Главная / Гуногун / Тирпора

Тирпора

Хар касе, ки ба мехмонхонаи васею бархавои муаллими дехаи мо Пулод Юсуфи медарояд, пеш аз хама чашмаш ба тасбех ва чигаси руи колини дар девор овезон буда меафтад. Ва бешубха хайрон мешавад. Рост-дия. О, одамон ягон чизи зебо ва кимматбахоро меовезанд. Пулод Юсуфи чи? Тасбеху чигас! Хандаовар?! Истед, нахандед. Хеч чои ханда нест. Пушаймон мешавед. Ман хам бори аввал хандида, баъд сад пушаймон шудам. Тасбеху чигас кисса дорад. Ва он кисса ин аст.

Пулод – писари амаки Юсуф, ки хамаги хафт синф маълумот дошту колхозчи буд, на дар синфи якум, на дар синфи дуюм, балки дар синфи сеюм мехонд. Батану туш. Вале сустхон. Ба дарсхо хавасу хавсала надошт. Аз арифметика-ку тамоман суст буд. Ба кавле аз кулух садо мебаромаду аз у не. Муаллими арифметика Нури Хол марде буд: якпо, чуя-чуя захмхо дар руяш. Бо чигас бо азобу дард по монда, ба синф медаромад. Лек дар руяш аз гам осоре набуд, хушхолу хандон. Канда-канда, нарм-нарму паст дарс мегуфт.

« – Сепоя!» – дар дил мазох мекард уро Пулод.

Гох-гохе бачахо байни худ шунаво уро мазох мекарданд.

– Сепоя!

– Сепоя намепоя!

– Хи-хи-хи!

Муаллим мешунид, вале эътибор намедод. Гуё намешунид. Вакте Пулод ба саволхои у чавоб намедод, маъюс мешуд.

– Бад, – мегуфт у гамгинона. – Боз хам ба ту «ду» намегузорам. Кушиш намо.

Вале хама кушишхои муаллим ва хам «кушиш»-хои Пулод самар намеовард. Боре муаллим боз Пулодро назди тахта хонд.

– Каратро гуй.

Пулод чавобе надод. Гуё ки гунг буд.

– Хуб. Се карат панч чанд мешавад? – пурсид муаллим.

– Хабдах, – чавоб дод Пулод.

Кахри муаллим омад. Рагу пайванди баданаш ларзид. Худ нафахмид, ки чи хел Пулодро як торсаки фуровард. Пулод чун туб парида, ба остонаи дар уфтод. Биг нагуфт. Аз хуш рафт. Баъд овозе ба гушаш расид, уро касе фарёд мекард:

– Пулодчон! Хо, Пулодчон!

Вай охиста чашм кушод. Болои сараш киёфаи пуризтироби падару модарашро дид. Бо харос пурсид:

– Ман дар кучо?

– Дар хона, – филхол баробар чавоб доданд волидайнаш.

– Хона? – тааччуб намуд Пулод. – Кадом хона?

– Чи хел кадом хона? – бекарор гашт падараш. – Хонаи худамон.

– Ха, ха, – саросема илова намуд модараш. – Дар хонаи худамон.

– Ха-а… – мад кашид у. – Чаро як чашмамро бастед? Кушоед?

– Набастем, чони оча, кушода…

– Набошад, чаро кушода намешавад, – мутахайир сухани модарашро бурид Пулод.

Модараш дасти гарму нармашро ба пешонааш монда, саросема гуфт:

– Як тарафи руят камакак варам, чони оча. Барои хамин. Гам нахур, варам тез мегузарад.

– Ха-ха, тез мегузарад, – сухани уро падар тасдик намуд.

Пулод чизе нагуфт. Хомуши хукмрон гашт. Чашмаш нимво ба вассае гирех хурд ва ходисаи рухдода дар лавхи хотираш зинда гашт. Сипас аз дил гузаронд: «Муаллим шудам гуфта, маро зада маъюб мекунаду бечазо мемонад? Не, харгиз! Ё якпоя буданашро дастак мекунад? Не, ин хобашро ба об гуяд! Ха-ха! Ман бесохиб не. Ота дорам. Отаи зур! Ин пояшро хам шикаста мемонад».

Пулод нигохашро аз васса канда, ба падараш нигарист. Сари у хам. Хапу хомуш. Хаёли. Пулод нафахмид, ки у зик аст ё дар хичолат. Чехраи хастаи у офтобхурда бошад хам, тахти руяш кахраборо мемонд.

– Ота?

Падар сар бардошта, ба писараш нигарист. Нигоххо ба хам гирех хурданд.

– Ха, чи мехохи, писарам?

Бо нафрату адоват нидо намуд:

– Ба суд дихед!

Падар дасту по хурд, вале зуд худро ба даст гирифт.

– Маро мешунавед, ота?

– Набошад, чи! – филхол чавоб дод падар.

– Хатман ба суд дихед!

Киёфаи амаки Юсуф ба холати тааччуб даромаду бо кунчкови ва норохати ба Пулод нигох кард. Ва бо изтиробу хаячон пурсид:

– Ба суд дихам?

– Ха!

– Киро?

– Сепояро!

– Сепояро? – тааччуби падар дучанд афзуд. – Сепояааш ки?

– Намедонед?

Падар китф дар хам кашиду сар такон дод.

– Сепоя, ин муалимамон.

Падар аз сари нав дасту по хурд, вале боз зуд худро ба даст гирифт.

– Чихо мегуи, писарам. Он кас барои мо шуда, аз як по чудо гаштанд.

Пулод ба у нигохи кахромез духт. Ин гапи падар ба вай нафорид. Сони бо кахр гуфт:

– О, у маро зада, маслук кард.

Падар лаб зери дандон гирифта, лахзае ба хаёл рафт.

– Шояд, лозим набошад, писарам.

– Не, лозим, лозим. Ба суд дихед. Бигузор судаш кунанд. Бигузор.

Падар авзои писарашро дида, саросема гуфт:

– Хуб, писарам, хуб. Ба суд медихам. Ту ором шав.

Баъди ин гап Пулод руяшро ба шифт гардонд. Охе кашид. Ва бо як чашм васса шумурд. Як, ду, се… хафт. Боз шумурд. Аз чап ба рост. Аз рост ба чап. Як, ду, се…

Дар гичироси нофорам бароварда, боз гардид. Бобояш ба хона даромад.

– Чони бобо, куввати дили бобо, чи шуд?

Дили Пулод пур шуд. Лабонаш пир-пир париданд.

– Зад, – хиккос зад Пулод.

– Зад? Ки зад?!

Оташи алами Пулод забона зад. Катрахои ашк аз чашмонаш чуш зада баромаданд.

– Муаллими сепоя зад.

– А-а, Нури Хол зад? Барои чи?

Пулод чавоб надод. Чашмонашро пушид. Сарашро тарафи девор гардонд.

– Фахмо, – бобо бо тахаммул ришашро хилол карда, дар бораи чизе фикр кард. Сипас ба писараш руй овард:

– Хез, бобои Мирзоро гирифта биё.

– Бобои Мирзо чи лозим?

– Набераам дам шудаги…

– Дам? Не, у тарс хурдаги.

– Одам аз тарс хам дам мешавад. Бобои Мирзо дамбарор кунад, гул барин мешавад.

– Дамбарор? – Пулод бекарор шуд. – Чи хел дамбарор? Ранге ки духтури хайвонот говамонро дамбарор кард? О, вай шикамашро шикофт. Шиками маро хам сурох мекунад?

– Не, не. Охир вай гов, ту одам-ку. Дуо мехонад, куф мекунад, тамом.

– Не, намехохам. Ба духтур баред. Аз дасти дамгар хеч чи намеояд.

– Хеъ, бачам-е! Холи намедони, – ба Пулод ру оварда, гуфт Азизбобо. – Хо-о, бачаи Табар Абдуллоро медониа? Шаш мох духтур ба духтур гашт. Шифо наёфт. Бобои Мирзо дамуш кард, гул гашт. Холи давида гаштай.

Сипас ба писараш нигариста гуфт:

– Хез, бобои Мирзора гирифта биё.

Падари Пулод вазнин бархоста, бадар рафт. Пулод боз ба вассашумори даромад. Аз чап ба рост. Як, ду, се… хафт. Аз рост ба чап. Як, ду, се… хафт. Аз чап ба рост. Як, ду…

Аз берун овози бобои Мирзо омаду дили Пулод шувви тах нишаст. Дар боз гичироси нофорам бароварду боз шуд. Бобои Мирзо ба хона ворид гашт. Пулод ба у дида духт. Бузбала. Бардам. Риш тахта. Сап-сафед. Ба навад кадам гузоштаасту бардаму бакувват. Бе асо мегардад, бе айнак мехонад. Бобои Мирзо уро муоина карду сарашро ба чапу рост такон дода гуфт:

– Ха, дам.

Охи сард кашид.

– Тарси зур хурдаги.

– Сихат мешавад? – бо тарсу харос пурсид модари Пулод – холаи Мастура.

– Иншооллох гул мегардад.

– Ох, дар даму нафасатон бимурум, – гуфт холаи Мастура.

Бобои Мирзо ба тарафи боло ишора кард ва зери лаб гуфт:

– У рахмон ва рахим аст.

Сипас ба Пулод ру оварда, бо табассум пурсид:

– Пахлавон, ихлос дори?

Дар руи у тааччуб накш баст.

– Дора, дора, – ба чои у саросема чавоб дод модараш.

– Эх, модарон, модарон, – калла чунбонд бобои Мирзо ва баъд ру ба Пулод овард:

– Ихлосу халос гуфтаанд, пахлавон. Чи гуфти, ошно?!

– Алхак! – посух дод Азизбобо.

Бобои Мирзо сари зону нишаст. Ришашро лахзае хилол намуд. Сипас чашмонашро пушид. Сукуте тулони ба миён омад. Баъд бобои Мирзо ба хондани дуо шуруъ кард. Овози фораму фараховари дамгар дар хона танин андохт. Хонд-хонду ба руи Пулод куф кард. Пулод чашмонашро пушид. Дамгар гуё суруд мехонд. Чун суруди аллаи модар. Як хисси халоватоваре ба тамоми бадани Пулод давид. Нафахмида монд, ки чи хел хобаш бурд. Чи кадар хобид, ёд надорад. Бедор шуда дид, ки дамгар холо хам сари зону нишаста. Дар обу арак тар. Аз хар тори муяш арак мешорид. Дамгар дуо мехонд. Бо овози баланд.

– Сурх-бод, сиёх-бод, кабуд-бод, мараз-бод, сесаду шасту шаш бод, сари бодхо бурида бод! Куф!

Беист, бетанафус мехонд дамгар. Боз ягон ним соат дуо хонд. Сипас зери лаб пичир-пичир карду ду даст ба ру кашида, се бор паи хам ба руи Пулод куф кард. Хатто «Уфф» нагуфт. Якпахлу нишаст. Як пиёла чой нушид. Баъд аз киса когазпече баровард. Онро боэхтиёт кушод. Аз он як чизи сиёхи ба кадри донаи гандум гирифта, ду хисса намуд.

– Хамшира, дар як пиёла ду катра оби гарм биёр, – ру овард ба модари Пулод.

Холаи Мастура гуфтаи дамгарро зуд ичро кард. Бобои Мирзо хамон чизи сиёхро ба пиёла андохта, охиста ва бо хавсала об кард. Дуо хонда куф кард ва онро ба варами руи Пулод молид.

Бобои Мирзо бегох боз як бор дам кард. Ба хонааш нарафт. Он шабро дар сари болини Пулоди бемор руз кард. Субх тахорат карда, намоз хонд. Ва боз дам намуд. «Пешин меоям» – гуфту рафт. Вай рафту лахзае пас муаллим омад. Хичил, хавосаш парешон. Пулод дар дил хурсанди кард. Ана, хозир модараш аз гиребони муаллим гирифта, адабашро медихад. Ба кавли хамсояашон аз об гирифта, ба лой мезанад, расвогиашро мебарорад. Вале у хато кард. Модараш муаллимро чунон пешвоз гирифт, ки гуё падараш бошад. Се кабат курпача андохт. Муаллим базур нишаст. Чигасхояшро ёнаш монд. Чашми Пулод ба чигасхои уву пои буридааш. Лахзае хомушии хузноваре хукм ронд. Яхи хомуширо муаллим шикаст.

– Бубахш писарам. Оханпораи сарам ба чунбиш омаду худро бой додам.

Кахри Пулод чуш зад. Бахонаи ёфтагиашро бин. Дар сараш оханпора будааст. Дар сар чи хел оханпора мешудааст? Бо вучуди ин бо тааччуб пурсид:

– Оханпора? Чи хел оханпора?

Муаллим охи сарду вазнин кашид. Сипас ба як нукта чашм духта, лахзае хомуш монд. Баъд, гуё худ ба худ гап мезада бошад, бо овози паст ба гап даромад.

– Ин кисса дароз аст, писарам.

Ва боз лахзае хомуш монд. Сипас охиста лаб ба сухан во намуд:

– Он дар озод кардани шахри Варшава рух дод. Шаби дароз ба хучуми катъи тайёри дидем. Субх медамид. Он тираву тор буд. Командирамон майёр Калугин Виктор Степанович аз чояш хеста: «Ба пеш! Барои Ватан!» – гуён, наъра кашид. Зуру тавонамон як бар сад афзуд. Чун паланг ба хучум гузаштем. Аз чапу рост гуё борони тир меборид. Вале мо эътибор надода, пеш мерафтем. Душман ба сахти акиб менишаст. Хар вачаб замине, ки аз дасти у рахонида мешуд, киммати дунё дошт. Задухурд се шабу се руз давом кард. Окибат душман рохи гурезро пеш гирифт. Мо онхоро таъкиб мекардем. Дар баромад-баромади Варшава дар наздам тири тупи душман таркид. Зарбаи ногахони маро аз пой афтонд. Дигар чизеро ёд надорам. Дар шифохона ба хуш омадам. Бинам, як поям нест. Онро буридаанд. «Дигар илоч надоштем» – гуфтанд духтурон. Пас боз чор бор чаррохи карда, оханпорахоро аз бадан ва сару руям гирифтанд. Вале порчаи хурди тири тупи фашистро касе часорати гирифтан накард. Он дар чукурии чор ё панч сантиметр дар магзи сарам меистодааст. Духтурон бар акидае буданд, ки гирифтани он гайриимкон аст. Бо хамин оханпора дар магзи сар ба Ватан баргаштам…

Чуши деги кахри Пулод паст гардид. Дар дилаш нисбат ба муаллим хисси рахму шафкат бедор шуд. Вай пешона чин карда, кушиш намуд, ки барои таскини дили муаллим ягон чиз гуяд, вале ягон гапи маъкуле ба фикраш наомад. Худро дар холати нохинчор хис кард.

– Хайр, тезтар шифо ёб, писарам, – гуфт муаллим ва базур бархоста, гуё бори дунё бар душ бадар рафт.

Пас аз лахзае дамгар омад.

– Сурх-бод, сиёх-бод, кабуд-бод, мараз-бод, сесаду шасту шаш бод, сари бодхо бурида бод! Куф!

«Чи овози фораме дорад у, – аз дил гузаронд Пулод. – Агар артист мебуд, номдор мешуд. О, чи хел артист… Уболак касе надоштааст, ятими бекасуку!»

– Боз бегох меоям, – дамро анчом дода, гуфт бобои Мирзо ва баромада рафт.

«Сурх-бод, сиёх-бод, кабуд-бод, чашми душман кур бод» – дар дил мехонд Пулод.

Рузи сеюм холати ачибе рух дод ба у. «Се карат панч – понздах» – дар забонаш часпида буд. Ох, чи сабукие меовард ба у ин шумурданхо. Баъд каратро ду бор хонд. Ачиб! Каратро ду бор хонду дар забонаш часпид. Азёд кард. Кориазёд не. Ададеро ба ададе зарб мезаду чавоб худаш ба забонаш меомад. Ачиб! Як шапалоки муаллим майнаашро чунбонда, ба кор даровардааст.

Дар берун борон бошиддат меборид. Садои хушнавохти борон хоби уро овард. Дароз кашид. Гуш ба садо, чашм ба васса. Як, ду, се…

Ноаён хобаш бурд. Хоб дид. Мурофиаи суд. Муаллимро суд мекарданд. Судя аз у пурсид:

– Аз даъвоятон намегардед?

– Не! У маро зад. Бигузор чазояшро бинад.

Муаллимро ду милиса пешандоз карда ба мошин бор карданд. Яке дид, ки нигохи хама одамони толорбуда ба уст. Нигоххои нафратовар, гуё уро мехурданд.

Харосида, чашм кушод.

Аз бориш монда буд борон.

Хона дар огуши сукунат карор дошт.

– Хайрият, – охи сабук кашид у.

Вай давида берун баромад. Чукур нафас гирифта, ба атроф нигарист: осмон софу бегубор, офтоб нурпоши мекард.

Аз ким-кучои дур овози хангоси хар шунида шуд. Пулод суи сахро рох пеш гирифт. Падар уро аз дур дида, шинохт ва хавотир шуда, ба истикболаш шитофт. Вакте онхо ру ба ру шуданд, падар пурсид:

– Ха, писарам, тинчи?

– Ота, тез ба суд равед, – бо хаячон тез-тез нафас кашида гуфт у. – Ман ба чои шумо кор мекунам.

Падар нафахмид, ки гап дар бораи чи меравад. Аз ин ру бо хайрони пурсид:

– Ба суд равам? Барои чи?

– Хуччатхоро гашта гиред. Муаллим заррае гунох надорад. Гунох аз ман гузашт.

– Ха-а, – нафаси озод кашида, хаячонашро фуру нишонд падар. Сипас лаб зери дандон гирифта, лахзае санчишкорона ба чашмони писараш дида духт. Сипас гунахгорона гуфт:

– Писарам, бубахш маро.

Пулод суоломез ба падар нигарист.

– Пулодчон, медони… Ман…

Падар сар ба зер афканд.

– Чи, гуед, ота.

– Ман хамон руз ба ту дуруг гуфта будам, – аз замин чашм наканда гуфт падар. – Ба суд хеч гуна хуччат надодаам.

Пулод як дам лолу хайрон дар чояш истод. Сипас бо тахайюр:

– На-аход? – гуфт.

– Ха, хамин тавр.

Нуре дар чашмони Пулод дурахшид ва бо иштиёк пурсид:

– Рост мегуед, ота?

Падар сарашро боло бардошт:

– Рост, писарам.

Пулод худро ба огуши падар андохт. Аз хуручи фарах дилаш гарм-гарм, ширин-ширин гум мезанад. Падару писар сари марз пахлуи хам нишастанд. Хомуши. Харду савори саманди хаёли худ.

– Ота?

– Чони ота!

– Шумо одами хубед, – бо овози ларзон гуфт Пулод. – Ман фахр мекунам аз шумо.

Аз дидагони у ашки шоди чори шуд.

*       *       *

Рузи дигар чоршанбе буд. Пулод субхи барвакт, аз хама пеш ба мактаб омад.

– Муаллим, маро бубахшед. Дигар хеч гох тирпораи шуморо ба чунбиш намеорам. Бовар мекунед?

– Бовар мекунам, – бо як мехрубонии падарона гуфт муаллим.

– Муаллим?

– Лаббай!

– Ман каратро гуям?

– Бигуй!

Ва у каратро аз аввал то охир гуфт. Баланду бурро. Ва бехато. Чехраи муаллим гуё гул кард. Чашмонаш барк зад. Аз шоди аз чояш хеста, чигасро фаромуш кард. Хост шогирдашро ба огуш гирифта бусад. Руи фарш афтод. Пулод саросема аз таги каши муаллим гирифт. Хама ба ёри шитофтанд. Устодро хезонданд. Вай Пулодро ба огуш гирифт. Чун писари худ бусид. Ба назари Пулод чунин намуд, ки чашмони муаллим намнок шуданд. Чи рузе буд он руз. Харгиз аз хотири Пулод намеравад.

– Офарин! Бахоят панч!

Ин аввалин панчи Пулод буд. Аз хамон руз сар карда, у танхо бахои панч мегирифт. Мактаби миёнаро бо медали тилло тамом кард. Ба донишгохи омузгори дохил гашт. Муаллим шуд. Муаллими математика. Ба як мактаби дехаи дурдаст фиристоданд. «Не» нагуфт. Бо чону дил кабул кард. Ва рафт. Маоши аввалини худро гирифт. Ду тухфа харид. Тасбех ва чигас. Тасбех барои бобои Мирзо. Чигас барои устодаш Нури Хол. Вале хардуяшро хам супорида натавонист. Бобои Мирзо таги хок, муаллим аз деха рафта. Ба кучо? Касе намедонад. Хеле чуст. Паю сурог кард. Нишонае наёфт…

Хеле вакт бехуду маъюс гашт.

Ва нихоят тасбеху чигасро руи колини девори мехмонхонааш овехт…

6 декабри соли 1992

 

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …