Главная / Илм / Тукумшуллук дар Канзи Шифо (Китоб)

Тукумшуллук дар Канзи Шифо (Китоб)

tuqumshuluk-kirm-660x330Тукумшуллук ё бо ибораи дигар холазун (Тукумшулук) — ин чонвари хазандаест, ки аз худ моддаи шилмак бармеоварад. Дар вакти зимистон ба даруни зирехи садафини худ даромада хоб мекунад, вале бахор. ки шуд, як кисми баданашро аз он берун оварда ё ба тамом аз он баромада, зиндаги ба сар мебарад, барги нозуки гиёххоро мехурад.

Мизочи гушташ дар дарачаи дувум сард ва тар аст.

Хислатхои шифобахши он: инро агар бихуранд, дар бадан зуд ба хуни солим мубаддал мегардад; барои иллатхои махав, кутур, хориши бадан, девонаги ва ба беморихои гуногуни савдови нафъ мебахшад.

Гушти хамаи навъхои тукумшуллук хангоми хурдан дар бадан балгам ва гиреххоро пайдо мекунад, аммо ташнаги ва тафси аъзоро, ки сабабаш моддаи сафро бошад, таскин медихад. Хамаи кисмхои тукумшуллукро сухта, махин ос карда, бо асал даромехта, ба чашм кашанд, доги даруни чашмро, ки аз пайдо шудани захм боки монда бошад, дур мекунад.

Гушти ин чонварро сухта, бо катрон (дёготь) хамир карда, баъд аз кандани муйи чаппаруйида ба он чо бимоланд, дигар муй намеруяд.

 Оби садафаки майдаи нахриро дар вакти баромадани обила дар чашм чаконанд, зухури онро дар он манъ мекунад, вале агар баъд аз баромадан бичаконанд, обилаи нагзакро тахлил медихад, дафъ мекунад; шиддати сузиш ва тафсидани чашмро таскин медихад. Садафаки зиндаи нахриро бо сузан сурох кунанд ва оби онро ба муйи дар чашм чаппаруйида бичаконанд, онро нест мекунад. Агар ин обро ба пешони бимоланд, моддахои зарарнокро аз рехтан ба чашм манъ менамояд. Агар инро ба атрофи гуш бимоланд, барои дафъ кардани рутубатхои аз даруни гуш равоншаванда даво мебошад.

Тукумшуллукро сухта, бо сирко хамир карда, ба пешони бимоланд, хуни биниро катъ мекунад. Гушти хоми онро фуру баранд, дарди меъдаро сихат мебахшад. Гушти хушккардаи онро куфта бихуранд, бечо равон шудани хайзро ислох менамояд.

Гушти ин чонварро гузопгга банданд, варами никрисро, ки варам ва дарди ангуштони дасту похо мебошад, тахлил медихад; аз ру ба чигар гузошта банданд, суулкиня ном иллатро, ки суст ва заиф гаштани чигар аст, шифо мебахшад. Агар ба ягон чойи бадан тир ё хор даромада ва дар хамон чо монда бошад, аз болои он ин гуштро гузопта банданд, он чизи бегонаро аз бадан хорич мекунад; инчунин захри саги девона газидаро хам кашида мегирад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …