои тахтапушти модар йнкишоф меёбад.

Курбоккаи шикамсурх хам аз катори дубахрахои бедум буда дар обанборхои хурд вомехурад. Он бо пусти доначадораш ба гук монанд аст, вале дар руйи шикамаш догхои сурхи баланд дорад. Гук хам намояндаи дубахраи бедум буда, васеъ пахн шудааст. Онро бо гушти дурушти кунокакдораш (доначадораш) аз курбокка фарк кардан осон аст ва бештар ранги хоки дорад. Пусти гук моеи тунди ширмонанд мебарорад, ки вай агар ба чашм ё дахон расад, озурда мекунад. Масалан, лаклак курбоккарэ мехурад, вале аз гук хазар мекунад. Бинобар он пас аз гукро ба даст гирифтан дастро ба тези бо об тоза шустан лозим аст.

Пойхои акиби гук аз пойхои акиби курбокка кутохтар аст, бинобар ин гук нагз халлос зада метавонад ва баъзан дар руйи замин мехазад. Гук хайвони шабгард буда, вайро бештар бегохию шабона дар бог ё полиз дидан мумкин аст. Рузона вай дар чукурихои намнок дар зери деворхо пинхон мешавад. Вай тухмашро дар об ба шакли занчираи ресмон мегузорад. Бахор дар хавзу чуйхо, кулмакхо бо ин «ресмон»-и дароз дучор мешавем, ки дарунаш тухмхои гук доранд.

Инкишофи чанинии Обхокихо факат дар оби ширин мегузарад. Бинобар ин гук дар вакти афзоиш дар чустучуи обанборхо баъзан аз 3 то 5 км масофаро тай мекунад. Аксар вакт онхо ночор дар оби равони чуй тухм мегузоранд. Барои он ки чараёни об тухмакхоро набарад, гук онхоро ба шакли ресмони дароз гузошта, як нугашро ба ягон чисми обй мечаспонад. Онхоро, ки ранги сиёхчаю пардаи шаффофи лухобй доранд, моххои май-июн дар обхои доманаи куху адирхо дучор шудан мумкин аст.

Хусусияти гук ба тарзи зиндагиаш вобаста аст. Вай балгамшуллук, кирми лойхурак, хашароту кирминаи онхоро, ки шабона мебароянд, мехурад. Хусусан моллюск, харак ва хазорпоро бепггар истеъмол мекунад. Гайр аз ин, гуки сабз хаст, ки он дар даштхои доманакухи камтар буда, дар минтакаи заминхои обй зиёд аст.

Курбоккахои сабз хамеша дар халкаи дарёхо, хавзу кулхо, ботлоку чуйборхо ва каналхо зиндаги мекунанд. Курбоккахо аз ин чойхо бо хамрохии обе, ки ба киштзор меравад, дар заминхои обёришаванда пайдо мешаванд. Вай хар гуна хашарот, аз чумла хашароти зараровари растанихои дастпарварро мехурад.

Баъзе одамон аз нодони курбоккаро чонвари захрдори зарарнок ва хатто хавфнок мешуморанд. Аммо вай барои одамон тамоман безарар буда, барои киштзору богот фоиданок мебошад.

Насли аз тухм баромадаи курбокка, ки кафлесак ном дорад, дар об якчанд Вакт зиндаги карда, харгуна кирмаку зочаи пашшахоро хурда, несту нобуд мекунад.

Дар мавриди пайдо шудани хатар курбокка ба масофаи калон чахида, худро ба об мепартояду зуд пинхон мешавад. Пас аз андак фурсат курбокка чашму биниашро, ки дар болои cap кадре барчаста чой гирифтаанд, аз об сахл берун мекунад. Баъд аз андак фурсат, агар хама чо ором бошад, боз ба лаби об мебарояд.

Тирамох, Вакте ки хунуки cap мешавад, курбоккаи сабз ба каъри об мефурояд ва ба кабати лойка чой гирифта, зимистонро дар хоб мегузаронад. Бадани сербар ва кутохи курбокка дум надорад. Фарки пойхояшон дар он аст, ки пойхои акиби курбокка ба кисмхои рон, сок ва панчаи панчангуигга, пойхои пешаш ба кисмхои китф, бозу, панчаи чорангушта чудо мешаванд. Ба бугумхо чудо шудани пойхо, ки баданро ба харакат кардан дар руйи хушки мутобик мекунад, барои хамаи хайвоноти хушкигард хос аст. Хусусан пойхои акиби курбокка бакувват буда, барои чахидан ахамияти калон доранд. Вакте ки чонвар халлос мезанад, пойхои акиб бо сари зону заминро тела дода, аз чояш мечахад. Пойхои пешаш баланашро дар Вакти фуромалан ба замин аз зарб хурдан мухофизат мекунад. Чахидани курбокка. кайк, малах, кенгуру ва харгушро ба хотир оред.

Пусти барахнаи курбокка пулакча надорад ва бо гадудхои лухобчудокуни пушида шудааст. Бадани курбоккаи сабз аз боло ва аз ду пахлу хар гуна тобиши сабзу чигари дошта, каму беш холхои сиёх хам дорад. Кисми поёнаш сафедтоб аст. Курбокка аз сабаби ин хел раг доштанаш чи дар даруни об ва чи дар лаби об аз байни сабзахо базур аён мешавад.

Курбоккаи ба назар танбали лаванд хашаротро хеле мохирона дошта мегирад. Вай инчунин тукумшуллуку лесакхоро хам мехурад. Вакге ки туъма наздик мешавад, курбокка халлос зада, забони часпаки дарозашро берун мебарорад ва туъма ба забонаш мечаспад. Забони сербар ва часпаки курбокка дар дахон ба чоги поёни пайванд шудааст, бинобар ин курбокка нуги кафои чоки
забонашро берун мебарорад .

Дандонхои бисёр хурди курбокка танхо дар руйи коми чоги боло инкишоф меёбанд. Агар кафи ангуштамонро ба канори чоги курбокка молем, онхоро пай бурдан мумкин аст. Дандончахои курбокка танхо барои доштани туъма ёри мерасонад, вале у туъмаро нахоида фуру мсбарад.

Курбокка бо мухити берунн бо ёрин узвхои хиссаш алокаманд аст. Дар кисми болои сари курбокка як чуфт чашмони калони барчаста хастанд, ки пилки болояш камхаракат буда, пилки шаффофи поёниаш серхаракат аст.

Дар болои дахонаш як чуфт сурохии бини чой гирифтааст. Ба воситаи сурохихо хаво ба ковокии бини дохил мешавад, ки дар деворхои вай асаби шомма шохчахои бисёре дорад. Ковокии бинии курбокка ба воситаи сурохии ком ба дахон рох дорад. Хаво аз он чо гузашта, баъд ба гулую шуш меравад.

Дар акиби чашмонаш пардаи доирашакли гуш хаст, ки мавчхои садопардаи гушро меларзонад ва ин ларзиш бо ёрии устухончаи махсус ба гуши даруни, ки дар косаи cap чой гирифтааст, мегузарад. Дар ин чо нугхои асаби сомеа хастанд, ки овозхоро фарк мекунанд.

Ба гайр аз курбоккаи сабз ва Намудхои дигари онхо курбоккахои алафи низ вомехуранд. Ранги онхо асосан чигари мешавад. Онхоро аз курбоккахои сабз аз руйи доги сиёхи пушти чашмонаш фарк кардан мумкин аст. Тобистон курбоккахои алафиро дар боготу чангалу полизи серсояи салкин дидан мумкин аст,

Тритонхо аз намояндагони Обхокихои думдор буда зохиран аз курбокка ва гук фарки калон доранд. Тани дарозруяи онхо бо думи дароз тамом мешавад. Думашон аз ду тараф пачак буда, гирдогирдаш хошияи пардаи шиновари дорад, ки бо ёрии он шино мекунад. Пойхои тритон хеле кутоханд ва факат барои хазидан дар хушки ба кор меоянд.

Бахорон ва дар нимаи аввали тобистон тритонро аз хавзхое, ки дар онхо растанихои оби бисёр меруянд, ёфтан мумкин аст. Вай бо шуш нафас мегирад ва хар 2-3 дакика барои нафас гирифтан ба руйи об мебарояд. Дар охирхои тобистон пинхон мешавад. Вай зимистонро хам дар хамин чо мегузаронад. Аввали бахор ин чонвар боз ба об меравад.

Савол ва супоришхо:

  1. Дар бораи мушак, устухонбанди, сохти асаб, аъзохои даруни ва афзоишу инкишофи обхокихо дар мисоли курбоккаи сабз маълумот дихед.
  2. Дар бораи катори обхокихои бедум дар мисоли курбоккаи дарахтгард ва гук накл кунед.

Инчунин кобед

prishi-ot-potseluev-na-litse-3

Собун барои доги руй

Агар шумо ба сини балогат расида ба гирифтори доги руй шуда бошед пас барои тоза …