Главная / Илм / ЮНУЧКА

ЮНУЧКА

younuchqa-660x330Юнучка — инро дар як катор махалхои точикон ришка меноманд, ки шакли адабии точикиаш хамин асл, вале «юнучк» аз турки дохил шудааст. Ин растани ба хама маълум мебошад, зироат мекунандаш. Мизочаш дар дарачаи якум гарм ва тар аст. Баъзехо дар дарачаи дувум гарм ва хушк низ гуфтаанд. Хислатхои шифобахши он: агар инро бихуранд, дарунро мулоим мекунад, куввати бох мебахшад, вале шикамро дам низ менамояд. Агар бо шакар бо мудовамат бихуранд, баданро фарбех менамояд, хуни солим аз он пайдо мешавад.

Инро куфта, бо асал хамир сохта гузошта банданд, варами хунукро тахлил медихад; бо сирко сиришта гузошта банданд, варами гармро мегардонад. Агар юнучкаро пухта, рузе ду бор ба мабдоъи асабхо гузошта банданд, иллати ларзакро дафъ мекунад.

Тухмаш дар давоги назар ба кисмхои дигари он кавитар аст, вале хислати кабзкунандаги дорад. Агар инро бихуранд, мани ва шир пайдо мекунад, баданро фарбех мегардонад, хайзро равон месозад, хусусан дар хаммом ва ё баъд аз хаммом кардан тановул намоянд, дар ин амал кавитар аст; барои дагалии узвхои даруни сина ва сурфа дору мешавад. Кувваташ то панч сол боки мемонад.

Микдори як бор хурдан аз тухмаш дар як руз аз 7 то17,5 грамм аст. Аз юнучка равган хам тайёр мекунанд ба ин тарик:

  1. Тухмашро куфта, камтар оби гарм бар он пошида нам гиронда, баъд ба воситаи фишор додан равганашро меситонанд.
  2. Оби барги тару тозаашро гирифта, баробари он об аз болояш равгани зайтун андохта, дар зарфе бо оташи мулоим мечушонанд. Чушишаш басанда гардад, зуд аз оташ фуруд меоваранд — ин равгани юнучка хисоб меёбад.

yunuchqa-768x231Молидан ва хурданаш кач шудани руй ва ларзакро шифо мебахшад. Агар юнучкаи хушкро бихуранд, дарунро мебандад. Гулаш дар давоги назар ба тухмаш зиёдтар мебошад. Агар дуди инро бардавом бигиранд, кач шудани руйро ба ибро меоварад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …