Главная / Маданият ва санъат / Тиловат кардани Куръон

Тиловат кардани Куръон

Тиловат кардани Куръон

Расули акрам (с) фармуданд: – Хар ки дар намоз аз сурахои Куръон бо талаффузи тамом хонад, Аллох таъоло ба хар харфи он ба у сад савоб ато кунад. Ва хар ки берун aз намоз бо тахорат тиловати Куръон кунад, ба хар харфи он понздах , савоб ёбад.

Бехтарин ибодат тиловат кардани Куръон аст.

Ривоят мекунад Абдуллох бинни Умар (р): калимаи “Ло  илоха илаллоху Мухаммаду-р-расулуллох” бисту чахор харф аст, як шабу руз низ бисту чахор соат аст. Хар гохе ки бандаи муъмин бо ихлоси тамом калимаи тайибаро ба забон ронад, Аллох таъоло гуяд, ки эй банда, ба хурмати “Ло илоха илаллоху Мухаммаду-р-расулуллох” дар ин бисту чахор соати шабу руз аз гунохони хурду калон, хох ошкору хох пинхон, хох касдан ва хох сахван карда боши, авфат кардам ва магфиратат намудам.

Расули акрам (с) фармуданд: – Хар ки баъд аз намози бомдод дах мартаба сураи ихлос бихонад, дар он руз хеч гунохи вайро нанависанд. Агар хар рузе як бор сураи ихлосро тарк нокарда бихонад, савоби сад шахидро дар девони аъмоли ‘ у сабт гардонад. Ба дурустие, ки сураи ихлос хонандаашро аз сахтихои дунё ва охират ва аз талхии чонкандан ва аз торикии кабр ва аз хавли киёмат халос мегардонад.

Расули акрам (с) дар вакти хоб рафтан сураи ихлос ва сураи “Кул аъузу бираббиннос” ва “Кул аъузу бираббилфалак”-ро хонда ба кафи дасти худ дам андохта, ба бадани мубораки худ молида хоб мекарданд. Он хазрат, агар касалманде ва ё дардманде ба наздаш меомад, ба он низ инчунин мефармуданд.

Хар ки хама вакт сураи ихлосро бихонад, аз бадихои дунё ва охират халос ёбад.

Хар ки сураи ихлосро ба касали бихонад ба фармони Аллох таъоло шифо ёбад (сураи ихлос «Кул хувал-лоху ахад»-ро гуянд). Эхтиром намудан Куръони Карим аз заруриёти ислом аст. Дар вакти тиловати Куръон уро аз зонувон боло гузошта хонда мешавад ва Куръони Карим шифо аст барои дардхо.

Инчунин кобед

neft

Конун дар бораи нафту газ

Конуни Чумхури Tочикистон  “Дар бораи нафту газ” 18 марти соли 2015, №1190 кабул карда шудааст, …