Главная / Илм / Турбуд

Турбуд

Турбуд — ин решаи гиёхест берунаш моил ба сиёхи, дарунаш сафед ва сабук, миёнхолии наймонанд, ду тарафи он шилмак дорад. Ин гиёх дар сарзамин ва куххои Осиёи Маркази низ меруяд. Гиёхаш поядор, баргаш монанди барги лубиё ва печаки калон аст, гирдхои он борик, гулаш осмонгуну дар пояаш мебошад. Самараш монанди тухми дарахти забони гунчишк (шунг).

Агар даруни решаи он сиёх ё зард буда, низ ковок набошад, захр аст. Бехтарини он даруни решааш сафеди ковок, шилмакдор, кирмнохурда, дар гафси ва борики миёна, софчавхари суфта, зудшикан ва осон куфташаванда, береша ё камреша, бо андак тезии таъм ва ба сатхи забон нуфузкунандаи покиовар бошад. Агар ин гуна сифатхоро надошта бошад, радди аст, ки ба истеъмол намеравад.

Мизочаш дар авали дарачаи севум гарм ва дар охири хамин дарача хушк аст. Вале муаллифи китоби «Шифо-ул-аском» мизочи инро дар охири дарачаи дувум гарм ва хушк гуфтааст.

Хислатхои шифобахши он: хусусияташ         исхолкунандаи балгам ва рутубати ракик (суюк), инчунин дафъкунандаи микдори ками сафро аст; ахлоти (моддахои) сухтаро дафъ мекунад.

Агар инро бо занчабил, ки кувватбахши феъли он аст, бихуранд, балгами часпак ва гафсро меканаду хатто аз чохои дур ва чукури бадан дафъ мекунад; майна, меъда ва бачадонро аз балгамхои гуногун пок месозад ва гиреххои дар он пайдошударо мекушояд; барои фолич, беморихои асабони, сурфаи ходис ба иштироки рутубатхои меъда ва иркуннасо (радикулит) даво мешавад; инро бо равгани бодом ё бо тухми загир бихуранд, сурфаи кухна ва дарди узвхои даруни синаро дафъ мекунад; бо пусти халилаи кобули бихуранд, барои молихулиё, девонаги ва саръ даво мешавад. Ба кавле, чун чирми хомашро куфта бихуранд, балгамро назар ба сафро зиёдтар хорич менамояд. Вале агар онро дар об чушонида, он обро бинушанд, баръакс, сафроро зиёдтар аз балгам дафъ мекунад. Лекин сазовор ва лоики он аст, ки  дар об чушонида ва ё куфта истеъмол кардани бошанд, бисёр чуш надиханд ва махин накубанд, то он ки ба пашмакхои меъда ва рудахо начаспад. Агар инро ба маъчун дохил кардан хоханд, бояд ки махин бикубанд.

Куфтаи онро бо занчабил ва шакар истеъмол кардани шаванд, бояд ки бо оби гарм бихуранд. Агар инро бо намак хурдани бошанд, хатман бояд бо оби хунук истеъмол шавад. Камтареро аз он бо занчабил ва набот ба тарики кахва пухта, бояд ки гарм-гарм ва андак-андак биёшоманд, барои сурфаи тар ва зик-ун-нафас даво мегардад.

Вале турбуд дар одамони гарммизоч ва дилашон гарм ба рудахо зарар мекунад, бечо (бехузур) шудани дилро ба амал меоварад, гамгин мекунад. Дар ин холатхо пусти сиёхи онро тарошида дур намуда, бо равгани бодом ё равгани писта чарб карда бихуранд, безарар мегардад. Инчунин бо катиро бихуранд, зиёнаш ислох меёбад. Аммо, ба шарте ки чарбаш муътадил бошад, равгани бисёр набояд андозанд. Зеро ки аз хад зиёд чарб намоянд, хол ва феъли онро суст мегардонад. Сабаби тарошида дур кардани пусти сиёхи он аз хамин иборат аст, ки гамбуски алокузанги захрнок бо он пустлох мебошад. Микдори як бор хурдан дар як руз аз турбуд то 10,5 грамм аст ва агар дар об чушонида, он обро нушидани бошанд, то 17,5 грамм андозанд.

Ба чойи турбуд ба хамин вазн пусти решаи тутро истеъмол фармоянд, раво мебошад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …