Главная / Биология / УСТУХОНБАНДИ ВА МУШАКИ ПАРРАНДАХО

УСТУХОНБАНДИ ВА МУШАКИ ПАРРАНДАХО

Сохти устухонбандии паррандахо аз дигар мухрадорон фарк мекунад. Масалан, мухраи паррандахо ба дарозиаш сохти зиншаклро мегирад. Мухраи паррандахо аз кисми гардан, сина, чорбанд, дум иборат буда, адади онхо гуногун аст. Аз чумла мухрамхои гардании паррандамхо то ба 25 адад расида, якчоя сохти зиншаклро гирифтааст. Масалан, дар кабутар 14, дар паррандаи хурди тропики, ки як гр. вазн дорад — 9, дар паррандахои гардандароз (лаклак, ку, турна, фламинго) то 25 мухраи гардани хаст. Аз ин сабаб паррандахо дар як чо истода, сарашонро ба 360 дарача давр занонда метавонанд.

kabutar

Кафаси синаи паррандагон асосан аз 4 мухраи бо хам часпида иборат буда, баръакси мухрахои гардани бехаракат мебошанд.

Мухрахои чорбанд дар хамаи паррандахо як микдор нест. Масалан, дар чорбанди кабутар 14 мухра якчоя пайваст шудаанд.

Мухрахои думи ба хисоби миёна 7-то буда, охираш ба гадуди думгозаги мубаддал шудааст.

Косаи сари паррандахо аз чихати сохташ ба косаи сари хазандахо наздик аст. Лекин косаи сари паррандахо сабук буда, кисмхо ба хам барчаста часпидаанд.

Дар асоси нули паррандахо узви растаки бини хаст, ки ба даруни чоги болой рох дорад.

Кисми китфи паррандахо аз устухони белча, калитак иборат аст. Гайр аз ин устухонхои кисми кафаси сина ба пойхои пеш пайваст шудаанд.

Агар пойхои пешро, ки бол ё ки канот мегуянд, аз пару пат тоза кунед, мебинед, ки аз устухони китф, оринч, сок ва панчахо иборат аст.

Азбаски паррандахо тухмзой мебошанд, тухми калон-калон доранд. кисми устухони кос васеъ мешавад. Устухонн кос бо пойхои акиб алокаманд аст. Скелети пой аз устухони рон, сок, панчахо иборат мебошад. Баъзе паррандахо на бо панчахояшон.

Балки бо пих ба замин такя мекунанд, ки як вактхо он панчаи панчумин буд ва холо редуксия шуда, изи он боки мондааст, ки вайро пих меноманд.

Кисми аз хама сермушаки парранда кафаси сина буда, тамоми харакати болро ба тартиб медарорад. Мушакхои гардан хам нагз инкишоф ёфта, ба харакати cap ёри мерасонанд. Мушаки пойхои паррандагони даштию биёбони (шутурмург, дугдог) хеле бокувватанд, Дар хамаи паррандагони дарахтгард мушакхои каткунандаи панчахо чунон инкишоф ёфтаанд, ки хатто шабона шохасро дошта, ором хоб мераваду намеафтад. Гайр аз ин, мушаки пойхои паррандахои обй хам нагз инкишоф ёфтааст.

Вазни хоси парранда хам мисли самолёт аз кафо вазнин буда, барои боло баромадан ва поён фуромадан мушакхои махсуси кафаси сина кор мекунанд. Кувваи теладиханда он вакт ба вучуд меояд, ки болхои парранда тез-тез поён мешавад. Парранда хам мисли самолёт аз чойи истодааш суръат гирифта, медавад ё аз болои баландие худро хаво дода, бо чахиш парвоз мекунад.

Суръати парвози паррандагон хар хел аст. Масалан, кабутар дар як соат аз 50 то 90 км парвоз мекунад.

Инчунин кобед

prishi-ot-potseluev-na-litse-3

Собун барои доги руй

Агар шумо ба сини балогат расида ба гирифтори доги руй шуда бошед пас барои тоза …