Главная / Гуногун / Тунис дар асри XIX

Тунис дар асри XIX

Тунис лавлати аввалини араб буд, ки дар давраи империализм ба мустамлика табдил ёфтааст. Барои ишголи ин давлат Фаронса ва Англия бо хамдигар ракобат мекарданд. Дар солхои 70-уми асри XIX ба ин ракобат Италия низ хамрох мешавад. Соли 1871 кушиши Италия барои бо рохи осоишта ба даст даровардани ичозатномаи ичора бенатича баромад.

563000015

Сармоядорони Фаронса, ки кайхо боз ба иктисоди Тунис сармояи худро ворид сохта, заминхои зиёдро кашида гирифта ва ичорахои фоиданок ба даст дароварда буданд, боисрор чидду чахд мекарданд, ки ин мамлакатро ба ниммустамликаи Фаронса табдил диханд. Масъалаи Тунис дар Конгресси байналхалкии Берлин гузошта шуд. Дар ин конгресс дар амал таксими империяи Усмониён сурат гирифт. Ба Фаронса бо таклифи Германия гайрирасми ичозат дода шуд, ки Тунисро забт намояд. Бо ин кор  Германия ракиби европавии худ Фаронсаро то дарачае дар мукобили Италия гузошт. Аз тарафи дигар, гузашткунии Тунис ба Фаронса барои Англия фоиданок буд. Дар арафаи ишголи Миср Англия намехост, ки Фаронса бо вай ракобат кунад. Ракибони Фаронса дар ишголи Тунис империяи Усмониён ва Италия буданд. Лекин Фаронса, ки ба зурии худ бовари дошт, ба мавкеи ин ду давлат ахамияте хам намедод.

Хамин тарик, соли 1881 Фаронса Тунисро ишгол мекунад. Мохи майи соли 1881 бей аз хавфи махрум шудан аз точу тахт мачбур шуд, ки ба матни шартномаи пешаки тайёр кардашудаи фаронсавихо имзо гузорад. Харчанд дар ин шартнома иборан “пуштибони” истифода шуда бошад хам, санади мазкур шартномаи ба мустамликаи Фаронса табдил ёфтани Тунисро ифода мекард. Тунис хукуки сиёсати мустакилонаи байналхалкиро аз даст дод. Бейи Тунис ухдадор шуд, ки бе розигии Фаронса ба ягон созиишомае, ки мохияти байналхалки дорад, имзо намегузорад.

Мохи июни соли 1881 бей дар бораи он, ки Фаронса дар муносибати Тунис бо давлатхои дигар “миёнарави ягона аст”, амри худро интишор кард.

Таслимшавии бейи Тунис дар мамлакат кахру газаби оммаро ба вучуд овард. Дар натича шуриши калоне ба амал омад, ки он тамоми Тунисро фаро гирифт. Аксарияти аскару афсархо бе чанг ба тарафи шуришчиён мегузаштанд. Дар ин шуриш намояндагони чамоаи динии марабутхо, ки шиори “чанги мукаддас”-и зидди Фаронсаро эълон карда буданд, сахми калон гирифтанд. Муборизаи артиши Фаронса бар зидди шуришчиён якчанд мох давом кард. Баъди он ки маркази шуриш Кайравон гирифта шуд, нуктахои муковимат дар Шимол ва Маркази Тунис шикаст хурданд. Бо вучуди ин дар чануби Тунис мубориза бар зидди фаронсавихо то охири хамон сол давом кард.

Баъди пахши шуриш фаронсавихо ба ташкил намудани сохтори давлатии мустамликавие шуруъ карданд, ки дар Тунис хукмронии сармояи Фаронсаро таъмин намояд. Мохи июни соли 1883 Созишномаи нави Фаронсаю Тунис ба имзо расид, ки дар он бори аввал дар муносибати Фаронса бо ин давлат калимахои “Фаронса хокимиятро дар Тунис пурра ба ихтиёри худ мегирад” истифода бурда шуданд. Соли 1884 Комиссияи байналхалкии молия бархам дода шуда, корхои марбут ба молияи Тунис ба ихтиёри резиденти кулли Фаронса дода шуд. Бо хамин дар амал дар Тунис тамоми хокимияг ба ихтиёри намояндаи кулли Фаронса гузашт.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …