Главная / Илм / Ток (Ангур) дар Канзи Шифо (Китоб)

Ток (Ангур) дар Канзи Шифо (Китоб)

tok_angur-660x330Ток — ин дарахти ангур аст. Мизочаш дар дарачаи дувум сард ва хушк аст. Хислатхои шифобахши он: навдахои навраси онро бихуранд, баромадани бухоротро ба майна манъ мекунад. Барг, навда ва печаки онро куфта, бо орди чав хамир сохта гузошта банданд, дарди сари гарм ва сузиши чашмро таскин мебахшад, инчунин варамхои гарми онхоро тахлил медихад.

Усораи барги он, яъне оби барги тарашро дар офтоб гафс гардонида биёшоманд, меъдаи гармро кувват мебахшад, кай ва хун кай карданро манъ мекунад, хуморро мешиканад, барои захми рудахо ва исхоли сафрови дору мешавад. Агар бо он хукна кунанд хам, хамин гуна таъсирро дорад. Инчунин хурдани усораи ин пешобро меронад ва бачаи занони хомиларо аз афтодан бозмедорад.

Шарбати навдахои тари онро, ки бо канди сафед кивом карда бошанд, бихуранд, дилтапаки (дилбозии) сафровиро шифо мебахшад, иштихоро ба таом бедор мекунад, хуморро мешиканад, чушиши сафро ва бехузур шудани дилро таскин медихад, исхоли моддахои ракики сафровиро мебандад. Вале хурдани ин ба одамони сурфа доштаги зарар дорад — давои ин зиёнаш асал хурдан аст.

Шилм ва оби гафсгаштаи он бисёр поккунанда ва хушкмизоч аст. Инро бо шароб биёшоманд, сипурзро ба дарачае пок мегардонад, ки хатто ёфтани он амри мухол аст; санги хичакро майда карда мерезонад.Агар онро гузошта банданд, шукуфаи пуст ва кутури решгаштаро дафъ мекунад. Онро бо равгани зайтун сиришта, батакрор бимоланд, муйро месутурад.

Оби чубашро, ки хангоми сухтан таровиш мекунад, бимоланд, озаххо, мурчагазак, доги кунчидак, шукуфахои пуст ва кутурро дафъ мекунад, инчунин муйро месутурад, хусусан бо мавизи ангур сиришта бимоланд, таъсираш зудтар зохир мегардад.

Хокистари чуб ва аррамайдаи шоххои он сузонанда аст. Онро бо сирко хамир сохта гузошта банданд, бавосирро дафъ мекунад; бо равгани  гулисурх ва сирко сиришта гузошта банданд, низ бавосирро нест мегардонад; бо равгани гулисурх ва судоб даромехта гузошта банданд, варами сипурзро тахлил медихад. Хокистари шоххои онро бо равгани кухна ва равгани зайтуну асал хамир сохта гузошта банданд, даридагии мушакхоро ба хам оварда сихат мебахшад, бугумхои сустро мустахкам мегардонад, асаби шахшударо мулоим мекунад; бо танакори сурх даромехта гузошта банданд, гушти хароми захмхоро мехурад; бо сирко хамир карда гузошта банданд, асабхои печидаро рост месозад, газидани мори афъи ва саги девонаро шифо мебахшад, варами гуддавиро тахлил медихад. Агар онро батанхои тафсонида гармбанди кунанд, бавосирро нест мекунад. 1,75 грамм хокистари шоххои онро бихуранд, захми рудахоро шифо мебахшад, инчунин санги гурда ва хичакро майда карда мерезонад.

Оби хокистари онро биёшоманд, зарба хурдан, аз чумла чалакидани майнаро даво мешавад. Оби хокистари он ин тавр тайёр карда мешавад. Се кошук хокистари онро дар як литр об хуб мечушонанд, баъд мегузоранд, ки тахшин шавад. Оби софи онро дар зарфи дигар рехта, боз тахшин мекунанд. Оби софи инро хам ба дигар зарф мерезанд, инак, бори севум тахшин менамоянд. Баъд он оби хокистари соф хисоб меёбад. Микдори нушидан аз ин оби хокистар 100 грамм аст. Мизочи гули тару тозаи токи дашти дар дарачаи якум сард ва хушк аст, буйи хуш дорад.

Хислатхои шифобахши он: агар инро бихуранд, дилро кувват мебахшад, оруг ва кайро манъ мекунад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …