Главная / Гуногун / УЗБЕКХО ТУРКАНД Ё ОРИ

УЗБЕКХО ТУРКАНД Ё ОРИ

Ин диалоги муаллиф бо академик Рахим Маъруфов хануз дар солхои чангандозии узбеку точик, дар ибтидои чанги бародаркуши рух дода буд.

Баъзехо кушиши зиёде кардаанд, ки дар байни ин ду халк чанг андозанд ва намоишкорона 167 мошин фиристода оилахои узбекро аз Точикистон ба Узбекистон кучонида бурданд. Хар як сардори оиларо дар хилватхонахо пурсидаанд, ки шуморо точикон азоб медиханд ё на? Вале хамаи онхо гуфтаанд, ки баракс мардуми точик на факат ба узбекхо, балки ба хамаи миллатхои бегона бо як хусни таваччух менигаранд. Сипас сарварони олимакоми Узбекистон ба сарварони оилахои узбек 50-суми дода, дар як шаб хамаи онхоро ба вагонхо савор карда, ба Точикистон баргардониданд.

Дар истгоххо дар ду тарафи каторахои поезд милисахо зич истода, хатто ба духтарчаи 9-сола рох надодаанд, ки 4-метр дуртар, аз байни милисахо гузашта, об бигирад. Ба узбекхои точикистони хамчун ба махбусхо муносибат карда, ба Точикистон баргардониданд.

Аз ин лихоз, мо ин диалогро бо таклифи файласуф Сайфулло Сафаров, собик Раиси Маркази байналмиллалии хифзи Сулхи Осиё, дар рузномаи Байналмиллали, ба забони руси чоп кардем. Бо вучуди он, пеш аз чопи ин «Диалог» мо ба академик М.Шакури мурочиат кардем, ки ин «Диалог»-ро як бор аз назар гузаронанд. Он кас ваъда доданд ва рузхои ба кор омаданашонро хам гуфтанд. Вале дар тули ду мох бо он кас дучор шудан муяссар нагардид. Чун пас аз чопи диалог бо он кас вохурдем, ба чои он ки аз дасти банда рузномаро гиранд, гуфтанд:

– Ин макола гайри илми аст!

Баъд аз ин, чун бо хар як пайравони он кас во мехурдем, онхо тутивор мафхуми «гайри илми»-ро истеъмол мекарданд. Хатто боре дар дохили троллейбус як академики мухтарам гуфтанд: – Нагз накардед, нагз накардед!

– Шумо устод маколаро хондед?

– Не! Ба ман гуфтанд.

– Афсус! Шумо академик, аз руи гуфтаи дигарон набояд хулоса бароред. Худи чаноби Шакури хам онро нахондаанд. Он кас факат аз он диалог як чумлаи хазломези бандаро хондаанд, ки ин чумла чунин аст:

«Муаллиф: (Шухиомез) Оё Шумо кафолат медихед, ки пас аз ибрози хакикат бандаро зери маломат намегиранд?!»

 Чунон ки файласуфи англис Локк мегуяд: «Афкор оламро идора мекунад». Устод Шакури ин усулро кайхост, ки истифодаи мебаранд. Илова бар он гап пахн кардаанд, ки гуё узбекхо хамаи шуморахои ин рузномаро, ки «Диалоги мо» чоп шудааст, харида бурдаанд. Ин гапи мутлако дуруг аст.

Бо хохиши Сафорати Узбекистон дар Точикистон дискети ин «Диалог»-ро ба онхо супоридем. Онхо ин маколаро хонда моро хамчун душмани халки узбек пиндоштаанд ва дар байни узбекхои Точикистон хам таргибот бурдаанд.

Зеро мо дар ин «Диалог» ба сарчашмахое истинод кардем, ки хакикати таърихиро дар бораи пайдоиши халки узбек аз асри ХIV ва 80 дарсади мардуми Узбекистон ориёи будани онхоро исбот мекард. Албатта дар баробари он таърихи пуршарафи Узбекхон ва давлатдории окилонаи уро боз кардем, ки худи узбекхо аз ин бехабар буданд ё аз ошкор намудани он мулохиза мекарданд.

Мувофики иттилои сафири собики Точикистон дар Узбекистон, Президенти Узбекистон чаноби Каримов ба муносибати чашни «Авасто» дар Хоразм ба ин чо омада, дар баромади худ зидди акидаи мо, дар «Диалог», гуфтаанд, ки дар Узбекистон 80 фоиз узбек зиндагони мекунад, бокимонда 20 фоиз миллатхои гуногунро номбар кардаанду факат номи точикро умуман вирди забон намекунанд. Худо накунад, ки дар кучаву паскуча точики харф бизани.

Чун Каримов ба Точикистон омаданд, дар вохури баъзехо аз шоди кариб буд, ки дилкаф шаванд.

Мо миллатчи нестем. Вале бояд ба порсанги тарозу хам нигарист.

Андоза нигах дор, ки андоза накуст,

Хам лоики душман асту хам лоики дуст.

Иддаи нобакорон магоза ба магоза гашта фуруши китобхои маро манъ мекунанд ва дар байни диндорон, донишчуйхо хам таргибот мебаранд, ки «китобхои Умарзодаро нахонед, ки у узбекхоро ори кардааст». Агар 80 фоизи мардуми точики Узбекистонро ичборан узбек карда бошанд ва дар хонадонашон онхо пинхони точики харф зананд, пас онхо ори набуда кистанд? Хануз дар асри ХIХ мухакики забардасти аврупои Вамбери гуфта буд: «Ба узбекхо бештар осори якчояшави бо ориён эхсос карда мешавад».

Чанобон, оппонентхои ноухдабарои ман, ё шумо кудрати мустакил фикр карданро надореду аз ин лихоз фуруши китобхои маро, ки таърихи панчхазорсолаи точикро то дини Ислом дарбар мегирад, манъ мекунед ё эхсосоти туркиатон боло мезанаду худро идора карда наметавонед.

Хар касе гумон мекунад, ки мо ба мисли баъзе академикхо – ошкоро ва пинхони дар хакки касе ё миллате бо тунди харф бизанем, хато мекунад. Шукри Худо бо илм сару кор дорем, ахли илм касеро мазаммат намекунад, у хакикатро иброз медорад.

Мо нагз медонем, ки ба хар як миллат дар тараккиёти таърихии у гох прогресс ва гох регресс хос аст. Вале миллатгароиро мо дар таърих хамчун талкини галабаи регресс ва фанои ояндаи миллат мепиндорем.

УЗБЕКХО ТУРКАНД Ё ОРИ?

 

  Эй ки  дар точу нигин дори руй,

  То ба кай точу нигин хохад монд.

  Мулки хасти хама тай хохад шуд,

  На замону на замин хохад монд.

  То тавони, ба чахон неки  кун,

  К-аз чахон бо ту хамин хохад монд.

Абдурахмони Чоми

 

Академик Рахим Маъруфов яке аз ситорахои тобони илми табиатшиносии Точикистон аст. Намоиши асархои илмии у ба забонхои гуногун дар китобхонаи Академияи улуми Точикистон  диккати бандаро рабуда буд. Чун тасодуфан дар рох вохурдем, ин кас аз ман хохиш карданд ба чан саволе, ки пас аз хондани китоби банда “Пайдоиши Олам ва Одам – аз назари илми муосир”  пайдо шудааст, посух бидихам. Рузи дигар вохурии мо хеле самимона ва каноатбахш анчом ёфт. Ва бори дигар дар форуми олимон дар Истаравшан чанд карате, ки во мехурдем сухбати мо дар чодаи илми табиатшиноси ва масъалахои айём хеле шавковар мегузашт.

Банда академики мухтарам Рахим Маъруфовро чун файласуф дарёфтам, ки пиндори наку дорад. Аз ин лихоз, аз у хохиш намудам, ки пеш аз чопи китоби “Ориён”  як бор онро варак бизананд.

Академик: Шумо дар ин китоби хеш кариб дар бораи хамаи миллатхову халкхои чахон вобаста ба Ориён таваккуф намудед, вале халке, ки дар хамсоягии Шумо карор гирифта, дар тули асрхои аср бо точикон хешу табори пайдо карда, хусусиятхои психологи ва урфу одатхои рузгорашро бо точикон яксон намудааст, чизе нагуфтаед.

Муаллиф: Ин халки узбек аст?

Академик: Бале.

Муаллиф: (Шухиомез) Оё Шумо кафолат медихед, ки пас аз ибрози хакикат бандаро зери маломат намегиранд?!

Академик: Одамони буздил ба илм даст намезананд. Магар худи шумо набудед, ки дар бораи Чордано Бруно накл карда будед?!

Муаллиф:  Узбекхо яке аз нодиртарин ва кадимтарин халкхои Осиёи Миёна ба шумор мераванд. Онхо турк нестанд, онхо узбеканд. Онхоро бо туркхо махлут сохтан ин хатои махз аст.

Узбекхоро турк номидан ин айнан ба мисли он аст, ки точиконро эрони, яъне аз эрон баромада мепиндоранд. Хол он ки баромади эрониён аз Осиёи Миёна, аниктараш аз Мовароуннахру Хуросон аст. Узбекхо хам инчунин “турк” ё аз Туркия набуда, балки баромади туркхои Туркия аз авлоди узбекхо аст.

Узбекхо дар натичаи ихтилоти байни кучманчиёни сохили руди Чу (иддаи хеле ночиз) ва асосан тахчоихои ориёи ба вучуд омаданд. Аксари кулли узбекхо ори мебошанд. Агар аз лихози худуди ахолинишин гирем, Бухоро дар замони Хахоманишхо яке аз шахрхои тичоратии Осиёи Маркази, дар асрхои ²Õ-Õ бошад, пойтахти давлати Сомониён буд. Халки Бухоро ва атрофи он хануз дар замони Куруши Кабир худро “ории асил” мехонданд. Самарканд, Чиззах ва нохияхои атрофи онхо хануз хам пурра даъвои ориёни мекунанд. Чи Бухорову чи Самарканд як умр дили Хуросон буданд. Хоразми Бузурги замони кухан ва Хоразми имруза бошад даъвои сароби Нахзати ориёнанд. Маънои Хоразм хам Ховарзамин аст. Водихои Фаргона ва Андичон хеч гох турк набуданд ва ба туркхо хатто нафрат хам доранд. Мисоли равшани он солхои 80-уми асри гузашта аст, ки аз ин водихо туркхои месхетиро зада пеш карда буданд. Узбекхо, дар тамоми рафти таърих, аз рузи бунёди худ то кунун ба як нафар ори санг назадаанд, балки бо сугдиву бохтари, хоразмию хуросони хешутабории кави доштанду доранд. Як мисол чолиби дикат аст: аз тарафи куввахои ахримани дар арафаи солхои 90-уми асри гузашта дар Точикистон ва кисман дар Узбекистон хам корхои хеле хам чиддии игвогарона карда шуданд ва пулхои бисёре хам сарф карданд, то ин ки точику узбекро бо хам барангезанд, вале рухи кавии дустии ин ду халки бародарро халалдор карда натавонистанд. Баръакс, точикро бо точик барангехтан осонтар гардид, нисбат ба он ки узбеку точикро чанг андозанд. Шояд дар ин чо баъзехо Чингизхону Темур ё Шайбонихонро мисол оварда акидаи моро рад кунанд. Мо ба онхо савол медихем: Пас аз Истиклолияти Точикистон дар ватани точикон даххо дастахои горатгар аз байни худи точикон ба вучуд омаданд, ки хамаи онхо ба горати халки худ даст заданд. Агар пеши рохи онхо гирифта намешуд аз байни онхо хам метавонистанд шахсхои “таърихи” пайдо шаванд. Сабабаш чист?

Вале пантуркистон, ки аз лихози генетики ба халки узбек бегонаанд, ба сони канаи байзаи гусола ба пои халки пуршарафи узбек часпида гирифта хар замон мехоханд ба мукобили точикон оташи низову нифок ангезанд, вале доимо халки бародари узбек накшахои онхоро бархам медихад. Оё, имруз мо хак дорем барои чанд нафар пантуркисти ахримани, ё чанд нафар рузноманигори игвогар, ё чанд нафар олими бетавфик, ё чанд нафар корманди давлатии майзада ба халки пуршарафи ба точикон мушфику мехрубони узбек алфози бад бигуем?!

Ман бо ин гуфтахоям аз хонандаи точик узр мехохам. Зеро точкон ягон вакт зидди узбекхо алфози бад нагуфтаанд. Худи ман шохиди зиндаи чандин вокеъахо мебошам, ки холо яке аз онхоро накл кардан мехохам:

Чун солхои чанги граждани (солхои 1990) бисёр одамон аз нохияхои гуногуни Точикистон ба хар тараф куч бастанд, дар катори онхо узбекхо хам аз нохияи Кумсангир бо ахли оилаашон фирор намуданд. Вале чун баргаштанд, чизу чора ва хонахои худро ба хамон тавре, ки партофта рафта буданд, дарёфтанд ва дар хайрат монданд. Як нафар аз онхо, ки дар кайди хаёт аст, ба банда чунин вокеъаро накл кард:

Моро игвогарон ба Узбекистон даъват намуда, мошинхои холи фиристоданд, вале пас аз чанде ба мо пули ночиз дода, ба вагонхо чой карданд, ки ба ватан баргардем. Хатто ба кудакхои мо дар вокзал як чойнак об гирифтан рох надоданд.

Чун бо ахли байтам ба ватан (Точикистон) баргаштем, мушкилтарин руз дар хаёти ман хамон руз буд, ки ахли хонадонамро бо локу параш дар сари рохи вокзали Душанбе бе сарпанох монда, худам, танхо, пиёда бо берохахо, аз байни пахтазорхо гузашта ба хонаам, дар Кумсангир наздик мешудам. Саволхои бисёре ва андешахо майнаамро гич мекарданд. Вале чун хонаамро айнан бо хамон тарзе, ки партофта рафта будем, дидам, дар хайрат мондам. Аз як рахнаи девор ба хавли даромада, ба мисли дузд охиста-охиста чор тарафро медидам. Ин вакт садои зани солхурдаи хамсояи точикам ба гушам расид, ки мегуфт: – Ту кисти? Ба хавлии беодам барои чи даромади?!

Чун у маро шинохт, якбора овозаш ба навозиш гузашт ва бо садои баланд ахли хонадонашро фарёд кард: “Турсун омад, Турсун!”

Он шаб дар хонаи хамсоя одами бисёре чамъ шуданд, гуё, ки ман аз хач омада бошам, китфу дастонамро сила карда, навозиш менамуданд ва кудаконамро мепурсиданд.

Рузи дигар мо зуд кучида омадем ва ман он рузро як умр фарофуш нахохам кард.

Агар мо аз руи адолат таърихи халки узбекро казоват кунем, пас, аз лихози антропологи зиёда аз 80 дарсади узбекхо пурра симои ориёни доранд. Дар байни точикхо хам кариб 20 дарсади точикхо аз лихози антропологи афташон ба точик монанд нест. Ин маънои онро надорад, ки онхо турканд.

Агар мо забонро сарфи назар кунем, дигар дар байни ин ду халк – точику узбек ягон хел тафовутро намебинем. Хануз Боки Рахимзодаи бузургвор гуфта буд: “Хар замон аз ман мепурсанд: Ту точики ё узбек?”

Давлатмадорон бояд бифахманд, ки замони хавобаландихои милли, бозихои хизби, табакабандихо ва чудоиандозихо сипари гардиданд. Холо факат ду рох боки мондааст: яке аз тарафи давлат пойдор ва таргиб намудани дустии бегаразонаи халкхои хамсоя. Ин имконият медихад оромиро таъмин намуда иктисодро боло бардошт ва халкхои худро аз хучуми иктисоди, сиёси ва низомии давлатхои абаркудрат дар як давраи муайяни таърихи эмин нигох дошт.

Рохи дигар индифферентизми давлатдори аст. Ин бепарвои, огох набудан аз рафти замон аст, ки ин марговар мебошад.

Такрор мекунем: дар замони нав ба таври кухна зистан имконнопазир аст.

Академик: Тамоми мухакикони чахон, аз чумла худи рафикони узбек хам, баромади хешро ба турк мансуб медонанд. Аз ин лихоз, хохиш мекунам даставвал баромади туркхоро возехтар шарх дихед.

Муаллиф: Вожаи “турк”-хоро ба таври хеле хам доманадор ё бо ибораи фалсафи бигуем – хеле хам абстракт намудан кори аврупоиён аст. Интерпритатсияи ин мафхум дар байни аврупоиён ба маънои манфи ба кор бурда мешавад: яъне хамчун истилогар, золим ва бефарханг. Пас аз галабаи туркхои усмони ва вожаи “турк”-ро бо “турон” махлут сохтани туркхои усмони ин вожа ба мисли Афросиёб тагир дода шуд. Дар асл гиред ин мардум хамаашон авлод ва кабилахои кучуманчихое мебошанд, ки дар натичаи аз тарафи Турониён таргиб намудани диёри хуррами Ориён ва хусусиятхои начиби ори ва ба сари хокимият омадани Хахоманишхо, аз сохили дарёи Чу, навохаи Балосогун ва кисми шаркию чанубии Сибир авлод-авлод, кабилахо куч баста ба мавзеъхои хуррами Осиёи Миёна меомаданд ва кисми дигарашон ба Эрон мерафтанд. Вале на хама вакт чойхои хуррами Осиёи Миёна насибашон мегардид. Бояд эътироф кард, ки пратсеси мигратсия ин конуни зиндагии ахли башар аст. Тамоми мардуми Сайёра замоне аз байни анбухи дарахтони бисёри Африко гузашта ба манзилхои хуррам сохиб шудаанд.

Протсесси мигратсияи туркхо ба Эрон, Хуросон, Бохтар, Хатлон ва дигар чойхо зиёда аз хазор сол тул кашид. Бисёрии туркхо дар сарзамини бойи Осиёи Миёна хамчун гулом умр ба сар мебурданд.

«Мувофики акидаи Нёлдеке, мегуяд академик В.В. Бартолд, истилои давлати Сомониён аз тарафи туркхо, «яке аз фочиахои хузновари сахттарин дар таърихи ин мамлакат буд». Соли 1924 Нёлдеке аз нав ба ин масъала баргашт ва боз акидаи хешро таквият дод, ки хамлаи туркхо ба олами мутамаддини мусулмони аз замони шикасти давлати Сомониён «бадбахтии умумичахонии таърихии дарачаи якум буд».

Академик: Дар асрхои ²Õ-Õ давлати пуриктидори Сомониён хукмрон буд. ин давлат аз лихози иктисоди пуркувваттарин давлати дунё буд. Дар он замон Аврупо аз чихати иктисоди дар холати табох ва аз лихози тамаддун бошад дар холати вахшоният карор дошт. Юнони Бостон, ки бо мутафаккирону кахрамонони афсонавиаш меболид аз сахнаи таърих гайб зад. Сомониён бошанд, онхоро аз нав эхё намуданд. Гуломон ба мисли Рими Кадим дар Осиёи Миёна шуриш накардаанд, ки бигуем: давлати Сомониён дар натичаи шуриш аз байн рафт. Пас сабаби асоси чист, ки ба осони туркхо ба сари кудрат омаданд?

Муаллиф: Туркхо аз асрхои ²Õ-Õ барои ба даст даровардани хокимият даст заданд. Якум сабабаш аз он иборат аст, ки баъд аз сари Исмоили Сомони дар хонадони Сомониён иттиход аз байн рафт. Дуюм сабабаш аз он иборат аст, ки “сипохи назди дарбори иборат аз гуломони турк, ки аз чавонони вилоятхои атрофи Осиёи Миёна гирфта мешуданд, дар хаёти давлат ва дарбори подшох роли калон мебозиданд. Гуломи зархарид, асосан аз байни гузхо – туркманхо буд, соли нахустин чун аскари пиёда хизмат карда, либоси оддии пахтагии занданичи мепушид. Дар соли дуюм у аспу афзори одди мегирифт ва ба сафи саворагон дохил мешуд, дар соли сеюм хукук пайдо мекард, ки шамшери “карачур” гирифта гардад. Дар соли  панчуми хизмат гулом либоси нимабрешими дорои, гурз барои асп чилави ситорадор мегирифт, дар соли шашум сохиби либоси анвон мешуд ва дар соли хафтум, агар ягон чинояте содир накунад унвони високбоши (сардори хайма)-ро мегирифт ва ба ихтиёри у се нафар гуломи чанговарро медоданд. Ба сифати аломати фарккунанда кулохи сиёхи нукракуб ва либоси киммати ганчави мепушид. Гуломони кобилиятнок, ки дар хизмат худро нишон медоданд, тадричан гуломони чанговари зиёде ба ихтиёри худ мегирифтанд ва ба унвони олии гвардия-хочиб сохиб мешуданд.

Хочиб сарлашкари бонуфузи дарбор хисоб меёфт… Гуломони турк, ки дар хизмати харби ба мансаб сохиб мешуданд… ба табакаи сохибимтиёзхо дохил мешуданд… Алптегин… аллакай дар 35-солагиаш сохиби мансаби сипахсолори Хуросон гардида, ба 2700 гуломи чанговар фармондихи мекард ва дар Мовароуннахру Хуросон сарвати зиёде дошт.[1] Дар давраи Алптегин  аз байни гуломони турк Сабуктегин баромада, минбаъд ба сулолаи Газнавиён асос гузоштааст.[2] Хамин тавр, дар натичаи сиёсати индифферентистии давлатдории Сомониён на факат гуломзода – Махмуди Газнави ба сари хокимият омад, балки дар рафти таърих то асри ÕV²² мелоди, чи дар Шарк ва чи дар Гарб тоталитаризми турки чори карда шуд.

Академик: Туркхои усмони кистанд ва аз кучо пайдо шуданд?

Муаллиф: Решаи туркхои усмони ё генеологияи онхо аз сардори авлод Салчук сар мешавад. Сардори авлод Салчук ном марди солхурдае буд, ки дар поёноби дарёи Сир хаёт ба сар мебурд. Авлоди ин пирамард дар ибдидои асри Õ² ба си оила расид: у чор писар дошт. Писари калониаш -Исроил, дуюмаш Микоил, сеюмаш – Юнус ва охиринаш Мусо ном доштанд. Он солхо халки узбек хануз хамчун милат ташаккул наёфта буд. Аз ин ру, номи худро хам надошт.

Авлоди Салчукро аз ду тараф горат мекарданд: аз як тараф сарбозхои Махмуди Газнави ва аз тарафи дигар хокими нохияи Чанда, ки Салчук дар он нохия мезист. Салчук аз ин ахвол ба дод омада, фарзандони худро ба аспсаворию аспдавони ва шамшерзани омухт ва боре ба мукобили лашкари Султон Махмуд баромада галаба ба даст овард, ки дар натича одамони Султон Махмуд писари калонии Салчук – Исроилро дастгир намуда ба зиндони Калъаи Калончари андохтанд ва дере нагузашта у дар он чо халок гардид. Писари дуюмаш Микоил аз зарби шатта халок гардид. Пас Салчук якчоя бо тамоми авлодаш ба сохили рости дарёи Зарафшон кучида омада, бо хаёти нимкучманчиги ва нимзаминдори машгул шуд. Дар ин чо хам Салчукро осуда нагузоштанд, аз як тараф аз дасти одамони Махмуди Газнави горат карда мешуд ва аз тарафи дигар, – таркманхо низ ба хонадони у душмани пайдо карданд.

Дар ин муборизахо фарзандони Салчук обутоб меёфтанд. Тугралбек – набераи Салчук, писари Микоил бо ёрии амакаш Мусо ва Довуд дар арафаи солхои 30-юми асри Õ² ба мукобили Султон Махмуд сар бардошт. Галабаи Тугралбек соли 1027 дар мухорибаи Дандонакан ба сулолаи Салчукиён ибтидо гузошт. Мардуми Самарканд, Нишопур ва дигар нохияхо, ки асосан аз точикон иборат буданд ба Тугралбек дархои худро боз карданд. Зеро Махмуди Газнави халкхои махаллиро ба дарачае хонахароб карда буд, ки аз руи гуфтаи Абулфазли Байхаки “гуруснагие, ки соли 401 (1011 милоди) дар Нишопур ба амал омад… гуруснагии умуми  дар Хуросон ва Ирок буд… дар Нишопур зиёда аз 107 хазор кас халок гардид… кор ба чое расид, ки одамон фарзандони хешро мехурданд”.[3] Ба точикхо пайрави намуда, туркманхо хам ба Салчукиён дасти ёри дароз карданд. Салчукихо дар як муддати кутох Гургон, Табаристон, Хоразм, Озарбойчон ва кисми зиёди вилоятхои гарбии Эронро ба тасарруфи худ дароварданд. Туграбек соли 1055 пойтахти халифахои аббоси Багдодро низ ба даст оварда, ба таври расми салтанати Салчукиёнро дар ин сарзамин эълон кард.

Баъд аз он Тугралбек сарзамини Кирмонро ба даст овард ва куввахои харбии Византияро дар Кафкоз торумор намуд. Пас за марги Тугралбек (1063) чи дар давраи салтанати чияни у Алп-Арслон (1063-1072) ва чи дар давраи салтанати Чалолиддин Маликшох (1072-1092) Салчукиён давраи нашъунамои худро аз сар мегузарониданд ва дар даврахои мазкур онхо худуди давлати худро васеъ карданд. Хулоса, худуди давлати Салчукиён аз Осиёи Миёна то кисмхои дохилии Фаластин тул кашида княз ва урдухои Кошгарро, ки дар ин мамлакат то сархадди Чин бодиянишин буданд, мачбур кард бартарии онхоро эътироф кунанд.

Чи Тугралбек ва чи Алп-Арслон мутлако бесавод буданд. Шаъну шухрати Салчукиён махз ба шарофати ашхоси донуву баруманд, аз кабили вазири донои Маликшох – Низомулмулк буд:  Ба шарофати Низомулмулк дар давлатдории Салчукиён баъзе аз унсурхои давлатдории Сомониён истифода карда шуд. Пас аз кушта шудани Маликшох ва Низомулмулк давлати Салчукиён ру ба таназзул ниход ва соли 1157 бархам хурд.

Давлати Салчукиён бархам хурда бошад хам Византия (Рум) то охири асри Õ²²² дар дасти Аловуддини Салчуки буд. Аловуддин пеш аз марги худ Византияро ба Усмон супорид. Соли 1299 пас аз марги Аловуддин Усмон ба сари хокимият омада, на факат Византия, балки паи хам чандин вилоятхоро ба тасарруфи худ дароварда, корномахои чангии худро нишон дод. У анъанаи ворисиятро рад карда, ба худ унвони “султон”-ро гирифт ва аз он вакт сар карда, туркхо худро “туркхои  усмони” меномидаги шуданд.

Туркхои усмони то давраи таназзули худ, яъне то нимаи дуюми асри ÕV²² Осиё, Аврупо ва Африкоро дар зери тасарруфи худ нигох медоштанд. Онхо хануз мохи майи соли 1453 Константинополро ишгол намуда, пойтахти худ эълон карданд ва номашро Истамбул гузоштанд. Хол он ки дар империяи туркхо худи туркхо акаллиятро ташкил мекарданд. Факт онхо дар Осиёи Хурд ва кисми Румели (Туркияи аврупои), ки ба Истамбул тобеъ буд, чамъ шуда буданд.

Бо вучуди он, ки туркхо империяи бузургро ба вучуд оварданд, вале “ягонагии дохилиро ба вучуд оварда натавонистанд”[4]. Ва ин аз он сабаб аст, ки “кисмхои алохидаи ин империя аз лихози этники яке аз дигаре тафовут дошт. Ин тафовут дар забон, дар дин, аз лихози ичтимои, иктисоди, сатхи пасти мадани ва гайра мушохида карда мешуд”[5]. Чуноне, ки дар боби “Таърихи пайдоиши Турониён” кайд кардем, дар ибтидои асри ÕÕ боз иштихои туркхои усмони боз шуда, ин дафъа мехостанд “Турони бузург”-ро ба вучуд биёранд. Барои ин якум, ин ки мафхуми “турон”-ро бо мафхуми “турк” махлут сохта ба тахрифи дагали таърихи рох доданд, дуюм, максади асосии онхо тамоми халкхои чахонро турконидан буд. Туркигардони факат бо як рох имконпазир буд – ин бо рохи вахшонияти ба онхо хос. Хушбахтона, Аврупо садди рохи эшон гардид.[6]

Академик: Узбекхо ба ин чи хел муносибат мекарданд?

Муаллиф: Халки узбек осоиштагию суботкориро  бехтар медонист. Узбекхо асосан майли ориёни мекарданд ва дар бисёр чихатхо хилофи туркхо буданд. Узбекхо рохи истилогаронаи туркхоро хатто аз асрхои Õ²V-ÕV сар карда махкум мекарданд. Вале дар ин давра туркхо шухрати чахони пайдо карданд, ки хоху нохох таъсири худро ба воситаи пантуркистхо мегузарониданд. На ин  ки узбекхо, балки точикхоро хам ба пантуркизм кашиданд. Бо вучуди он ки халки точику узбек маданияти волои Ориёнро аз хама чиз бехтар медонистанд.

Академик: Аз гуфтаи Шумо бармеояд, ки узбекхо аз туркхои усмони, яъне аз Туркия набуда, балки саравлоди туркхо аз узбекхо ва хатто аз поёноби дарёи Сир, ки имруз хам ба Чумхурии Узбекистон тааллук дорад, пайдо шудаанд.

Муаллиф: Бале, устод.

Академик: Ин тавр, ки бошад, вожаи “узбек” чи маъно дорад ва ин халк чаро ин номро гирифтааст?

Муаллиф: Вожаи “узбек” бештар ахамияти сиёси-таърихи дорад, нисбат ба он ки этники бошад.[7] Вай ба шахси конкрет, хокими асилзода (“истый князь”) Узбекхон мансуб аст, ки 27 сол подшохи кардааст.

Академик: Хизмати у аз чи иборат буд, ки як халк ба бутуни номашро аз у иктибос кардааст? Ё барои подшох буданаш? Ё ин ки халки узбек кабл аз у забони давлати надошт, маданият надошт ва г. г.? Чунон, ки баъд аз инкилоби Октябр халкхои моро ба чахон хамин тавр муарифи мекарданд.

Муаллиф: Не, устод. Ба забони узбеки хануз аз замони Ахмади Ясави – шоири барчастаи узбек, Пири Кабири ахли тасаввуфи узбеку точик китобхо навишта шудаанд. Боз даххо бузургони ин халкро номбар кардан мумкин аст, ки дар чодаи тамаддун хиссаи босазое гузоштаанд.

Якумин хизмати ин марди начиб – Узбекхон аз он иборат буд, ки у ба тачрибаи бойи Сомониён такя намуда барои муттахид намудани хамаи халку кабилахои дар зери васояташ буда, онхоро ба дини Ислом кашид. Ин дар он вакт ба мардуми ори – аз кабили точикон  хеле хуш омад. Зеро онхо дар зери шиори “Муъмин бародари муъмин” амал мекарданд. Чи дар давраи у ва чи баъд то асри ÕÕ аз халкхои ин сарзамин “Миллатат чист?” гуён пурсед “мусулмон”  гуфта чавоб медоданд. Дар вокеъ Умари Хайём ва Хофизи Шерози хам ба чои “мазхаб”, “дин”, “миллат” –ро истифода кардаанд. Чунончи Умари Хайём мегуяд:

 

Хафтоду ду миллатанд, дар дин каму беш,

Аз миллатхо ишки ту дорам дар пеш.

Чи куфр, чи Ислом, чи тоат, чи намоз,

Максуд туи, бахона бардор аз пеш.

 

Хофиз мегуяд:

Чанги хафтоду ду миллат хамаро узр бинех,

Чун надиданд хакикат, рахи афсона заданд.

Дуюм хизмати Узбекхон аз он иборат буд, ки хама анъанахо ва расму русуми Ориёнро, аз кабили чашни Навруз, хулку атвори нек ва гайраро чори кард.

Дар замони Узбекхон дар байни хокимони рус чангхои дохили мерафт. Яке аз ин чангхои дохили дар байни хокимони Москва ва Твер буд. Соли 1318 дар чанги шадид ба мукобили Юрий Московский Михаил Тверской голиб омад. Юрий ба хохари Узбекхон – Кончак хонадор шуд. Ба никохи онхо хамчун ори ба ори  рухсат доданд. Бо ин амали худ Юрий бо Узбекхон наздики пайдо кард ва дили уро ёфт. Дар чанги дигар барои ба даст даровардани Новгород боз галаба насиби Михаил гардид. Ин дафъа Михаил хамсари Юрий – Кончакро низ ба асири гирифт ва дере нагузашта Кончак вафот кард. Юрий ба Узбекхон хабар дод, ки Михаил ба хохари у захр дода куштааст.

Узбекхон Михаилро ба назди худ хонд. Бо фармони Узбекхон писари Михаил Александр ба мукобили Иван Калита чанг эълон кард. Вале дар ин вакт сафири Узбекхон дар Твер – Шавкал бо хамрохонаш кушта шуд. Александр аз газаби Узбекхон тарсида ба Литва гурехт. Иван Калита аз вазъият истифода бурда Тверро торумор кард.

Соли 1337 Александр бо ихтиёри худ ба назди Узбекхон омада ба гуноххояш икрор шуд. Ин амали Александр ба Узбекхон маъкул шуд ва уро авф кард. Вале билохира бо игвои Калита 29 октябри соли 1339 Александр бо писараш кушта шуд. Соли 1340 Узбекхон аз олам даргузашт.

“Дар тули хукмронии 27-солаи худ Узбекхон кушиш ба харч дод, ки дар Москва харифи пуркувватро ба мукобили урдухои турк ба вучуд биёрад, шояд ин чизро худи у пай набурда буд”[8].

Узбекхон на ин ки ба мисли туркхо, рухониёни православиро таъкиб кард, балки хамаи имтиёзхоеро, ки онхо бояд аз он бархурдор мешуданд, нигох дошт. Ин амали чавонмардонаи Узбекхон боз як бори дигар далели он аст, ки ба назарияи Ориён эътикоди калон доштааст.

Дар охири асри Õ²Õ муаррихи машхури аврупои Вампери, ки бо таърихи туркхо машгул шудааст дар хакки узбекхо ба чунин акида меояд: “Бояд эътироф кард, ки нишонаи асосии узбекхо вазъияти сиёсии онхо мебошад. Узбекхо хамон тоифаи туркхоеанд, ки нисбат ба дигарон (миллатхо – И. У.) бештар бо точикон махлут гардидаанд”. “Ба узбекхо бештар осори якчояшави бо Ориён эхсос карда мешавад”[9].

Ба бисёр муаррихони ачнаби муяссар гардид, ки узбекхоро ба точикхо ва точикхоро ба узбекхо бад карда нишон диханд ва баъзе одамони соддаи точику узбек хам ба ин бухтонхо бовар мекарданд. Зеро бештари каламбадастони бемаърифати ин ду миллат кур-курона гуфтахои ачнабиёнро гирифта хангома мекарданд. Сиёсати чудоиандози, ки аз “хикмати” Юнон об хурдааст, дар тули зиёда аз ду хазор сол барои халкхои Шарк хеле гарон афтод. Вакти он расидааст, ки наслхои ояндаро аз хакикати таърихи огах созем.

Академик: Ба дустии ин ду халк – узбеку точик кихо дар гузашта асос гузоштаанд ва кихо имруз садди рох мегарданд?

Муаллиф: Кихо  ба дустии ин ду халк имруз монеъ мешаванд, инро наслхои оянда казоват хоханд кард. Вале дар гузашта барои дусти чи корхо ва аз тарафи ки анчом дода шуд, мо метавонем накл кунем.

Дар замони Абдурахмони Чоми кариб хамаи шоирони узбек ба забони точики шеър мегуфтанд. Абдурахмони Чоми нахустин шуда барои ба забони узбеки навиштани шеър фотеха дода буд. Худи Мавлоно Чоми бо ду забон шеър гуфт, ки ин маънии ширу шакар будани ин ду забон – точики ва узбекиро собит менамуд.

Матлаи шеъри Мавлоно Чоми чунин аст:

 

Эй лабат пурхандаву чашми сиёхат масти хоб,

Икки зулфунг орасида ой юзунгдур офтоб.

Мастии май мекунад руи туро гарки арак,

Бода ичсанг тукулур икки кизил юздан гулоб.

Булхавас дар базми васлат махраму ман ноумед,

Толиим шудур менинг, бахтим забун, холим хароб.

Харки бинад руи хубат, пок гардад аз гунох,

Сенга боккан бандага махшар куни йукдур азоб.

Банда шуд Чоми гуломат, гарчи Афлотун бувад,

            Асрагил ё саклагил, ё сот ё бергил жавоб!

 

Сардафтари адабиёти классикии узбек Алишери Навои хам дар ибтидо ба забони точики бо тахаллуси Фони шеър мегуфт. “Абдурахмони Чоми дусти худро на бо забони точики, балки бо забони модариаш шеър гуфтан хидоят менамуд”[10]. Ба дарачае дустии байни Чоми ва Навои кави гардид, ки хатто бо маслихати хамдигар шеъру достонхо эъчод мекарданд. Бо таклифи Чоми Навои асархои худро ба забони узбеки навишта, худро хамчун дахои инсоният муаррифи кард. Чоми чанд асари худро бо таклифи Навои эчод кардааст. Пас аз марги Чоми Алишери Навои ба хотири устодаш – Чоми китоби “Хамсатулмутахаййирин”-ро эчод кард. Алишери Навои дар достони чоруми  “Хамса” устод ва дусти наздикаш Абдурахмони Чомиро ситоиш намуда менависад:

 

Фазл конию илм дарёси,

Бахру кон сиррининг шунососи.

Илм дарёсига хубоб сипехр,

Йукки, ул бахр ичинда гавхари мехр.

Кашфи хикмат иши камохи анга,

Хам табиию хам илохий анга.

Худ риёзийда фикри гаддунрав,

Ойириб чарх мазраин жав-жав.

Арабийатда дарс анинг вирди,

Ибни Хожиб[11] камина шогирди.

Ибни Хожиб демайки, Жоруллох[12],

Онча тафсир ишинда йук огох.

Хам Хадис ичра сарбаланд шажар.

Ким етишмай анга юз Ибни Хажар[13].

“Арбаин” ики, айлабон тартиб,

Араби бирла форси таркиб…

 

Навои асархои илми, достонхо ва китобхои Чомиро дар достони “Сабъаи Сайёра” таранум кардааст. Сипас Абдурахмони Чомиро ба арши аъло расонида мегуяд:

 

Не камолот аро нихоят анга,

Не маротибда хадду гоят анга.

То камол ахлидин макол улгай,

Одами зинати камол улгай.

Хам малак доначини доми анинг,

Хам хирад журъахори жоми анинг.

Бахравар андин одам авлоди,

Олам ахлига зилли иршоди.

Майи, хуш ахли жонфизойи хам,

Жомидин бахравар Навоий хам.

 

Хонандаи хушманд, агар эътибор дода бошад, пас дар ин шеър зиёда аз 70 дарсади калимахо ба забони Ориён мансуб аст.

Забони узбеки бархак нодир аст. Гарчанде ин забон аз лихози грамматики  моили турки, вале аз лихози фонди лугави ориёни мебошад. Барои мисол ба лугате, ки олимони узбек хануз соли 1953 бо унвони “Узбек классик адабиёти асарлари учун кискача лугат” бароварда буданд назар меафканем. Олимони узбек коидаи забонро вайрон накардаанд, балки калимахои ба забони узбеки дар замони мо нофахмо шударо (архаизмро) шарх ва хозираашро муаррифи кардаанд, ки хозирааш боз бештар майли ориёни дорад, нисбат ба он ки турки бошад. Масалан, калимаи “абад” чунин шарх дода шудааст: “абадий”, “доимий”, яъне ду харфи – “ий” дар охир хамрох карда шудааст. Ё ки калимахои “абвоб”-“боблар”, “абд”-“банд”, “абдан”-“баданлар”, “абъёт”-“байтлар”, “абид”-“бандалар”, “абкам”-“гунг, лол”, “аблаг – балогатлирок, равшан ифодалирок”, “абтар – нотамом, парешон”, “ад, адд – адад, сон, хисоб”, “аъдо – душманлар”, “адоват – душманлик”, “баъйат – ахд, паймон, ваъда бериш”, “баракат – шарофат, хайрилик, муллик, фарвонлик”, “барахман – оташпарастлар, бутхонасининг рухонийси” ва гайра.

Хулоса, ин лугат аз 455 сахифа иборат буда, такрибан 12000 калимаро дар бар мегирад. Фонди лугавии забони узбеки хеле бой буда, аз он шаходат медихад, ки ин забон  бештар  ба забони Ори майл дорад, на ба турки.

Бигзор сиёсатмадорон донанд, ки забон воситаи истехсолот нест. Бо забонхои гуногун гуфтугу кунед, аз он рискатон кам намешавад. Забон факат як вазифа дорад, ин воситаи алока будани вай аст. Чи кадар забонхоро бештар донед хамон кадар бо халкхои гуногун гуфтугуи озод карда, ба максади худ чомаи амал пушонида метавонед ва ин аз маданияти баланди Шумо шаходат медихад. Як забонро аз забони дигар аълотар пиндоштан натичаи хамокат аст.

Академик: Яъне Шумо гуфтаниед, ки факат забон шарти асосии назарияи Ориён нест.

Муаллиф: Бале, устод. Имруз оддитарин шахси узбек, ки дар тули асрхо бо сугдиву бохтари, бо хуросониву, хатлони махлут гардидааст, дар чодаи Ориён ва ичрои назарияи эшон дар радифи точикон меистад. Вазифаи ахли илм аз он иборат нест, ки ба рафти таърих монеъ бишавад ва сабабгори низову нифок гардад, балки вазифаи илм аз он иборат аст, ки таърихро бо акли солим казоват бикунад ва одамонро ба рохи дуруст хидоят намояд.

Академик: Мавзуи тадкикоти фалсафа, жанрхои адабиёт, санъат бояд дар байни узбекхову точикхо фарк дошта бошад. Хамин тавр не?

Муаллиф: Аз лихози омузиши афкори фалсафи дар байни ин ду халк ягон хел тафовут вучуд надорад. Зеро хамон мутафаккироне, ки мо мавриди омузиш карор медихем, онхо хам хамонро тадкик мекунанд.

Он чи сухан дар чодаи адабиёт равад хамаи жанрхое, ки дар адабиёт, махсусан дар шеър, точикон ба кор мебаранд, узбекхо хам айнан хамон жанрхоро ба кор мебаранд.

Дар бораи санъат як мисол меорам: Шохасари классикии “Шашмаком” чи дар точики  ва чи узбеки як хел садо медихад, хатто агар ягон оханги бикр ё навои нав дар байни яке аз ин халкхо пайдо шавад, зуд хафтаи дигар дар байни халки дигар интикол дода мешавад. Ин аз иттиходи ягонаи эчодии ин ду халк шаходат медихад.

Парвардигор гуё як халкро ба ду таксим карда, дар байни онхо мусобикаро  дар эчоди санои мубин гузоштааст.

[1] Низом-ал-Мулк. Сиасетнаме. М-Л., 1949, са{. 110-117.

[2] Неъматов Н. Давлати Сомониён. Душанбе. 1989, са{.33-34.

[3] Абулфазл Байхаки. История Масъуда. (1030-1034). М., са{.895.

[4] Всемирная история. М., 1958, са{.203.

[5] [амон xо, са{.203-206.

[6] И. Умарзода. Ориён. Душанбе, 2002. С.49-65.

[7] Энциклопедический словарь. Санкт-Петербург. 1902, том ХХХIV, са{.608.

[8] Энциклопедический словарь. Санкт-Петербург. 1902, том ХХХIV, са{.610.

[9] Энциклопедический словарь. Санкт-Петербург. 1902, том ХХХIV, са{.609.

[10] Е.Э. Бертелс. Джами. Сталинабад. 1949, са{.166.

[11] Ибни [оxиб – тахаллуси Абe Амр Xамолиддин Усмон бинни Умар, олим ва мутахассиси на{ви араб аст. Абдура{мони Xомb «Rофия»-и eро тафсир намудааст. E. Соли 1176 (570{.) дар де{аи Аснои Миср ба Дуне омада, соли 1249 (646{.) дар Искандария аз олам гузашт.

[12] Xорулло{ – олими забардаст, мутахассиси адабиёт ва забони араб буда, бо унвони Зама{шарb маш{ур аст. Номи e Абулrосим Ма{муд бинни Умар буда, с.1075 дар де{аи Зама{шарии Хоразм ба Дуне омада, с.1144 дар Xурxон аз олам гузашт. E аз rабили «Кашшоф» 15 асари барxаста дорад.

[13] Ибни [аxар – {адиснависи маъруф буда. Соли 1449 дар Миср аз олам гузашт.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …