Главная / Гуногун / Технолоигяи тайёр кардани хурокхои милли

Технолоигяи тайёр кардани хурокхои милли

Технологияи пухтани хуроки милли: Зимни омузиши ин боб Шумо бо ошхона ашёи ошхона ва шустушую дар чояш гузоштани асбобу анчоми ошхона, низоми кори ошхонахои умуми ва бо касби ошпази, пешхизмат, зарфшуи, калкулятор, дегустатор ва гайра шинос мешавед. Оид ба коидаи техникаи бехатари ва талаботи санитарию гигиени рочеъ ба нигохубини ошхонаю асбобу анчом, коидаи бехдошти шахсе, ки таъом тайёр мекунад, коидаи ахамияти хуроку об, нон, намаку сабзавот ва тартиби хурдани таом маълумоти аник мегиред. Мо гайр аз дар мактаб синфхонаи пухтпаз доштан, боз дар хона ошхона дорем, ки онро бояд нигохубин намоем.

xuroki-milli

Ошхона манкали (плитаи) барки ё гази, яхдон, чевону рафхои махсус, мизу курсихо ё мебели чихози чои табаку косашуи, яъне оби гарму хунук дошта бошад. хучрае, ки озука махфуз аст, бояд хушк ва шамолраву салкин бошад. Расми умумии ошхона ин аст, ки озукаи дернапоянда (гушт, мохи, ширу махсулоти шири, кабуди)-ро дар яхдон, чойи хушк, хуришу дорувориро дар куттичахои пушида ё халтачахо андохта дар чевон нигох медоранд.

Анчому зарфи ошхона аз дегхои гуногуншакл ва гуногунхачм, шурбопазаки сирдори гуногунхачм, тагорача, сатил, табакчаю коса, кафгиру кафлес, тахтачахо барои реза кардани гушти хом, пухта, нон резакуни барои сабзавоти хом ва пухтаро резакардан, тахтаю тираки оши, сурфа, элак, нонпар, гушткимакунак, турбтарош, чойникхои гуногунхачм, пиёлахо, чойники сирдор, кошук, кордхои гуногун, чангакхо ва гайра иборат аст.

Анчому зарфи ошхона бояд хамеша тоза озода бошад. Андозаву хачм ва шумораи зарфу анчом ба хачми ошхона (матбах) ва шумораи аъзои оила бояд мувофикат кунад.

Дар ошхона асосан таом тайёр мекунанд, ки ин яке аз сохахои кадимтарини фаъолият ва касби одамон мебошад. Таомпазиро кулинария низ меноманд, ки он аз калимаи лоотини гирифта шудааст.

Таомпази (кулинария) – ин санъати хуштаъм, болаззат ва сергизо пухта тавонистани таом мебошад. Кулинария таърихи кадим дорад.

Сарчашмахои таърихи кайд мекунанд, хануз дар асри VII то солшумории мо мактабхои кулинари мавчуд буданд. Тайёр кардани таом аз кадимулайём кори ифтихоромез махсуб мешавад. хар як халку миллат бо таомхои миллии худ дар баробари дигар расму суннату таърихаш ифтихор мекунад.

Тарзи тайёр кардани таомхои точики аз авлод ба авлод мегузарад ва дар вактхои охир бо тараккиёти илм элементхои хуриши ратсионалиро ба он дохил карданд. Олими бузург ва табиби маъруфи форсу точик Абуали ибни Сино дар китоби худ «Ал-конун» (илм доир ба шифокори) 800 намуди масолехи хуроквориро чудо кардааст, ки ба организми одам таъсири махсус медиханд.

Санъати таомпази (кулинария) точикон таърихи хазорсола дорад. Бисёр ошхонахои бомахорат асрори истифодабарии махсуси намуди масолехро ба эътибор мегиранд, ки таъсири онхо ба саломати ва бардамии одамон мадад мерасонад. Монанди сихкабобу паловро бо анор, чормагз, кашнич, сабзавот, гушти говро бошад бо караму бодиринг ва турб истеъмол мекунанд. Инхо ахамияти махсус доранд.

Кариб дар хамаи хонахои дар дехот ва хавлихо танур хаст, ки дар он нон ва самбусахои гуштин, алафи, карами, кадугин ва гайра мепазанд. Fайр аз ин таомхои лагмон, тушбера, хулбаманту, мантухои гуштин, кадугин, картошкаги ва гайра тайёр мекунанд. Дар вакти истеъмоли хуроки милли хуришхо истифода мебаранд.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

mr-bin

Дуои аз байн бурдани гафлат

Нусхаи аз байн бурдани гафлат Агар шахсе аз дин гофил ва аз рохи рост гумрох …