Главная / Маданият ва санъат / Тавба ва надомат бар гунох

Тавба ва надомат бар гунох

Тавба ва надомат бар гунох

Акнун, бародар ва хохари азиз, бидон, ки ахлоки наку ва корхои савоб низ бисёр аст, ки дар ичрои онхо чидду чахл кардан зарур аст. Мо аз чумлаи онхо дах номгуяшро иншоаллох, ба тарики мухтасар баён мекунем:

Якум тавба ва надомат аст бар гунох. Дувум сабр бар бало. Сеюм ризо ба казо. Чахорум шукр бар неъматхо. Панчум эътидоли хавф ва ричо. Шашум таваккал ба дил дар сахти ва осони. Хафтум силаи рахм ва дусти бо акрабо. Хаштум ихлос дар аъмол. Нухум хусаи хулк бо халк, яъне хислати нек. Дахум хушуъ бо Аллох таъоло ва мухаббати Худованди таъоло.

Бидон, ки тарки хама гунохон бар бандаи болиг фариза аст. Агар бандаи муъмин ба галабаи нафсу хаво ба гунох дарафтад, фарз бошад бар вай, ки дархол тавба кунад ва ба Худованд боз гардад. Хак таъоло дар каломи мачиди худ хамаро ба тавба фармуд. Ва тавба аз хамаи гунохон макбул аст ва тавбае бояд кард, ки ба дилу забону тан бошад. Зеро ки ибодати банда аз ин се хазина мебошад.

Тавбаи дил пушаймони аст бар гунохи гузашта. Тавбаи забон узр хостану исхигфору омурзиш талабидан аст. Тавбаи тан аз гунох бозистодан аст.

Агар бандаи муьмин чунин тавба кунад, хамчунон аз гунох пок шавад, ки гуё гунох накардааст.

Расули акрам (салаллоху алайхи ва саллам) фармуданд, ки пушаймони аз гунох тавба аст ва тавбакунанда аз гунох хамчун касе аст, ки уро гунохе набошад. Тавбаи насух он acт, ки тавбакунанда ба суи гунох нагардад. Хамчунон ки боз нагардад шир ба пистон.

Куфри садсола ва хазорсоларо Худованди бузург ба як калимаи тавхид ва безор шудан аз дини ботил меомурзад.

Гунохи муъмин аз куфри кофир бадтар нест, агар ба як пушаймони гунохи хамаи умри уро биёмурзад, аз карами Худои таъоло ачибу гариб набошад. Кушиш кун, то тавбаи ту насух бошад.

Расули акрам (салаллоху алайхи ва саллам) фармуданд, ки дустдоштатарини хамаи бандагон дар хар карн, яъне дар хамаи вакт ба наздики Худованди таъоло чавонони тавбакунандаанд.

Хикоят. Накл аст, ки марде назди амири муъминин Умар разияллоху анху омаду гуфт: – Ё амир, гунохи бузург дорам, маро тавба бошад?

Умар (р) дурра бардошт ва дурраро мечунбонид.

Он мард гуфт: ё амир, ман тавба мехохам, на дурра.

Умар гуфт: агар пеши ман икрор шави, дурра бояд бизанам, ё камчин бизанам ва агар гунохат даступо буридан бошад, дасту поят бибурам, касос кардани бошад, касос кунам.

Он мард гуфт: ман харгиз икрор накунам, ки ту бо ман ин азобхоро накуни. Бо Худои худ гуям, ин чанд муддат аст, ки ман ин гунохонро кардаам ва у маро шарманда накардаву сарзаниш накардааст.

Умар (р) ин сухан бишунид, дурраро партофт ва остин бар руй карду бисёр бигрист ва ин оят бихонд. Маънии оят ин аст: “Худои таъоло магфираткунандаи гунохон аст аз барои шахсе, ки гуяд, нест худое гайри Аллох таъоло ва кабулкунандаи тавбааст аз барои шахсе, ки пушаймон шавад аз гунохаш”. .

Хикоят. Шайх Абутуроби Нахшаби Рахимахуллох мегуяд: рузе дар кучае мегузаштам. Ногох овози гулгула ба гушам расиду дидам, ки гурухе мардон чамъ омадаанду бо пиразане чанчол доранд. Ба худ гуфтам: он чо биравам, шояд мазлуме бошад уро ёри расонам.

Чун рафтам, заифае наздам омаду гуфт: – эй шайх, писаре дорам фосик ва умри худ дар берахаги гузаронидааст. Дируз мехост мачлис орояду аракхуранд. Дар аввали шаб Хак таьоло уро бемори фиристоду акнун бар бистари бемори афтодааст.

Хонаи мо дар хамсоягии масчид аст. Чамоатиён овоз шунида омадаанд, ки уро аз махалла берун кунанд. Ман ба онхо фахмонда истодаам, ки ин замон у бемор аст, амонаш гузоранд. Шояд аз бемори бимираду хама аз вай халос шавем ва ё тавба кунаду ба салох ояд. Агар намирад ё тавба накунад, он гох уро аз шахр берун кунанд.

Шайх мегуяд: дар мобайн даромадаму аз онхо хохиш кардам, то аз он чанчол бозистоданд. Он гох ба хотирам расид, ки чавонро бояд бинаму ба тавба фармоям, шояд тавба кунад. Чун кадам дар хона ниходам, чавон маро бидид фарёду зори аз у баромад.

Гуфт: шукри Худованди Карим, ки дуои мани гунахгорро чунин зуд кабул кард.

Гуфтам: – эй чавон, чи дуо кардаи?

Гуфт: – эй шайх, ин сахар ду дуо кардам. Яке он ки гуфтам: – Илохо, бомдод маро ба дидори Абутуроб рузи гардон.

Дуюм, он ки гуфтам: – Илохо, маро тавбаи насух каромат фармои.

Як дуоям кабул шуд. Умед дорам, ки они дигар низ кабул гардад. Эй шайх, гунохи бисёр дорам, маро тавба бошад?

Гуфтам: – эй чавон, навмед мабош, ки дарёхои рахмати Хак таъоло мавч мезананд. Хак таъоло кабулкунандаи тавба ва омурзандаи гунохи бандагон аст. Тавба аз хама гунохон макбул аст.

Чавон дар назди ман тавба ва гиряи бисёр кард. Чун шайх бозгашт, чавон модари худро гуфт: – эй модар, ба ту як васият дорам ба чой ор.

Гуфт: – чони модар, чи васият дори?

Гуфт: – он ки маро аз руи бистари нарм бар хок ба хори андози, то дар назди Абутуроб тавба кардам, ин замон бо Худои таъоло тавба кунам, ки бемориям сахт шудааст. Хис мекунам, ки бемориям бемории марг аст.

Модар васияти уро ба чой оварду уро аз руи бистари хоб ба руи хок андохт. Чавон руй дар хок мемолиду аз чони пурдард менолиду мегуфт: – бор, Худоё, аз кардахои худ пушаймон шудаму тавба кардам. Ба чуз даргохи ту дари дигар надорам, дастгири дардмандон ва панохи ниёзмандон туй.. Бар мани хоксори гунахгор рахмат фармой.

Хамчунон тазарруъ ва зори мекард, ки уро аз руи хок ба руи бистар бурданд. Чун шаб даромад, чавон вафот кард.

Абутуроб мегуяд: он шаб Расули Худо (с)-ро ба хоб дидам, ки меомад ду пир хамрохи у буданд ва халоики бисёр баробари онхо меомаданд. Яке маро гуфт: – он хазрати Мухаммади Мустафо салаллоху алайхи ва саллам аст ва он пире, ки бар дасти роста уст, Иброхими Халилуллох аст. Ва оне, ки бар дасти чапи уст, Мусо алайхи-с-салом аст ва он халоики бисёр хама пайгамбарон салавотуллохи алайхим ачмаинанд.

Ман пеш давидаму салом кардам. Расули акрам салаллоху алайхи ва саллам чавоби саломи ман дод. Ман гуфтам: – ё Расулаллох, Шумо ба шахри Нахшаб омадед?

Гуфтанд: – эй Абутуроб, он чавоне, ки вай руз бар дасти ту тавба карда буд, имшаб вафот ёфт. Хак таъоло уро ба дарачаи дустони худ расониду уро макоми авлиё каромат кард. Ман ва чамъи пайгамбаронро ба зиёрати вай фиристод. Эй Абутуроб, чавонро ба чашми иззат нигаред ва бар чанозаи вай хозир шавед.

Шайх мегуяд: – бедор шудам, аз он хол маро тааччуб омад, ки ачаб парвардигори мехрубоне? Фосике, ки аз бадии фискаш уро аз махалла берун мекарданд, ба як нолаву зори ва як тавбаву пушаймони уро бо ин курбат расонид. Аз лутфи у хеч банда навмед нашавад.

Абутуроб мегуяд: – дар ин завку холат будам, ки аз хонаи дигар овози духтараки хурдсоли худро шунидам, ки мегирисг.

Гуфтам: – эй фарзанд, барон чи гиря мекуни?

Гуфт: – эй падар, маро дар хоб намуданд, ки дар фалон махалла чавони тавбакоре вафот кардааст, хар киро назар бар чанозаи вай афтад, хар хочате, ки аз Хак таъоло бихохад, раво гардонад. Эй падар, харгиз ичозати берун рафтан нахоста будам, акнун мехохам ичозат дихи, то биравам ва чанозаи чавонро бубинаму аз Худованд омурзиши гунохи худ ва бандагони уро бихохам.

Уро ичозат додам ва якини ман зиёдат шуд. Аз хона берун омадам, то мардумонро аз чавон хабар дихам. Заифаи солихае буд, ки муддати хафтод сол ба ибодати Хак машгул буд. Дидам, ки меомад. Чун назари вай бар ман афтод, гуфт: – Эй Абутуроб, диди, ки рахмати Хак таъоло чи корхо кард? Чавони фосике, ки уро аз махалла берун мекарданд, имшаб вафот ёфт. Ва уро дар катори авлиёхо даровардаанду маро дар хоб намуданд, ки хар кас ба чанозаи вай хозир шавад, гунохони у омурзида мегарданд.

Яке аз муттакиёни дигарро низ мисли ин дар хоб намуданду у маро хабардор кард. Мардумонро аз он хол огох кардам. Ахли шахр ба якбораги берун омаданд ва бар чанозаи чавон намоз хондем. Уро бо эъзозу икроми тамом дафн кардем, то бидони, ки ба як нолаи сахару ба як охи пушаймони Худованд гунохи хамаи умрро омурзад.

Бар ин даргох касеро чои навмеди нест. Расули акрам (с) фармуданд, ки хар дардеро давоест. Давои дарди гунох тавба кардан аст. Хар ки рузе ду мартаба тавба накунад, пас ба тахкик бар нафси худ зулм кардааст.

 

Хикоят. Овардаанд, ки дар Бани Исроил зане буд фохиша. Дар хусну чамол хамто надошт. Бисёр мардумон ба он зан ошик буданд. Зан дарвозаи худро кушода бар болои сарир нишаста мардумро ба суи маъшуки ва дилрабои даъват мекард. Хар касе хаваси дидани уро менамуд, дах динор меовард, то ичозати даромадан меёфт. Рузе обиде аз дарвозаи у гузашту чашмаш ба он зан афтод. Беихтиёр ошики у гардид. Харчанд чахд кард, ки худро аз он холат берун кашад, ишк токати уро аз дасти у бурд. Ноилоч хар чизе дар бисоти худ дошт, фурухта, дах динор чамъ овард ва ба вакили зан супорид. Вакил вактеро таъйин кард. Обид вакти ваъда омада хамрохи он зан дар болои бистар нишаст. Ин вакт аз баракати ибодат Аллох таъоло ба он шайх тавба ато карду хавфе дар дили у пайдо шуд.

Ба худ гуфт: – Аллох таъоло ин холатро мебинаду ибодати чандин солаат хабата мешавад ва ранги руяш мутагайир гардид.

Зан гуфт: – аз чи сабаб ба холи ту тагйирот пайдо шуд?

Обид гуфт: – аз Аллох таъоло тарсидам. Ичозат дех, ки аз хонаи ту берун шавам.

Зан гуфт: – орзуи маро карда дах динор доди, акнун, ки ба максад расид, муфт аз даст медихи?

Обид гуфт: – хар чизе, ки ба ту додам, бахшидам. Зуд ичозат кун биравам.

Зан гуфт: – хочате, ки аз ман тамаъ дошти, ба чо op, баъд аз он бирав.

Обид гуфт: тарси ман аз хамин кор аст.

Зан ному макони уро пурсида, чавобаш дод.

Обид аз он чо гирякунон берун шуда ба макони худ рафт ва хамеша дар пушаймони буд.

Гуянд, ки баъд аз рафтани обид, тавфики илохи ёвари он зан гардиду ба худ гуфт: – Ин марди обид бо вучуди кори хилофи шаръи нокарданаш аз Аллох таъоло тарсида, пушаймони намуда, басузу гудоз гиря карда, берун рафт. Май чандин сол аст, ки бо ин кори номашруъ машгуламу хеч тарсе аз Худои таъоло надорам. Аз офаридгор шарм бояд кард.

Пас аз сидки дил тавба карда, дарвозаи худро аз мардумон баста, либосхои фохираро бароварду либоси факири пушид ва ба ибодати Аллох таъоло машгул гардид. Зан ният кард, ки обидро ёфта, ба никохи мусалмонии у дарояд ва амри дину мусалмониро аз у таълим гирад. То ин ки уро Аллох таъоло биомурзад.

Бо ин ният молу амволи худро чамъ карда, хамрохи хизматгорону канизони худ ба рох баромад ва макони он обидро пурсида, обидро ёфт.

Обид чун аз ибодатгохи худ баромада занро дид, наъра зада чон ба хак таслим намуд.

Зан аз дидани ин хол бисёр андухгин гардида гуфт: – Аз барои дидори обид омадам, ки маро дар кори дин ёри кунад. Акнун аз хешовандони у касе бошад, ки ба никохи у даромада ибодати Аллох таъолоро кунам?

Мардумони он чо гуфтанд: – Обид бародаре дорад, ки солиху зохид аст, аммо аз моли дунё чизе надорад.

Зан гуфт: – Ман аз бойхои ин замонам, маро мол лозим нест.

Пас зан ба никохи бародари обид даромада, ба ибодат машгул шуда, аз бародари обид хафт писар таваллуд кард, ки хамаи онхо ба баракати тавбаи модар аз солихон гардиданд.

Гар тавбаи ту нусух бошад,

3-ин тавба туро футух бошад.

* * *

Илохо, хамаи бандагони муъминро тавбаи насух каромат фармои ва аз шарри шайтони бадкирдору аз васвасаи нафси гаддор дар панохи исмати худ нигах дори. Ба хурмати хазрати Мухаммади Мустафо салаллоху алайхи ва саллам, омин.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

bobo

Бобое Файз

Рамахои колхози Рудаки зимистон ба даштхои Узбакистон мерафтанду тобистон ба чарогоххои худамон, ба Точи- кистон …