Главная / Чамъият / Тобеияти парвандахои хукуквайронкунии маъмури дар мавриди бархам додан, аз нав ташкил кардан ё табдили номи макомоти ваколатдори давлатии баррасикунандаи парвандахои хукуквайронкунии маъмури

Тобеияти парвандахои хукуквайронкунии маъмури дар мавриди бархам додан, аз нав ташкил кардан ё табдили номи макомоти ваколатдори давлатии баррасикунандаи парвандахои хукуквайронкунии маъмури

Моддаи 92-и Кодекси хукуквайронкунии маъмури. Тобеияти парвандахои хукуквайронкунии маъмури дар мавриди бархам додан, аз нав ташкил кардан ё табдили номи макомоти ваколатдори давлатии баррасикунандаи парвандахои хукуквайронкунии маъмури

  1. Дар мавриди бархам додани макомоти ваколатдори давлатии дар боби 10 Кодекси мазкур пешбинишуда, то ба хамин боб ворид намудани тагйиру иловахои дахлдор парвандахои хукуквайронкунии маъмурии тобеи онхо аз чониби судя барраси карда мешаванд.
  2. Дар мавриди табдил додан, аз нав ташкил кардан ва ё тагйир ёфтани тобеияти макомоти ваколатдори давлатии дар боби 10 Кодекси мазкур пешбинишуда, то ба хамин боб ворид намудани тагйиру иловахои дахлдор парвандахои хукуквайронкунии маъмурии тобеи онхо аз чониби макомоте барраси карда мешаванд, ки вазифахои макомоти ваколатдори давлатии мазкур ба зиммаи онхо гузошта шудааст.
  3. Дар мавриди тагйир ёфтани номи макомоти ваколатдори давлатии дар боби 10 Кодекси мазкур пешбинишуда, то ба хамин боб ворид намудани тагйиру иловахои дахлдор шахсони мансабдори ин макомот ичрои ваколатхои худро вобаста ба баррасии парвандахои хукуквайронкунии маъмури давом медиханд.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …