Главная / Илм / Тугмачагул дар Канзи Шифо (Китоб)

Тугмачагул дар Канзи Шифо (Китоб)

tugmachagul_malva-600x330Ин гиёхест, ки точикон калагочкулча ва мубофак низ меноманд. Баргаш гирдак, гулаш сурхи моил ба бунафши, тухмаш монанди тугмача гирдаки пахн аст. Мизочаш дар дарачаи якум сард ва тар аст, вале ба кавли баъзехо, дар дарачаи дувум мебошад.

Хислатхои шифобахши он: инро бихуранд, дарунро мулоим мекунад, моддахои нодаркор ва зарарнокро пазонида барои дафъ шудан мухайё месозад, варамхои дохилиро рад менамояд, гиреххои чигарро мекушояд, пешобро меронад, шири занонро зиёда мегардонад.

Баргашро хоида, бо намак даромехта ба чашм гузошта банданд, носури чашмро пок мегардонад, агар хамин тавр хоида, бо намак гузошта бардавом банданд, дахани носурро ба хам оварда сихат мекунад; ба устухони шикаста гузошта банданд, онро ба хам мепайвандад. Барги ин гиёхро куфта гузошта банданд, шикастагии узвхоро шифо мебахшад, варамхои гармро тахлил медихад ва захри занбурхои гуногунро аз бадан дафъ мекунад. Куфтаи онро бо равгани зайтун ё равгани гули сурх сиришта гузошта банданд, сухтагии оташ, сурхбод ва каждумгазидаро шифо мебахшад. Агар хушки онро куфта, бо пешоб хамир карда гузошта банданд, решхои сар ва сабусаки сарро дафъ мекунад.

150 грамм шохи онро пухта, бо шакар бихуранд, сурфа ва гирифтагии овозро шифо мебахшад; овози дагалро, ки сабабаш хушки ва гарми бошад, мулоим мегардонад; дарди сипурзро таскин медихад ва зардпарвинро сихат мебахшад, кутури пуст ва захмхои рудахоро сихат мекунад; исхолро мебандад, захми хичак, чакмезакро нест месозад, гиреххои баданро мекушояд.

Барг ва решаашро пухта гузошта банданд, захрнокшавии узвхо, газидаи гунда ва дарди гурдаро шифо мебахшад. Баргхояшро дар об чушонида, дар он об занхо то ноф даромада нишинанд, сахтии бачадонро тахлил медихад; агар макъади касе варам карда бошад, низ нишинанд, шифо медихад. Барги тару тозаи онро соида, бо маскаи нави гови даромехта, бар бадан бимоланд, хеч чонвар уро намегазад.

Барги навбаромадаи онро бо гушти парандахо якчо пухта бихуранд, бехтарин гизо мешавад. Вале истеъмоли ин ба дарун меъдаи заифи одамони сардмизоч ва тармизочонро суст мекунад. Агар ба гарммизочон зарар кунад, чизхои турш бояд бихуранд, ислохи зарар менамояд, инчунин халилачот истеъмол бояд кард.

Микдори як бор нушидан аз оби гиёхи тари он дар як руз то 175 грамм аст. Мизочи тухмаш сард ва тар аст. Ин луоб, яъне оби гафси бисёр дорад, ки часпанда ва лагжонанда мебошад. Агар инро бихуранд, дарунро мулоим мекунад, барои сурфахои гарм ва хушк дору мешавад, инчунин гирифтагии овозро мекушояд, назларо дафъ мекунад; барои харошида шудани сатхи даруни рудахо, захми гурда ва хичак дору мешавад, сузонидани давохои тунд ва гарммизочро дафъ мекунад, азият ва зарари захри занбурро нест месозад, инчунин гундагазидаро шифо мебахшад. Агар тухми инро бо тухми себарга баробарвазн гирифта бихуранд, дарди хичакро шифо мебахшад.

Тухми тугмачагулро дар об чушонида, бо он об нимгарм хукна (клизма) кунанд, сузиши рудахо, бачадон ва макъадро таскин медихад, ин обро бо асал даромехта хукна кунанд, дарди чигарро дафъ мекунад. Тухмашро куфта, ба танхои ё бо чави куфтаи бесабус даромехта гузошта банданд, барои варамхои гарм, дард ва варамхои сахти гарм даво мешавад.

Хох барг ва хох тухмашро куфта гузошта банданд, барои газидани занбур нафъи тамом дорад. Тухмаш низ монанди гиёхаш барои меъдаи заиф зарар дорад, дар ин маврид оби мевахоро чушонида биёшоманд, ислохи зарар хохад намуд. Микдори як бор дар як руз хурдан аз тухмаш аз 10,5 то 17,5 грамм аст. Агар тухми ин ба даст нарасад, ба чойи ин тухми гули хайриро бихуранд, раво мебошад. Гули ин гиёхро хох хушк карда куфта бихуранд, хох дар об чушонида, он обро бинушанд ва ё куфта гузошта банданд, захми гурда ва хичакро шифо мебахшад. Агар шоххояшро хох ба дарун истеъмол намоянд, хох куфта аз ру гузошта банданд, дарди рудахоро таскин медихад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …