Главная / Гуногун / Техналогияи чокбури (латаи либос)

Техналогияи чокбури (латаи либос)

Ба накшагирии либоси махсус бо унсурхои амсиласози

Номи умуми чизхоеро, ки инсон мепушад, либос мегуянд. Ба мафхуми либос каллапуш, курта, пойчома, пойафзол, шиму чома ва гайра дохил мешаванд.

Либос хамчун восилаи мухофизати инсон аз таъсири гуногуни беруна (гармою сармо, обу оташ, гарду чанг ва гайра) пайдо шудааст. Либоси аввалини инсонхои кадим аз пусти хайвонот, баргу пустлоки дарахтон пару пусти паррандагон ва гайра буд.

maxresdefault

Баъдтар одамон барои худ аз пашм, пахта, канаб, загирпоя ва пилла либос тайёр мекардаги шуданд. Либосхо аввал танхо миёну ронро мепушонданд. Баъдтар намудхои гуногуни либос, аз чумла куртахои кутоху дароз, чакман, яктах, пойчома, пешдоман ва гайра пайдо шудаанд.

Либос мувофики фаслхои сол, машгулияти касбу кор, сину сол, рангу рую мую абру, каду баст тайёр карда мешавад. Гайр аз ин либос аз руи таъминот ба кори ва мехмони чудо карда мешавад.

Либоси кории одамон вобаста ба касбу кор ва машгулияти онхо духта мешавад. Масалан, либоси кории табибон, ошпазхо, фурушандахо хилъати сафеду кулох (руймол)-и махсус, либоси кории сохтмончиёну коркунони кону шахтахо аз матои махсуси дагал духта шуда ва кулохи пластмаси иборат мебошад.

Мактабиён низ либоси махсус доранд. Ин либос барои духтарон куртаю пешдомани мактаби ё нимкуртаю доман (юбка), кофтаю, сарафан, барои писарон шиму костюми сиёх ё кабуд, куртаи сафед аст. Либоси хонагиро мувофики номаш дар хона, чамъиятиро дар корхона ва дар мактаб мепушанд.

Либоси хонаги бояд тавре духта шпавад, ки дар он одам худро хангоми шину хез, ичрои кори рузгор ва фарогат озоду барохат эхсос каврда тавонад. Либоси мехмони-либоси идона, мехмони, мачлису маърака ва тамошо рафтан буда, хамеша хушнамо, шинам бо ороишоти илова духта мешавад. Ба тартиби либоспуши риоя намудан лозим аст.

Пушидани либос мувофики таъиноташ зебанда аст. Яке аз либосхое, ки ханоми ичрои кори рузгор мепушем пешдоману сарбанд аст. Пешдоман ва руймол, инчунин либоси кории пешхизматхо, як чузъи либоси миллии украину белорусхо, халкхои Назди Балтик ва гайра мебошад. Вобаста ба ин аз руи духт пешдоманхо гуногун мешаванд.

Пешдоману сарбанде, ки хангоми корхои рузгор мепушем, асосан аз матои пахтагини якранг ё гулдор духта мешавад.

Пешдоманро барои ифлос нашудани либос, сарбанд ва калапуш барои парешон шуда ба хурок наафтидани муи сар, истифода мебаранд. Барои духтани пешдоману руймол ё калапуш пеш аз хама модел ва вобаста ба хамин матоъро интихоб карда микдори матои зарур, тарзи ороиш, маснуоти ороиширо низ муайян намудани лозим аст.

Микдори матоъ вобаста ба бари он ва каду баст муайян мешавад. матоъхо гуногунбар, яъне аз 60 см то 1 метр 60 см то 2 м мешаванд. Пайдоиши либос. хафриёти бостоншиноси нишон медихад, ки хеле барвакт, хануз дар давраи полеолит (40-25 хазор сол пеш аз милод) либос пайдо шудааст. Дар ин давра аллакай сузанхои устухониро истифода бурда медухтанд, мебофтанд ва бисёр маводхои табииро истифода бурда, баргхо, ках, дарахтони майда, пусти хайвонотро шакли ба худ хосро хосил мекарданд.

Барои каллапуш маводи табииро, чун кадухои дарунаш холишуда, пустлохи чормагзи какос, пуслохи сангпушт истифода мебурданд.

Пойафзол баъдтар пайдо шуд. Либос хамчун санъати декоративи (прикладного) бо зебои ва максаднокиаш бадани инсонро аз хунуки, гарми, намноки, шамол, мухофизат мекунад ва вазифаи эстетики низ дорад.

Либос бадани инсонро кисман мепушонанд. Либоси аз пусти хайвонот ё материалхои растаниги бофта, порахои росткунча ва ба кисми рон мепартофтанд ва онро мебастанд ё гирди бадан амуди ё уфуки ё спиралшакл мепушиданд. хамин тавр либос пайдо шуд. Яке аз намуди асосии либос чамияти ибтидои буд. Бо гузариши вакт шакли муракаби либосхо пайдо шуд.

Маътои хосилкардаро ба кисми асосиаш кат мекарданд ё ба кундаланги ва кисми пахлугиашро медухтанд дар кисми болои чойи сурохи дошт гузоштан дар маркази каткуни сурохи барои сар. Либоси бо гузориши сурохи барои сар, ки онро аз болои сар мепушиданд.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …