Главная / Гуногун / Тутие бо зоге

Тутие бо зоге

Тутиеро бо зоге дар кафас карданд ва аз кубхи мушохидаи у мучохида мебурду мегуфт:
– Ин чи талъати макрух асту хайати мамкут ва манзари малъуну шамоили номавзун?

e0786da5d6b720c39098aee1e2c508fcАлассабох ба руи ту хар ки бархезад,
Сабохи рузи саломат бар у масо бошад.
Бадбахтаре чу ту дар сухбати ту боисти,
Вале чунин, ки туи, дар чахон кучо бошад?

Ачабтар он, ки гуроб аз мучовирати тути хам ба чон омода буд ва малул шуда, лохавлкунон аз гардиши гети хаменолид ва дастхои тагобун бар якдигар хамемолид, ки ин чи бахти нагун асту толеи дун ва айёми букаламун? Лоики кадри ман он аст, ки бо зоге ба девори боге бар хиромон хамерафтаме.
Порсоро бас ин кадар зиндон,
Ки бувад хамтавилаи риндон.

То чи гунах кардам, ки рузгорам ба укубати он дар силки сухбати чунин аблахи худрайъ, ночинси хирадори ба чунин банди бало мубтало гардонидааст?!
Кас наёяд ба пои деворе,
Ки бар он суратат нигор кунад.
Гар туро дар бихишт бошад чой,
Дигарон дузах ихтиёр кунанд.

Ин забурмасал бад-он овардам, то бидони, ки сад чандон, ки доноро аз нодон нафрат аст, нодонро аз доно вахшат, бал бештар:

Зохиде дар самои риндон буд,
З-он миён гуфт шохиде балхи:
«Гар малули зи мо, туруш манишин,
Ки ту хам дар миёни мо талхи!».

***
Чамъе чи гулу лола ба хам пайваста,
Ту хезуми хушк дар миёне раста.
Чун боди мухолифу чу сармо нохуш,
Чун барф нишастаиву чун ях баста.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …