Главная / Гуногун / Турон чи маъни дорад?

Турон чи маъни дорад?

Тура номи авлоди Фаридун аст, ки Фаридун ин номро боз ба яке аз фарзандони худ гузоштааст. Точикон ин анъанаро холо хам идома медиханд, номи баъзе аз ворисони худро аз номи бобою бобокалон ё авлодашон мегиранд.

Мардуми атрофии дарёи Орокас (дарёи Сир) ва Окс  (дарёи Ому) дар замонхои хеле кадим ба чандин кабилахо ва халкхо таксим мешуданд, ки номи махаллаашон хам аз руи номи ин кабилхо вирди забон гардида буд. Масалан, мафхуми Тур дар чанд чои «Авесто» ба шакли «Тура» сабт ёфтааст. Мафхуми «Тура» – ро дар кадимтарин навиштахоти «Авесто», дар «Готхо», дар «Ясно» – 46, «Ясно» – 12 дучор мешавем, ки хамчун авлоди Ориён-Тура кайд шудаааст. Дар бораи (Турониён) нависандагон ва муаррихони Юнон монанди Аристей, Херодот, Хэрил, Дионисий, Диодор, Ктесий ва гайра навиштаанд.

Олими рус А.А. Стариков «Турониён аслан кихоянд ва кишвари онхо дар кучост?» – гуён савол мегузорад ва худ чунин посух медихад: «Бешубха ватани онон дар шимолу шаркии Эрон буда, сархадаш ба дурусти нишон дода шудааст: Чайхун (Амударё). Аз ин лихоз, Турон ин Вароруд, Мовароуннахр, Туркистон! Оё ин маънои онро надорад, ки Турониён турканду ба эрониён мукобил гузошта шудаанд. Аммо ин гуна мукоиса хеч як асос надорад. Мовароуннахр, хамчунин Хоразм, холо асосан территорияхои туркзабон мебошанд, аммо дар замонхои кадим сарзаминхои азалии эрониёни Осиёи Миёна, ачдодони халки точик будаанд».

Хулоса, Хуррамзамин хамин Туронзамин аст, ки Фирдавсии бузургвор аз забони кахрамонаш – Гургин васфи иди гули лоларо дар Туронзамин бо сатрхои шахдбори худ тараннум намудааст:

Яке дашт бини хама сурху зард,

К-аз у шод гардад дили родмард.

Хама бешаву богу оби равон,

Яке чойгах аз дари пахлавон.

Замин парниёну хаво мушкбуй,

Гулоб аст гуи магар оби чуй.

Хиромон ба гирди гулон – бар тазарв,

Хурушидани булбул аз шохи сарв,

Паричехра бини хама дашту кух,

Ба хар су нишаста ба шоди гурух.

 

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …