Главная / Чамъият / Тибби халки

Тибби халки

КОНУНИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

Дар бораи тибби халки

 (Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон  соли 2004, №12, к-1, мод. 700; соли 2007, №5, мод.374; соли 2008,  №12, кисми 2, мод.1009)

Мачлиси намояндагон 17-уми ноябри соли 2004 кабул кардааст

Мачлиси милли 25-уми ноябри соли 2004 чонибдори намудааст

Боби I. Мукаррароти умуми 

Моддаи 1. Максади Конуни мазкур

Конуни мазкур асосхои хукукии фаъолиятро дар сохаи тибби халки муайян намуда, хукуку ухдадорихоро хангоми амали намудани ин фаъолият танзим менамояд.

Моддаи 2. Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи тибби  халки

Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи тибби халки ба Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон асос ёфта, аз Конуни мазкур, дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, инчунин санадхои хукукии байналмилалие, ки Чумхурии Точикистон эътироф кардааст, иборат аст.

Моддаи 3. Мафхумхои асоси

Дар Конуни мазкур мафхумхои асосии зерин истифода мешаванд:

тибби халки – бахши сохаи тандурусти, ки усулхои  солимгардонии ахоли, пешгирии касалихо, ташхис ва табобати аз дониш, малака ва тачрибаи даврахои кадим ба даст омада ва бо анъанахои халки мукарраргардидаро  истифода мебарад;

табиби халки – шахсе, ки шаходатномаи табиби халки  дошта, солимгардонии ахоли, пешгири, ташхис ва табобатро бо усулхо ва маводхои дорувории тибби халки  амали мегардонад;

маводхои дорувории тибби халки – маводи аз наботот, хайвонот, маъданхо ва дигар маводи барои пешгири, ташхис, табобат ва солимгардони истифодашаванда, ки ба фасли махсуси Фехристи давлатии дорувории Чумхурии Точикистон дохил карда шудаанд;

            шаходатномаи табиби халки – хуччат оид ба сатхи тахсилот, тахассусгири ва такмили ихтисос, ки аз тарафи муассисахои тахсилоти   касби дода мешавад.

БОБИ II. ХУКУК ВА уХДАДОРИХОИ ШАХСОНЕ, КИ БА ТИББИ ХАЛКИ МАШГУЛАНД

Моддаи 4. Хукуки шахсоне, ки ба тибби халки машгуланд

Шахсоне, ки ба фаъолияти тибби халки машгуланд, хукук доранд:

– аз руи беморихое, ки номгуи онхоро Вазорати тандурустии Чумхурии Точикистон тасдик кардааст, ёрии тибби халки расонанд;

– усулхои тибби халкиро бо тартиби мукарраркардаи санадхои меъёрии хукуки истифода баранд;

– ба табобати беморон баъди бо усулхои тибби муосир, ки тавассути санадхои меъёрии хукуки тасдик шудаанд, маълум гаштани натичаи ташхис, машгул шаванд;

– барои амали кардани фаъолияти тибби халки аз хамаи муассиса ва  ташкилотхои тибби халки ва шахсони дигаре, ки бо амалияи тибби халки машгуланд, иттилоот гиранд;

– бо дигар шахсони вокеие, ки бо амалияи тибби халки машгуланд, барои расонидани ёрии тибби халки якчоя фаъолият кунанд;

– бо тартиби мукарраркардаи конунгузори маводхои дорувории тибби халкиро тайёр ва истифода кунанд.

Моддаи 5.  ухдадории шахсоне, ки ба тибби халки  машгуланд

Шахсоне, ки ба фаъолияти тибби халки машгуланд, ухдадоранд:

– барои амали гардонидани фаъолияти касби бо санадхои меъёри шинос шаванд;

– хуччатгузории зарурии тиббиро, ки ахволи саломатии бемор, хачм ва натичахои ёрии ба у расонидашударо инъикос менамояд, ба рох монанд;

– хангоми гузаронидани санчиши фаъолияташон аз чониби макомоти ваколатдори нигахдории тандурусти хуччатхои дахлдор ва маълумотхоро пешниход намоянд;

– усулу воситахои ташхис, пешгири, табобат ва доруворихои тибби халкиро, ки бо тартиби мукарраркардаи санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон ичозат дода шудааст, истифода баранд;

– ба марказхои назорати давлатии санитари-эпидемиологи ва макомоти дахлдори хифзи саломатии ахоли ходисахои  ошкор шудани беморихои сирояти, ангали ва таносули, чузом (лепра), заъфати пуст (микроспория), шукуфаи мучин (трихофития), хоришак (чесотка), сил, вируси норасоии масунияти бадан (ВИЧ) ва аломати норасоии масунияти бадан (СПИД), беморихои саратон, нашъаманди ва равониро, бо тартиби мукарраркардаи Вазорати  тандурустии Чумхурии Точикистон, хабар диханд;

– барои таъмини фаъолияти касби-табиби дар асоси шартномаи (карордоди) мехнати, тибки тартиби мукаррарнамудаи санадхои меъёрии хукуки, кормандонро чалб намоянд (КЧТ аз 31.12.08с №475);

– дар мухлати хар 5 соли фаъолият дониши касбии худро такмил диханд.

Хангоми фаъолияти тибби халки амалхои зерин манъ аст:

– истифодаи тарзу усулхо ва воситахои пешгири, ташхис, табобати беморихо, инчунин доруворихои тибби халки, ки бо тартиби мукарраргардида тасдик нашуда, истифодаи онхо дар амалияи тибби Чумхурии Точикистон ичозат дода нашудааст;

– дар фаъолияти худ воситахои нашъадорро ба беморон таъин намоянд ва истифодаи онхоро тавсия кунанд;

– гузаронидани сеансхои табобатии оммави аз чониби табибони халки, аз чумла бо истифодаи воситахои ахбори омма.

Моддаи 6. Иттиходияхои касби ва чамъиятии табибони  халки

Табибони халки метавонанд мутобики санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон иттиходияхои  касби ва чамъияти таъсис диханд.

Иттиходияхои касби ва чамъияти дар таъсис ва ташкили фаъолияти муассисахо ва ташкилотхои тибби халки, фарохам овардани шароити мусоиди кори, дастгири ва хифзи хукуки, ичтимои ва иктисодии табибони халки, метавонанд сахмгузор бошанд.

БОБИ III. ТАНЗИМИ ФАЪОЛИЯТ ДАР СОХАИ ТИББИ ХАЛКИ

 

Моддаи 7.  Хукуки фаъолият дар сохаи тибби халки

Барои дар сохаи тибби халки фаъолият кардан шахсоне хукук доранд, ки тахсилоти махсуси касбиро гузаштаанд, шаходатномаи табиби халки ва ичозатнома (литсензия) доранд. (КЧТ аз 31.12.08с №475).

Тартиби гирифтани шаходатномаи мутахассисро Вазорати тандурустии Чумхурии Точикистон мукаррар менамояд.

Додани ичозатнома (литсензия) барои фаъолият дар сохаи тибби халки мутобики Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи ичозатномадихи ба баъзе намудхои фаъолият» анчом дода мешавад.

Моддаи 8. Ташкил кардан ва бархам додани муассиса ва ташкилоти  тибби халки

Муассиса ва ташкилоти тибби халки, бо тартиби мукарраркардаи конунгузори, аз чониби шахсони вокеи ва хукуки таъсис дода мешавад.

Ба таъсис ва фаъолияти муассисахо ва ташкилотхои тибби халки, дар асоси меъёрхои мукарраршуда, макомоти махалии хокимияти давлати мусоидат менамояд.

Азнавташкилдихи ва бархам додани муассиса ва ташкилоти тибби халки, инчунин дастгирии давлатии онхо бо тартиби мукарраркардаи конунгузори сурат мегирад.

Моддаи 9. Ташкили фаъолияти муассиса ва  ташкилотхои тибби халки

Тартиби ташкили фаъолияти касбии муассисахо ва ташкилотхои тибби халкиро Вазорати тандурустии Чумхурии Точикистон тибки санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон  мукаррар менамояд.

Моддаи 10. Фаъолияти сохибкории табиби халки

Фаъолияти сохибкории табиби халки мувофики мукаррароти «Кодекси граждании Чумхурии Точикистон», Конунхои Чумхурии Точикистон «Дар бораи фаъолияти хусусии тибби», «Дар бораи химоя ва дастгирии давлатии сохибкори дар Чумхурии Точикистон» ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон сурат мегирад.

БОБИ IV. ТАКМИЛИ ИХТИСОС ВА ТАДКИКОТИ ИЛМИ ДАР СОХАИ ТИББИ ХАЛКИ

 

Моддаи 11. Такмили дониши касбии табибони халки

Табибони халки вазифадоранд, ки дониши касбии худро мунтазам  такмил диханд ва метавонанд тачрибаи худро  дар муассисахои давлатии тибби, тахти назорати духтурон бо тартиби мукаррарнамудаи Вазорати тандурустии Чумхурии Точикистон мукаммал намоянд. (КЧТ аз 31.12.08с №475).

Табиби халки, ки аз руи ихтисоси худ зиёда аз се сол кор накардааст, ба фаъолияти тибби халки танхо баъди тачрибаомузи ва тасдик намудани ихтисоси худ, бо тартиби мукарраркардаи Вазорати тандурустии Чумхурии Точикистон рох дода мешавад.

Моддаи 12. Тадкикоти илми дар сохаи тибби халки

Тадкикоти илми дар сохаи тибби халки аз тарафи шахсони вокеи ва хукуки, бо тартиби мукаррарнамудаи санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон сурат мегирад.

Самтхои афзалиятноки тадкикоти илмиро дар сохаи тибби халки Вазорати тандурустии Чумхурии Точикистон муайян менамояд.

БОБИ V. ИТТИЛООТ ВА РЕКЛАМА ДАР СОХАИ ТИББИ ХАЛКИ

 

Моддаи 13. Иттилоот дар бораи фаъолият, хизматрасони ва маводи  дорувории тибби халки

Табибони халки вазифадоранд, ки бо хохиши беморон ба онхо оид ба сифат, судманди, бехатари ва таъсири аксуламали маводи дорувории тибби халки ва усулхои табобат иттилоот диханд.

Маълумоте, ки метавонад ба бемор зиён расонад, аз у махфи дошта мешавад.

Иттилоот дар бораи фаъолият, хизматрасони ва маводи дорувории тибби халки бояд хаккони, сахех, мукаммал, саривакти, дакик, касби ва тахассуси бошад.

Моддаи 14. Рекламаи фаъолият ва маводи дорувории тибби халки

Рекламаи фаъолияти тибби халки ва маводи дорувории тибби халки мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон амали гардонида мешавад.

БОБИ VI. НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ ФАЪОЛИЯТИ ТАБИБОНИ ХАЛКИ

 

Моддаи 15.  Назорати давлатии фаъолияти табибони халки

Фаъолияти табибони халки аз тарафи Вазорати тандурустии Чумхурии Точикистон назорат карда ва санчида мешавад.

Назорати давлатии сифат, судманди ва бехатарии маводи дорувории тибби халки, ки табиби халки дастрас, тайёр ва истифода мекунад, аз тарафи Вазорати тандурустии Чумхурии Точикистон амали карда мешавад.

Моддаи 16. Озмоиши клиники ва бакайдгирии давлатии маводи  дорувории тибби халки

Тартиби гузаронидани озмоишхои клиники ва бакайдгирии давлатии маводи дорувории тибби халкиро Вазорати тандурустии Чумхурии Точикистон муайян мекунад.

Баъди бакайдгирии давлатии маводи дорувории тибби халки номгуи он ба Фехристи маводхои дорувории тибби халки, ки тартиби пешбурди онро Вазорати тандурустии Чумхурии Точикистон муайян мекунанд, ворид карда мешавад.(КЧТ аз 31.12.08с №475).

Моддаи 17. Талабот нисбати маводи дорувории тибби халки

Маводи доруворие, ки дар тибби халки ба кор бурда  мешавад, бояд хушсифат, судманд ва бехатар бошад.

Истифодаи маводи дорувории тибби халки, ки дар Чумхурии Точикистон ба кайд гирифта нашудааст, манъ аст.

Маводи дорувории тибби халки бояд ба талаботи хуччатхои меъёрию техникие, ки барои онхо тасдик карда шудаанд, мувофик бошад.

Чамъовари, коркард ва тайёр кардани маводи дорувории тибби халки, бо тартиби мукарраркардаи санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон ба амал бароварда мешавад.

БОБИ VII. МУКАРРАРОТИ ХОТИМАВИ

 

Моддаи 18.  Хамкории байналмилали

Хамкории байналмилали дар сохаи фаъолияти тибби халки дар асоси санадхои байналмилалие, ки Чумхурии Точикистон эътироф кардааст, ба амал бароварда мешавад.

Моддаи 19. Чавобгари барои вайрон кардани Конуни мазкур

Шахсоне, ки мукаррароти Конуни мазкурро вайрон мекунанд, мувофики тартиби муайяннамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон  ба чавобгари кашида мешаванд.

Моддаи 20. Тартиби мавриди амал карор додани Конуни мазкур

Конуни мазкур пас аз интишори расми мавриди амал карор дода шавад.

Президенти Чумхурии Точикистон         Э.Рахмонов

ш. Душанбе  9 декабри соли 2004

№ 73

Бо Кодекси тандурустии ЧТ аз 30.05.2017 с., №1413

АЗ ЭЪТИБОР СОКИТ ДОНИСТА ШУД

 

 

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …